123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 12.11.2019

Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон дар Осиё беҳтарин эътироф шуд

Ozodi.org 

Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон бо ҷоизаи беҳтарин лигаи наврасон дар Осиё дар соли 2019 мукофотнида шуд. Маросими супурдани ҷоизаҳо 12-уми ноябр дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур – дар ҷараёни конфронси севуми ҷавонони Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) доир гардид. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ҷоизаи вижаи беҳтарин лигаи наврасон дар Осиё дар соли 2019-ро дабири кулли AFC Дато Виндзор Ҷон ва нимҳимоятгари собиқи «Манчестер Юнайтед»-и Англия ва мунтахаби Кореяи... Читать дальше...

Ҳафтаи фарҳангии Узбекистон дар Душанбе ва Данғара

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон ҳафтаи фарҳангии Узбекистон баргузор мешавад. Ба ин муносибат ҳайати 57-нафарии ҳунармандони узбек ба кишвар омадаанд. Маросим рӯзи 13-уми ноябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон шуруъ шуда, 14-уми ноябр бо “Шоми дӯстӣ” дар Душанбе ба поён хоҳад расид.  Қабл аз оғози ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши аксҳо дар мавзӯи "Узбекистони муосир" ва нишасти хабарии вазирони фарҳанги ду кишвар баргузор шуд. Читать дальше...

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави Душанбе. Сагу гурба мумкин, гову гӯсфанд не. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Душанбе ба тафтиши ҳавлиҳо ва ёфтану берун кардани чорвои мардум оғоз кардаанд. Ин масъала дар маҳаллаҳои наве, ки тайи се соли ахир ба ҳудуди пойтахт ворид карда шудаанд ва сокинон асосан дар ҳавлиҳо зиндагӣ мекунанд, доғ аст.  Мардум мегӯянд, бо нигоҳ доштани чорво, аз ҷумла гову гӯсфанд ва мурғ як бахши зиндагии худро таъмин мекунанд. Мақомот пойфишорӣ доранд, ки бояд меъёрҳои шаҳрнишинӣ риоят шавад. Бар соси қонуне, ки соли 2009 қабул шудааст, барои парвариши чорво дар ҳудуди пойтахт то ҳазор сомонӣ... Читать дальше...



Дар Турқузободи Эрон "зарраҳои ураниюм"-ро ёфтаанд

Ozodi.org 

Дидбони ҳастаии Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, нозирони он дар як маҳалли эълоннашуда дар Эрон “зарраҳои табиии урани пайдошуда аз антропоген”-ро ёфтаанд. Хабаргузориҳои ғарбӣ рӯзи 11-уми ноябр дидаанд, ки Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) ин маҳалро дар гузориши пинҳонии семоҳаи худ, ки ба кишварҳои узв мефиристад, нишон надодааст. Исроил Эронро айбдор кардааст, ки дар макони эълоннашуда, ноҳияи Турқузобод дар канораи Теҳрон, фаъолиятҳои ҳастаӣ мекунад. Дар гузориши Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунин гуфта шудааст... Читать дальше...

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар Душанбе ба тафтиши ҳавлиҳо ва ёфтану берун кардани чорвои мардум оғоз кардаанд. Ин масъала дар маҳаллаҳои наве, ки тайи се соли ахир ба ҳудуди пойтахт ворид карда шудаанд ва сокинон асосан дар ҳавлиҳо зиндагӣ мекунанд, доғ аст. Мардум мегӯянд, бо нигоҳ доштани чорво, аз ҷумла гову гӯсфанд ва мурғ як бахши зиндагии худро таъмин мекунанд. Мақомот пойфишорӣ доранд, ки бояд меъёрҳои шаҳрнишинӣ риоят шавад. Бар соси қонуне, ки соли 2009 қабул шудааст, барои парвариши чорво дар ҳудуди пойтахт то ҳазор сомонӣ... Читать дальше...

Роҳ ёфтани 12 дастаи дигар ба марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии Осиё - 2020

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Ҳоло ду роҳхати дигар соҳибони худро дар бозиҳои интихобӣ пайдо накардааст, зеро вохӯриҳо дар гурӯҳи "А" 22 ноябр бо иштироки Ироқ, Уммон, Фаластин, Қувайт ва Покистон доир мегарданд

Ахбори Озодӣ аз 12-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Ҷамъбасти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, манъи нигаҳдории чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон ва таъсиси шабакаи фурӯши гӯшт дар Душанбе, табодули асирон дар Афғонистон ва истирдоди ҷангҷӯён дар Туркия.



