Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 11.11.2019

Дар Турсунзода чӣ гузашт? Бонги хатари дурӯғин ё машқи эҳтиётӣ? САДО

Ozodi.org 

Интиқоли низомиён ба дараи Ширкенти ноҳияи Турсунзода ва парвози чархболу чораҳои шадиди амниятӣ дар ин минтақа рӯзи 9-уми ноябр миёни мардум сарусадоҳои гуногунро ба миён овард. Баъзе аз сокинон аз эҳтимоли рух додани даргирӣ дар ин дараи ҳаммарз бо Узбекистон нигарон шудаанд. Мақомот изҳороти расмӣ надодаанд, аммо дар суҳбатҳои алоҳида ҳар гуна задухӯрдро рад мекунанд.  Рӯзи 11-уми ноябр дар Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҷавоб ба суолҳои батакрори Радиои Озодӣ дар ин бора гуфтанд... Читать дальше...

Миллей: "Сарбозони Амрико чанд соли дигар дар Афғонистон мемонанд"

Ozodi.org 

Генерал Марк Миллей, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико гуфт, шояд сарбозони кишвараш то чанд соли дигар дар Афғонистон бимонанд. Нерӯҳои Амрико 18 сол аст, ки дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҳузур доранд. Дар мусоҳибае бо телевизиони ABC, ки рӯзи 10-уми ноябр нашр шуд, Марк Миллей гуфт, баъди ҳамлаҳои террористии соли 2001, ҳадафи аслии рафтани сарбозони Амрико ба Афғонистон, тазмин додани он буд, ки ин кишвар дигар ба пойгоҳи террористоне табдил наёбад, ки мехоҳанд, ба Амрико ҳамла кунанд. Читать дальше...



Мактаби синамогарони ҷавон дар Бадахшон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, мактаби филмсозии "Дарк" фаъол аст ва тақрибан 15 ҷавон ҳунари офаридани киноро меомӯзанд. Дар 90 соли охир синамогарони тоҷик фарозу нишебҳои зиёдеро таҷриба кардаанд. Ҳоло ин бахш даврони хеле бадро мегузаронад, вале намояндагони он мегӯянд, бо илҳом аз рӯзҳои гузашта бо тамоми тавон талош мекунанд, ки онро нигоҳ бидоранд. Шавкат Шонасимов, сокини шаҳри Хоруғ мегӯяд, пештар танҳо аз рафтан ба синамо ва тамошои филмҳо лаззат мебурд. Ҳеч тасаввур намекард, ки замоне вориди ҳунари филмсозӣ мешавад. Читать дальше...

Абдуллозода бо сафири Покистон тавлиди либосҳои варзиширо баррасӣ кард

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумат ва ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо сафири навтаъини Покистон дар Душанбе мулоқот кард

Мактаби филмсозӣ бо забонҳои помирӣ дар Бадахшон

Ozodi.org 

Дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, мактаби филмсозии "Дарк" фаъол аст ва тақрибан 15 ҷавон ҳунари офаридани киноро меомӯзанд. Дар 90 соли охир синамогарони тоҷик фарозу нишебҳои зиёдеро таҷриба кардаанд. Ҳоло ин бахш даврони хеле бадро мегузаронад, вале намояндагони он мегӯянд, бо илҳом аз рӯзҳои гузашта бо тамоми тавон талош мекунанд, ки онро нигоҳ бидоранд.

Ҷеймӣ Флай: Президент Раҳмон ваъда дод, ки мушкили Радиои Озодӣ ҳал мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳафтаи гузашта дар Сюрихи Швейтсария президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот дошт. Дар ин дидор ҷонибҳо шароити кори хабарнигорону кормандони Радиои Озодиро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Дар бораи натиҷаи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймӣ Флай дафтари раёсатҷумҳури Тоҷикистон ва баъзе аз хабаргузориҳои Русия иттилои зиддунақизро пахш карданд. Асли сӯҳбат чӣ буд? Ҷавоби ин суолро аз президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай пурсидем.   Ҷеймӣ Флай... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 11-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Шаҳри Турсунзода ором будааст, Президенти Радиои Озодӣ бовар дорад, ки Президенти Тоҷикистон мушкили Радиои Озодиро ҳал мекунад, раҳбари Боливия зери фишори мухолифин ба истеъфо рафт ва матолиби дигар.



