Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 25.11.2019

Баҳси нархи пахта дар порлумони Тоҷикистон. Айби миёнаравҳо ё биржаи Ливерпул?

Ozodi.org 

Мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад. Арзонии ҳосили дастранҷи деҳқонон ва "хилофкории миёнаравҳо" мавзӯи баҳси доғе дар Маҷлиси Намояндагон шуд. Пахта яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ва манбаи даромади асъори хориҷӣ ба кишвар аст. Ба иттилои вазири кишоварзӣ, ширкатҳое, ки ба коркард ва содироти пахта машғуланд, имсол нархи як килои онро ҳудуди 4 сомонӣ (баробар ба тақрибан 40 сенти амрикоӣ) таъйин кардаанд. Деҳқонон мегӯянд, ин маблағ хароҷотро намепӯшонад. Читать дальше...



"Даст надорам, бо пой гулдӯзӣ мекунам". ВИДЕО

Ozodi.org 

Пойҳои Саодат Хоҷаева, сокини 40-солаи деҳаи Пушёни Поёни ноҳияи Восеъ, кори дастонашро иҷро мекунад. Ӯ маълули модарзод аст, аммо ба тақдир тан надода ва худро аз дастнигарӣ раҳондааст.  Саодат мегӯяд, аз хурдӣ бо пой кор карданро ёд гирифт. Вай бо як дасту як пой тамоми корҳои имконпазири хонаро анҷом медиҳад. Шустушӯи либос ва ба бар кардани либоси се кӯдакашро низ бар уҳдаи касе намегузорад. Мегӯяд, хона мерӯбад, либос мешӯяд, бо як даст хамир мекунаду хӯрок мепазад ва дар пояш "селофан" печонда пиёзу картошка пӯст меканад. Читать дальше...

Тарҳи нав аз афсарони Горди Русия муаррифии худро талаб хоҳад кард

Ozodi.org 

Думаи давлатии Русия тарҳи наверо баррасӣ мекунад, ки бино бар он кормандони Горди Русия ё "Росгвардия", як ниҳоди вижаи ҳарбӣ ва интизомӣ, вазифадоранд, ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандон худро шиносоӣ кунанд ва шаҳодатномаи корияшонро нишон диҳанд. Вале дар тарҳи нав гуфта мешавад, ба фарқ аз кормандони пулис ин талабот аз кормандони Горди Русия танҳо ҳолатҳои муайянро фаро хоҳад гирифт: Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои шахсе, ки гумон меравад, таҳти пайгард аст. Ҳангоми қабули силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ... Читать дальше...

"Даст надорам, бо пой гулдӯзӣ мекунам"

Ozodi.org 

Пойҳои Саодат Хоҷаева, сокини 40-солаи деҳаи Пушёни поёни ноҳияи Восеъ кори дастонашро иҷро мекунад. Саодат маълули модарзод аст. Ӯ маҷбур аст, ки бо пой вазифаи дастонашро иҷро кунад. Маълулии дастон натавонист пеши роҳи Саодатро бигирад, то дар зиндагӣ дастнигар шавад.

Се медали паҳлавонҳои навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки варзишгарони навраси кишвар дар Чемпионати Осиё дар риштаи куштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасони то 15-сола 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд



Дар ҳамла ба мошини СММ дар Кобул як хориҷӣ кушта шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Кобули Афғонистон рӯзи 24 ноябр дар натиҷаи ҳамла ба мошини СММ, як шаҳрванди хориҷӣ кушта шудааст. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Афғонистон хабар дод, ки панҷ тани дигар дар он ҳамла маҷруҳ шудаанд. То кунун масъулияти ин ҳамларо касе ба душ нагирифтааст, аммо дар гузашта масъулияти аксари ҳамлаҳои ҳамсонро ҷангҷӯёни ҳаракати "Толибон" ва гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба душ гирифта буданд. Дар ноҳияи Каҷрони вилояти Дойкундии Афғонистон ҳадди ақал ҳашт низомӣ дар натиҷаи ҳамлаи толибон кушта шуд. Читать дальше...

