Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 07.11.2019

Ҷеймӣ Флай ва Эмомалӣ Раҳмон озодии баён ва аккредитатсияро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Чанд рӯз баъд аз посухи пароканда ва нисбии Тоҷикистон ба дархости Радиои Озодӣ барои аккредитатсияи хабарнигору кормандонаш, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Дар ин дидор, ки бо дархости Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон ба Аврупо, дар Сюрихи Швейтсария сурат гирифт, ду ҷониб вазъ ва шароити кори хабарнигорон ва кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Читать дальше...

Се додраси афғонро дар Пактиё куштанд

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ҷангҷӯёни Толиб се додрас ва як корманди дигари давлатиро ҳангоми сафарашон аз вилояти Пактиё ба Кобул куштаанд. Сухангӯи волии Пактиё ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамла рӯзи 6-уми ноябр дапр маҳаллаи Муҳаммад Оғо дар наздикии вилояти Лугар сурат гирифтааст. Ба қавли ӯ, ҷангҷӯёни Толиб мошини ҳар чаҳор нафарро дар роҳ нигаҳ дошта ва онҳоро бо зарби тири туфанг куштаанд. Раҳимхудо Мухлис, раиси пулиси Лугар ин хабарро тасдиқ кард. Гурӯҳи Толибон, ки дар гузашта чунин ҳамлаҳо анҷом додааст... Читать дальше...

Парванда ба зидди Портнов барои таҳдид ба хабарнигорони Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Пулиси Украина ба зидди Андрей Портнов, муовини собиқи раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ парванда, боз кардааст, ки ба монеагузорӣ ба фаъолиятҳои касбии хабарнигорони Радиои Озодӣ муттаҳам мешавад. Максим Тсуткиридзе, муовини раиси Пулиси Миллӣ рӯзи 7-уми ноябр ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки парванда бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла мамониат ба фаъолияти касбии хабарнигорон ва таҳдид ё зӯроварӣ ба хабарнигор боз шудааст. Портнов дар посух дар каналаш дар Телеграм навишт, ки бо айни иттиҳомот... Читать дальше...



90 соли театри тоҷик. "Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо"? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон аз 90-умин солгарди таъсиси театр дар кишвар таҷлил карданд. Соҳибназарон мегӯянд, театри тоҷик дар ин муддат марҳилаҳои гуногунро гузашта, феълан бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯст. Набудани саҳнаҳои ҷолибу диданӣ, маоши ками ҳунармандон, сензураи нонавишта ба мавзуъҳои сиёсӣ ва кам будани тамошобинон аз мушкили онҳо гуфта мешавад. Вале мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки театр бахши муҳими фарҳанг аст ва онҳо барои рушди он тамоми талоши худро кардаанд. Маросими таҷлил аз 90-солагии театри... Читать дальше...

Додгоҳ шикояти ду тазоҳургари русро рад кард

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Маскав бо рад кардани шикояти расмии ду тазоҳургари муттаҳам ба зӯроварӣ ба маъмурони пулис, мӯҳлати боздошти онҳоро тамдид кард. Додгоҳ амр дод, ки  Андрей Баршай то рӯзи 14-уми декабр ва Никита Чиртсов то 27-уми январ ва то анҷоми таҳқиқи парвандаашон дар боздошт бимонанд. Чиртсовро рӯзи 27-уми июл дар ҷараёни тазоҳуроти беиҷозаи мухолифон дар шаҳри Маскав дастгир карданд. Тазоҳургарон мехостанд, ки намояндагони мухолифони давлат ба ҳайси номзад ба вакилони маҷлиси шаҳрӣ сабти ном шаванд. Читать дальше...

Помпео гуфт, "тамаъҷӯии атомии Эронро рад кунед"

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, амалкардҳои Эрон як гӯшзаде ба тамоми кишварҳост, ки “тамаъҷӯии атомии” онро рад карда ва “бо андешидани тадбирҳои ҷиддӣ” фишор ба Эронро афзоиш диҳанд. Помпео дар ин бора рӯзи 7-уми ноябр ва баъди он сӯҳбат кард, ки Эрон аз иҷрои қисме аз тааҳудоти созиши атомии соли 2015 даст кашид ва ғанисозии ураниум дар таъсисоти зеризаминии атомии Фордовро аз сар гирифт. Ураниуми ғанисозишударо барои истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои атомӣ истифода мекунанд, вале аз он бомби атомӣ ҳам сохта метавонанд. Читать дальше...

