Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 19.11.2019

“Ҳудуди ним миллион шаҳрванди то 30-солаи Тоҷикистон аз таҳсил дур мондаанд"

Ozodi.org 

“Ҳудуди ним миллион шаҳрванди то сисолаи Тоҷикистон ба ҳар шакле аз таҳсил дур мондаанд.” Ин хабарро масъули дафтари Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Душанбе 19-уми ноябр ва дар рӯзи 30-солагии қабули Қатъномаи ҳуқуқи кӯдакон баён дошт. Тоҷикистон соли 1993 ба ин қатънома пайвастааст. Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо баргузории нишасте бахшида ба ин рӯз аз мушкил ва дастовардҳои кишвар дар раванди таъмини ҳуқуқи кӯдакон натиҷагирӣ кард. Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфт... Читать дальше...

Назорати истифода аз Wi-Fi-ро дар Душанбе сахттар карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳукумати шаҳри Душанбе назорати истифода аз Wi-Fi ё интернети бепул дар баъзе аз боғу тарабхонаҳо ва назди донишгоҳҳои пойтахтро сахттар кардааст. Қарор дар ин бора рӯзи 15-уми ноябр содир шуд. Бино ба он, минбаъд рақами телефони ҳар истифодабарандаи Wi-Fi-и бепул дар ҷойҳои ҷамъиятии Душанбе сабт шуда, ба кадом сомона даромадани онҳо назорат мегардад. Тартиби наве, ки баъзе аз сокинони пойтахт бо он розӣ нестанд ва нақзи дастрасии озод ба шабакаҳои ҷаҳонӣ медонанд. Мақомот гуфтанд, ин тасмим... Читать дальше...

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022: Мусовии мунтахаби Тоҷикистон бо Қирғизистон

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро дар меҳмонӣ бо тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Бозӣ дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон шаби 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуд.  Ҷаҳонгир Эргашев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 17-ум, ҳисобро боз кард. Эргашев ба тӯб соҳиб шуда, зуд ба ҷаримагоҳ ворид гашт ва баъди... Читать дальше...



Будиёнии Тоҷикистон. Деҳаи чашм ба сӯи Русия ва кӯдакони дур аз падар

Ozodi.org 

Баробари нишастани офтоб дар деҳаи Будиёнӣ (вайроншудаи Будённий) дар вилояти Хатлон, ҷануби Тоҷикистон, майдончаи футбол аз бачаҳо пур мешавад. Бархе дар болои як мошини обкаши вайрона дар канори киштзор бозӣ дар майдони пур аз чангу хокро тамошо мекунанд. Ба назар мерасад, нисфе аз кӯдакони Будиён дар инҷо ҷамъ меоянд, то шоҳиди бозӣ бошанд. Чанд вақт нагузашта бисёре аз онҳо ба хонаҳояшон бармегарданд. Падарони онҳо дар хона нестанд.  Ноноварони хона барои моҳҳо ва гоҳе барои солҳо дар Русия мемонанд. Читать дальше...

Духтари ҳиҷобпӯш баъд аз муҳориба дар мусобиқаи ММА ба ҳалокат расид

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дар муҳориба бо қоидаҳои кикбоксинг варзишкори 26-солаи эронитабори Бритониё, ки ҳамеша дар майдон бо ҳиҷоб рақобат мекард, захмҳои ҷиддӣ бардошта дар бемористон ба ҳалокат расидааст

"Вақти омадани президент ҳама медавад, баъди рафтанаш касе хабар намегирад"

Ozodi.org 

Аксар дарахтони ороишӣ ва сояафкани гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб, ки моҳи сентябри имсол аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон боз шуда буд, хушкидаанд. Сокинон мегӯянд, бори аввал нест, ки мақомоти маҳаллӣ дар остонаи сафари раиси ҷумҳур ба минтақа тарҳҳоро зуду саросемавор иҷро мекунанд, аммо баъдан чунин маконҳо валангору дарахтон хушк мешаванд.



