Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 08.11.2019

ДОИШ масъулияти ҳамла дар марзи Тоҷикистону Узбекистонро ба уҳда гирифт

Ozodi.org 

Гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаи маргбори 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистонро ба уҳда гирифт. ДОИШ рӯзи 8-уми ноябр, баъд аз се рӯзи ҳодиса, ба воситаи вебсайташ "Аъмоқ" иддао кард, ки дар ҳамла даҳ сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштаанд. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр шумораи низомиёни кушташударо ду нафар эълон карданд. Дертар ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар ин ҳодиса панҷ марзбон ва як корманди... Читать дальше...

Помпео аз таҳдиди Русия ва Чин ба озодиҳои демократӣ ҳушдор дод

Ozodi.org 

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико, аз таҳдиди Русия ва Чин ба озодиҳои демократӣ ҳушдор дод ва аз ҳампаймонони ғарбӣ даъват кард, ки озодии худро ҳимоя кунанд.  Помпео дар остонаи 30-солагии шикастани Девори Берлин дар пойтахти Олмон ҳангоми суханронӣ гуфт, миллатҳои озод бо онҳое, ки ҳуқуқи шаҳрвандони худро рад кардаанд, дар “рақобати арзишҳо” буданд. Вай, ки чанд метр дуртар аз дарвозаи номдори Бранденбург истода буд, гуфт, “миллатҳои озод ва Ғарб вазифадоранд, ки таҳдидҳоро ба мардуми мо аз ҳукуматҳои монанди Чин... Читать дальше...



Собунпазӣ беҳ аз нашъамандӣ

Ozodi.org 

Шумори занони наъшаманд дар Афғонистон рӯ афзоиш аст ва як созмони маҳҳали бо ташкили як коргоҳи собунпазӣ занони наъшамандро ба ин кор ҷалб карда мехоҳанд аз ин роҳ онҳоро аз ин вартаи зиндагӣ берун кашад.

Номи 5 ҳамлавари "Султонобод" ошкор гашт. Се зан, ду мард

Ozodi.org 

Ҳувияти панҷ нафаре, ки, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ширкат кардаанд, маълум гардид. Манобеъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ин афродро сокинони вилояти Суғд гуфтанд. Чаҳор нафари онҳо ҳоло дар боздошт қарор дошта, як тани онҳо ҳангоми задухӯрд кушта шудааст. Тасдиқи ин хабар аз тарафи манбаъҳои мустақил то ҳол имконпазир нагаштааст. Аз панҷ нафаре, ки шахсияти онҳо ба мо маълум шуд, се зан ва дуи дигар мард мебошанд. Як манбаи наздик ба ниҳодҳои интизомӣ гуфт... Читать дальше...

Мулоқоти Эммануэл Макрон ва Эмомалӣ Раҳмон дар Париж. ВИДЕО

Ozodi.org 

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, рӯзи 8-уми ноябр бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардааст. Хабаргузории "Ройтерс" навишт, дидори раҳбарони ду кишвар дар Қасри Елисейи Париж баргузор шуд. Ҷузъиёти суҳбат маълум нест. Сафари расмии президент Раҳмон ба Аврупо, ки рӯзи 4-уми ноябр аз Швейтсария оғоз шуда буд, то 12-уми ноябр идома хоҳад кард. Раисиҷумҳур рӯзи ҳафтуми ноябр ба Фаронса рафт ва дар Париж бо роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ва тоҷирону роҳбарони ширкатҳои азими Фаронса ҳам суҳбат дошт. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 8-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Номи боз як қурбонии ҳамла ба посгоҳи марзӣ ошкор шуд, Президенти Тоҷикистон бо ҳамтои фаронсавиаш мулоқот кард, дар бозори Тоҷикистон моли Узбекистон ҷойи по пайдо кард, занони нашъамандро бо кор таъмин мекунанд ва матолиби дигар.



Пентагон гуфт, пули нафти Сурия ба курдҳо меравад, на ба хазинаи Амрико

Ozodi.org 

Пентагон мегӯяд, даромад аз истихроҷ ва фурӯхтани нафт дар шимолу шарқи Сурия, ки аз тарафи нерӯҳои Амрико нигоҳбонӣ карда мешаванд, ба курдҳо ва ҳампаймононашон равона мешавад, на ба хазинаи Вашингтон. Сухангӯи Пентагон Ҷонатан Ҳофман рӯзи 7-уми ноябр бо ишора ба нирӯҳои демократии Сурия зери роҳбарии курдҳо ба рӯзноманигорон гуфт, “даромади нафт ба Амрико намерасад, ба Нирӯҳои Демократии Сурия мерасад”. Ҳофман афзуд: “Мақсад ин аст, ки ба Нирӯҳои Демократии Сурия ба роҳбарии курдҳо иҷозат дода шавад... Читать дальше...

