123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 14.11.2019

Мушкили Шӯроб дар филми мустанад. Ба шаҳраки як замон машҳур чӣ шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Коргардонҳои тоҷик дар филми мустанаде беобӣ ва ба як маҳаллаи тақрибан беодам табдил шудани шаҳраки як замон машҳури Шӯроб дар ҳудуди ноҳияи Исфараро ба баҳс кашидаанд. Филм рӯзи 12-уми ноябр дар Душанбе намоиш дода шуд. Дар Тоҷикистон ба навор гирифтани филмҳои бадеӣ маъмул аст, вале кам иттифоқ меафтад, ки филмҳои мустанад сабту намоиш дода шаванд. Муаллифони филм мегӯянд, сӣ сол қабл дар шаҳраки Шӯроб беш аз 30 ҳазор нафар кору зиндагӣ мекард, ҳоло дар онҷо 2 ҳазор нафар мондаасту бас. Кони... Читать дальше...

"Президент аз ғафлати низомиён интиқод кард". Дар Шӯрои амният чӣ гузашт?

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти нишасти Шӯрои амниятро дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" ошкор намекунанд, дастикам ду манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "раиси ҷумҳур аз ғафлати низомиён интиқод кардааст". Нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр, баъди тақрибан даҳ рӯзи ҳамла дар посгоҳе дар марзи Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд. Як манбаъ, ки аз ҷузъиёти ҷаласа огоҳ аст, гуфт, президент "аз ғафлати мақомоти марзбонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ" интиқод кардааст... Читать дальше...



Даъвати “шоҳиди муҳим” ба таҳқиқи нобоварӣ ба Трамп

Ozodi.org 

Адам Шифф, узви Конгресси Амрико, раиси Кумитаи иктишофии Маҷлиси Намояндагон гуфт, вай як коргари сафорати Иёлоти Муттаҳидаро дар Украина даъват кардааст, то дар таҳқиқи нобоварӣ ба президент Доналд Трамп гувоҳӣ диҳад. Вай ин коргарро "шоҳиди хеле муҳим" номид. Вилям Тейлор, дипломати баландпояи Амрико дар Украина, рӯзи 13-уми ноябр дар Кумитаи иктишофии Конгресс гуфт, яке аз кормандонаш ҳангоми суҳбати телефонӣ шунидаст, ки Трамп аз сафири Амрико дар Иттиҳоди Аврупо Гордон Сондланд дар бораи "тафтишот" пурсидааст. Читать дальше...

Ба шаҳраки як замон машҳури Шӯроб чӣ шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Коргардонҳои тоҷик дар филми мустанаде беобӣ ва ба як маҳаллаи тақрибан беодам табдил шудани шаҳраки як замон машҳури Шӯроб дар ҳудуди ноҳияи Исфараро ба баҳс кашидаанд. Филм рӯзи 12-уми ноябр дар Душанбе намоиш дода шуд. Дар Тоҷикистон ба навор гирифтани филмҳои бадеӣ маъмул аст, вале кам иттифоқ меафтад, ки филмҳои мустанад сабту намоиш дода шаванд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022: Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Мянмар

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" аз тими миллии Мянмар бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 14-уми ноябр дар шаҳри Мандалай, дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», соати 15:30 бо вақти Душанбе баргузор шуд. Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни... Читать дальше...

Фейсбук 5,4 миллиард саҳифаи "фейк"-ро пок кард. Аз Тоҷикистон ҳам ҳаст?

Ozodi.org 

Масъулони Фейсбук, як шабакаи иҷтимоии маъруф дар Тоҷикистону ҷаҳон гуфтанд, ки дар мубориза ба зидди нашри иттилооти дурӯғ 5,4 мииллиард ҳисоб (аккаунт)-ҳои қалбакӣ ё "фейк"-ро пок кардаанд. Ширкат рӯзи 12-уми ноябр дар гузорише гуфт, "тавоноии худро барои ташхис ва пешгирӣ аз талошҳои сохтани ҳисобҳои дурӯғин ва матолиби тавҳиномез беҳбуд бахшидем." Маълум нест, оё саҳифаҳои қалбакии корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон низ пок шудаанд, ё не. Масъулони шабака мегӯянд, аксар ҳисобҳои ҷаълӣ қабл аз... Читать дальше...

Ҷанҷоли хона. Чаро 23 нафар хаймашин шуд?

Ozodi.org 

Бо гузашти ҳашт моҳ аз расонаӣ шудани шикояти як оилаи иборат аз 23 нафар дар Душанбе, ки зери хайма зиндагӣ доранд, баҳси онҳо бо ҷониби дигар печидатар шудааст. Яке аз тарафҳо мегӯяд, ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон низ мушкилро ҳал накард.



