123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 06.11.2019

Баъзе ҷузъиёти ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи "Султонобод". ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Ба дунболи ҳамлаи хунин ба як дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон, мақомот ба мардуми деҳоти наздимарзии ноҳияи Қубодиён ҳушдор додаанд, ки "аз хатарҳо аз самти Афғонистон" ҳушёр бошанд. Дар ин бора рӯзи 6-уми ноябр баъзе аз сокинон ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Эркин Тӯрахонов, раиси ҷамоати "20-солагии Истиқлол"-и ноҳияи Қубодиён низ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мақомоти қудратӣ ба фаъолони рустоҳо гуфтанд, аз гузаштани одамон эҳтиёт шавед." Ҷамоати онҳо дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст.​ Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд... Читать дальше...

Беларус Фарҳод Одинаевро аз боздошт озод кард

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Ҷумҳурии Беларус Фарҳод Одинаев, як фаъоли сиёсии тоҷикро озод кардаанд. Ӯро шоми 6-уми ноябр дар назди боздоштгоҳи шаҳри Гродно ҳамсару бародар ва чанд хешованди дигараш пешвоз гирифтаанд. Дар ин бора Наста Лойка аз созмони ҳомии ҳуқуқи "Human Constanta" ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ин созмон ба Фарҳод Одинаев кумаки ҳуқуқӣ мерасонд. Наста Лойка афзуд, Фарҳод Одинаев баъди суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо вакили дифоаш ҳамроҳи хешовандонаш маҳалли боздоштгоҳро тарк кард ва "ҳақ дорад, ба ҳар куҷое, ки хоҳад биравад". Читать дальше...



Шарҳи бинанда: " Дар ҳасрати рӯи кӯдакон мемирем"

Ozodi.org 

Яке аз муҳоҷирони тоҷик аз Русия пас аз тамошои барномаи Озодионлайн, ки як мавзӯяш кӯч бастани тоҷикон ба Русия аст, назарашро аз тариқи Вотсапп ба Радиои Озодӣ фиристод. Шумо ҳам назари ӯро бишнавед. Телефон барои ирсоли назару андеша ва видео: (+420) 607 900 808

Қадами охирини Эрон барои дур шудан аз уҳдадориҳои созиши соли 2015

Ozodi.org 

Ба гузориши расонаҳо, Эрон ба додани гази уран ба сентрифугаҳо дар маркази атомии худ – Фордо – сар кардааст. Ин қадами охирини Теҳрон барои дур шудан аз уҳдадориҳои созишномаи ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ мебошад. Телевизиони давлатӣ рӯзи 6-уми ноябр гуфт, “дар пеши нозирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ), Эрон додани газро ба сентрифугаҳо оғоз кард. Дар ҳоле ки президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, “ташаккур ба сиёсати Амрико ва ҳампаймононаш, ки Фордо ба зудӣ пурра ба кор бармегардад.” Сухангӯи Оҷонси ҳастаии СММ гуфт... Читать дальше...

Нашри видеои шиканҷаи зиндониён дар Красноярск

Ozodi.org 

Як рӯзномае дар Сибир видеоро нашр кард, ки зоҳиран лаҳзаҳои шиканҷаи зиндониёнро нишон медиҳад. “Новости Красноярск” видеоро рӯзи 5-уми ноябр дар вебсайташ нашр кард. Дар ин видео дида мешавад, ки як посбон зиндониеро барои нарӯфтани зиндон дашном медиҳад ва сипас сарашро ба дохили (унитаз) ҳоҷатхона ворид мекунад. https://ngs24.ru/news/more/66296224/ Рӯзнома нагуфтааст, ки чӣ гуна видеоро ба даст овардаанд, вале афсареро, ки бо зиндонӣ бадрафторӣ мекунад, сардори раёсати ҷустӯҷуи Хадамоти зиндонҳо дар вилояти Красноярск номидаанд. Читать дальше...