"Мубаллиғони терроризм"-ро дар Қазоқистон ба маҳбас фиристоданд

Ozodi.org 

Ҳашт зиндонии парвандаи "таблиғи терроризм" ва "ангезондани бадбинӣ" дар Қазоқистон ба ҳабс фиристода шуданд. Дар ин бора хешовандони зиндониён хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, танҳо як тан аз онҳо дар маҳбаси вилояти Алмато боқӣ монд. Дигаронро ба маҳбасҳои вилоятҳои Чимкент, Оқтеппа, Қарағанда ва Қазоқистони Шимолӣ фиристоданд. Хешовандон мегӯянд, ҳукми додгоҳ танҳо 29 ноябр қувваи қонунӣ пайдо мекунад. Ба гуфтаи онҳо, фиристодани зиндониён ба маҳбас барои адои ҷазо эҳтимол дорад, ки ғайриқонунӣ бошад. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 25-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Додситонӣ барои милисаҳои муттаҳам бо шиканҷа муддати тӯлонии ҳабс тақозо кард, ду зодаи деҳаи Қаратоғ, ки дар садамаи автомобилӣ дар Оренбург вафот кардаанд, ба ватан интиқол дода мешаванд, боздошти эътирозгарон дар Эрон, шикоят аз нархи пасти пахта ва матолиби дигар.

Русия барои бунёди роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" 200 млн рубл дод

Ozodi.org 

Русия барои иҷрои тарҳи бунёди роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" 200 миллион рубл ҷудо кардааст. Дар ин бора президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков иттилоъ дод. "Тасмими сиёсӣ гирифта шуд. Гуруҳи коршиносон фаъолият дорад. Ҷониби Чин розӣ шуд. Ман дубор аз Чин боздид кардам, ки дар ҷараёни ин сафарҳо гуфтугӯҳо дар бораи тарҳ анҷом дода шуд. Бо президенти Русия низ дар ин замина суҳбат доштем ва тасмими сиёсӣ гирифта шуд", - изҳор дошт Ҷеенбеков. Ташаббуси бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон... Читать дальше...

Пирӯзии Клаус Йоҳаннис дар интихоботи Руминия

Ozodi.org 

Президенти ғарбгарои Руминия Клаус Йоҳаннис дар даври дуввуми интихобот пирӯз шуд. Натиҷаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки Йоҳаннис беш аз 66 дарсади овозҳоро дар баробари сарвазири пешини чапгаро Виорика Дансила ба даст овард. Сарвазири пешини Руминия 34 дарсади овозҳоро гирифтааст. "Ваъда медиҳам, ки барои ҳама руминиҳо президент бошам... Имрӯз Руминияи замонавӣ, аврупоӣ ва оддӣ пирӯз шуд,” – гуфт Йоҳаннис ба ҳаводоронаш дар назди ситоди пешазинтихоботӣ дар Бухарест. Вай афзуд: "Ман ин пирӯзиро бо шодӣ... Читать дальше...

Тазоҳурот дар Қирғизистон ба зидди фасод дар гумрук

Ozodi.org 

Рӯзи душанбе издиҳоме дар назди бинои парламенти Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ҷамъ шуда, ҳабси як мақомдори баландпояи хадамоти гумрукро талаб кард. Раҳимбек Матраҳимов дар як гузорише масъули хориҷшавии пули зиёд аз ин кишвар номида шудааст.

Дар Бишкек зидди фасодкорӣ тазоҳуроти осоишта баргузор шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зидди фасодкорӣ тазоҳуроти осоишта баргузор шуд. Сокинон гуфтанд, тасмими ташкили тазоҳуротро пас аз нашри таҳқиқоти фасодкорӣ дар мақомоти гумруки Қирғизистон гирифтаанд. Эътирозгарон се талаб доштанд. Муовини пешини раиси хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Мамадраимов боздошт, ҳамаи дузду ғоратгарон зиндонӣ ва ислоҳоти воқеӣ гузаронида шавад. Таҷаммуъгарон пас аз садо додани суруди миллӣ шиор партофта, баъди ҷамъоварии имзо пароканда шуданд. "Имзоҳоро барои он ҷамъ мекунем... Читать дальше...

Интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Ozodi.org 

Интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи имсол 7 дарсад афзудааст. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, муҳоҷирон аз моҳи январ то сентябри имсол ба кишвар беш аз 2 миллиарду 490 миллион доллар фиристодаанд. Раиси Бонки Миллӣ рӯзи 22-уми ноябр ҳангоми қабули қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020 дар ин бора ибрози  назар кард. Чанд сол боз Бонки Миллии Тоҷикистон аз ифшои маблағҳое, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон мефиристанд, ба иддаои он ки расонаҳо ба ин омор «обу ранги сиёсӣ» медиҳанд... Читать дальше...

Раиси ҲДТ: "Дар порлумон соҳиби 10 курсӣ мешавем." Дигарон шубҳа доранд

Ozodi.org 

Ҳизби мухолифе, ки дар ибтидои дастёбӣ ба истиқлол, амалан барномаҳои мухолифатро таъйин мекард, вале баъдтар нуфузи худро аз даст дод, бо шӯру шавқ ба интихоботи порлумонии соли 2020 омода мешавад. Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар порлумон намоянда дорад, ба интихоботи соли оянда омодагӣ мегирад. Дар назар аст, 15-уми декабри имсол анҷумани ҳизб барпо шавад. Дар интихоботи пеширӯ Ҳизби демократ мехоҳад, 13 номзадро бар асоси рӯйхати ҳизбӣ ва 19 нафарро аз ҳавзаҳои интихоботӣ пешбарӣ намояд. Читать дальше...