Сенатори амрикоӣ: Барои озодии матбуот дар Тоҷикистон тамоми талошро мекунем

Ozodi.org 

Сенатор Ҷим Рисч (Jim Risch), раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико дар мулоқот бо Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ таъкид кардааст, ки ҳама талошашонро барои озодии матбуот дар Тоҷикистон анҷом хоҳанд дод. Дар ин мулоқот, ки рӯзи 13-уми ноябр сурат гирифтааст, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико аз нақши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар ироаи хабарҳои дуруст ва дақиқ таъкид карда, ба масъалаи мушкили иҷозатномаи фаъолияти кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ишора намудааст. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 19-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Истифодаи интернет дар ҷойҳои ҷамъиятии Тоҷикистон танзим мешавад, ИМА қатъи интернет дар Эронро маҳкум кард, дарахтон баъди сафари Президенти Тоҷикистон хушк шуданд, писар бераҳмона падарашро лат кард ва матолиби дигар.

Озодии ду устоди Донишгоҳи амрикоӣ дар ивази раҳоии се узви Толибон

Ozodi.org 

Гурӯҳи тундрави Толибон ду устоди Донишгоҳи амрикоӣ дар Афғонистонро, ки се сол пеш дар маркази шаҳри Кобул дуздида шуданд, дар ивази озодии се узви ин гуруҳ раҳо кардааст. Мақомоти Афғонистон ва манобеи Толибон ба хабаргузориҳо гуфтаанд, озодии Квин Кинги 60-сола аз Амрико ва Тимоти Викси 48-сола аз Австралия рӯзи 19-уми ноябр дар ноҳияи Навбаҳори вилояти Зобул сурат гирифт. Ин минтақа асосан зери назорати Толибон аст. Оҷонсии "Франс Пресс" ба нақл аз як мақоми пулис гуфт, ду профессори Донишгоҳи... Читать дальше...

Пизишкони тоҷик бо хилъати сафед дар кӯчаҳои Душанбе. Сокинон чӣ мегӯянд?

Ozodi.org 

Одат кардаем, ки пизишконро бо хилъати сафед танҳо дар дохили бемористон бибинем. Аммо вақтҳои охир ба назар мерасад, кормандони соҳаи тиб бо либосҳои корӣ ба кӯчаҳо мебароянд ва ба ошхонаҳо мераванд. Донишҷӯёни риштаи тибро бо хилъати сафед дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ низ дидан мумкин аст. Аз чанд пизишк сокинон пурсидем, ки ин кор то куҷо дуруст аст? Назари мардуму пизишконро дар видео бинед ва навиштани назари худро фаромӯш накунед.

Амрико мавқеашро нисбат ба шаҳраксозии яҳудиҳо тағйир додааст

Ozodi.org 

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико рӯзи 18-уми ноябр гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида мавқеашро нисбат ба шаҳраксозии яҳудиҳо дар Соҳили ғарбии дарёи Урдун тағйир додааст. Вашингтон дигар ба ин назар нест, ки шаҳраксозӣ ҳуқуқи байналмилалиро поймол мекунад. Помпео гуфт, мавқеи Соҳили ғарбӣ бояд дар пайи гуфтугӯи Исроил бо фаластиниҳо таъйин гардад. Ин тасмими Вашингтон аз мавқеи ҳукумати президенти пешини Амрико Барак Обама аз реша фарқ мекунад. Дар соли 2016 котиби давлатии вақти Амрико Ҷон Керрӣ расман тасдиқ карда буд... Читать дальше...

Баъди рафтани Э.Раҳмон дарахтони гулгашти Кӯлоб хушкидаанд. АКС

Ozodi.org 

Аксар дарахтони ороишӣ ва сояафкани гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб, ки моҳи сентябри имсол аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон боз шуда буд, хушкидаанд. Сокинон мегӯянд, бори аввал нест, ки мақомоти маҳаллӣ дар остонаи сафари раиси ҷумҳур ба минтақа тарҳҳоро зуду саросемавор иҷро мекунанд, аммо баъдан чунин маконҳо валангору дарахтон хушк мешаванд. Торнамои президенти Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри имсол хабар дод, ки гулгашти Сафар Амиршоев дар Кӯлоб бозсозӣ ва кушода шудааст. Читать дальше...

