123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 01.11.2019

Вакилони Порлумони Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон чӣ гуфтанд?

Ozodi.org 

Вакилони порлумони Тоҷикистон аз намояндагони мардумии Аврупо хостаанд, ки мавқеи худро дар бораи ҳузури мухолифони тоҷик ва аъзои созмонҳои, ба гуфтаи онҳо, мамнуъ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бозбинӣ кунанд. Дар гузашта низ ба ин монанд пешниҳодҳо аз тарафи мақомоти Тоҷикистон садо дода буд. Қаблан Петр Ивашкевич, сафири Лаҳистон дар Тоҷикистону Узбекистон, гуфта буд, созмонҳое, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ ҳастанд, аз рӯи қонунҳои ин кишвари аврупоӣ чунин арзёбӣ намешаванд ва ба ҳамин далел... Читать дальше...



Полиси Русия: Як мусофири ҳавопаймои Маскав-Кӯлоб барои майдаавбошӣ ҳабс шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Русия гуфтанд, ки як мусофири ҳавопаймои Домодедово-Кӯлобро барои “майдаавбошӣ” аз ҳавопаймо берун карданд. Рӯзи 1 ноябр вебсайти раёсати нақлиёти вазорати дохилии Русия хабар дод, ки бар асоси шикояти раиси ҳайати халабонҳо як мусофири тоҷики хатсайти Маскав-Кӯлобро аз парвоз боздошта ба ихтиёри полис супурданд. Маълум нест, ки ин ҳодиса кай рух додааст. Дар шарҳи ҳодиса гуфта мешавад, ки як мусофири ҳавопаймо, ки таҳти таъсири машрубот буд, рафтори бад мекарду бо мусофирону роҳбаладони ҳавопаймо ҳарфҳои қабеҳ мегуфт... Читать дальше...

Посбонии нирӯҳои Туркия ва Русия дар шимоли Сурия

Ozodi.org 

Нерӯҳои Туркия ва Русия нахустин посбонии якҷояи худро 1-уми ноябр дар шимолу шарқи Сурия сар карданд, ки аз рӯи созишномаи ҳафтаи гузаштаи миёни Анқара ва Маскав  ба даст омадааст.    Вазорати дифои Туркия дар Твиттер хабар дод, ки посбонии якҷоя “бо ҷузъҳои заминӣ ва ҳавоӣ” дар шарқи шаҳри сарҳадии Дарбасияи Сурия идома дорад. Вазорати дифои Русия қабул кард, ки посбонии якҷоя аз кормандони полиси низомии Русия ва марзбонони Туркия дар гузаргоҳи сарҳадии Дарбасия оғоз шудааст. Корвон аз якчанд мошинҳои зиреҳпӯш иборат аст... Читать дальше...

Азоби кӯдакони "ноаён"-и муҳоҷирон дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бино ба натиҷаҳои як пажӯҳиш, садҳо кӯдаки муҳоҷирони тоҷик дар кишвар шаҳодатномаи таваллуд надоранд ва аз гирифтани имтиёзҳои иҷтимоӣ маҳруманд. Яъне, ҷисман ҳастанд, аммо номашон дар ҷое сабт нашудааст. Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби як тарҳ дар чанд ноҳия 3 ҳазор кӯдакони ба гуфтаи онҳо "ноаён"-ро ошкор кардаанд. То кунун ба ду ҳазор нафари онҳо, ки аз 9 то 18 сол доранд, шаҳодатномаи таваллуд дода шудааст. Мақомот мегӯянд, ин вазъият ба сабаби бепарвоии волидони кӯдакон ба вуҷуд омадааст. Читать дальше...

Азоби кӯдакони "ноаён"-и муҳоҷирон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бино ба натиҷаҳои як пажӯҳиш, садҳо кӯдаки муҳоҷирони тоҷик дар кишвар шаҳодатномаи таваллуд надоранд ва аз гирифтани имтиёзҳои иҷтимоӣ маҳруманд. Яъне, ҷисман ҳастанд, вале номашон дар ҷое сабт нашудааст. Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби як тарҳ дар чанд ноҳия се ҳазор кӯдакони ба гуфтаи онҳо “ноаён”-ро ошкор кардаанд. То кунун ба ду ҳазор нафари онҳо, ки аз 9 то 18 сол доранд, шаҳодатномаи таваллуд дода шудааст.



