Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 05.11.2019

Сафари гуруҳи корӣ барои аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбекистон

Ozodi.org 

Як гуруҳи кории Тоҷикистон барои аломатгузории баъзе қитъаҳои марзи муштарак ба марзи Узбекистон рафтаанд. Баробар ба шуруи кори ин гуруҳи корӣ, баъзе расонаҳои дохилии Тоҷикистон аз табодули 300 гектар замин бо Узбекистон хабар доданд. Мақомот чунин чизеро рад мекунанд, аммо дар як вақт аз шарҳи ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Узбекистон низ худдорӣ меварзанд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як комиссия бо супориши Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазир ба ин вилоят омада... Читать дальше...

Беларус дархости Тоҷикистон барои истирдоди Одинаевро рад кард

Ozodi.org 

Як созмони ҳомии ҳуқуқ гуфт, Додситони кулли Ҷумҳурии Беларус дархости мақомоти Тоҷикистон, дар бораи истирдоди Фарҳод Одинаев, яке аз мухолифони давлат ва рӯзноманигори мустақилро рад кардааст. Human Constanta рӯзи 5-уми ноябр бо нашри ин хабар, аз тасмими Белорус истиқбол кард. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин хабар феълан маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон Фарҳод Одинаевро ба "иштироку сармоягузорӣ ва таблиғи ифротгароӣ" муттаҳам мекунанд. Парванда ба зидди Одинаев моҳи октябри соли 2018 боз шудааст. Читать дальше...

Писари Бег Сабур медали тилло гирифт

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Сиёвуш Зуҳуров писари сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабуров дар мусобиқаи варзишӣ оид ба бокс , медали тилло гирифт



Озодии ду сокини Ворух аз боздоштгоҳи Ботканд

Ozodi.org 

Ду сокини ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара, ки се ҳафта қабл аз тарафи марзбонони Қирғизистон боздошт шуданд, баъди барои пардохти ҷарима ба Тоҷикистон баргаштанд. Мурофиаи додгоҳии онҳо 5-уми ноябр баргузор шудааст. Нурмаҳмад Каримов, яке аз наздикони боздоштшудаҳо имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи Ботканд Боисҷон Бобоҳасанов ва Дилшод Каримовро ба убури ғайриқонунии марз гунаҳкор донист ва амр дод, ки 37 ҳазор сомонӣ ҷарима супоранд. Вай гуфт, ҳарду ба шаҳри Исфара расидаанд ва ба Ворух мераванд. Читать дальше...

Гулнораву фарзандонаш аз вагон ба хонаи гарм кӯчиданд. Барои 4 моҳ? ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъд аз 4 моҳи зиндагӣ дар вагони тангу оҳанин, оилаи Гулнора ва Ҳикматулло ба хонаи гарму дорои тамоми шароит барои кӯдакони бемор ҷой карда шуданд. Пас аз нашри як матлаб дар бораи сахтиҳои зиндагии ин оилаи бесарпаноҳ ва бемор дар сомонаи Радиои Озодӣ, дар як ҳафта зиндагии онҳо ранги дигар гирифт. Ҳамакнун Гулнора ва Ҳикматулло бо фарзандон зимистонро дар хонаи гарму роҳат сипарӣ мекунанд. Юсуфҷони 4-сола ҳам, ки дар вагони тангу тор аз тамошои филмҳои тасвирӣ маҳрум буд, дар хонаи нав акнун чашм аз телевизор намеканад. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 5-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Мухолифин ба Президенти Тоҷикистон дар Аврупо пешвози гарм ваъда додаанд, баъди гузориши Радиои Озодӣ оилае аз вагон ба манзили иҷора кӯч баст, нархи патенти кории муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш меёбад ва матолиби дигар.

Зиндагии пинҳони Бабрак Кормал, президенти пешини Афғонистон дар ҷангали Чехославакия

Ozodi.org 

Дар зимистони соли 1978 то 1979 режими коммунистии Афғонистон ба раҳбарии Нурмуҳаммад Таракӣ гурӯҳи сенафариро барои ёфтан ва куштани Бабрак Кормал, сафири кабири Афғонистон дар Чехославакия, вазифадор карда буд. Мақомоти Чехославакия барои ҳифозат аз ҷони Кормал ва хонаводааш, ӯро дар як ҷангал дар наздикии марзи Олмони шарқӣ пинҳон карда буданд. Хонаводаи шашнафарии Кормал зери назари пулиси махфии Чехославакия ба сар мебурд ва баъд дар осоишгоҳе дар як минтақаи дурафтодаи куҳистонӣ ҷойбаҷо шуд ва сипас дар як бӯстонсаро... Читать дальше...