Ширкати се паҳлавони тоҷик дар Osaka Grand Slam 2019

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Osaka Grand Slam 2019, ки  рӯзҳои 22-24-уми ноябр дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, се паҳлавони тоҷик ширкат меварзад. Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар  Osaka Grand Slam 2019 ширкати беш аз 500 варзишгар (мардону занон) аз 94 кишвар дар назар аст. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон се варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни то 73 кг) ва Акмал Муродов (дар вазни то 81 кг) - иштирок мекунанд. Читать дальше...

Идомаи эътирозҳо дар Эрон. Мақомот интернетро қатъ карданд

Ozodi.org 

Дар пайи эътирозҳои густурда ба афзоиши қимати бензин дар Эрон, бо дастури мақомот аз рӯзи якшанбе ба ин тараф дастрасӣ ба интернет дар ин кишвар ба таври комил қатъ шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар пайи эътирозҳои се рӯзи ахир шаш нафар ва бино ба иттилои манбаъҳои мустақил, беш аз 40 нафар кушта шудаанд. Як манбаъ дар вазорати фановарии Эрон гуфтааст, "тасмим ба қатъи интернет, ҳадди ақал ба муддати 24 соат аз сӯи Шӯрои олии амнияти миллӣ гирифта шуд ва ба ҳама операторҳои кишвар фиристода шудааст". Читать дальше...

Ҳуҷҷатҳои ронандагии сокинони Ишқободро тамдид намекунанд

Ozodi.org 

Ронандагон дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бо мушкили тамдиди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. "Дар шаҳри Ишқобод ба заноне ҳуҷҷати ронандагии нав намедиҳанд, ки муҳлати 10-солаи ҳуҷҷатҳояшон ба поён расидааст. Дар идораи Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳуҷҷатҳои онҳоро қабул намекунанд",-иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз шаҳри Ишқобод. Ба гуфтаи хабарнигор, занҳо аз ибтидои соли ҷорӣ аст, ки ба ин мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Номгӯи санадҳое, ки барои дарёфти ҳуҷҷати ронандагӣ муҳим ҳастанд, хеле тӯлонист. Читать дальше...

Рад шудани 90% даъвои сармоягузорони турк нисбати ҳукумати Узбекистон

Ozodi.org 

Додгоҳи Маркази байналхалқии танзими даъвоҳои сармоягузорӣ (ICSID), ки даъвои ширкати туркии Güneş Tekstil Konfeksiyon Sanayi ve Ticaret Limited Şirketi ва шахсони дигарро нисбати Узбекистон баррасӣ мекард, дастур дод, 10 дарсади ҳаҷми умумии зарар ба ширкат пардохт шавад. "Талаб ва даъвоҳои дигарро додгоҳ рад кард", хабар дод вазорати адлияи Узбекистон. Додгоҳи Маркази байналхалқии танзими даъвоҳои сармоягузорӣ (ICSID) даъвои 180 миллион долларии соҳибкорони туркро нисбати ҳукумати Узбекистон комилан рад кард. Читать дальше...


Музыкальные новости
Михаил Кутушов

Токсиколог Кутушов рассказал почему возникает похмелье





Персональные новости
Александр Шохин

Было бы сесть предложено // Александр Шохин с почестями принял на своем съезде Владимира Путина





Нерӯҳои махсус роҳ ба бинои порлумони Гурҷистонро боз карданд

Ozodi.org 

Нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати умури дохилии Гурҷистон тавонистанд, роҳро ба як қисми бинои порлумон боз кунанд, ки қаблан аз сӯи эътирозгарон бо талаби истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ғасб шуда буд. Эътирозҳо дар Тифлис пас аз он оғоз шуданд, ки ҷиноҳи аксарияти ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" зидди тағйиру иловаҳо барои гузариш ба интихобот аз рӯи феҳристи ҳизбӣ раъй дод. Нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилии Гурҷистон пас аз муҳлати сидақиқаӣ ихроҷи мухолифон аз атрофи бинои порлумонро оғоз карданд. Читать дальше...

