123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 22.11.2019

Gallup Тоҷикистонро кишвари амн номид, аммо на ҳама розиянд

Ozodi.org 

Маркази назарсанҷии "Gallup" Тоҷикистонро дар қатори 12 кишвари амни ҷаҳон ҷой додааст, ки "сокинонаш ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд". Расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз ин хулоса пуштибонӣ ва хабари онро дарҳол нашр карданд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, натиҷаи назарсанҷӣ ба маъное нест, ки Тоҷикистон пурра ба як кишвари амну бехатар табдил ёфтааст. Гузориши нави "Геллап" дар оғози моҳи ноябр нашр шуд ва хулосаи сокинонро дар бораи эҳсоси хатар ва амнияташон дар 142 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад. Читать дальше...

Вокуниши дафтари Ҷеенбеков ба таҳқиқот дар бораи фасоди густурда дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бори дигар баён дошт, ки раҳбари давлат ҳеҷ робитаи тиҷоратӣ бо марде, ки дар маркази таваҷҷуҳи як таҳқиқоти муштараки бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP, ва сайти хабари Kloop қарор гирифтааст, надорад. Ин таҳқиқот аз фасоди густурда дар Хадамоти гумруки ин кишвар ва берун бурдани пули нақд аз Қирғизистон қисса мекунад. Сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ Толгонай Стамалиева дар баёнияе, ки рӯзи 22-юми ноябр ба нашр расид, гуфт, ки Ҷеенбеков қабл аз... Читать дальше...



Ваъдаи кор дар Чехия дурӯғ баромад

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Товус Хушқадамова ва Бахтиёр Арбобов, ду масъули ширкати "Гардуна"-ро бо гуноҳи фиреби даҳҳо нафар ва аз худ кардани 90 ҳазор доллари онҳо 8 сол зиндонӣ кардааст. Ҳоли ҳозир ду намояндаи дигари ширкати "Гардуна", ки якеаш шаҳрванди Ҷумҳурии Чех аст, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд.

Даъвати Помпео аз мардуми Эрон

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 21-уми ноябр аз эрониҳо даъват кард, ки видеову суратҳо ва маълумоти дигарро дар бораи саркӯби эътирозгарон аз тарафи режим ба онҳо фиристанд, зеро мақомоти Эрон оҳиста-оҳиста дастрасиро ба интернет кам мекунанд. Помпео 21-уми ноябр ба забонҳои англисӣ ва форсӣ дар “Твиттер” навишт: “Амрико бадрафториҳоро ошкор мекунад ва ҷазо медиҳад.” Ин дар ҳолест, ки расонаҳои эронӣ хабар доданд, хизматрасонии интернет пас аз пурра баста шудан дар минтақаҳои гуногуни кишвар барқарор гардидааст. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 22-уми ноябри соли 2019

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷикро ҳамчун фишанги фишор болои ҳукумат истифода мебаранд, мегӯяд, Раиси Маҷлиси Намояндагон, ваъдаи кор дар Чехия дурӯғ баромад, сарбози бемор ба артиш даъват шуд, афзоиши шумораи талоқ дар Тоҷикистон ва матолиби дигар.

Трамп: Ҳукумати Эрон бо қатъи интернет дар пайи пинҳон кардани "қатл ва фоҷеа" аст

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлати Муттаҳидаи Амрико ҳукумати Эронро ба монеи иттилоърасонӣ дар бораи хушунат дар баробари эътирозгарон дар ин кишвар, муттаҳам кард. Оқои Трамп рӯзи панҷшанбеи 21-уми ноябр дар "Твиттер"-и худ навишт, "Эрон ба андозае бесубот шудааст, ки режими он тамоми системаи интернетро қатъ кардаааст, то миллати Эрон натавонад дар бораи хушунатҳои ваҳшатноке, ки дар ин кишвар сурат мегирад, суҳбат кунанд". Ӯ афзудааст, ки мақомҳои Эрон фикр мекунанд, ки ҷаҳон аз марг ва фоҷеае... Читать дальше...