Гузориш: "Эрон тавозуни қудрат дар Ховари Миёнаро ба нафъи худ гардондааст"

Ozodi.org 

Муассисаи Байналмилалии Пажуҳишҳои Стратегӣ мегӯяд, Эрон дар саросари Ховари Миёна як шабакаи муттаҳидонашро сохтааст, ки имкон додаанд, дар муддати 40 соли гузашта тавозуни қудрат дар минтақаро ба нафъаш бигардонад. Дар гузориши ин муассиса, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, омадааст, Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа аз назари муҷаҳҳаз будан бо таслиҳоти маъмулӣ қудратмандиашонро нигаҳ доштаанд, вале бо вуҷуди ин Эрон бо шабакаҳои нуфузаш тавонистааст, ба онҳо муқовимат кунад. Дар гузориш, ки қарор аст... Читать дальше...



90 соли театри тоҷик

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон аз 90-умин солгарди таъсиси театр дар кишвар таҷлил карданд. Соҳибназарон мегӯянд, театри тоҷик дар ин муддат марҳилаҳои гуногунро гузашта, феълан бо мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯст. Набудани саҳнаҳои ҷолибу диданӣ, маоши ками ҳунармандон, сензураи нонавишта ба мавзуъҳои сиёсӣ ва кам будани тамошобинон аз мушкили онҳо гуфта мешавад. Вале мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки театр бахши муҳими фарҳанг аст ва онҳо барои рушди он тамоми талоши худро кардаанд.

Вазорати дифои Афғонистон: "Ҳаросафканон аз хоки мо вориди Тоҷикистон нашудаанд"

Ozodi.org 

Гузориш аз Радиои Афғонистони Озод Мақомоти Вазорати дифои Афғонистон хабари аз қаламрави он кишвар ба Тоҷикистон гузаштани ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва ҳамлаи онҳо ба як дидбонгоҳи марзиро рад кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр дар изҳороти расмӣ гуфтанд, бист ҷангҷӯи ДОИШ шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла кардаанд. Ба иттилои расмӣ... Читать дальше...

Маросими дафни марзбони кушташуда дар ҳамла ба "Султонобод"

Ozodi.org 

Иззатулло Латифов, яке аз қурбониёни ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод", рӯзи 7-уми ноябр дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе дафн карда шуд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ 25 сол дошт ва пас аз адои хидмати ҳарбӣ ҳамчун афсари қарордодӣ дар қисми марзбонии "Султонобод" кор мекард. Се моҳ пеш издивоҷ кардааст. Вале мақомот тафсилоти чӣ гуна кушта шудани ӯро ба наздиконаш нагуфтаанд.

"Қорӣ ишкамба" ба Русия рафт ва бо ҷоиза баргашт

Ozodi.org 

Ҳунармандони театри мусиқӣ - драмавии шаҳри Конибодом намоишномаи "Қорӣ ишкамба"-ро ба Русия бурданд. Ин намоишнома дар шаҳри Нижневартовск бо забони русӣ ба саҳна гузошта шуд ва дар ҷашнвораи "Дидори шимолӣ" соҳиби ҷоиза низ шуд.

Ахбори Озодӣ аз 7-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки қурбониҳои ҳамла ба посгоҳи марзбонони тоҷик ба хок супурда шудаанд, маълум шудааст, ки шумораи қурбониҳо бештар будааст, Туркия ҳамсари раҳбари ДОИШ-ро боздошт намудааст, Президенти Тоҷикистон ба раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ вохӯрд,

25 соли Қонуни асосии Тоҷикистон: Имконот ва тазодҳо

Ozodi.org 

Шашуми ноябр Қонуни асосии Тоҷикистон вориди соли 25-уми мавҷудияти худ шуд. Коршиносон ҳамагӣ бар ин назаранд, ки дар муддати хеле кӯтоҳу вале давраи вазнини таърихӣ Қонуни асосӣ асоси бунёди давлати муосирро гузошт. Вале ин коршиносон тағйироту иловаҳои минбаъд ба он воридаро ҳар гуна баҳогузорӣ мекунанд. Бархеҳо барои ин зарурати таърихӣ ва тақозои замонро диданд, дигарон бошанд инро хостаҳои доираҳои ҳукуматӣ барои ҳифзи мавқеи худ мехонанд. Дар райъпурсии умумимиллӣ, дар марҳилаи шадиди ҷанги шаҳрвандӣ... Читать дальше...