Масъули ширкати русии "Лукойл" коргарони узбекро "рамаи гӯсфандон" номидааст

Ozodi.org 

Коргарони маҷмааи омодасозии гази "Ҷалақудуқ" дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон гуфтанд, ки як масъули ширкати русии "Лукойл" онҳоро таҳқир карда, "тӯдаи гӯсфандон" номидааст. Баъзе аз коргарон дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса ду ҳафта пеш рух дод, аммо муроҷиати онҳо ба мақомоти маҳаллӣ то ин дам бенатиҷа буд. Дар наворе, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, марде дар сар кӯлоҳи ширкати нафти "Лукойл"-и Русияро дорад ва коргаронро таҳқир мекунад. Манобеъ гуфтанд... Читать дальше...

Президенти Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Порис бо дабири кулли СММ вохӯрд

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Порис иштирок кардааст. Форуми Порис, ки рӯзи 12-уми ноябр оғоз шуд, иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Ин форум ҳамасола баргузор мешавад ва ҳадафи он дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷҳо, таҳкими сулҳ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва муқовимат бо қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзуъҳо мебошад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи ин ҳамоиш... Читать дальше...

Дар Арабистони Саудӣ ба ҳунармандон рӯи саҳна ҳамла карданд

Ozodi.org 

Бар асари ҳамла бо корд ду мард ва як зан шоми душанбе ҳангоме, ки дар яке аз паркҳои Риёз - пойтахти Арабистони Саудӣ саҳна иҷро мекарданд, захмӣ шуданд. Чунин ҳодиса дар подшоҳии Арабистони Саудӣ пас аз он, ки маҳдудиятҳои тафреҳу саргармӣ рафъ шуданд, нахустин бор рух медиҳад. Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" рӯзи 12-уми нобяр бо такя ба радиои Ал-Ахбория иттилоъ дод, ки пулис фарди гумонбар дар ин ҳамларо, ки як марди 33-солаи ямании сокини Арабистони Саудӣ буд, боздошт кардааст. Талевизионҳои давлатӣ лаҳзаҳоеро нишон доданд... Читать дальше...

Санҷиши садоқат? Блогери тоҷикро барои "фанд" ё "пранк" ҷазо доданиянд

Ozodi.org 

Масъулони Раёсати корҳои дохилии Душанбе зидди блогере, ки барои санҷиши "садоқати дӯстдоштааш" ӯро барои мулоқот ба партовгоҳ бурда, аз ин рӯйдод видеои "пранк" ё "фанд" нашр кардааст, парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Мақомот мегӯянд, навор шаъну эътибори духтаронро паст задааст. Аммо муаллиф гуфтааст, ин танҳо бозӣ буд ва ба ин восита мехостанд дар шабакаи Ютуб тамошобини зиёд ҷалб карда, пули бештар ба даст оранд. Баррасии қазия идома дорад ва маълум нест, блогер барои нашри фанди шӯхиомез ҷарима хоҳад шуд ё ҳабс. Читать дальше...

Чаҳор даста дар нимфинали қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон (U-17)

Ozodi.org 

Чаҳор дастаи мунтахаби наврасон – Мексика, Нидерланд, Фаронса ва Бразилия ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд. Дар чаҳорякфинали қаҳрамонии ҷаҳон-2019 рӯзи якшанбеи 10-уми ноябр Нидерланд бар Парагвай бо ҳисоби 4:1 ва Мексика бар Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:0, рӯзи душанбеи 11-уми ноябр Фаронса бар Испания бо ҳисоби 6:1 ва Бразилия бар Италия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Ба ин тартиб, чаҳор дастаи мунтахаби наврасон ... Читать дальше...