Генплан ва баҳси биноҳои қадимиву нави Душанбе дар мизи гирди Радиои Озодӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд ва мегӯянд, ҳудуди пойтахт аз ҳисоби заминҳои атроф васеъ карда шавад. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақа сохта шавад. Радиои Озодӣ Ғафур Шерматов, кишваршиноси тоҷик ва тарафдори мондани биноҳои куҳна дар Душанбе ва Вячеслав Юлдошев, узви... Читать дальше...

Баҳси Душанбеи наву кӯҳна дар мизи гирди Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд ва мегӯянд, ҳудуди пойтахт аз ҳисоби заминҳои атроф васеъ карда шавад. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақа сохта шавад. Радиои Озодӣ Ғафур Шерматов, кишваршиноси тоҷик ва тарафдори мондани биноҳои куҳна дар Душанбе ва Вячеслав Юлдошев, узви... Читать дальше...

122 тағйирот. Қонуни асосии Тоҷикистон дар 25 сол чиро иваз кард? ИНФОГРАФИКА

Ozodi.org 

Конститутсияи Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябри соли 1994, дар авҷи ҷанги дохилӣ, қабул шудааст ва аз он замон то кунун 25 сол гузашт. Дар ин давра ба қонуни асосӣ се бор ва 122 тағйирот ворид кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин дигаргунӣ бо ҳадафи ҳимояти бештар аз мардум ва бо ризояти онҳо дар референдум сурат гирифтааст. Мухолифон онро сӯистифодаи элитаи ҳукмрон аз қонун медонанд.  Тағйирот ба Қонуни асосии Тоҷикистон кай ва чӣ гуна сурат гирифт: 26-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 1999 Ба Конститутсияи Тоҷикистон 28 тағйиру илова ворид карда шуд. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 6-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Дар натиҷаи ҳамлаи силоҳбадастон ба посгоҳе дар марзи Тоҷикистону Узбекистон 17 нафар ба ҳалокат расиданд, Тоҷикистон 25-умин солгарди қабули Конститутсияро ҷашн гирифт, мақомоти Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури марз ҷарима карданд ва матолиби дигар.

Боздошти қирғизтаборе бо иттиҳоми терроризм дар Маскав

Ozodi.org 

Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, як зодаи Қирғизистонро бо иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Юлия Иванова, сухангӯи кумитаи мазкур рӯзи 5-уми ноябр гуфт, ки Талант Онурови 30-соларо рӯзи 3-уми ноябр дастгир кардаанд ва ӯ “ба ҷинояташ иқрор шудааст.” Мақомоти вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтанд, ки ҳоло маълум нест, Онуров шаҳрванди кишвар ҳаст, ё не. Онҳо афзуданд, ки сафорати кишвар дар Маскав ин масъаларо таҳқиқ мекунад.

Абдулло Абдулло тарҳи Ашраф Ғаниро танқид кард

Ozodi.org 

Абдулло Абдулло, раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон барномаи нави сулҳи раиси ҷумҳур Ашраф Ғаниро танқид кард ва онро “феҳрасти орзуҳо” ва ғайривоқеӣ номид. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико моҳи сентябр бинобар ҳамлаҳои мудавоми ҷангҷӯёни Толиб музокироти чандмоҳа бо ин гурӯҳро мутаввақиф кард. Ашраф Ғанӣ моҳи гузашта тарҳи ҳафтбандии сулҳ ва вобаста ба музокироти Амрикову Толибонро пешниҳод кард, ки ҳадаф аз он поён додан ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон аст. Абдулло Абдулло ба хабарнигори Франс Пресс дар Кобул гуфт... Читать дальше...

Гуруснашинии 70 маҳбуси тоҷик дар зиндони Мордовия

Ozodi.org 

Тақрибан 70 зодаи Тоҷикистон, ки дар зиндони деҳаи Сосновкаи Мордовияи Русия адои ҷазо мекунанд, дар пайи ба гуфтаи онҳо муносибати бераҳмонаи зиндонбонон гуруснашинӣ эълон кардаанд. Ба қавли хешовандони зиндониён, баъди роҳбари маҳбас таъйин шудани Сергей Саргушкин шароити нигаҳдории онҳо сахттар шудааст. “Вақтҳои охир муносибати бераҳмона нисбат ба зиндониён шиддат гирифтааст”, -- мегӯянд наздикони зиндониён. Яке аз онҳо гуфт, "ҳолатҳое буд, ки ҷойнамозҳои зиндониёнро ҷамъ оварда, дар ҳоҷатхона... Читать дальше...