Сарватманде дар Маскав барои муҳоҷирон табобати ройгон ташкил кард

Ozodi.org 

Дар шаҳри Маскави Русия Бунёди молии Фаттоҳ Шодиев ва Калисои православии Русия барои муҳоҷирон ёрии бепули тиббӣ ташкил карданд. Аз мақомоти бемористони марказии Руҳонӣ Алексия, ки хизматрасонии мазкур онҷо ба роҳ монда шудааст, хабар доданд, дар ҳафта ба 10 тан аз муҳоҷирон табобати ройгон расонида мешавад. "Дар ҳақиқат, табиби мо хидмати ройгон мерасонад. Маҳдудияти синну соле мавҷуд нест. Танҳо шумори одамон маҳдуд аст: мо метавонем, ду маротиба дар ҳафта панҷ нафариро қабул кунем. Барои ин бояд аз қабл тавассути телефон номнавис кард"... Читать дальше...

Сӯхтору таркиш дар қаҳвахонае дар маркази Бишкек

Ozodi.org 

Дар қаҳвахонае дар маркази шаҳри Бишкеки Қирғизистон сӯхтор рух дод. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, соати 13:42 се мошини сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса рафт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навореро аз ҷойи ҳодиса нашр карданд. Дар навор таркиш сабт шудааст. Ба иттилои шоҳидон, лӯлаи газ таркидааст. Ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар сӯхтор ва таркиш дар қаҳвахонаи "Антошка" 13 кас, аз ҷумла се кӯдак маҷруҳ шуда, як тан дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Читать дальше...

Фаъоли қазоқистонӣ Алибек Молдин 15 рӯз ҳабс шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 7 ноябр фаъоли ҷамъиятӣ Алибек Молдинро ҳабси маъмурӣ кард. Додгоҳ ӯро панҷ рӯз барои иштирок дар гирдиҳамоии зиддичинӣ дар оғози моҳи сентябр ва 10 рӯзи дигар "барои итоат накардан ба талаботи пулис" зиндонӣ кард. Ба иттилои тафтишот, фаъоли ҷамъиятӣ рӯзи 3 сентябр дар шаҳри Оқтеппа бо навиштаҷоти "Нест бод густариши Чин" назди бинои ҳукумат ҳозир шуда, ҳамчунин шиор додааст: "Қазоқҳо, бедор шавед". Ба гуфтаи додгоҳ, Молдин 7 ноябр талаби қонунии кормандони пулисро иҷро накардааст. Читать дальше...

Туркманҳое, ки барои "бачабозӣ" муҷозот шуда буданд, ба пулис даъват мешаванд

Ozodi.org 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон ҳамҷинсгароён ва онҳоеро барои "суҳбат" даъват мекунанд, ки бо ҷурми "бачабозӣ" (банди 135-и Кодекси ҷиноии ин кишвар) зиндонӣ шуда буданд. "Барои суҳбат онҳоеро даъват мекунанд, ки ҳамчун ҳамҷинсгаро шинохта шудаанд. Ҳатто онҳоеро низ даъват доранд, ки замони раҳбарии Сафармурод Ниёзов дар солҳои 1985-2006 ба далели ҳамҷинсгаро буданашон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб нашуданд. Ҳамчунин бо онҳое "суҳбат" доранд, ки бо ҷурми "бачабозӣ" зиндонӣ шуда буданд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ. Читать дальше...

Трамп барои сӯистифода аз бунёди хайрия $2 млн ҷарима шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи Ню-Йорк президенти ИМА Доналд Трампро вазифадор кард, ки барои истифодаи пулҳои бунёди хайрияи "Trump Foundation" бо ҳадафҳои сиёсӣ ва манфиатҳои корӣ ба як қатор созмонҳои ғайритиҷорӣ 2 миллион доллар бидиҳад. Дар ин бора "Садои Амрико" иттилоъ дод. Зидди Трамп Додситонии кулли Ню-Йорк тобистони 2018 шикоят карда буд. Додситонӣ гуфта буд, ки Трамп ва се фарзандаш қонуни сармоягузории маъракаҳои интихоботиро нақз карда, ҳудуди се миллион доллари бунёди хайрияро дар маъракаҳои пешазинтихоботии Трамп дар соли 2016 истифода бурданд. Читать дальше...