Ахбори Озодӣ аз 14-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Сабаби болоравии нархи орд дар Душанбе, посухи Бег Сабур ба мунаққидонаш, баҳси манзили хешу таборро додгоҳ ҳам ҳал накард, филм дар бораи беобӣ дар Шӯроб ва матолиби дигар.

Дукони гӯштфурӯшии омӯзгори самарқандӣ дар ҳудуди мактаб

Ozodi.org 

Дар ҳудуди мактаби №24 дар шаҳри Самарқанди Узбекистон дукони гӯштфурӯшӣ ба роҳ монда шудааст. Дар бораи фурӯши гӯшти гӯсфанд дар ҳудуди мактаб рӯзи 12 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд. Ин хабар баҳси гармеро дар шабакаҳо ба бор овард. "Гӯштфурӯш" омӯзгори мактаби мазкур будааст, ки рӯзи 11 ноябр аз коргоҳи бародараш гӯшт оварда, дар ҳудуди мактаб ба фурӯш гузоштааст. Бархе аз омӯзгорон гӯштро бо нася харида, ваъда кардаанд, ки аз маошашон пардохт хоҳанд кард. Комисияи маҳаллӣ аз рӯи ин ҳодиса санҷиш гузаронида... Читать дальше...

Донишҷӯе дар Амур 1 касро кушт ва 3 тани дигарро маҷруҳ кард

Ozodi.org 

Дар шаҳри Благовешени вилояти Амури Русия дар тирпарронии рӯзи 14 ноябр дар коллеҷи сохтмонӣ ва хоҷагии коммуналӣ як одам кушта ва се тани дигар захмӣ шуд. Ин тирпаррониро донишҷӯи коллеҷ ташкил кард. Маҷруҳони 17, 19 ва 20-сола дар бемористон бистарӣ шуданд. Пулис ҷавони 19-солаи мусаллаҳро дар ошёнаи дувуми коллеҷ муҳосира кард. Байни кормандони пулис ва ҷавони мусаллаҳ тирпарронӣ сурат гирифт. Ба иттилои пешакӣ, ҷавон дар ниҳоят аз силоҳи шикорӣ, ки ба номи худаш сабт шуда буд, худкушӣ кард. Читать дальше...

Абилғозиев гуфт, медонад кӣ аз қочоқчиён ҳимоят мекунад

Ozodi.org 

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев гуфт, ҳар рӯз ба кишвараш аз тариқи қочоқ беш аз 100 тона маводи сӯхту равғани молиданӣ ворид мешавад. Ба гуфтаи Абилғозиев, ӯ огаҳ аст, ки дар ин қочоқҳо кадом мансабдорон даст доранд. Вакили порлумони Қирғизистон Азамат Араббоев ҳангоми баррасии тарҳи буҷаи соли 2020 гуфт, қочоқ бидуни иштироки "шахсони рутбадор" номумкин аст. "Раҳбарони дидбонгоҳҳои марзӣ миллионер шудаанд. Ман ҳисоб кардам, тақрибан 8 миллиарду 200 миллион соми буҷа ба ҷайби бархеҳо меравад",-изҳор дошт Араббоев. Читать дальше...

Видеои латтукӯби ду ҷавон аз сӯи марзбонони Узбекистон

Ozodi.org 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ 12 ноябри соли равон видеое нашр шуд, ки низомиёни ниқобпӯш ду ҷавони 22-23-соларо дашномҳои қабеҳ дода, сахт латтукӯб мекунанд. Умедҷон Саидҷонови 22-сола, ки баъди латтукӯб шудан аз тарафи низомиёни Хадамоти марзбонии Узбекистон дар беморхонаи ноҳиявии Фарғона бистарӣ шудааст, ҳодисаро чунин шарҳ дод: "Ҳамроҳи модарам барои хариди нон ба марказ рафтем. Марзбонон хостанд мошини маро тафтиш кунанд ва гуфтанд, ки курсии ақибро боло бардор. Сипас талаб карданд, ки курсиро кушоям. Читать дальше...