Трамп: Ба зудӣ ҷойи имзои созиши нав бо Чин маълум мешавад

Ozodi.org 

Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Чин ба зудӣ макони наверо эълон хоҳанд кард, ки дар он ҷо ӯ ва раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин созишномаи сабук кардани ҷанги тиҷоратиро имзо хоҳанд кард. Ҷанги тиҷоратии Амрикову Чин ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарар расонидааст. Изҳороти Трамп рӯзи 31-уми октябр пас аз он садо дод, ки Чили нишасти банақшагирифтаи Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (АПЕК)-ро бекор кард. Ин нишаст мебоист дар миёнаи моҳи ноябр баргузор шавад. Умедворӣ буд... Читать дальше...

Рӯзи арвоҳ дар Душанбе

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон ин ҷашн ҷонибдору мухолиф дорад. Мухолифонаш бар инанд, ки миллӣ нест ва онро нашояд таҷлил кард.

Баъди задухӯрдҳо дар Ҳеллоуин, Ҳонгконг дар пешорӯи эътирозҳои нав

Ozodi.org 

Мақомоти Ҳонгконг минтақаи машҳури Лан Квай Фонгро, ки дар пайи ҷашни Ҳеллоуин ба саҳнаи задухӯрди полис ва эътирозгарон табдил ва дар ҷараёни он аз гази ашковар истифода шуд, субҳи 1-уми ноябр тоза карданд. Аксар эътирозгарон бо либосу рамзҳои Ҳеллоуин дар майдон ҷамъ омада буданд. Қарор аст, даври навбатии эътирозҳо дар ин шаҳри азими тиҷоратии Осиё рӯзи шанбе идома ёбад. Ҳонгконг панҷ моҳ боз саҳнаи эътирозҳост.  Норозиёни зиддиҳукуматӣ, ки барояшон пӯшидани ниқоб манъ аст, дар намоиши рӯзи... Читать дальше...

Ҳамҷинсгарои туркман баъди даъват ба идораи пулис бедарак шуд

Ozodi.org 

Қосимбердӣ Гараеви 24-сола, ҳамҷинсгаро, ки нахустин шуда дар бораи таҳаммулнопазирӣ дар ҷомеаи Туркманистон нисбат ба ин гуруҳ бо расонаҳо ошкоро суҳбат кард, пас аз даъват ба идораи пулис бедарак шуд. Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, эҳтимол дорад, Гараев боздошт шуда бошад. Дар Туркманистон ҳанӯз ҳам барои ҳамҷинсгароӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд. Гараев 24-уми октябр, пас аз чанд рӯзи нашри суҳбаташ дар сомонаи бахши туркмании Радиои Озодӣ ба пулис даъват шуд. Дар матлаб номи Гараев иваз ва танҳо синнаш зикр гашта буд. Читать дальше...

Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро озод кард, тақдири ду сокини Ворух маълум нест

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 1-уми ноябр Асилбек Каримов, шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро озод кардаанд. Масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар доданд, ки Каримов ба зодгоҳаш баргаштааст ва ҳоло дар назди пайвандон қарор дорад. Ба қавли манбаъ, раҳоии Каримов баъд аз мулоқоти ниҳодҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла сардорони нирӯҳои марзбонии ду кишвар имконпазир шуд. Мулоқот рӯзи 31-уми октябр сурат гирифтааст. Дар иттилоияи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфта шудааст... Читать дальше...

Афви блогерони муттаҳам ба нашри навори занони "танфурӯш"

Ozodi.org 

Чаҳор блогери тоҷикро, ки ба нашри навор дар бораи занони "танфурӯш" муттаҳам буданд, афв кардаанд. Пештар чанд зан гуфта буданд, ки мехоҳанд ин афрод ҷазо гиранд, зеро нашри навори онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба зиндагӣ ва обрӯяшон латма задааст. Баррасии парвандаи чаҳор блогер рӯзи 1-уми ноябр дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зери раёсати додрас Аҳмад Бобозода баргузор шуд. Вай эълон кард, ки блогерон мавриди афв қарор гирифтанд. Дар мурофиа ҳеҷ яке аз занони даъвогар ҳузур надошт. Читать дальше...