"Сахт пазмон шудам, бе ӯ ҷаҳон тира аст." Як сол бе Марат Орифов.

Ozodi.org 

Аз марги коргардон ва ҳунарманди маъруфи тоҷик Марат Орифов як сол гузашт. Пайвандонаш гуфтанд, ки набудани ӯ дар хона ҳар лаҳза эҳсос мешавад. Ҳамкорони пешинаш ба ин боваранд, ки рафтани Орифов натанҳо ба хонавода, балки ба кори кинои тоҷик ҳам бетаъсир намонд.

Додгоҳи Туркия ду рӯзноманигори мухолифро озод кард

Ozodi.org 

Додгоҳ дар Туркия Аҳмад Алтана, сардабири нашрияи мухолифи "Тараф" ва Нозлӣ Илиҷак, рӯзноманигорро бо шарти берун нашудан аз маҳали зист озод кард. Дар ин бора рӯзи душанбе хабаргузории давлатии Туркия «Анадолу» хабар дод. Моҳи феврали соли 2018 журналистони мухолиф Нозлӣ Илидҷак, Аҳмад Алтан ва бародараш, профессор Меҳмет Алтан бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳаракати мамнуи Фатҳулло Гюлен ба ҳукми абад маҳкум шуданд. Ҳукумати Туркия Фатҳулло Гюлен, рӯҳонии муқими Амрикоро ба ташкили табаддулоти давлатӣ... Читать дальше...

Баҳси хонаи чаҳор миллионӣ дар Душанбе. Чаро 23 нафар хаймашин шуданд?

Ozodi.org 

Бо гузашти ҳашт моҳ аз расонаӣ шудани шикояти як оилаи иборат аз 23 нафар дар Душанбе, ки зери хайма зиндагӣ доранд, баҳси онҳо бо ҷониби дигар печидатар шудааст. Яке аз тарафҳо мегӯяд, ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон низ мушкилро ҳал накард. Ин хонавода моҳи марти имсол гуфта буданд, ки яке аз наздикон манзилашонро “аз худ карда”, онҳоро дар беруни дар гузоштааст. Ҳоло хонаро ба нафари дигар фурӯхтаанд ва молики нав аз хонаводаи 23-нафарӣ хостааст, ки хаймаи худро кананд ва ҳудуди манзили ӯро тарк кунанд. Читать дальше...

Отамбоев омода аст, президенти кунунии Қирғизистонро бахшад

Ozodi.org 

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон "омода аст Ҷеенбеков"-ро бахшад. Дар ин бора вакили порлумони Қирғизистон Ирина Карамушкина тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Вай нақл кард, ки ҳамроҳ бо вакилони дигар ба дидорбинии Отамбоев ба боздоштгоҳ рафтааст. Карамушкина менависад, "Отамбоев ба мутолиаву варзиш машғул аст". "Дар бораи бачаҳое, ки боздошт шудаанд, бештар нигарон аст. Вай мегӯяд, дар сурати исботи ҷурмаш омода аст, бар ивази дигарон ҳам зиндонӣ шавад, аммо хоҳиш дорад, ки дигаронро озод кунанд. Читать дальше...

УзА зодрӯзи духтари Мирзиёевро ҳамчун рӯйдоди муҳими рӯз бозтоб дод

Ozodi.org 

Хабаргузории расмии Узбекистон (УзА) рӯзи 4-уми ноябр зодрӯзи духтари президенти ин кишвар Саида Мирзиёеваро ҳамчун рӯйдоди муҳими рӯз бозтоб кард. Матни хабари УзА чунин оғоз мешуд: "Саида Мирзиёева имрӯз зодрӯзи худро таҷлил мекунад". Дар поён шарҳи ҳоли ӯ оварда шуда буд. Давоми рӯзи 4-уми ноябр хабари мазкур дар сархати бахши русии сомонаи хабаргузорӣ қарор дошт. Ба иттилои УзА, Саида Мирзиёева дар риштаи иқтисоди ҷаҳонӣ, дипломатия ва ҳуқуқшиносӣ таҳсил кардааст. Вале дар шарҳи ҳоли ӯ гуфта нашудааст... Читать дальше...

