123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 04.11.2019

Ҷунайдулло Худоёров: "Мақомот ба ҷои ислоҳи камбудҳо маро зиндонӣ карданд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷунайдулло Худоёров, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, баъди раҳоӣ аз маҳбас гуфт, танқидҳои пайваста аз кори мақомоти ноҳияи Рашт сабаби паси панҷара афтидани ӯ шудааст. Худоёров бо ҷурми ифротгароӣ тақрибан ду солро дар зиндон гузаронд ва рӯзи 28-уми октябр бар асоси қонуни афв озод гардид. Мақомот ӯро ба пайравӣ аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи салафия гунаҳкор карданд. Вай мегӯяд, аз аввал бо ин айб розӣ набуд.  "Хостам, аз қонуншиканиҳо хабардор шаванд, аммо..." Ин фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ... Читать дальше...

Тирандозӣ ба самти тазоҳургарон дар Бағдод

Ozodi.org 

Чанд соат баъд аз куштани чаҳор тазоҳургар дар назди консулгарии Эрон дар шаҳри Карбало, нерӯҳои амниятӣ дар Ироқ ба самти тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар Бағдод тир андохтаанд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ва мақомоти амниятӣ, дар натиҷаи тирандозӣ дар назди қароргоҳҳои телевизионҳои давлатӣ 12 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Бори аввал нест, ки дар рӯзҳои гузашта тазоҳуроти зиддидавлатӣ ба хунрезӣ мекашад. Тазоҳургарон ҳукуматро ба фасодкорӣ ва қавмгароӣ муттаҳам мекунанд. Баъди шуруи дигарбораи тазоҳурот дар рӯзи 24-уми октябр бори аввал аст... Читать дальше...

Ҷунайдулло Худоёров: "Ифшои камбудҳои мақомот маро паси панҷара бурд"

Ozodi.org 

Ҷунайдулло Худоёров, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, баъди раҳоӣ аз маҳбас гуфт, танқидҳои пайваста аз кори мақомоти ноҳияи Рашт сабаби паси панҷара афтодани ӯ шудааст. Худоёров бо ҷурми ифротгароӣ тақрибан ду солро дар зиндон гузаронд ва рӯзи 28-уми октябр бар асоси қонуни афв озод гардид. Мақомот ӯро ба пайравӣ аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи салафия гунаҳкор карданд. Вай мегӯяд, аз аввал бо ин айб розӣ набуд.



Палмер гуфт, Иттиҳодияи Аврупо "хатои таърихӣ" кард

Ozodi.org 

Метю Палмер, фиристодаи нави Амрико барои Балкани ғарбӣ Иттиҳодияи Аврупоро барои ба таъхир андохтани музокироти узвият бо Македонияи шимолӣ ва Албания танқид кард. Ӯ гуфт, таъхир “хатои таърихиест” ки ба минтақа “паёми баде”мерасонад. Метю Палмер рӯзи 4-уми ноябр дар як нишасти хабарии муштарак бо Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон дар шаҳри Белград гуфт: “Мо тамоми кӯшишро мекунем, то Иттиҳодияи Аврупоро моил ба тағйири мавқеаш кунем.”  Дипломати амрикоӣ гуфт, кишвараш мехоҳад, “Балкани... Читать дальше...

Эрон аз ӯҳдадориҳои дигари атомиаш даст кашидааст

Ozodi.org 

Давлати Эрон гуфт, ки аз иҷрои бахши дигари ӯҳдадориҳои созиши атомии соли 2015 даст мекашад ва барои ғанисоии ураниум ду баробар бештар сентрифугаҳоро ба кор андохтааст. Бар асоси созиши атомӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ, Эрон ҳаққи чунин корро надорад. Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Созмони Нерӯи Атомии Эрон рӯзи 4-уми ноябр гуфт, кишвараш ҳоло сентрифугаҳоеро дар ихтиёр дорад, 50 дар сад зудтар кор мекунанд, ҳарчанд созиши атомӣ ба Эрон истифодаи ингуна сентрифугаҳоро иҷоза надодааст. Алӣ Акбар Солеҳӣ гуфт... Читать дальше...

Шумораи талабгорони кӯчидан аз Тоҷикистон ба Русия афзудааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Навбатпоии дароз дар назди намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Душанбе ба як манзараи одӣ табдил шудааст. Дар ин ҷо мардум барои кӯчидан ба Русия ариза месупоранд ва аз суҳбат мегузаранд. Танҳо аз аввали имсол беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои гирифтани шиносномаи Русия ва кӯчидан ба он кишвар дархост додаанд. Онҳо мехоҳанд, аҳли оилаашонро низ бо худ баранд. Сокинон мегӯянд, асосан бекорӣ онҳоро барои кӯчидан ба Русия маҷбур кардааст, то шароити зиндагии худу фарзандонашонро беҳтар кунанд. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 4-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Сӯхтор дар бинои нотамоми меҳмонхонаи "Сомониён"-и Душанбе, паёми Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи кишвар, мусоҳиба бо блогери афвшудаи тоҷик, афзоиши тоҷикони хоҳишманди муҳоҷират ба Русия ва матолиби дигар.