Бар асари тирпарронӣ дар Ироқ 10 нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Бар асари тирпарронии пулиси Ироқ ба зидди эътирозгарон камаш шаш нафар дар Бағдод ва чаҳор тан дар Басра кушта шудаанд. Мақомоти пулис ва тандурустии Ироқ рӯзи 7-уми ноябр гуфтанд, дар бархӯрди эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Дар шаҳри Бағдод нирӯҳои амниятӣ ба зидди сокинон тир кушодаанд, ки дар натиҷа тақрибан 35 нафар захмӣ шудааст. Пулис роҳ ба сӯи минтақаеро маҳдуд кард, ки дар онҷо биноҳои ҳукуматӣ ва аксар сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ҷойгир ҳастанд. Дар шаҳри Басра ... Читать дальше...

Номи боз як қурбонии ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ маълум шуд

Ozodi.org 

Манобеи боварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми ноябр гуфтанд, ки дар ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ 5 марзбон ва 1 маъмури милиса ҷон бохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи кушта шудани маъмури милиса Баҳром Қосимзода ва марзбон Иззатулло Латифов гузориш додаанду бас.  Манобеи Радиои Озодӣ ҳувияти қурбонии шашум дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод"-ро ошкор карданд. Онҳо гуфтанд, сарбози кушташуда Наимҷон Саидолимов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст ва рӯзи гузашта дар як маросими хос дафн карда шуд.

Аз посбонии марз то хоби муҳоҷир дар cари гӯри сарбоз дар "Озодӣ Онлайн"

Ozodi.org 

Ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи марзбонони тоҷик дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон як баҳси асосии "Озодӣ Онлайн" аст. Даҳҳо ҳазор нафаре, ки ин хабарро дар сомонаи Радиои Озодӣ диданд, нерӯҳои интизомиро барои маҳви ҳамлаварон таҳсин хондаанд, вале теъдоди дигар гуфтаанд, сарҳадбонон дар ғафлат мондаанд. Барзу дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст: "Во аҷабо, ин сарҳади давлатии Тоҷикистон умуман посбонӣ мешавад ё сарҳадбонон ҳама қурутоб мехӯранду мехобанд? Сарҳад шӯхӣ нест, аз уҳдааш набароед... Читать дальше...

"То ҷамоатҳо ҳама фасодзада шудаанд"

Ozodi.org 

Ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи марзбонони тоҷик дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон як баҳси асосии Озодӣ Онлайн аст. Муҳоҷирон аз Русия чанд видеои дигар фиристодаанд, ки дар барнома бубинед.


Музыкальные новости
Михаил Кутушов

Компания ICDMC стала победителем престижной премии в сфере ЗОЖ – Green Awards 2023/24





Персональные новости
Подмосковье

«Текстильный букет Поочья» стартует в Подмосковье 28 апреля





Зилзила дар Эрон. 5 нафар ҷон бохт ва садҳо тан маҷрӯҳ шуд

Ozodi.org 

Бино ба гузоришҳо, зилзилаи 5,9-дараҷаӣ минтақаи Тарки вилояти Озарбойҷони шарқии Эронро такон додааст. Ба гузориши ИРНА-- хабаргузории давлатии Эрон, заминларза соати 2:17 дақиқа ва 3 сонияи шаби ҷумъа рух додааст. Тарк яке аз ноҳияҳои вилояти Озарбойҷони шарқӣ аст. Маркази зилзилашиносии Донишгоҳи Теҳрон гуфтааст, ин заминларза ба иловаи Озарбойҷони шарқӣ, вилоятҳои Озарбойҷони ғарбӣ, Гелон, Занҷон ва Ардабилро ҳам такон додааст. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки то ба ҳол панҷ нафар ҷони худро аз даст дода, 332 нафар ҳам захмӣ шудаанд. Читать дальше...

Аз сохтмони пул то бозорҳои наздимарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон ва Оқохони 4 чӣ гуфтанд?