Зиёфати домодҳои Мирзиёев ба валиаҳди Дубай

Ozodi.org 

Домодҳои президенти Узбекистон Ойбек Турсунов ва Отабек Умаров барои валиаҳди Дубай Ҳамдон ибни Муҳаммад ал-Мақтум зиёфати махсусе ташкил кардаанд. Валиаҳди Дубай видеои сафари худро ба Узбекистон дар Твиттер нашр кард. Аксҳои зиёфати ӯ дар саҳифаи шахсии домоди хурдии Мирзиёев ва муовини аввали раиси Хадамоти амнияти президенти Узбекистон Отабек Умаров дар Instagram нашр шуданд. Дар аксҳо валиаҳди Дубай, ҳамроҳони ӯ ва домодҳои президенти Узбекистон дида мешаванд. Рӯзи 1 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое низ нашр шуд... Читать дальше...

Қазоқистон дар радифи кишварҳои дорои "Интернети ноозод"

Ozodi.org 

Созмони байналмилалии ғайридавлатии Freedom House, ки бо мониторинги ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон машғул аст, гузориши соланаи худро дар бораи озодии Интернет дар кишварҳои дунё нашр кард. Дар гузориши созмон Қазоқистон дар радифи кишварҳое дубора ҷой дода шудааст, ки "Интернети озод надоранд". Муаллифони гузориш гуфтаанд, мақомоти Қазоқистон бо масдуд кардани шабакаҳои мобиливу манобеи интернетӣ, маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмакрасонҳо ва сомонаҳои хабарӣ ба "кори фаъолони маданӣ монеа эҷод мекунанд... Читать дальше...

Пулис дар Душанбе аз ҷавонон 20 адад "силоҳи сард" мусодира кард

Ozodi.org 

Идораи милисаи шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти ба номи "Корд" дар пойтахт аз дасти ҷавонон 20 адад силоҳи сард аз ҷумла корд, чоқу, кастет ва табарро мусодира кардааст. Дафтари матбуоти милисаи шаҳри Душанбе рӯзи 4-уми ноябр дар изҳорот хабар дод, ки кормандони милитсияи пойтахт дар ду рӯзи амалиёти "Корд" дар санаҳои 1 ба 2 ноябр дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз хонандагону донишҷӯён ва ҷавонон 16 адад корд, 1 адад табар, 1 адад калтаки резинӣ, 1 адад кастет ва 1 адад ниқоб ва ҳамагӣ 20 адад... Читать дальше...

Муфтии Тоҷикистон аз таҳаммулгароии динӣ дар Иморот гуфт

Ozodi.org 

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз амалкардҳои Имороти Муттаҳидаи Араб дар таҳаммулгароии динӣ, қадрдонӣ кардааст. Тибқи иттилои Хабаргузории расми Имороти Муттаҳидаи Араб, Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ҳошияи Нишасти 24-уми Академияи Байналмилалии Фиқҳи Исломӣ, ки дар шаҳри Дубай баргузор шуд, аз суннати раҳбарияти ин кишвари арабӣ дар таҳаммули мазҳабӣ нисбат ба ғайримусалмонон, истиқбол кардааст. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Саидмукаррам Абдулқодирзода фаъолиятҳо Идораи умури... Читать дальше...

"Регар-ТадАЗ" барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Мусобиқаи 28-уми қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба поён расид. Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, ки дар даври охирини мусобиқа дар майдони худ бозиро бо «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод, барандаи медалҳои биринҷӣ гардид. Ёдовар мешавем, медалҳои тиллоро «Истиқлол»-и Душанбе ва медалҳои нуқраро «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд пешакӣ соҳиб шуда буданд. Бар асоси дастури мусобиқа «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҷойи охиринро ишғол кард, лигаи олиро тарк менамояд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Михаил Кутушов

Токсиколог Кутушов рассказал почему возникает похмелье





Персональные новости
Актёр

«Поборол это гнусное чувство». Актер Галкин — о своей маленькой дочке, зависти и настоящей любви





HRW Қазоқистонро ба ислоҳот даъват кард

Ozodi.org 

Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки маҳдудиятҳои баргузории гирдиҳамоиҳои сулҳомезро бекор ва таъқиби дигарандешонро қатъ кунанд. "Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, ки таҷрибаи фаъолият дар СММ-ро дорад, ба маҳзи президент шудан натавонист, ки Қазоқистонро ба меъёрҳои СММ дар бахши ҳуқуқи инсон мутобиқ гардонад. СММ бояд ба Тоқаев фишор оварад ва баргузории ислоҳот ва эҳтироми дигарандешону гирдиҳамоиҳоро талаб кунад",-мегӯяд, Хю Уилямсон... Читать дальше...