Садсолагии Калашников. Ҷанговар, ихтироъкор ва шоир

Ozodi.org 

Бисёре аз мардуми ҷаҳон на Толстойро мешиносанд ва на Пушкин ё Достоевскийро, аммо номи Михаил Калашников барояшон ошност. Он ҳам на ба хотири шаш китоби шеъре, ки суруд, аммо ба хотири силоҳе, ки ихтироъ кард ва 70 соли тамом дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон ба таври гуногун истифода шуд. Ҳам силоҳи бархе артишҳои дунё буд, ҳам ҷунбишҳои раҳоибахш аз он истифода кардаанд ва ҳам террористҳо ва Толибон ва ДОИШ ва Ал-Қоида. Ҳанӯз ҳам акси он "зинатбахш"-и парчами бархе кишварҳои африқоӣ аст ва низ дирафши... Читать дальше...

Дар як рӯз дар Панҷоб 9 нафарро куштанд

Ozodi.org 

Дар ҳамлаи ғофилгирона ба як мошини пулис дар вилояти Панҷоби Покистон 5 нафар кушта шудаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки ҳамла рӯзи 10-уми ноябр дар ноҳияи Раҷанпур сурат гирифтааст. Ба қавли онҳо, маъмурони амниятӣ ва пулис ҳангоми талош барои боздошти гурӯҳе аз тундравон дар маҳаллаи Арбӣ Тибба мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифтаанд. Калим Қурайшӣ, сухангӯи пулис ба хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс” гуфтааст, ки дар байни қурбониён ду афсари пулис, ду маъмури амниятӣ ва як ҳамкорашон буданд. Читать дальше...

Ҷеймӣ Флай: Президент Раҳмон ваъда дод, ки мушкили Радиои Озодӣ ҳал мешавад

Ozodi.org 

Ҳафтаи гузашта дар Сюрихи Швейтсария президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот дошт. Дар ин дидор ҷонибҳо вазъ ва шароити кори хабарнигорону кормандони Радиои Озодиро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Дар бораи натиҷаи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймӣ Флай дафтари раёсатҷумҳури Тоҷикистон ва баъзе хабаргузориҳои Русия хабарҳои зиддунақизро мунташир карданд. Мо асли суҳбатро аз аз президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай пурсидем.

FT: Хешу наздикони Башор Асад дар Маскав 20 хона харидаанд

Ozodi.org 

Хешу наздикони президенти Сурия Башор Асад дар маҷмаъҳои маскунии маркази тиҷоратии "Москва-Сити" на камтар аз 19 хонаро харидаанд. Дар ин бора нашрияи Financial Times бо такия ба ҳуҷҷатҳое хабар додааст, ки созмони ғайридавлатии зидди фасод Global Witness ба даст овардааст. Моликияти авлодии раҳбари Сурия дар Маскав ба сурати умум 40 миллион доллар баровард шудааст. Бино бар ин аснод, аҳли хонадони тағо ё бародари модари Башор Асад  – Муҳаммад Махлуф - аз соли 2013 ба харидани хонаҳо дар Маскав машғуланд. Читать дальше...

Лаҳистон дархости истирдоди Мазурро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Дар Лаҳистон муҳокимаи Игор Мазур як шаҳрванди Украина оғоз меёбад, ки бо дархости Русия ва бо иттиҳоми терроризм дастгир шудааст. Дар ин бора Артём Валах, консули Украина дар шаҳри Люблин рӯзи 10-уми ноябр ба расонаҳои украинӣ хабар додааст. Игор Мазур, яке аз раҳбарони баландпояи гуруҳи миллатгарои УНА-УНСО аст ва Русия мегӯяд, ки ӯ дар ҷангҳои солҳои 90-ум дар Чеченистон ба зидди нерӯҳои Русия ҷангидааст. Мақомоти интизомии Маскав ӯро ба терроризм муттаҳам кардаанд ва аз Интерпол ҳам хостаанд... Читать дальше...

Раиси ҷумҳури феълии Руминия пешсафи интихобот

Ozodi.org 

Клаус Ёҳаннис, раиси ҷумҳури феълии Руминия, дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ раъйи бештари мардумро ба даст овардааст. Бар асоси натиҷаҳои пешакӣ, ки Кумиссиёни Марказии Интихоботи Руминия эълон кард, Клаус Ёҳаннис, сиёсатмадори ғарбгаро ва раиси Ҳизби Миллии Либералӣ тақрибан 38 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Ба тарафдории рақиби ӯ Виорика Данчила, нахуствазири барканоршуда фақат 23 дар сад раъй додаанд. Ҳарду дар даври дуввуми интихобот бо ҳам рақобат мекунанд. Дар интихобот... Читать дальше...