Гуруҳи ифротии "Давлати исломӣ" номи роҳбари навашро эълон кард

Ozodi.org 

Гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" хабари марги роҳбари худ Абубакри Бағдодиро тасдиқ кард. Дар як сабти аудиоӣ, ки дар Интернет нашр шуд, намояндагони ин гуруҳи ифротӣ номи роҳбари навашонро эълон карданд. Онҳо гуфтанд, ки Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайширо халифаи нав интихоб намуданд. Абубакри Бағдодӣ гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро аз соли 2014, замони зуҳури он, роҳбарӣ мекард. Дар бораи марги ӯ дар панҷ соли гузашта борҳо хабар нашр шуд, аммо дурӯғ мебаромад. Рӯзи 27-уми октябр дар бораи маҳви ӯ Доналд Трамп... Читать дальше...

Ҳомии ҳуқуқ Аъзам Турғунов соҳиби ҷоизаи People in Need шуд

Ozodi.org 

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи People in Need, ки дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех ҷойгир аст, рӯзи 31-уми октябр ба ҳомии ҳуқуқи узбекистонӣ Аъзам Турғунов ҷоизаи "Таърихи беадолатӣ"-ро тақдим кард. Ин созмон 15 соли ахир ҷоизаи "Таърихи беадолатӣ"-ро ба касоне тақдим мекунад, ки "аз сӯи ҳукуматҳои худкома таъқиб мешаванд". Дар изҳороти People in Need гуфта шудааст, ки "ҷоиза ба Аъзам Турғунов ба хотири шуҷоаташ дар баробари низоми худкома дода мешавад". Аъзам Турғунови 66-сола айни ҳол ба ҳимояи афроде машғул аст... Читать дальше...

Ҷоиза барои ҷасорат. Қадрдонӣ аз навраси 11-солаи тоҷик дар Русия

Ozodi.org 

Бахтиёр Усмонов, навраси 11-солаи тоҷик, ки тобистони имсол дар вилояти Хабаровски Русия дӯсташ Славаро аз дохили чоҳи оби ҷӯш наҷот дод, бо медали "Барои ҷасорат" қадрдонӣ шуд. Маросими тақдими ҷоиза рӯзи 1-уми ноябр дар Палатаи болоии порлумони Русия баргузор гардид. Ин аз мавридҳои хеле ками қадрдонӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аст. Дар гузашта баъзе аз муҳоҷирони тоҷик шикоят карда буданд, ки мақомоти Русия заҳмати онҳоро барои наҷоти одамон ё нодида мегиранд ё ҳангоми қадрдонӣ аз зикри номи Тоҷикистон худдорӣ меварзанд. Читать дальше...

Писари Отамбоев мегӯяд, ширкаташ ғасби рейдерӣ мешавад

Ozodi.org 

Сайидбек Отамбоев, писари президенти пешин ва боздоштшудаи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо навиштани як номаи боз ба унвони омбудсмени тиҷорати ин кишвар Робин Орд-Смит гуфт, кушиши ғасби рейдерии ширкати марбут ба ӯ ҷараён дорад. Отамбоеви хурдӣ дар номааш гуфтааст, ки ширкати вай ҳеҷгоҳ ба муштариёни оддӣ - шаҳрвандон нерӯи барқ интиқол намедод ва танҳо ширкатҳои бузургро бо барқ таъмин мекард. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ширкат ҳечгоҳ дар тендерҳо иштирок ва дар умури давлат дахолат накардааст.... Читать дальше...

Номаи Президенти Радиои Озодӣ ба Сироҷиддин Муҳриддин

Ozodi.org 

Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми октябр бо ирсоли номае ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон, аз тасмими ин вазорат, ки баъзе хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодиро сабти ном накард ва барои бархе дигар барои муҳлати кӯтоҳ иҷозаи фаъолият дод, интиқод намуд. Флай дар нома гуфтааст, ин тасмим монеи анҷоми рисолати рӯзноманигорони Радиои Озодӣ дар дохили Тоҷикистон мешавад. "Ба ҷои пардохтан ба нигарониҳои мо, вазорати шумо фақат дирӯз ба дархостҳои батакрори мо барои дарёфти аккредитатсия посух дод. Читать дальше...


Музыкальные новости
Семён Слепаков

Никита Михалков назвал Слепакова талантливым артистом и пожалел его





Персональные новости
Александр Бастрыкин

Бастрыкин взял на контроль дело о калечащем пациентов нейрохирурге из Москвы





ДОИШ кушта шудани Абубакр Бағдодиро тасдиқ кард

Ozodi.org 

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" бори нахуст ҳалокати раҳбари худ Абубакр Бағдодиро тасдиқ кард. Дар бораи ҳалокати Бағдодӣ дар "Аъмоқ" -- сомонаи марбут ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" иттилоъ дода шудааст. Раҳбари пешини ДОИШ дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои ҳавоӣ ва заминии Амрико дар Сурия кушта шуд. Ба гуфтаи президенти ИМА Доналд Трамп, Бағдодӣ худро таркондааст. Маҳали будубоши ӯро яке аз атрофиёни наздикаш ошкор кардааст. Вазорати дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбе аксу видеоҳои амалиётро расонаӣ кард. Дар наворҳо дида мешавад... Читать дальше...