Афзоиши нархи патенти кор барои муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти чанде аз шаҳру вилоятҳои Русия, аз ҷумла Маскаву Тюмен ва Самара эълон карданд, ки аз моҳи январи соли 2020 нархи патент ё иҷозаи кор барои муҳоҷирони кориро боз боло мебаранд. Нархи патент дар шаҳру вилоятҳои ин кишвар аз ҳам фарқ дорад. Муҳоҷирони тоҷик ҳамеша зидди чунин тасмими мақомоти Русия будаанд, чун ба гуфтаи онҳо бахши муҳими даромадашонро "мехӯрад", вале дар иваз ҳеч сабукӣ намедиҳад. Русия соли 2015 муқаррароти доштани ҳатмии патенти корро ҷорӣ кард ва буҷаи он кишвар ҳар... Читать дальше...

Кӯчбандӣ ба Русия, ғор дар Кӯлоб ва қатори сард дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО

Ozodi.org 

Имрӯз дар барнома дар бораи кӯчидани тоҷикон ба Русия суҳбат мекунем, ки чӣ хубиву бадӣ дорад, вале аввал видеоҳои шуморо аз Тоҷикистону Русия мебинем. Видеои аввалро дар байни ду кишвар сабт кардаанд, дар дохили қатори Маскав-Душанбе. Видеои дигар аз худи Тоҷикистон аст ва дар бораи як мушкили ҷиддӣ, ки дар ҳама роҳҳо мебинед ва баъзан бо марги инсонҳо анҷомидааст. Як видеои дигареро аз маҳаллаи Даминзода аз шаҳри Кӯлоб фиристодаанд. Муаллиф гуфтааст, дар маҳалла ба қавли ӯ ғоре ҳаст, ки аз назари мақомот дур мондааст. Читать дальше...

Таҳдиди вакили собиқи Украина ба хабарнигорон

Ozodi.org 

Як мақоми собиқи баландпояи Украина, ки ба таҳдид ба хабарнигорон муттаҳам мешуд, иттиллои хусусии гурӯҳе аз хабарнигорони тарҳи таҳқиқотии “Схеми”- ро ошкор кард. Тарҳи мазкурро бахши украинии Радиои Озодӣ ва телевизиони “УА: Перши” амалӣ мекунанд. Андрей Портнов, вакили собиқи мардумӣ ва муовини собиқи раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар аҳди Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Украина дар каналаш дар Телеграм рақамҳои 16 мошинеро нашр кард, ки хабарнигорон ва дигар кормандони тарҳ истифода мебаранд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Концерт

Концерт группы «Пикник» в Петербурге начался с минуты молчания о жертвах теракта





Персональные новости
Шапка

Шапки женские вязаные на Wildberries, 2024 — новый цвет от 392 руб. (модель 466)





Сэм Паркер: Қарзҳои азими Чин пайомади хос доранд

Ozodi.org 

Сэм Паркер, пажӯҳишгари амрикоӣ, мегӯяд, Тоҷикистон дар баробари қарзҳои ҳангуфти Чин бояд эҳтиёткор бошад ва "андеша кунад, ки ба кадом роҳ меравад". Роҳе, ки ба гуфтаи Сэм Паркер дар сурати беэҳтиётӣ метавонад захираҳои табиии Тоҷикистонро дар ихтиёри Чин қарор диҳад.