Раиси ҷумҳури Боливия аз мақомаш истеъфо дод

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Боливия Иво Моралес гуфт, ки барои роҳ надодан ба идомаи хушунат дар кишвараш истеъфо медиҳад. Ин кишвар дар Амрикои ҷанубӣ аз замони интихоботи ҷанҷолӣ дар моҳи октябр ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор шудааст. Се ҳафта аст, ки мухолифони ҳукумат ба зидди ӯ эътироз доранд ва тазоҳурот ба хушунат печидааст. Бӯҳрон бо дахолати нерӯҳои мусаллаҳ роҳи ҳал пайдо кард. Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Боливия гуфт, ки истеъфои Моралес ба бозгашти назму субот кумак мекунад. Вилям Калиман гуфт: "Баъди... Читать дальше...

Мақоми нави домоди хурдии президенти Узбекистон

Ozodi.org 

Отабек Умаров, домоди хурдии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехта (ММА) таъйин шуд. Худи федератсия 8 ноябри соли равон таъсис ёфт. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Умаров бо варзишгарон мулоқот карда, ҳамроҳашон тамринеро низ анҷом додааст. Ёдрас мешавем, ибтидои соли равон варзишгари маъруфи доғистонӣ дар риштаи муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмагомедов иттилоъ дод, ки мехоҳад, дар Узбекистон академияи ин навъи варзишро боз кунад. Домоди хурдии Мирзиёев... Читать дальше...

Комиссия бе барқ мондани шаҳри Нурсултонро тафтиш мекунад

Ozodi.org 

Баъди садамаи шоми якшанбе дар хатҳои барқи шаҳри Нурсултони Қазоқистон қисме аз манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурии ин шаҳр бе барқ монданд. Субҳи рӯзи 11 ноябр ҳукумати шаҳри Нурсултон хабар дод, ки дар манзили сокинон ва биноҳои маъмурӣ барқ дубора барқарор шудааст. Шоми якшанбе сокинони Нурсултон аз бебарқии қисме аз шаҳр ва фаъол набудани чароғакҳои роҳнамо шикоят карданд. Алтай Кулгинов, шаҳрдори Нурсултон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки бартарафсозии оқибати садама идома дорад. Читать дальше...

Дар Туркия соҳибкори қирғиз Айэркен Саймаитиро куштанд

Ozodi.org 

Соҳибкор Айэркен Саймаитӣ, ки номаш дар таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар бораи берун бурдани миллионҳо доллар аз Қирғизистон зикр гашта буд, дар Туркия кушта шуд. Ба иттилои нашрияи туркии "Hürriyet", шахси номаълуме 10 ноябр соҳибкори қирғизро дар меҳмонсарое дар минтақаи Фотеҳи шаҳри Истамбул парондааст. Соҳибкор дар беморхона ҷон додааст. Додситонии Туркия тафтиши ҳодисаро оғоз кардааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ 29 майи соли равон таҳқиқоти рӯзноманигор Алӣ Тоқтакуновро зери унвони... Читать дальше...


Музыкальные новости
Желдорреммаш

Улан-Удэнский ЛВРЗ подвел производственные итоги первого квартала 2024 года





Персональные новости
ЦСКА

Росгвардия обеспечила правопорядок во время футбольного матча «ЦСКА» - «Спартак» в Москве





Тими миллии Афғонистон бо Ҳиндустон ва Қатар дар Душанбе бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Тими миллии футболи Афғонистон ду бозии навбатии марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро дар гурӯҳи “Е” муқобили дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (14-уми ноябр) ва Қатар (19-уми ноябр) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Ин бозиҳо соати 19:00 шуруъ мешаванд. Мунтахаби Афғонистон бар асоси қуръакашии марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Бангладеш, Умон, Ҳиндустон ва Қатар рақобат мекунад. Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Афғонистон нахустин... Читать дальше...