Русия киштиҳои низомии Украинаро баргардонд

Ozodi.org 

Русия киштиҳои низомии "Бердянск" ва "Никопол"-ро, ки моҳи ноябри соли 2018 дар соҳилҳои нимҷазираи Қрим ғасб карда буд, ба Украина баргардонд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Русия иттилоъ дод. Дар Вазорати умури хориҷии Русия гуфтанд, ки киштиҳо дар парвандаи ғайриқонунӣ гузаштани марзи ин кишвар далелҳои шайъӣ буданд. Ба гуфтаи вазорат, киштиҳо пас аз ба поён расидани тафтишот баргардонида шуданд. Пештар ёвари президенти Украина Андрей Ермак хабар дод, ки марҳалаи баргардонидани киштиҳо анҷом ёфт. Читать дальше...

Қирғизистон тайи солҳои истиқлол $10 млрд кумак дарёфт кардааст

Ozodi.org 

Қирғизистон тайи солҳои истиқлоли худ аз шариконаш дар ҳаҷми 10,5 миллиард доллар кумак дарёфт кардааст. Ба гуфтаи Даниёр Имоналиев, сардори шуъбаи рушди стратегӣ, иқтисод ва молияи дастгоҳи президенти Қирғизистон, маблағи мазкур ба соҳаҳои иқтисодӣ аз қабили нақлиёт, энержӣ, обёрӣ, тандурустӣ, маориф, ҳолатҳои изтирорӣ ва муҳити зист ҷудо шудааст. Қарор аст, 19-уми ноябр дар шаҳри Бишкек ҳамоиши сармоягузории "Тезонидани ислоҳот барои рушди боустувор" бо иштироки президенти Қирғизистон Сооронбой... Читать дальше...

Додситони қазоқ хост, "ҷонибдорон"-и Аблязов дусолӣ зиндонӣ шаванд

Ozodi.org 

Додситон Муҳит Рисбеков дар мурофиаи 18 ноябр барои чаҳор сокини маҳаллие, ки ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" (ИДҚ) айбдор мешаванд, дусолӣ ҳукми зиндон талаб кард. Ба гуфтаи Рисбеков, баёноти шоҳидон ва маводи парванда гуноҳи гумонбаронро пурра исбот кард. Вакили дифоъ Галим Нурпеисов хост, мухолифи қазоқ ва раҳбари ИДҚ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба тариқи видеоӣ бозпурсӣ шавад. Додрас Куралай Дарханова дархости вакили дифоъро қабул кард... Читать дальше...

Имлои нав ба ҳарҷу марҷ дар забони тоҷикӣ поён хоҳад дод?

Ozodi.org 

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз мардум ва донишмандон хостаанд, ки пешниҳодҳои худро барои ислоҳи "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" ба онҳо фиристанд. Қарор аст, қоидаҳои имло соли 2020 тағйир ёбад ва, ба гуфтаи мақомот, ба ҳарҷу марҷ дар забони давлатӣ поён хоҳад дод. Аз замони қабули қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989 то ин дам қоидаҳои имло ду дафъа иваз шуда, вале ба гуфтаи забоншиносон, ҳанӯз ҳам мушкилу нофаҳмиҳо кам нагардидааст. Тағйироти охир ба имлои забони тоҷикӣ ҳашт сол пеш сурат гирифта буд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

В Московской области прошел чемпионат Центрального округа Росгвардии по стрельбе из боевого ручного стрелкового оружия


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

WTA озвучила Елене Рыбакиной условия для становления второй ракеткой мира


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

АО «Транснефть – Прикамье» провело свыше 3 тыс. экологических исследований в I квартале 2024 года





Путин в России и мире
Москва

Путин поручил сократить время пути поездов от Москвы до Черноморья до 16 часов


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Певец

Певец Андрей Губин дал интервью в маске и заявил, что стал очень плохо выглядеть



Москва

Онлайн марафон "Новинки" - Тренды светодизайна на выставке Light + Building 2024

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net