Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Баҳси хонаи чаҳор миллионӣ дар Душанбе. Чаро 23 нафар хаймашин шуданд?

0
Баҳси хонаи чаҳор миллионӣ дар Душанбе. Чаро 23 нафар хаймашин шуданд?

Бо гузашти ҳашт моҳ аз расонаӣ шудани шикояти як оилаи иборат аз 23 нафар дар Душанбе, ки зери хайма зиндагӣ доранд, баҳси онҳо бо ҷониби дигар печидатар шудааст. Яке аз тарафҳо мегӯяд, ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон низ мушкилро ҳал накард.

Ин хонавода моҳи марти имсол гуфта буданд, ки яке аз наздикон манзилашонро “аз худ карда”, онҳоро дар беруни дар гузоштааст. Ҳоло хонаро ба нафари дигар фурӯхтаанд ва молики нав аз хонаводаи 23-нафарӣ хостааст, ки хаймаи худро кананд ва ҳудуди манзили ӯро тарк кунанд. Ҳар се тараф ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд ва далел пеш меоранд.

Маҳмурод Саидов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, молики асосии хона ӯст ва ба иддаои вай Низом Қараев, бародари ҳамсараш хонаро “ғайриқонунӣ” аз онҳо гирифтааст.

Қараев мегӯяд, ӯ манзилро расман харидааст. Дар қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз моҳи июли имсол низ ба харидуфурӯши қонунии манзил байни Бахтиёрҷони Маҳмурод, писари Маҳмурод Саидов ва Садоқат Қосимова, ҳамсари Низом Қараев таъкид шудааст. 

Низом Қараев рӯзи 2-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин хонаро моҳи феврали соли 2014 харида, моҳи майи имсол ба нафари дигар фурӯхтааст. “Хонаро ба фурӯш гузошта буданд. Вақте омадем, тибқи қоидаи бозор савдо кардем ва 4 миллиону 410 сомонӣ нарх гузоштем. Ин рӯзи 27-уми феврали соли 2014 буд. Байни мо ягон баҳс набуд. Он кас фақат гуфтанд, ки дарси кӯдакон моҳи май-июн тамом мешавад ва соли оянда онҳоро ба мактаби дигар мегузаронанд. Мо бовар кардем ба хотири хешу таборӣ ва ин ҳолат пеш омад”, -- афзуд ӯ.

Ин ҳамсӯҳбати мо таъкид кард, ки бо гузашти як сол оилаи хоҳараш хонаро холӣ накарданд ва баҳс аз он ҷо шурӯъ шуд. Низом Қараев мегӯяд, вақте аз роҳи муросо баҳс ҳал нашуд, ночор ба мақомоти милиса муроҷиат кард, то онҳоро аз хона берун кунанд.

Иддаое, ки Маҳмурод Саидов рад мекунад ва мегӯяд, соли 1993 сокини пойтахти Тоҷикистон шуда, дар масоҳати 16 сотих дар кӯчаи Назаршоев ҳавлии дутабақа сохт. Ӯ гуфт, "Низом Қараев соли 2014 бо роҳи тақаллуб ҳуҷҷатҳои манзилро ба номи худаш сабт кардааст". 

Ба иддаои Маҳмурод Саидов, Низом Қараев писарони ӯ Бахтиёр ва Умедҷонро гӯиё фиреб дода ва гуфтааст, "тиҷорат мекунем, падару модаратон нафаҳмад, хонаро баргардонда медиҳем".

Хона пеш аз он ки моҳи майи имсол ба нафари дигар фурӯхта шавад, ба номи Садоқат Қосимова, ҳамсари Низом Қараев сабт шудааст. Маҳмурод Саидов мегӯяд, ба зидди Садоқат Қосимова ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурда буд. Ба нақли ӯ, мақомот дар аввал амали Қосимоваро ғайриқонунӣ шумурда, бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва худи ӯро дастгир кардаанд. Дертар ӯро озод намудаанд.

Аммо дар ин маврид Низом Қараев далели дигар дорад. Вай санадеро нишон дод, ки дар он Бахтиёрҷони Маҳмурод, писари Маҳмурод Саидов дастхате навишта ва ваъда кардааст, “розӣ ҳастанд молу мулки ин манзилро бидуни ягон даъво ба Садоқат Қосимова, ҳамсари Низом Қараев супоранд".

Низом Қараев мегӯяд, баҳсашон дар ёздаҳ марҳилаи додгоҳӣ баррасӣ шуда, дар ниҳоят ба фоидаи онҳо ҳал гардидааст. Дар ҳамин ҳол, бар асоси қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз моҳи июли имсол, ҳамагуна сохтакории ҳуҷҷатҳои ин манзил рад карда шуда, ба харидуфурӯши қонунии манзил байни Бахтиёрҷони Маҳмурод -- писари Маҳмурод Саидов ва Садоқат Қосимова -- ҳамсари Низом Қараев, таъкид шудааст.

Ҳоло аз рӯи ин қарори Додгоҳи олӣ Маҳмурод Саидов дубора шикоят бурдааст. Бо ин ки манзил ба нафари сеюм фурӯхта шудааст, ҳанӯз ҳам оилаи 23-нафарӣ дар назди ин манзил зиндагӣ доранд. Соҳибмулки нав ба додгоҳ шикоят кардааст, ки бар асоси қонун онҳоро аз ин макон кӯчонанд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, беҳтар аст ҷонибҳо бо ҳам созиш кунанд, вагарна баҳс солҳои дароз идома хоҳад кард. Маҳмурод Саидов мегӯяд, ҳеҷ созишеро қабул надорад.

Баҳси манзил дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ дониста мешавад. Ҳар сол аҳолии Тоҷикистон меафзояд ва “рақобатҳо” барои як порча замину макони зист шадидтар мешавад.

Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон 93 дар сади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо манзил аз мушкили рақами аввал дониста мешавад. Нархи як метри мураббаи хона дар бисёртабақаҳои Душанбе аз 200 то 1200 долларро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, агар онро ба даромади аҳолӣ муқоиса кунем, "фарқ байни замину осмон хоҳад буд" ва зоҳиран ҷанг барои хона ҳам бедалел нест.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал о возрождении судостроительной отрасли в столице


Спорт в России и мире
Москва

К.ВАЛИЕВА, 23 КИТАЙЦА, WADA помогают раскрыть сеть секретных преступных отделов. Дело Скрипалей можно дополнить с пользой.


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Первая ракетка мира расплакалась после финала турнира с участием Рыбакиной


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Ежемесячную денежную выплату получают более 1,6 млн пострадавших от радиации





Путин в России и мире
Москва

Ушаков: Путин и Пашинян расставят точки на «и»


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Польский судья отказался от должности и попросил защиты у Лукашенко. Он обвинил Варшаву в нечестной политике




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Анастасия Волочкова

Балерина Волочкова заявила, что считала Кудрявцеву подругой до критики



Москва

Масштабная утечка: хакеры взломали сервера Минобороны Великобритании

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net