Демократҳои ИМА эълони нобоварӣ ба Трампро оммавӣ мекунанд

Ozodi.org 

Ҷаласаҳои кушодаи пажуҳиши марбут ба эъломи нобоварӣ ба президенти ИМА Доналд Трамп ҳафтаи оянда шуруъ мешаванд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе раиси кумитаи иктишофии Палатаи намояндагони ИМА Адам Шифф хабар дод. Гуфта мешавад, рӯзи 13 ноябр кордори сафорати ИМА дар Украина Уилям Тейлор ва муовини ёвари котиби давлатии ИМА Ҷорҷ Кент дар мазҳари ом шоҳидӣ медиҳанд ва 15 ноябр сафири пешини ИМА дар Украина Марӣ Йованович. Ҷузъиёти ҷаласаҳои боз, ба гуфтаи Адам Шифф, рӯзҳои наздик нашр мешавад. Демократҳои Маҷлиси намояндагони ИМА иддао доранд... Читать дальше...

Қазоқистон дар СММ дар бораи ҳуқуқи инсон ҳисобот медиҳад

Ozodi.org 

Мақоми ҳифзи ҳуқуқи СММ дар Женева рӯзи 7 ноябр ҳисоботи расмии намояндагони Қазоқистонро дар бораи риоя шудани ҳуқуқи инсон дар ин кишвар мешунавад. Ҳайати Қазоқистонро дар Женева вазири адлия Марат Бекетаев роҳбарӣ мекунад. Ин севумин ҳисоботи миллии Қазоқистон дар доираи Гуруҳи кории Баррасии давраии олии Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ аст. Нахустин ва дувумин ҳисоботи Қазоқистон дар доираи Гуруҳи кории мазкур мутаносибан соли 2010 ва 2014 ироа шуда буд. Давоми ин ду давра ҳукумати Қазоқистон мебоист... Читать дальше...

Аз "Хоби маймун" то "Хаёлпараст". Паёми офаридаҳои Румӣ чист? ВИДЕО

Ozodi.org 

Румӣ Шоазимов, коргардони 26-солаи тоҷик, мегӯяд, бар хилофи ақидаи роиҷ, ки филмҳои муосир бе саҳнаи бӯсу канор тамошобин намеёбанд, дар офаридаҳояш чунин лаҳзаҳоро ҷой намедиҳад. Интихоби ӯ жанри афсона аст, то дасти дарози сензура сенарияи филмҳояшро қайчӣ накунад. Филми офаридаи ӯ -- "Хоби маймун" -- то кунун дар хориҷ панҷ ҷоиза гирифтааст ва филми дувумаш аз рӯи навиштаҳои адиби русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров дар оғози соли оянда ба дасти тамошобин мерасад. Ҳамкорони мо дар суҳбат бо... Читать дальше...


Музыкальные новости
Михаил Кутушов

Токсиколог Кутушов рассказал почему возникает похмелье





Персональные новости
Алексей Сёмин

Сергей Лёвкин: утверждены изменения в СП по инженерной защите территорий, зданий и сооружений от оползней и обвалов





Марзбони кушташуда дар ҳамла ба "Султонобод"-ро дафн карданд. АКС

Ozodi.org 

Иззатулло Латифов, яке аз қурбониёни ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистонро дар шаҳри Душанбе дафн карданд. Дар ҳамлаи шаби 6-уми ноябр ба ин дидбонгоҳ, ки мақомот кори дасти ҷангҷӯёни ДОИШ донистанд, як марзбон ва як милиса кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, дар ин ҳодиса 15 ҳамлаварро кушта, панҷ тани дигарро дастгир кардаанд. Манобеъ мегӯянд, дар миёни онҳо занон низ ҳастанд. Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" то ба ҳол масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.   Маросими ҷанозаи Иззатулло Латифов... Читать дальше...

Дар Қазоқистон дастрасӣ ба ҳазорон сафҳаи интернетӣ маҳдуд шудааст

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон аз оғози соли ҷорӣ бештар аз 13 ҳазор саҳифаи интернетӣ маҳдуд шудааст, ки ба бовари мақомот, муҳтавояшон аз таблиғоти терроризм иборат буд. Дар ин бора Даврон Абаев, вазири иттилоъ ва рушди ҷомеаи Қазоқистон рӯзи 6-уми ноябр хабар дод. "Аз оғози соли ҷорӣ бо тартиби тавсия ба соҳибон ва муҳаррирони манобеи интернетӣ бештар аз 25 ҳазор матолиби мухолиф ба қонунгузорӣ пок карда шуд. Ба бештар аз 13 ҳазор маводи дигар дастрасӣ маҳдуд шуд, ки муҳтавояшон аз таблиғи ақидаи терроризм ва тундгароӣ иборат буд",-гуфт Абаев. Читать дальше...