Талаби аз 15 то 23 соли зиндон ба милисаҳои муттаҳам ба шиканҷа

Ozodi.org 

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон талаб кард, ки чаҳор маъмури пешини Раёсати корҳои дохилии Душанберо аз 15 то 23 сол зиндонӣ кунанд. Ин афрод ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳаманд. Худи онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомотро рад кардаанд.  Муҳокимаи Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин се моҳ боз дар додгоҳ идома дорад.  Рӯзи 22-юми ноябр намояндаи Додситонии кул аз додгоҳ талаб кард, ки Фарҳод Нурхонов, муовини пешини сардори Шӯъбаи кофтукоби ҷиноӣ дар Раёсати... Читать дальше...


Музыкальные новости
Желдорреммаш

Улан-Удэнский ЛВРЗ подвел производственные итоги первого квартала 2024 года





Персональные новости
Apple

Apple возобновляет переговоры с OpenAI о внедрении функций ИИ в iPhone





Медали тиллои гуштигири навраси тоҷик дар қаҳрамонии Осиё

Ozodi.org 

Ислом Толибов, варзишгари тоҷик, дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонӣ-румӣ миёни наврасони то 15-сола медали тилло ба даст овард. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Соҳит Соҳит аз Ҳиндустон ва Алтинбек Жадрасинов аз Қазоқистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Ислом дар нимфинал бар Йу Сианг Ҳанг аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омада, ба финал баромад. Гуштигири навраси тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ Алтинбек Жадрасиновро аз Қазоқистон шикаст дод ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Читать дальше...

Бозии занони футболбози тоҷику қирғиз бидуни гол хотима ёфт

Ozodi.org 

Мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) бозии дувумашро дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Ин бозӣ 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид. Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда буд. Пешсафони мусобиқа – дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Эрон – дар даври дувум низ пирӯз шуданд. Читать дальше...

Тобути ду муҳоҷири ҳалокшудаи тоҷикро аз Оренбург меоранд

Ozodi.org 

Тобути ду муҳоҷири тоҷикро, ки дар садамае дар вилояти Оренбурги Русия ба ҳалокат расиданд, барои фиристодан ба Тоҷикистон омода мекунанд. Ҳоло ҷасадҳо шиносоӣ шуда, дар сардхона ҳастанд.  Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо кумаки пайвандони муҳоҷирони фавтида санадҳоро барои интиқоли тобутҳо омода мекунанд. Вай афзуд, талош доранд, ҷасадҳоро ба зудӣ аз Оренбург ба Душанбе мефиристанд. "Бо наздиконаш дар... Читать дальше...

Мардуми Хуҷанд тирандозӣ меомӯзанд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд як маркази тирандозӣ ба кор оғоз кард, ки бо харҷи як миллион сомонӣ сохта шудаст

Ошкор шудани бастаи санадҳои махфии Чин дар бораи ӯйғурҳо

Ozodi.org 

Рӯзи 24-уми ноябр як бастаи санадҳои махфӣ нашр шуд, ки дар он назорати зиндагии се миллион ақаллияти вилояти ғарбии Шинҷон дар боздоштгоҳҳо ошкор шудааст. Консорсиуми байналмилалии хабарнигорони таҳқиқотгар асноди пинҳонии ҳукумати Чин дар мавриди боздоштгоҳҳоро нашр намудааст. Хабарнигорон ошкор намудаанд ки Чин як низоми хоси назорати ин минтақаи мусулмоннишинро таҳия намудааст. Ин санад ё худ дастурамал соли 2017 аз тарафи раиси амнияти Шинҷон тасвиб шуда, ба таври қотеъ назорат аз ороиши муйи... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Юные керамисты школы №2120 выиграли три Гран-при конкурса «Мир дому твоему!»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Новак Джокович

Кто отец Дианы Джокович?


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Прокуратура Москвы: тело мужчины нашли в лесопарке в Сокольниках





Путин в России и мире
Москва

Петербургский автопром вышел из кризиса, заявил Беглов


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Это - война: литовские беспилотники попытались атаковать Минск




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Басманный суд Москвы арестовал продюсера Reuters Константина Габова за помощь ФБК в подготовке материалов



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Александр Розенбаум

Певец Розенбаум похвастался возрождением сети советских пивных в Петербурге



Москва

В Мытищах молодые пожарно‑спасательные команды проверили свои навыки

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net