123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 13.11.2019

Додгоҳи олии Тоҷикистон 30 сомонаро баст. Кадом сомонаҳоро?

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон 30 сомона ва саҳифаҳои марбут ба Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифин дар хориҷаро бастааст. Қарори додгоҳ рӯзи 12-уми ноябр нашр шуд ва рӯйхат аз саҳифаи "Бги дега" то "Озодандешон" ва "Кимиёи соадат"-ро дар бар мегирад. Мухолифон ба ин тасмими додгоҳ ҳанӯз вокуниш накардаанд. Бастани ин гурӯҳи сомонаҳои интернетӣ дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр Паймони миллиро созмони террористиву экстремистӣ эътироф кард. Ба қавли мақомот, фаъолияти он... Читать дальше...

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ кардаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистону Эрон ба зарурати зуд ва осон додани раводид (виза) ба шаҳрвандони ду кишвар таъкид кардаанд, аммо дақиқ нагуфтаанд, ки ҳоло чӣ мушкил вуҷуд дорад. Ин масъала дар қатори "густариши ҳамкориҳои илмӣ ва донишгоҳӣ, мубориза бо қочоқи инсон ва ҷилавгирӣ аз будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони ду кишвар дар хоки якдигар" рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябр дар ҷаласаи чаҳоруми консулии Душанбеву Теҳрон баррасӣ шудааст. Нишаст дар Эрон сурат гирифт. Мақомоти он кишвар баъзе аз ҷузъиёти ҷаласаро расонаӣ карданд... Читать дальше...

Ба ҳар сурат, дар дидбонгоҳи "Ишқобод" чӣ шуду чӣ гузашт?

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз рӯйдоди 6-уми ноябр дар дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" маълумоти пурра ва фарогир намедиҳанд, ҳувияти ҳамлаварон ва равиши ҳодисаро ошкор намекунанд, фарзияҳои гуногун садо дода, шарҳу тафсирҳои мухталиферо ба миён меоранд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) ба ғайр аз изҳороти аввали худ дар бораи воқеа тафсилоте надоданд ва намояндагони онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз такмили фарзияи расмӣ худдорӣ мекунанд. Дар ин байн манбаъҳои наздик ба тафтишот мегӯянд... Читать дальше...



Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистону Эрон ба зарурати зуд ва осон додани раводид (виза) ба шаҳрвандони ду кишвар таъкид кардаанд, аммо дақиқ нагуфтаанд, ки ҳоло чӣ мушкил вуҷуд дорад. Ин масъала дар қатори "густариши ҳамкориҳои илмӣ ва донишгоҳӣ, мубориза бо қочоқи инсон ва ҷилавгирӣ аз будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони ду кишвар дар хоки якдигар" рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябр дар ҷаласаи чаҳоруми консулии Душанбеву Теҳрон баррасӣ шудааст. Нишаст дар Эрон сурат гирифт. Мақомоти он кишвар баъзе аз ҷузъиёти ҷаласаро расонаӣ карданд... Читать дальше...

Президенти пешин хост, тарафдоронашро озод кунанд

Ozodi.org 

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон, даъват дорад, ки ҳамаи боздоштшудаҳои ҳодисаҳои рӯзҳои 7 ва 8-уми августи имсол дар деҳаи Қой-Тош озод карда шаванд. Чунин изҳоротро Отамбоев рӯзи 13-уми ноябр паҳн кард. Дар изҳорот омадааст, боздошти ҳаводорони вай ва иштирокдорони ҳодисаҳои Қой-Тош ба хотири "тарс додан ва иҷборан хомӯш кардан" сурат гирифтааст. Отамбоев дар изҳорот гуфтааст, "мақомот огоҳ ҳастанд, ки афроди зикршуда айбе надоранд. Агар суоле ҳаст, аз ман бипурсанд. Бигзор маро ба ҳар муҳлате, ки мехоҳанд, зиндонӣ кунанд.

Ахбори Озодӣ аз 13-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Тафсилоти ҳамла ба посгоҳи марзӣ, "облава"-и ҷавони тоҷик дар зодрӯзаш, ҳамлаи маргбор дар Кобул ва баррасии сареъ гирифтани визаи сафар ба Эрону Тоҷикистон.