Туркия 21 гумонбари узвияти ДОИШ-ро ба Тоҷикистон мефиристад

Ozodi.org 

Ҳукумати Туркия гуфтааст, ки наздик ба 1000 нафар аз гумонбарони боздоштшуда ба узвият ё ҳамдастӣ бо ДОИШ-ро ба кишварҳояшон ихроҷ мекунад. Рӯзномаи “Ҳуррият” навиштааст, 959 нафар ихроҷ хоҳанд шуд ва аз инҳо 21 тан ба Тоҷикистон, 82 кас ба Узбекистон, 10 тан ба Қазоқистон, 23 ба Қирғизистон ва 11 нафар ба Афғонистон фиристода хоҳанд шуд. Мақомоти Туркия гуфтаанд, ҳамчунин 99 кас ба Русия, 17 тан ба Олмон, 3 ба Ҳолланд ва 2 нафар ба Фаронса ихроҷ мешаванд. Аммо бештарин теъдод, наздик ба 300-нафарӣ ба Ироқ ва Сурия истирдод хоҳанд шуд. Читать дальше...

Баҳси ҳамла ва озодии 6000 нафар аз зиндонҳо дар Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Ozodi.org 

Баъд аз тақрибан 10 рӯзи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистон, ин масъала дар нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҷаласа рӯзи 14-уми ноябр дар Душанбе баргузор гардид. Мақомот гуфтанд, дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳ ва масоили дигар додситони кул, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ гузориш доданд. Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти суҳбатҳои онҳо маълум нест.  Дар ҳамлаи шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод"... Читать дальше...

"Хатлон" қаҳрамони футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона шуд

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои занона, ки барои бори дувум баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ба анҷом расид. Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни занон 10 даста ширкат дошт, ки 7-тоаш аз вилояти Хатлон намояндагӣ кард: «Хатлон» (Бохтар), «Барқ» (Норак), «Ситора» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритӯс), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Бешкент» (Носири Хусрав). Ҳамчунин якдастаӣ аз вилояти Суғд («Конибодом», Конибодом), шаҳри Душанбе («Зебонисо»)... Читать дальше...

Аввалин мулоқоти Трамп ва Эрдуғон баъд аз амалиёти Туркия дар Сурия

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 13-уми нобяр пас аз дидор бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳамтои турки худ дар Кохи Сафед ибрози умедворӣ кардааст, ки ихтилофи ду кишвар бар сари хариди системаи зиддимушакии S-400-и русӣ аз сӯи Анқара, ҳаллу фасл шавад. Раиси ҷумҳури Амрико бо ишора ба ин, ки тарафдори Раҷаб Таййиб Эрдуғон аст, изҳор дошт, ки музокироти бисёр олӣ ва "созанда" бо раиси ҷумҳури Туркия доштааст. Доналд Трамп дар нишасти хабарии худ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфтааст, Туркия як муттаҳиди... Читать дальше...

Манъи муваққатии вуруди маҳсулоти Узбекистон ба Қирғизистон

Ozodi.org 

Аз оғози соли 2019 365 ҳолате сабт шудааст, ки маҳсулоти Узбекистон ба талаботи фитосанитарии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ҷавобгӯ набудааст. Дар ин бора дар маркази матбуотии Вазорати кишоварзӣ, саноати ғизоӣ ва обёрии Қирғизистон хабар доданд. Дар вазорат гуфтанд, дар 10 ҳолат маҳсулоти Узбекистон заҳролуд будааст. "Ташхис кардем, ки анорҳои Узбекистон заҳролуд ҳастанд. Он маҳсулот дорои санад буд. Вале ҳангоми озмоиш дар шаҳри Ӯш вируси Grapholitha molesta Busck пайдо шуд. Баъди ин ҳодиса... Читать дальше...


Музыкальные новости
Comedy Club

Турбо из «Слова пацана» раскрыл правду о личной жизни на съёмках Comedy Club





Персональные новости
Татьяна Рязапова

Социальная работа на предприятии: современные тенденции и интересные кейсы





Президентҳои ИМА ва Туркия дар Вашингтон мулоқот карданд

Ozodi.org 

ИМА ва Туркия бо намояндагони Сенат имкони идомаи истеҳсоли муштараки зарбазанҳои амрикоии F-35-ро баррасӣ карданд. Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп дар нишасти хабарӣ пас аз гуфтугӯ бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон иттилоъ дод. Трамп дар мавриди тақдири минбаъдаи истеҳсоли муштараки зарбазанҳо гуфт, Барои идомаи ҳамкориҳо дар ин замина гузинаҳои гуногун мавҷуданд. "Бар асоси пешбиниҳои ман, мо чораҷӯӣ хоҳем кард",-изҳор дошт президенти ИМА. Доналд Трамп ҳамчунин изҳор дошт, ки дар гуфтугӯ... Читать дальше...

