Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Испания дар қаҳрамонии ҷаҳон
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии дувумаш дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия аз мунтахаби наврасони Испания бо ҳисоби бузурги 1:5 шикаст хӯрд. Ин бозии гурӯҳи “Е” 31-уми октябр соати 17:00 бо вақти Бразилия (1-уми ноябр соати 01:00 бо вақти Душанбе) дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», баргузор шуд. Футболбозони навраси Испания дар нимаи аввали дидор дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоевро маҷбур карданд... Читать дальше...