Ҷасади куҳнаварди русро баъди се моҳ дар Сангвор ёфтанд

Ozodi.org 

Шикорчиён дар ноҳияи Сангвори Тоҷикистон (Тавилдараи пешин) пораҳои ҷасад ва шиносномаи Ирина Третякова, кӯҳнаварди русро пайдо кардаанд. Третяковаи 61-сола моҳи августи имсол ҳамроҳи чаҳор куҳнаварди дигари рус -- Александр Колпаков, Алексей Колпаков, Георгий Ретман ва Виктория Ким -- ба ноҳияи Сангвор омада буд, аммо ҳангоми убури мавзеи Шикорбас дар дараи Қирғизоб ба дарё афтод. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз 20-уми августи имсол боз дар ҷустуҷӯи ҷасади ин куҳнаварди рус буданд. Читать дальше...



Эрдуғон дар авҷи танишҳо ба Амрико рафтааст

Ozodi.org 

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар авҷи танишҳо байни Анқара ва Вашингтон, ду узви НАТО, ба Амрико рафтааст ва интизор меравад рӯзи 13-уми ноябр бо президент Доналд Трамп мулоқот кунад.  Эрдуғон бори охир соли 2017 ба Амрико рафта буд. Он вақт муҳофизонаш дар назди қароргоҳи сафири Туркия ба эътирозгарони осоиштаи курд ҳамла карданд. Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи 11 уми ноябр пеш аз сафараш ба Вашингтон дар Анқара гуфт, равобити Туркияву Амрико “марҳилаи дарднок”-ро пушти сар мекунад. Читать дальше...

Раҳбарони Осиёи Марказӣ дар Тошканд ҷамъ мешаванд

Ozodi.org 

Мулоқоти дувуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) 27 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар ин бора президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 12 ноябр иттилоъ дод. Назарбоев изҳори умедворӣ кард, ки мулоқоти мазкур дар рӯзи эъломшуда дар Тошканд баргузор хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки миёни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баъзе аз мушкилиҳои ҳалношуда боқӣ мондааст. "Задухӯрдҳо рух дода, одамон кушта мешаванд",-афзуд вай. Ёдрас мешавем... Читать дальше...

Роҳбари мухолифони Боливия президенти муваққат шуд

Ozodi.org 

Жанин Анес, роҳбари мухолифон дар сенати Боливия баъд аз истеъфои Эво Моралес худро президенти муваққати кишвар эълом кард. Ба навиштаи Reuters, Анес сарфи назар аз мавҷудияти раъйи кофӣ масъулияти роҳбарии давлатро ба дӯш гирифт. Вакилони ҳизби президенти пешин - "Ҳаракат ба сӯи сотсиализм" - нишасти порлумонро тарк карданд. Аммо Додгоҳи конститутсионии Боливия президентии Жанин Анесро тасдиқ кард. Дар пойтахти Боливия, шаҳри Ла-Пас миёни тарафдорони Жанин Анес ва президенти пешин Эво Моралес задухӯрд шуруъ шуд. Читать дальше...

Мушакпартоӣ ва ҳамлаи Исроил ба Ғазза давом дорад

Ozodi.org 

Мушакпартоӣ ва ҳамлаи ҳавоии навори Ғазза рӯзи дувум аст, ки аз сӯи Исроил давом дорад. Рӯзи чаҳоршанбе дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Ғазза ду одам кушта шуд. Шумори умумии қурбониҳо аз ҳисоби фаластиниҳо ба 12 тан расид. Дар камтар аз 2 рӯз ба сӯи Исроил низ аз ҳудуди Ғазза 250 мушак партоб ва қисме аз онҳо дар ҳаво маҳв карда шуд. Дар бораи кушташудаҳои Исроил ҳанӯз хабаре нест, аммо бештар аз 40 тан ҷароҳати сабук бардоштааст. Артиши Исроил шоми сешанбе ба чаҳоршанбе дар "Твиттер" эълом кард, ки... Читать дальше...