Эрдуғон: "Касоне қасд доранд эътирозҳои Ироқро ба Эрон бикашонанд"

Ozodi.org 

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия авохири ҳафтаи гузашта гуфт, ба тахмини ӯ, касоне, ки дар пушти эътирозҳои Ироқ ҳастанд, эҳтимолан қасд доранд ин эътирозҳоро ба Эрон бикашонанд. Вай бо ишора ба шиорҳои зиддиэронӣ дар минтақаҳои асосан шианишин ва ҳамла ба консулгарии Эрон ба Карбало изҳор дошт, "пушти ин талотуми эътирозҳои Ироқ чӣ касоне истодааст? Мо ҳадс мезанем, ки ин эътирозҳо аз сӯи афроде роҳандозӣ шудаанд ва ин иқдомотро идома медиҳанд ва ҳатто таҳлиламон ин аст, ки барнома доранд эътирозҳои Ироқро ба Эрон бикашонанд". Читать дальше...

Панҷ зиндонии эронӣ аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод шуданд

Ozodi.org 

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки панҷ шаҳрванди ин кишвар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод ва ба Эрон бозгаштаанд. Тибқи иттилои ИРНА -хабагузории расмии Эрон, ин афрод бо пайгирии сафорати Эрон дар Душанбе озод шуда ва рӯзҳои ахир ба Теҳрон бозгаштанд. Ин афрод дар пайи эълони афв дар Тоҷикистон, раҳо шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи гузашта ба муносибати 25-умин солгарди қабули Қонуни асосӣ афв эълон кард, ки тибқи онҳо ҳазорон нафар зиндонӣ, аз ҷумла хориҷиён мавриди афв қарор гирифтанд. Маълум нест... Читать дальше...

Дар Ишқобод тандиси алабай қомат меафрозад

Ozodi.org 

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дастур дод, ки дар пойтахти кишвараш тандис ё ҳайкали саги навъи алабай гузошта шавад. Бердимуҳаммадов дар ҳоле ин дастурро дод, ки рӯзи 6 ноябр аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Ишқобод ошно мешуд. Ба навиштаи расонаҳо, баландии тандис 15 метрро ташкил хоҳад дод. Дар Туркманистон сагҳои навъи алабай ҳамчун дастоварди миллӣ эътироф шудаанд. Бердимуҳаммадов моҳи сентябр китоберо бахшида ба алабай таълиф ва интишор кард. 13 сентябр вай шеъреро низ... Читать дальше...

Дар як қисми низомии Қирғизистон як афсар худро ба дор овехт

Ozodi.org 

Дар қисми низомии №73809 дар Кой-Тоши вилояти Чӯи Қирғизистон як афсар худро ба дор овехтааст. Хабарро сухангӯи Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон Гулзод Жарашева тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса 10 ноябри соли равон дар шаҳраки низомие рух дод. "Ӯ афсар буд ва рутбаи майор дошт. Ҷасадашро дар утоқи хидматӣ пайдо карданд. Парвандаро Додситонии низомӣ таҳқиқ дорад ва ҳамчунин санҷиши хидматӣ оғоз шудааст",-афзуд Жарашева. Соли 2018 расонаҳо дар бораи латтукӯб шудани сарбозон дар қисми низомии мазкур хабар дода буданд. Читать дальше...

Дар Қазоқистон дар натиҷаи лағзиши замин ду кас ҷон бохт

Ozodi.org 

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон бар асари лағзиши замин ҳангоми кофтани ҷои таҳкурсии бинои баландошёна ду корманд ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса 8 ноябр дар маҳаллаи Нурсат рух додааст. Сардори Идораи нозироти меҳнати Чимкент Бауирҷон Калжанов гуфт, дар натиҷаи лағзиши замин 2 кас ҷон бохта, як тани дигар захмӣ шуд. "Дар робита ба ҳодисаи мазкур комиссияи махсус ташкил шуд. Таҳқиқ карда мешавад, ки ҳангоми фаъолияти кормандон талаботи қонуни меҳнат ва бехатарии техникӣ риоя шудааст, ё не",-афзуд Калжанов. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Росгвардия обеспечила правопорядок во время футбольного матча «ЦСКА» - «Спартак» в Москве


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Арина Соболенко

Соболенко: я предпочитаю смотреть мужской теннис, а не женский


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

В СВАО Москвы реконструируют дорогу и построят мост





Путин в России и мире
Москва

Петербургский автопром вышел из кризиса, заявил Беглов


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Минск не исключает попыток оппозиции оторвать часть территории Белоруссии в пользу НАТО




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Баста

Девушке сделали предложение на концерте Басты: "Бери кольцо"



Москва

Фигурант дела замминистра обороны Иванова обжаловал свой арест

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net