Узбекистон ҷаримаи хориҷиҳоро барои нақзи қоидаҳои буду бош кам кард

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 5-уми ноябр тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро имзо кард. Ин тағйирот ҳаҷми ҷаримаи хориҷиҳоро барои вайрон кардани тартиботи буду бош, пеш аз ҳама мавҷуд набудани сабти ном ва сари вақт тамдид накардани санади сабти ном 10 баробар кам мекунад. Тартиботи нав ҳам ба сайёҳон ва ҳам ба меҳмононе дахл дорад, ки ба дидорбинии пайвандонашон ва ё бо корҳои шахсӣ вориди Узбекистон мешаванд. Кодекси ҷиноии Узбекистон пештар аз ин... Читать дальше...

Эрдуғон гуфт, яке аз ҳамсарони раҳбари ДИ-ро дастгир карданд

Ozodi.org 

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ҳангоми суханронӣ дар донишгоҳи шаҳри Анқара хабар дод, ки низомиёни кишвараш яке аз ҳамсарони раҳбари кушташудаи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) Абубакр Бағдодиро боздошт карданд. "Мо ҳамсари ӯро боздошт кардем, вале ғавғо набардоштем. Ҳамчунин домод ва хоҳари ӯ низ дар Сурия дастгир шуданд",-афзуд Эрдуғон, вале дақиқ нагуфт, ки боздоштҳо кай сурат гирифтаанд. Бағдодӣ чанд зан дошт, дақиқ маълум нест. Ба иттилои AP, ӯ чаҳор зан дошт. Хабаргузории Reuters... Читать дальше...

Lufthansa ба иллати корпартоии кормандонаш 1300 парвозро бекор мекунад

Ozodi.org 

Ширкати ҳавопаймоии "Lufthansa"-и Олмон ба иллати корпартоии халабонҳо ва кормандонаш маҷбур аст, ҳудуди 1300 парвозро бекор кунад, ки ба 180 ҳазор мусофир дахл хоҳад дошт. Корпартоӣ рӯзҳои 7- 8 ноябр сурат хоҳад гирифт. Дар коргоҳи асосии "Lufthansa" дар наздикии фурудгоҳи Франкфурт-на-Майне рӯзи ҷумъа эътирози дастаҷамъии кормандон дар назар аст. Кормандон афзоиши маош ва беҳсозии шароити кориро талаб доранд. Раҳбари "Lufthansa" талош кард, ки аз роҳҳои қонунӣ эътирози кормандонашро манъ кунад. Читать дальше...

Қирғизҳо талаб доранд, ба истифодаи дурбинҳои чеҳрашинос моратория эълом шавад

Ozodi.org 

Кумитаи назорати шаҳрвандӣ дар Қирғизистон, ки ба ҳайати он фаъолони маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ шомиланд, даъват доранд, ба истифодаи густардаи дурбинҳои назоратии чеҳрашинос дар ин кишвар моратория эълом карда шавад. Фаъолони қирғиз мегӯянд, назорати густардаи сокинон дахолати хеле хатарнок ба ҳуқуқ ва ҳаёти шаҳрвандон аст. Узви кумита Динара Ошурахунова гуфт, истифодаи чунин дурбинҳо бидуни таъмини амнияти сокинон дар баробари онҳо кори нодуруст аст. "Ба ҳама маълум аст, ки низоми додгоҳӣ фасодолуд буда... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Кыргызстанцы завоевали медали на международном турнире по танцам в Москве


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Мария Шарапова

Первая ракетка России рассказала об общении с Шараповой


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Москвичам назвали пять мест, где можно полюбоваться цветущей сакурой





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о формировании взаимовыгодного международного сотрудничества


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко рассказал о планах расширения НАТО




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: встречи по продвижению "формулы Зеленского" дают Киеву чувство вседозволенности


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Сергей Шнуров

Кормухина объяснила, почему не считает Шнурова музыкантом



Москва

Ведущие «Авторадио» исполнили в Кремле культовую песню о самой масштабной стройке XX века

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net