Таркиши маргбор дар Кобул баъд аз озодии раҳбарони Толибон

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфтанд, дар таркиши мошини бомбгузоришуда дар Кобул дастикам 7 нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорат, ба расонаҳои хориҷӣ гуфтааст, таркиш субҳи 13-уми ноябр дар минтақаи Қасаба, дар шимоли фурудгоҳи Кобул, рух дод. То кунун масъулияти ҳамларо касе ба уҳда нагирифтааст. Ҳам Толибон ва ҳам гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Кобул фаъоланд. Нусрат Раҳимӣ гуфт, ҳамаи қурбониён ғайринизомӣ ҳастанд ва афзуд, "эҳтимол шумори кушташудаҳо афзоиш ёбад". Читать дальше...

Бархурди сарди Кремл ба пешниҳод дар бораи мулоқоти Путин бо Зеленский

Ozodi.org 

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод кард, ки раҳбарони Украина ва Русия Владимир Зеленский ва Владимир Путин метавонанд, ки дар кишвараш гуфтугӯи мустақимеро анҷом диҳад. Назарбоев 12-уми ноябр дар як ҳамоиш дар шаҳри Нурсултон гуфт, Зеленский барои иштирок дар чунин мулоқот розӣ шудааст. Вале зоҳиран, Кремл он қадар ҷонибдори ин пешниҳод нест. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи сешанбе ба рӯзноманигорон гуфт, Москва ҷонибдори баргаштани муносибатҳои Русияву Украина ба "ҳолати оддӣ" аст... Читать дальше...

Гумонбарон дар қатли тоҷири қирғиз боздошт шуданд

Ozodi.org 

Гумонбарони қатли тоҷир Айеркен Саймаитӣ ангезаҳои ҷинояти содиркардаашонро ошкор карданд. Дар ин бора аз мақомоти пулиси Туркия хабар доданд. "Шаҳрванди Сурия Алӣ Исбеҳ ва ду шаҳрванди Қирғизистон - Ҳусейн Акматалиев ва Абдуллоҳ Энвер боздошт шуданд. Шаҳрванди Сурия шиносномаи ҷаълӣ дошт. Онҳо дар Сурия бо ҳам ошно шудаанд. Қирғизистониҳо моҳе пеш ба Туркия омаданд. Боздоштшудаҳо дар бозпурсӣ гуфтанд, ки тоҷирро ба хотири мусалмон набуданаш куштаанд", - гуфт Атилла Килич, намояндаи пулиси Туркия. Читать дальше...

Захмӣ шудани 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар як садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистон  маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса дар вилояти Қарағанда рух додааст. Дар сомонаи "Каzakhstan today" омадааст, шаби 11-уми ноябр бинобар яхбандии роҳҳо ронандаи автобуси Ван Ҳул, ки шаҳрванди Қазоқистон будааст,  ҳангоми ҳаракат ба самти Алмаато аз ӯҳдаи идораи мусофирбар набаромада, ба як мошини дигар бармехӯрад. Дар натиҷа 7 мусофири  автобус, ки 5 нафарашон зодагони Тоҷикистон буданд, маҷрӯҳ мешаванд. Шумораи умумии мусофирони автобус 15 нафар будааст. Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Мянмар ба Мандалай расид

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 12-уми ноябр барои баргузор кардани бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" муқобили тими миллии Мянмар аз Куала-Лумпур бо ҳавопаймо тавассути Бангкок ба Мандалай расид. Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 14-уми ноябр дар Мандалай, дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», соати 15:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон... Читать дальше...


Музыкальные новости
Вольфганг Амадей Моцарт

Два великих композитора - Моцарт и Шопен - и их бессмертные шедевры в исполнении органа и рояля





Персональные новости
#123ru.net

«Телефон доверия»





Вокунишҳои гуногун ба раҳоии се раҳбари Толибон аз зиндоне дар Афғонистон

Ozodi.org 

Се узви баландпояи "Шабакаи Ҳаққонӣ" -- шохае аз гурӯҳи тундрави Толибон, аз зиндоне дар Афғонистон раҳо шудаанд. Сафорати Амрико дар Кобул аз ин тасмими ҳукумати Афғонистон истиқбол кардааст. Шуморе аз сиёсатмадорони афғон ва ҳамин тавр корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз раҳоии ин раҳбарони Толибон интиқод кардаанд. Сокинон "Шабакаи Ҳаққонӣ"-ро омили хунбортарин ҳамлаҳо дар Афғонистон медонанд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 12-уми ноябр эълон кард, ки ин се фард дар ивази раҳоии ду устоди Донишгоҳи амрикоии Кобул, озод мешаванд. Читать дальше...