ВКД: Саймаитӣ шиносномаи қирғизиро ғайриқонунӣ гирифта буд

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, соҳибкори чинӣ Айеркин Саймаитӣ, ки дар Туркия кушта шуд, шиносномаи қирғизиро ғайриқонунӣ дарёфт кардааст. Ба иттилои манбаъ, соли 2017 як шаҳрванди Чин, соли таваллудаш 1988 ба пулис муроҷиат карда, хостааст, зидди ҳамватанаш Айеркан Саймаитӣ чора андешида шавад. Ба гуфтаи ӯ, Саймаитӣ дар бозори Қара-Сӯ молу колои вайро ба маблағи 3 миллиону 28 ҳазор доллар аз худ кардааст. Дар асоси шикояти шаҳрванди Чин бо банди "Қаллобӣ" парванда боз шуда, дар рафти санҷиш маълум гашт... Читать дальше...

Боздошти шаҳрванди Русия дар Қазоқистон барои қочоқи шохҳои сайга

Ozodi.org 

Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, як шаҳрванди Русияро бо гумони қочоқи шохи сайга боздошт кард. Ба огаҳии хадамот, аз ҷузвдони варзишие, ки дар дохили мошини шаҳрванди Қазоқистон буд, 64 ҷуфти шохи сайга дарёфт ва мусодира шудааст. Шаҳрванди Русияро дар гузаргоҳи марзии "Оқсой"-и вилояти Қазоқистони Ғарбӣ боздошт ва ба пулис супурдаанд. Дар Хадамоти марзбонии Қазоқистон гуфтанд, ки арзиши тахминии шохҳои сайга 242 млн танга (ҳудуди 620 ҳазор доллар) аст. Дар Қазоқистон... Читать дальше...

Заҳматкашони Туркманистон барои худ аз номи президент туҳфа мехаранд

Ozodi.org 

Кишоварзон ва комбайнчиёни Туркманистон, ки нақшаи давлатии пахтаро иҷро карданд, вазифадор шудаанд, барои ҷашни Рӯзи ҳосил якдонаӣ телевизор биоранд, то баъдан аз номи президент ба онҳо тақдим шавад. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба онҳое, ки тавони харидории телевизори навро надоранд, гуфтаанд, телевизорҳои куҳнаи худро биоранд. Кормандони техникӣ вазифадор шудаанд, трактор ва мошинҳои боркашеро таъмиру ранг кунанд, ки дар телевизион намоиш дода мешавад. Дар Туркманистон... Читать дальше...

Тошканд гуфт, болоравии қимати нон дар мубориза зидди фасод кумак мекунад

Ozodi.org 

Додситонии кулли Узбекистон бо нашри як изҳорот сабабҳои болоравии қимати нонро шарҳ дод. Ба иттилои додситонӣ, омилҳои зер сабаби болоравии қимати нон шудаанд: 1. Даст кашидани давлат аз сиёсати ба таври сунъӣ нигаҳ доштани қимати орду нон. 2. Болоравии ҳамасолаи қимати маводи сӯхт, барқ ва газ. Аз ҷумла дар соли 2017 1 кВт⋅с неруи барқ барои истеҳсоли орд 204,3 сӯм арзиш дошт, аммо дар соли 2019 ба 405 сӯм расид (болоравии 120,4% қимати барқ). Ба ҷуз ин, низоми мавҷуда, ки чандин сол амал мекард... Читать дальше...

Ҳушдори Амрико баъд аз ҳамлаи маргбор дар посгоҳи марзии Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро "ба далели терроризм" ва бехатарии сайёҳон ба қатори давлатҳое шомил кард, ки шаҳрвандонаш ҳангоми сафар ба ин кишварҳо бояд "ниҳоят эҳтиёт кунанд". Ин огоҳӣ рӯзи 13-уми ноябр, пас аз як ҳафтаи ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ нашр шуд. Дар огоҳӣ аз шаҳрвандони Амрико хостаанд, ки аз ҳузур дар ҷойҳои серодам ва истифода аз нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон худдорӣ кунанд, то аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ эмин бошанд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Сотрудники Росгвардии приняли участие в чемпионате Центрального округа по боксу.


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Александрова проиграла Жабер в первом круге турнира WTA в Штутгарте


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Прием заявок на участие в конкурсе на лучшее путешествие по Дальнему Востоку начнется в мае





Путин в России и мире
Москва

На окружном полуфинале конкурса «Это у нас семейное» Калмыкию представляют четыре семьи


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко сравнил Всебелорусское народное собрание с «пустотой»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Владимир Зеленский подтвердил ракетный удар по аэродрому в Джанкое


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Баста

Элтон Джон, Баста, Райан Рейнольдс, Натали Портман — собственники футбольных клубов



Москва

Арт-кластер «Таврида» открыл регистрацию на десятый сезон образовательных заездов

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net