Нахустин размоиши муштараки Ҳинду Узбекистон дар наздикии Тошканд

Ozodi.org 

Баҳодур Қурбонов, вазири мудофиаи Узбекистон ҳамроҳ бо ҳамтои ҳиндаш Раҷнат Сингх нахустин размоиши муштараки ду кишварро бо номи "Дӯстӣ-2019" ҳусни оғоз бахшиданд. Расонаҳо менависанд, ин нахустин размоиши муштараки ду кишвар дар 15 соли охир аст. Размоишҳое ки аз 4 то 13 ноябр дар ноҳияи Куйчирчики вилояти Тошканд баргузор мешаванд, хосияти зидди террористӣ доранд. Сингх дар Узбекистон бо мақомҳои дигари ин кишвар дидору гуфтугӯ ва ҳамчунин чанд тафоҳумнома имзо кард. Яке аз тафоҳумномаҳо ҳамкорӣ... Читать дальше...

Туркия хоҳари Абубакр Ал-Бағдодиро боздошт кард

Ozodi.org 

Низомиёни турк хоҳари Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари кушташудаи гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ"-ро боздошт карданд. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба мақомҳои баландпояи Туркия иттилоъ доданд. Ба иттилои манобеъ, Расммия Авади 65-сола ҳамроҳи хонаводааш дар контейнере боздошт шуд, ки дар шаҳри Азази вилояти Ҳалаби Сурия дар он зиндагӣ мекард. Ҳамроҳ бо ӯ панҷ кӯдак ва шавҳару келинаш дастгир шуданд. "Маълумоти вай дар бораи "Давлати исломӣ" моро бо ин созмон бештар ошно хоҳад сохт",-гуфтааст яке аз манбаъҳо. Читать дальше...

Украина аз Русия хост, киштиҳои низомиро баргардонад

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Украина бо ирсоли як нота аз Русия баргардонидани киштиҳои низомиеро талаб кард, ки марзбонони рус моҳи ноябри соли гузашта дар тангнои Керч боздошт карда буданд. Вазири умури хориҷии Украина дар як нишасти хабарӣ бо вазири умури хориҷии Эстония Урмас Рейнсал дар шаҳри Киев гуфт, дар нота ҳамчунин аз Русия талаб шудааст, ки замони баргардонидани киштиҳоро бигӯяд. Муовини вазири умури хориҷии Украина Елена Зеркал дар Фейсбук навишт, Киев то ба ҳол аз Москва ҳафт бор ин талабро кардааст. Читать дальше...

Қазоқистон содироти бензинро тавассути мошинҳо манъ кард

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон аз 2 ноябри соли равон содироти бензину сӯзишвории дизелиро тавассути мошинҳо ба муҳлати 6 моҳ манъ карданд. Дар ин бора дар қарори муштараки вазоратхонаҳои энергетика, молия умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфта шудааст. Қарор дар портали ҳуқуқии "Адолат" нашр шуд. Тобистони соли 2019 мақомоти Қазоқистон ошкор карданд, ки ронандаҳои рус дар минтақаҳои марзӣ барои харидории бензини арзон ба ин кишвар ворид мешаванд. Нархи бензин нисбат ба нархи нуқтаҳои фурӯши Русия тақрибан якуним баробар арзон аст. Читать дальше...

Узбекистону Русия дар бунёди роҳи оҳан ба Қирғизистон кумак мекунанд

Ozodi.org 

Раиси Идораи лоиҳакашӣ ва бунёди роҳҳои оҳани корхонаи "Қирғиз темур жолӣ"-и Қирғизистон Ҷамшедбек Калилов гуфт, Бишкеку Москва тарҳи роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон"-ро таҳия кардаанд. "Дар якҷоягӣ бо Русия тарҳи роҳи оҳан таҳия шудааст, ки он бояд аз куҷо гузарад ва ҳамзамон кадом конҳо коркард шаванд. Русия ваъда медиҳад, ки масъалаи сармоягузориро баррасӣ мекунад. Дар Узбекистон ҳам будем. Онҳо низ кумак карданианд",-афзуд ӯ. Ташаббуси бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон аз соли 2000-ум ба ин сӯ садо медиҳад. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Команда подмосковного главка Росгвардии заняла призовое место на чемпионате Центрального округа по стрельбе из боевого ручного стрелкового оружия


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Россиянин Сафиуллин потерял четыре места в рейтинге ATP


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Жёсткие экологические требования решат инновационные энерготехнологии





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о формировании взаимовыгодного международного сотрудничества


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко: на территории Польши и Прибалтики готовят атаки на восток




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: встречи по продвижению "формулы Зеленского" дают Киеву чувство вседозволенности


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



БГАТОиБ

Школьники могут принять участие в конкурсе видеороликов «Байкал без пластика»



Москва

ТАСС: в деле экс-замминистра обороны Иванова могут появиться новые эпизоды

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net