Туркия бозгардонидани аъзои ДОИШ ба кишварҳояшонро оғоз кард

Ozodi.org 

Туркия эълом кард, қасд дорад аъзои аврупоӣ ва амрикоии гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро, ки дар ин кишвар зиндонӣ ҳастанд, ба кишварашон баргардонад. Дар қадами аввал, як олмонӣ ва як даниягӣ бозгардонида шуданд. Туркия ҳамчунин эълом кард, қарор аст се мард, панҷ зан ва ду кӯдакро, ки шаҳрвандони Олмон ҳастанд, ба ин кишвар бозгардонад. Туркия ҳамчунин эълом кардааст, ки қарор аст панҷшанбе 11 фаронсавӣ ва ду ирландӣ бозгардонида шаванд. Олмон зимни таъйиди бозгардонидани як нафар ба ин кишвар, ҳамзамон эълом кард... Читать дальше...

Сарони кишварҳои узви СПАД дар Қирғизистон ҷамъ меоянд

Ozodi.org 

Президентҳои кишварҳои узви СПАД - Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 28 ноябр дар Қирғизистон гирди ҳам меоянд. Дар ин бора аз маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар доданд. Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон бо вазири корҳои хориҷиаш Чингиз Айдарбеков омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои СПАД-ро баррасӣ кард. Қарор аст, ҳамчунин президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 27 ноябр ба Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом диҳад. Рӯзи 28 ноябр ҷаласаи Шӯрои СПАД баргузор ва дар он роҳбарони Белорус... Читать дальше...

Пулҷамъкунӣ аз буҷавиҳои Туркманистон барои Рӯзи бетарафӣ

Ozodi.org 

Кормандони муассисаҳои давлатии Туркманистонро вазифадор карданд, ки барои ҷашни Бетарафии Давлатӣ маблағ ҷамъ оваранд. "Дар муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо, боғчаҳо пулҷамъкунӣ шуруъ шудааст. Фаразан маоши ҳамшираҳои шавқат 1000 манат бошад, аз онҳо талаб мешавад, ки 2000 манат ҷамъ оранд. Кормандони боғча, ки маошашон 600 манат аст, аз онҳо талаб шудааст, ки 1000 манат пардохт кунанд. Ҳама ҷо ҳар гуна аст",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ. Бонки марказии Туркманистон арзиши 1 доллари ИМА-ро 3,5 манат муқаррар кардааст. Читать дальше...

Эрон ғанисозии уранро дар корхонаи зеризаминӣ оғоз кард

Ozodi.org 

Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) гуфт, оғози ғанисозии уран дар корхонаи зеризаминии Фордуи Эрон бар хилофи созишномаи Теҳрон бо абарқудратҳои ҷаҳон аст. Дар қароргоҳи созмон дар Вена гуфтанд, ки захираи урани ғанишудаи Эрон меафзояд. Хабаргузории Reuters гуфт, мавқеи Эрон хилофи маҳдудиятҳое аст, ки дар доираи созишномаи байналмилалии соли 2015 ҷорӣ шуда буд. Мақомоти Эрон ғанӣ сохтани уранро дар посух ба бурунрафти ИМА аз созишномаи ҳастаӣ дубора оғоз карданд. Ин созишномаро панҷ узви доимии СММ - Русия... Читать дальше...

Боз сарбозшикор. Ин бор ҷавони хидматкардаро бурданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як ҷавон аз ноҳияи Шаҳринав мегӯяд, кормандони комиссариати низомии ноҳия субҳи 11-уми ноябр "ғайриқонунӣ ба хонаи онҳо даромада" ва хостаанд, ки ӯро ба артиш баранд. Алишер Қосимови 25-сола иддао дорад, ки барои муолиҷаи меъдааш аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи комиссариати ҳарбӣ ва шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шаҳринав натиҷа надод. Мақомоти Вазорати дифоъ мегӯянд, касеро аз роҳу бозор ва ё дар дохили хона боздошт карда, ба артиш намебаранд, "чун бар асоси қонун мумкин нест". Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Сотрудники Росгвардии приняли участие в чемпионате Центрального округа по боксу.


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Сафиуллин не смог выйти во второй круг турнира ATP в Барселоне


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

"Самое опасное" начнётся в пятницу: Синоптик предупредил об аномальной погоде в России





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о догазификации СНТ  


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко сравнил Всебелорусское народное собрание с «пустотой»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Владимир Зеленский подтвердил ракетный удар по аэродрому в Джанкое


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Елена Волкова

Стали известны дата и место проведения II Международного телевизионного конкурса детской авторской песни «Наше поколение»



Москва

ВТБ выяснил: каждый пятый дальневосточник проведет майские праздники на природе

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net