Зиндагӣ баъди зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба ҳаёти маъмулӣ бармегарданд?

Ozodi.org 

Зиндагии маҳбасони собиқ дар Тоҷикистон бо мушкилоти печида ҳамроҳ аст. Бархе аз маҳбусон ба мушкилиҳо пирӯз мешаванд ва зиндагии маъмулиро оғоз мекунанд, бархеи дигар дар гирдоби мушкилоти хонаводагӣ дармонда, қонунро вайрон мекунанд ва  дубора пушти панҷара қарор мегиранд. Мутахассисон мегӯянд, давлат талош дорад ба шаҳрвандон ёрӣ кунад, вале зарур аст, ба ин мушкил ба таври систематикӣ расидагӣ шавад. Озодии номуайян Ҷунайдулло Худоёров, блогнавис ва фаъоли иҷтимоӣ, ки соли 2018 бо ҷурми ба гуфтаи мақомот салафия ба маҳбас кашида шуд... Читать дальше...

Видеои футболбозони тоҷикро 1 800 000 бор дидаанд

Ozodi.org 

Бо вуҷуди ноком шудани тими футболбозони 17-солаи тоҷик дар Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар Бразилия як лаҳзаи бозии онҳо дар Твиттер ба “дастоварди бузург” ноил шуд. Лаҳзаи 28 сониягии бозии онҳо бо тими Камерунро корбарон бештар аз 1 миллиону 800 ҳазор маротиба тамошо кардаанд. Ин лаҳзаро саҳифаи варзишии ​GiveMeSport Football нашр карда ва гуфтааст, ҳарчанд истифода аз ҳиллае, ки бозигарони Камерунро сардаргум кард, як ҳиллаи оддист, вале аксарият онро маҳорати фавқуллода номидаанд. Бо вуҷуди истифодаи моҳирона аз вазъи ҷаримавӣ... Читать дальше...

Сэм Паркер: Қарзҳои азими Чин пайомади хос доранд. Барои Тоҷикистон низ.

Ozodi.org 

Як пажӯҳишгари амрикоӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар баробари қарзҳои ҳангуфти Чин бояд эҳтиёткор бошад ва “андеша кунад, ки ба кадом роҳ” меравад. Роҳе, ки ба гуфтаи Сэм Паркер, дар сурати беэҳтиётӣ, метавонад захираҳои табии Тоҷикистонро дар ихтиёри Чин қарор диҳад.  Суҳбати мо бо Сэм Паркер, муаллифи назарияи “Дипломатияи қарзҳои чинӣ” дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Радиои Озодӣ: Муҳтарам ҷаноби Паркер, Шуморо бунёдгузори назария ё консепти "Дипломатияи қарзҳои чинӣ" мешуморанд ва идеяи асосии назария он аст... Читать дальше...

Дар шаҳрҳои Русия марши миллатгароён баргузор шуд

Ozodi.org 

Дар чандин шаҳри Русия 4 ноябр, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ шумурда мешавад, зери унвони "Марши русӣ" ("Русский марш") ҷамъомад ва раҳпаймоии миллатгароён ҷараён гирифт. Ин одат аз соли 2005 ба ин сӯ роиҷ гаштааст. Дар Маскав "Марши русӣ" дар минтақаи Люблино баргузор гашт. Ин дар ҳолест, ки шаҳрдорӣ қабланд баргузории онро мақбул надониста буд. Дар Санкт-Петербурге ин маърака бо расми гулгузорӣ ҷараён гирифт. Маъракаҳое зери унвони "Марши русӣ" ҳамчунин дар Новосибирск, Псков, Саратов ва Екатеринбург барпо шуданд. Читать дальше...

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Аврупо оғоз шуд

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми ноябр ба Аврупо сафар кардааст. Ҷое, ки дар чаҳор соли гузашта садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба далели, ба гуфтаи онҳо, сиёсӣ паноҳҷӯ шудаанд. Мақомот гуфтанд, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ аввал ба Швейтсария ва сипас ба Фаронса меравад. Ҷузъиёти барномаи сафар маълум нест. Хадамоти матбуоти президент гуфт, раиси ҷумҳурро ёвараш дар умури равобити хориҷӣ, вазирони иқтисоду молия, энергетика ва захираҳои обу саноат, раисони Кумитаи сармоягузорӣ, рушди сайёҳӣ ва Бонки Миллӣ ҳамроҳӣ доранд. Читать дальше...