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафар дар Аврупост, бо раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оқохони чаҳор мулоқот кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин дидор рӯзи 7-уми ноябр дар Фаронса сурат гирифт. Дар Тоҷикистон садҳо ҳазор пайрави шохаи исмоилияи дини ислом ба сар мебаранд ва онҳо асосан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд. Оқохони чаҳор, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон дастикам панҷ сол боз ба Тоҷикистон нарафтааст. Чанд дафъа сафари ӯ ба таъхир афтод ва аз ҷумла қарор буд... Читать дальше...

Ҳашт дастаи мунтахаб дар чорякфинали қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон (U-17)

Ozodi.org 

Ҳашт дастаи мунтахаби наврасон – Кореяи Ҷанубӣ, Нидерланд, Мексика, Испания, Бразилия, Фаронса, Италия ва Парагвай ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни  футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд. Дар ҳаштякфинал Кореяи Ҷанубӣ бар Ангола бо ҳисоби 1:0, Нидерланд бар Нигерия бо ҳисоби 3:1, Мексика бар Ҷопон бо ҳисоби 2:0, Испания бар Сенегал бо ҳисоби 2:1, Бразилия бар Чили бо ҳисоби 3:2, Фаронса бар Австралия бо ҳисоби 4:0, Италия бар Эквадор бо ҳисоби... Читать дальше...

Мансабдорони Қазоқистон иҷозаи истифодаи смартфонҳоро пайдо мекунанд

Ozodi.org 

Ба ходимони давлатии Қазоқистон дар фурсатҳои наздик дубора иҷозат медиҳанд, ки дар коргоҳҳояшон аз смартфонҳо истифода баранд. Дар ин бора Аблайхон Оспанов, муовини вазири рушди рақамӣ, инноватсионӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон хабар дод. "То ҷое ман иттилоъ дорам, қарор то ҳукумат расидааст ва дар фурсатҳои наздик мо дар бораи он хабар пайдо мекунем. Ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ ҳамоҳанг кардаанд, баъди ин қарор дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ мешавад. Мо интизор дорем, ки дар моҳи ноябр эълом шавад",-гуфт Оспанов рӯзи 7-уми ноябр. Читать дальше...

Марги рӯзноманигори узбекистонӣ дар садамаи нақлиётӣ

Ozodi.org 

Рӯзноманигор Давлатназар Рӯзматов (Давлат Назар), ки ба инъикоси масоили Хоразми Узбекистон машғул буд, шоми 6-уми ноябр дар садамаи нақлиётӣ вафот кард. Ба гуфтаи наздикони Назар, ӯро 7-уми ноябр ба хок супурданд. Ду тан аз ҳамсуҳбатони рӯзноманигор дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки Давлат Назар шоми 6-уми ноябр аз қаҳвахона берун ва савори мошини кироя (таксӣ) сӯи хонааш равон шуд. Ҳоло дақиқ нест, ки вай дар куҷо аз мошини кироя берун шуда ва чаро зери чархи мошини дигар ҷон додааст. Айни ҳол... Читать дальше...

Пулис: рӯзноманигори "Росбалт" дар ҳаққи Алишер Усмонов туҳмат кард

Ozodi.org 

Пулиси Русия зидди рӯзноманигори хабаргузории "Росбалт" Александр Шварев бо гумони туҳмат ва тамаъҷӯӣ айб эълом кард. Дар ин бора расонаҳои русӣ бо истинод ба вакилони дифоъ иттилоъ доданд. Ба гуфтаи вакилони дифоъ, муфаттишон гуфтаанд, ки рӯзноманигор дар бораи соҳибкори маъруф Алишер Усмонов маълумоти дуруғ нашр ва аз соҳибкоре дар Қазоқистон беш аз 50 ҳазор доллар тамаъ кардааст. Вакилони дифоъ мегӯянд, рӯзноманигор барои табобат ба Латвия рафтааст. Рӯзи душанбе қарор аст, додгоҳ масъалаи... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Команда подмосковного главка Росгвардии заняла призовое место на чемпионате Центрального округа по стрельбе из боевого ручного стрелкового оружия


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Самсонова победила Осаку и вышла в третий круг турнира WTA 1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

На площадке МВЦ «Казань Экспо» открылся XVIII Российский венчурный форум





Путин в России и мире
Москва

Путин поручил сократить время движения поездов от Москвы до курортов Черноморского побережья до 16 часов


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Минск не исключает попыток оппозиции оторвать часть территории Белоруссии в пользу НАТО




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Певица

Певица Анастасия Стоцкая появилась на публике в откровенном наряде



Москва

Дом, милый дом: участки под строительство от компании Родные земли, цены, отзывы

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net