Ҷудо кардани $300 млн барои таъмири маҷмааи мушакии ба номи Назарбоев

Ozodi.org 

Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон дар ҷаласае дар шаҳри Нурсултони он кишвар гуфт, барои рушди маҷмааи мушакии муштараки Русияву Қазоқистон "Байтерек" 300 миллион доллар ҷудо хоҳад шуд. Моҳи сентябри имсол расонаҳои Русия хабар доданд, ки маҷмааи мазкур ба номи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гузошта шудааст. "Моҳи апрели соли ҷорӣ дар доираи мулоқоти президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо ҳамтои русаш Владимир Путин ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки амалисозии тарҳи густарда... Читать дальше...

Корея бемористонҳои Узбекистонро бо таҷҳизоти нав таъмин мекунад

Ozodi.org 

"Эскимбонк"-и Кореяи Ҷанубӣ барои харидории таҷҳизоти нави тиббӣ дар бемористонҳои Узбекистон 74 миллион доллар ҷудо мекунад. Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон 11 ноябр хабар дод, ки дар поёни мулоқот бо намояндагони "Эскимбонк" дар шаҳри Тошканд санади ҳамкорӣ измо шудааст. Тарҳи мазкур муҷаҳҳаз сохтани бештар аз 150 муассисаи тиббиро дар навоҳии дурдаст ва деҳоти Узбекистон бо таҷҳизоти муосири тиббӣ пешбинӣ мекунад.

Интиқоди Клинтон аз Лондон барои расонаӣ накардани натиҷаи санҷиши дахолати Русия

Ozodi.org 

Номзади пешин ба мақоми президентии ИМА тасмими ҳукумати Бритониёро барои расонаӣ накардани гузориши порлумон дар бораи таъсири Русия ба сиёсати ин кишвар "шарҳнопазир" ва "шармовар" номид. Клинтон, ки Русияро дар дахолат ба интихоботи президентии Амрико дар соли 2016 айбдор мекунад, 12 ноябр гуфт, шаҳрвандони Бритониё ҳақ доранд, пеш аз рафтан ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ дар рӯзи 12 декабр бо гузориши кумитаи иктишофӣ ва амнияти порлумони худ шинос шаванд. "Аз ин ки ҳукумат ба расонаӣ шудани гузориш иҷозат намедиҳад, ҳайронам. Читать дальше...

Туркия квотаи табобати ройгонро барои қирғизистониҳо афзоиш дод

Ozodi.org 

Туркия квотаи табобати ройгонро дар ин кишвар барои шаҳрвандони Қирғизистон афзоиш дод. Бар асоси қароре, ки дар нашрияи расмии Туркия "Resmi Gazete" нашр шуд, шумори квотаҳо аз 50 адад - то 180 кас дар сол афзоиёш ёфтааст. Аз имкони табобати ройгон дар Туркия қирғизистониҳое бархурдоранд, ки табобати ҳамсонро наметавонанд дар кишвари худ бигиранд. Квота барои беморони вазнин, аз ҷумла гирифтор ба саратон ё пайванди узв аст. Як қисми беморонро Вазорати тандурустии Қирғизистон ва як қисмро сафорати Туркия дар Бишкек мефиристад. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

На окружном полуфинале конкурса «Это у нас семейное» Калмыкию представляют четыре семьи


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Прямая трансляция первого матча Елены Рыбакиной на турнире в Штутгарте


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Прием заявок на участие в конкурсе на лучшее путешествие по Дальнему Востоку начнется в мае





Путин в России и мире
Москва

Путин 22 апреля проведет в Москве переговоры с президентом Азербайджана Алиевым


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

В Москве арестован на пять суток историк-публицист Сергеев за пост памяти Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Оркестр

Оркестр территориального управления Росгвардии приступил к репетициям парада победы в Челябинске



Москва

Ярославцы выступили против повышения цен на проезд в общественном транспорте

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net