Ҳомии ҳуқуқи озарӣ ба кома афтодааст

Ozodi.org 

Оқтай Гулалиев, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи Озарбойҷон, ки дар шаҳри Боку ӯро мошин зад, дар ҳоли кома қарор доштааст. Ҳамсараш Фирӯза Гулалиева, рӯзи 4-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Оқтай Гулалиевро, рӯзи 29-уми октябр баъди садама ба шифохона бурданд. Гулалиев, ҳамоҳангсози Кумитаи зидди истибдод ва шиканҷа дар Озарбойҷон аст, ки барои ҳимоят аз ҳаққи зиндониён дар Озарбойҷон кор мекунад. Ӯ аз ҳуқуқи даҳҳо нафар, ки парвандаҳояшонро дорои ангезаҳои сиёсӣ мешуморанд, ҳимоят кардааст. Баъде... Читать дальше...

Дар нӯҳ моҳ 9000 тоҷикистонӣ барои кӯчидан ба Русия ариза додаанд

Ozodi.org 

Беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кӯч бастан ба Русия ба мақомоти ин кишвар муроҷиат кардаанд. Дар ин бора Вячеслав Маркевич, раиси намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон, хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст. Маркевич гуфтааст, шумораи муроҷиаткунандагон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 17 дарсад бештар аст. Ба иттилои ин мақоми рус аз аввали имсол 1616 нафар ҳамроҳ бо оилаҳояшон, ки ҷамъ 6 ҳазору 896 нафаранд, ба барномаи ҳамватанон пазируфта шуда, ба Русия кӯчидаанд. Читать дальше...

Горбачев гуфт, ҷаҳон ҳамчунон "хатарнок" аст

Ozodi.org 

Михаил Горбачев, раҳбари собиқи шӯравии пешин мегӯяд, бо назардошти мухолифати Русия ва Ғарб, ки мусаллаҳ бо бомби атомӣ ҳастанд, ҷаҳон дар рӯ ба рӯи “хатари азиме” қарор дорад. Дар мусоҳиба бо телевизиони Би-би-сӣ, ки рӯзи 4-уми ноябр нашр шуд, Михаил Горбачев гуфт, “тамоми кишварҳои ҷаҳон бояд эълон кунанд, ки аслиҳаи атомӣ бояд аз байн бурда шавад, то “мо ва саёраи мо наҷот ёбад.” Ӯ афзуд: “То замоне, ки аслиҳа ва пеш аз ҳама аслиҳаи атомӣ вуҷуд дорад, ин як хатари бисёр азим аст.” Мусоҳибаи... Читать дальше...

Нисфи мардум гуфтаанд, дар Русия ваҳдати миллӣ нест

Ozodi.org 

Дар Русия рӯзи 4-уми ноябр Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд, ки паёми он таҳаммулгароӣ дар байни миллату пайравони ойинҳои гуногун аст. Имрӯз барои мардуми Русия рӯзи истироҳат аст ва мактабу корхонаҳо тамоми рӯз бастаанд. Як назарсанҷии Маркази Таҳқиқи Афкори Умум дар Русия, ки рӯзи 31-уми октябр нашр шуд, нишон додааст, ки 37 дар сади мардум бовар доранд, дар кишварашон ваҳдати миллӣ вуҷуд дорад. Бештар аз 57 дар сади мардуми Русия назари мухолиф доштаанд. Раиси ҷумҳур Владимир Путин соли... Читать дальше...

Ду шаҳрдори пешини Бишкек то январи 2020 дар ҳабс мемонанд

Ozodi.org 

Кубаничбек Қулматов ва Албек Ибраимов - ду шаҳрдори пешини Бишкеки Қирғизистон то 6-уми январи соли 2020 дар ҳабс мемонанд. Дар ин бора додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек қарор содир кард. Пештар аз ин шаҳрдорони собиқ бо баҳонаи ин ки "намехоҳанд, айбҳои беасосро шарҳ диҳанд", аз додани шоҳидӣ дар додгоҳ худдорӣ варзиданд. Ҷаласаи навбатии додгоҳӣ рӯзи 6-уми ноябр дар назар аст. Кубаничбек Қулматов ба фасодкорӣ ҳангоми сохтани мактабе айбдор мешавад. Албек Ибраимов якбора дар доираи чанд парванда... Читать дальше...


Музыкальные новости
Comedy Club

Турбо из «Слова пацана» раскрыл правду о личной жизни на съёмках Comedy Club





Персональные новости
Росгвардия

Во Владивостоке при содействии СОБР Росгвардии задержан организатор наркопритона





Ба ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон киҳо даъват шуданд?