Озодӣ Онлайн: "Барои аҳолӣ нархи барқро осмонӣ кардед, боз чӣ мехоҳед?" ВИДЕО

Ozodi.org 

Эътирози як зан пушти дари комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур ва баҳсҳо дар бораи маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ, аз мавзуҳои аслии барномаи имрӯзаи Озодӣ Онлайн аст. Корбаре аз назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур ба мо навор фиристод, ки дар он эътирози зане дида мешавад. Ба гуфтаи корбари Озодӣ, писари 17-солаи ин занро барои ба артиш бурдан, ба бинои комиссариат овардаанд.  Дар Тоҷикистон даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш идома дорад. Масъулони комиссариати ҳарбӣ ҳамеша... Читать дальше...

Ба масҷидҳои Узбекистон "тавсия" шуд бо баландгӯяк азон надиҳанд

Ozodi.org 

Сар аз аввали ҳафтаи равон дар масҷидҳои шаҳри Намангон азон гуфтан бо баландгӯяк қатъ шудааст. Фаъоли намангонӣ Аббос Асад 30 октябр ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, "3-4 рӯз мешавад бе баландгӯяк азон медиҳанд". "Бо дастури имом-хатиби Намангон дар масҷидҳои шаҳр бо баландгӯяк азон намедиҳанд. Чанде пеш бо як муаззин дар ҷанозае вохӯрдам ва аз ӯ пурсидам, ки чаро садои азон шунида намешавад, оё вазъ дар тамоми масҷид ҳаминтавр аст, ӯ гуфт, ки касе аз баланд садо додани азон ба мансабдорон шикоят кардааст",-афзуд Асад. Читать дальше...

Конгрессменҳо тартиби изҳори нобоварӣ ба Трампро қабул карданд

Ozodi.org 

Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА ба ҷонибдорӣ аз тартиби раванди изҳори нобоварӣ ба президенти 45-уми ин кишвар Доналд Трамп раъй дод. Қатъномаро аз 431 вакил 232 нафар ҷонибдорӣ карданд. Тафтиши порлумонӣ зидди Трамп 24 сентябри соли равон оғоз шуд. Санади қабулшуда пешбинӣ мекунад, ки президенти ИМА ва мухолифони изҳори нобоварӣ ба ӯ дар Конгресс чи ҳуқуқ доранд. Аъзои Маҷлиси намояндагон 31 октябр на ба барканории Трамп, балки барои таъйини қоидаи гузаронидани тафтишоте раъй доданд, ки эҳтимол аст, бо барканории президент анҷомад. Читать дальше...

Зикри номи Қазоқистон дар пажуҳиши фасодкорӣ дар ИМА

Ozodi.org 

Дар ИМА ду тан аз роҳбарони пешини ширкати монакоии Unaoil, ки худро мушовирони бахши газу нафт унвон мекунанд, иштирокашонро дар бастани шартномаҳои фасодолуд дар 9 кишвар, аз ҷумла Қазоқистон тасдиқ карданд. Ба иттилои вазорати адлияи ИМА, Сайрус Аҳсании 51-сола ва Саман Аҳсании 46-сола моҳи марти соли ҷорӣ худро дар бастани шартномаи хариду фурӯши нафту газ бо назардошти манофеи ширкатҳо айбдор донистаанд. Ин амали онҳо хилофи қонун дар бораи фасодкорӣ дар хориҷ унвон мешавад. "Аҳсаниҳо ки шаҳрванди Бритониё ҳастанд... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Like FM – федеральный партнер релиза «Идеальная зависимость»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Новак Джокович

Что чаще всего едят на завтрак дети Елены и Новака Джокович?


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Швеция хочет ограничить доступ в Балтийское море российским танкерам





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии отечественного судостроения   


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Очередные кадровые назначения объявлены в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

В Москве арестован на пять суток историк-публицист Сергеев за пост памяти Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Тимати

Экс-девушка Тимати Шишкова завела новый роман



Москва

Под «Открытым небом»: как стартовал 46-й ММКФ

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net