Амрико Эронро ба "тамаъҷӯии атомӣ" муттаҳам кард

Ozodi.org 

Амрико гуфт, густариши фаъолиятҳои атомии Эрон “як қадами бузург ба роҳи хато” аст. Баёнияи вазорати умури хориҷии Амрико дар ин бора баъд аз он нашр шуд, ки Эрон рӯзи 5-уми ноябр гуфт, тазриқи ураниум ба сентрифугаҳо дар реактори Фордоро оғоз кардааст. Бар асоси созиши атомии соли 2015 Эрон ҳаққи ин корро надорад. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 5-уми ноябр ҳамчунин дар вокуниш ба баёнияи раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ Эронро ба “тамаъҷӯии атомӣ” муттаҳам кард. Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, ки Эрон... Читать дальше...

Гуштигирони тоҷик барои ширкат дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон ба Корея рафтанд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 8-10-уми ноябр дар шаҳри Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар нӯҳ гуштигир дохил аст, ки дар байни онҳо паҳлавонони маъруф, монанди Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Ҳамроз Раҷабов ва дигарон ҳастанд.   Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии... Читать дальше...

Ҳабси як қирғизистонӣ дар Маскав бо айби ташкили ҳамла

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Маскави Русия Талант Онурови 30-сола, зодаи Қирғизистонро ҳабс кард. Кумитаи тафтишотии Русия ӯро ба омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ айбдор мекунад. Сафорати Қирғизистон дар Маскав хабар дод, ки ҷузъиёти ҳодисаро аз мақомоти Русия дархост кардааст, аммо то кунун дақиқ нест, ки оё ҳабсшуда воқеан шаҳрвандии Қирғизистонро дорад, ё на. "Ба иттилои тафтишот, моҳи сентябри соли 2019 Онуров аз Қирғизистон бо ҳадафи анҷоми ҳамлаи террористӣ ба Маскав омадааст. Давоми як моҳ боздоштшуда ҳаммаслак ҷустуҷӯ карда... Читать дальше...

Дар Узбекистон қимати нон боло рафт

Ozodi.org 

Дар се ҳафтаи охир қимати нон дар Узбекистон ду баробар боло рафт. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, як нон дар бисёре аз фурӯшгоҳҳои Узбекистон 100-200 сӯм ($0,01-0,02) гарон шуда, ба 600-700 сӯм ($0,16- 0,17) расидааст. Пештар аз ин хабар расида буд, к и15 октябри соли ҷорӣ як нон дар Узбекистон то 1300-1500 сӯм гарон шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки пештар дар он кишвар як нон 1100 сӯм ($0,11) фурӯхта мешуд. То моҳи сентябри соли 2018 дар Узбекистон қимати нон 600-650 сӯм буд.

Ронандаи қазоқ дар марги 11 одам айбдор ва 5 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Ҳукми додгоҳи вилояти Ҷамбили Қазоқистон дар доираи парвандаи садамаи нақлиётие бо иштироки як автобус содир шуд, ки 11 кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошта буд. Ҳодиса субҳи 20-уми апрели соли равон дар шоҳроҳи Чини Ғарбӣ -- Аврупои Ғарбӣ рух дод. Он рӯз як мошини сабукраву автобус ба мошини боркаше бархӯрда буданд ва ба гуфтаи пулис, дар садама ронандаи автобус айбдор буд. Ба иттилои пулис, дар миёни қурбониёни ҳодиса шаҳрвандони Қазоқистон ва Узбекистон низ буданд. Ҳамчунин 32 тани дигар бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтанд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

«Радио Зенит» – информационный партнер форума «Мы вместе. Спорт»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Рыбакина, наряду со Свёнтек, имеет 70% побед на WTA-1000 против соперниц из топ-10


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге об открытии завода по производству экологичной полимерной продукции





Путин в России и мире
Москва

Путин уточнил у Беглова причины снижения популярности Петербурга у туристов


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

«Зеленский кричит»: польский генерал рассказал, что творится в Киеве


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Александр Розенбаум

Как Розенбаум судился с мусорщиками, Шнур прогорел на «Пушкине», а Нагиев заработал 4 тысячи рублей за год



Москва

Муфтий наградил 15-летнего мальчика, спасшего 100 человек из «Крокуса»

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net