Ozodi.org 

Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, ҳайати дастаро дар бозиҳои моҳи ноябр муқобили тимҳои миллии Малайзия (9-уми ноябр, Куала-Лумпур), Мянмар (14-уми ноябр, Мандалай) ва Қирғизистон (19-уми ноябр, Бишкек) эълон кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар ин бозиҳо 23 бозигар даъват шудааст, ки 7 нафарашон легионер мебошанд. Баъди танаффуси тӯлонӣ ба ҳайати тими миллии кишвар ҳимоятгари «Нефтехимик»-и Нижнекамски Русия Фарҳод Восиев ва нимҳимоятгари «Бухоро»-и Узбекистон Фатҳулло Фатҳуллоев даъват шуданд. Читать дальше...

Ҳамлаи эътирозгарони ироқӣ ба консулгарии Эрон дар Карбало

Ozodi.org 

Шоми якшанбеи 3-юми ноябр эътирозгарони ироқӣ дар шаҳри Карбало ба консулгарии Эрон ҳамла карданд. Силсилаи эътирозҳои ҳафтаҳои ахир ба нишони нороҳатӣ аз бекорӣ, фасоди сулолаи ҳукмрон ва дахолати Эрон ба умури Ироқ роҳандозӣ шудааст. Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" аз нақли шоҳидон овардааст, дар консулгарии Эрон дар Карбало, ки барои мусулмонони шиамазҳаб макони муқаддас мебошад, эътирозгарон парчами Эронро пойин намуда, парчами Ироқро барафарохтанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори партоби... Читать дальше...

Сӯхтор дар бинои нотамоми меҳмонхонаи "Сомониён"

Ozodi.org 

Субҳи 4-уми ноябр дар бинои ниматамоми меҳмонхонаи "Сомониён", воқеъ дар хиёбони маркази Душанбе, сӯхтор ба амал омад. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, оташ ба зудӣ хомуш карда шудааст. То ба ҳол сабаби сӯхтор маълум нест. Ин бино аз даҳ сол бештар сохтмонаш идома дорад ва порлумони Тоҷикистон чанд дафъа онро аз пардохтҳои гумрукӣ ва дигар молиёт озод карда буд. То ба ҳол маълум нест, ки молики ин бино кист, вале расонаҳо дар гузашта ишора карда буданд, ки он ба наздикони яке аз мақомоти баландпояи кишвар тааллуқ дорад. Читать дальше...

Чиҳил сол пас аз ишғоли сафорати Амрико дар Теҳрон

Ozodi.org 

Имрӯз, 4-уми ноябр чиҳилумин солгарди ишғоли сафорати Амрико дар Теҳрон ва асир гирифтани беш аз 50 амрикоӣ, ба шумули дипломатҳои он кишвар аст.  4-уми ноябри соли 1979, баъди чанд моҳи инқилоби исломӣ дар Эрон, ки бо барканории режими Ризошоҳи Паҳлавӣ анҷомид, донишҷӯёни инқилобӣ ба сафоратхонаи Амрико дар Теҳрон ҳуҷум карда, 52 дипломатро гаравгон гирифтанд ва ба ҳамин тарз 444 рӯз вазъро зери назари худ нигаҳ доштанд. Ин бӯҳрони дарозмуддат боиси қатъ шудани равобити дипломатии Эрон ва ИМА гардид, ки то имрӯз барқарор нашудааст. Читать дальше...

Тими Тоҷикистон аз Аргентина шикаст хурд: футболбозони навраси тоҷик ба хона бармегарданд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дастаи футболбозони навраси Тоҷикистон дар бозии севуми Бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасони то 17-сола дар Бразилия аз тими Аргентина шикаст хурда, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд

"Истиқлол" ва "Регар" ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2019 роҳ ёфтанд

Ozodi.org 

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол, ки рӯзи 1-уми ноябр бо ширкати чаҳор даста (се дастаи лигаи олӣ ва як дастаи лигаи аввал) баргузор шуданд, ду дастаи ширкаткунандаи бозии ниҳоиро муайян карданд. Дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе – бозии ҷавобии ниманиҳоиро дар Варзишгоҳи марказии Восеъ бо намояндаи лигаи аввал - «Ҳулбук»-и Восеъ -бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Дар бозии аввал душанбегиҳо бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда буданд. Бинобар ин, “Истиқлол” ба финал баромад. Бозии... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Прием заявок на участие в конкурсе на лучшее путешествие по Дальнему Востоку начнется в мае


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Рыбакина о смене гражданства: «Я никому ничего не доказываю. В меня поверил Казахстан, чему я очень рада»


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

АО «Транснефть – Дружба» подвело итоги деятельности в сфере экологической безопасности





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии отечественного судостроения   


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко сравнил Всебелорусское народное собрание с «пустотой»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

В Москве арестован на пять суток историк-публицист Сергеев за пост памяти Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Анастасия Волочкова

Волочкова призналась, что когда-то была бездомной: «Знаю, что такое жить без квартиры»



Москва

Верен традициям: Евгению Миронову вручили спецприз 46-го ММКФ

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net