Амрико муомилаи низомии Туркияву Мисрро бо Русия танқид кард

Ozodi.org 

Як мансабдори баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Амрико муомилаи низомии Туркияву Мисрро бо Русия зери тозиёнаи танқид гирифт ва ҳушдор дод, ки агар ҳампаймонони Иёлоти Муттаҳида аз роҳи худ барнагарданд, ба зидди онҳо таҳрим ҷорӣ хоҳад шуд. Ин мақом бе зикри номаш рӯзи 21-уми ноябр гуфт, агар Анқара мехоҳад, бо Вашингтон муносибати хуб дошта бошад, бояд аз харидани системаи дифоии зиддимушакии S-400 аз Русия "даст кашад". Туркия узви НАТО аст ва моҳи июли имсол аз Русия системаи дифоии зиддимушакӣ харид. Читать дальше...

Дар Русия хоҳони таҳқиқи изҳороти Рамазон Қодиров шуданд

Ozodi.org 

Масъулони созмони ҳомии ҳуқуқи башари “Мемориал” ва гуруҳи Ҳелсинки дар Маскав бори дигар аз Кумитаи тафтишотии Русия хостаанд, ки даъвати Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистонро таҳқиқ кунад. Қодиров қаблан гуфта буд, корбарони интернетро барои таҳқиру тавҳин дар олами маҷозӣ зиндонӣ кунанд, тарс диҳанд ва ё бикушанд. Вай изҳор дошт, ки таҳдиди куштану тарсондан бахше аз “ахлоқи чеченҳост”. Олег Орлов, раиси созмони “Мемориал” гуфт, даъвати раҳбари Чеченистон шаъну шарафи мақомоти маҳаллӣ ва федеролиро... Читать дальше...

Таҳқиқоти муштарак аз пулшӯии мақомоти қирғиз парда бардошт

Ozodi.org 

Як соҳибкори марбут бо Қирғизистон, ки дар Туркия ба қатл расид, ба таври пинҳонӣ далелҳои зиёдеро дар бораи фасод дар Хадамоти гумруки Қирғизистон ва берун баровардани пули зиёд аз ин кишвар ҷамъ карда будааст. Аэркин Сайматӣ, соҳибкори 37-солаи уйғур аз Чин, рӯзи 10-уми ноябр дар Туркия кушта шуд. Дар ин бора таҳқиқоти муштараки Радиои Озодӣ бо расонаҳои қирғизӣ ва Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) рӯзи 21-уми ноябр нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, Сайматӣ аснодеро ҷамъ карда буд... Читать дальше...

Баҳси вазъи муҳоҷирон дар порлумони Тоҷикистон

Ozodi.org 

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, онҳо "дар баъзе аз давлатҳо ҳамчун фишанг истифода мешаванд". Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни ҷаласаи рӯзи 22-юми ноябр баён намуд. (Садои Шукурҷон Зуҳуров)

Буҷаи соли 2020 қабул шуд. Баҳси андоз дар порлумони Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вакилони Маҷлиси Намояндагон дар иҷлосияи рӯзи 22-юми ноябр тарҳи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020-ро қабул карданд. Даромади буҷаи Тоҷикистон барои соли оянда 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 2 миллиарду 600 миллион доллар) ва қисмати хароҷот 26,4 миллиард сомонӣ муайян шуд. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ки дар назди вакилон тарҳи буҷаи соли ояндаро муаррифӣ кард, гуфт, бахши даромади буҷаи кишвар дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 тақрибан даҳ дарсад бештар муайян шудааст. Читать дальше...

Зуҳуров: "Муҳоҷирони мо дар баъзе давлатҳо ҳамчун фишанг истифода мешаванд"

Ozodi.org 

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, онҳо "дар баъзе аз давлатҳо ҳамчун фишанг" истифода мешаванд. Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни ҷаласаи порлумон, ки буҷаи пешниҳодии ҳукуматро барои соли оянда баррасӣ мекард, баён намуд. Дар гузашта як намунаи ошкоро дида шудааст, ки Русия бо талаби озод кардани ду халабони боздоштшуда барои қочоқ ва убури ғайриқонунии марз, даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ронд. Вале солҳои охир... Читать дальше...

Ҳушдор аз рафтори Гуглу Фейсбук. Нигаронӣ аз "озори интернетӣ" дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) ҳушдор дод, ки тасаллути ҳамаҷонибаи Google ва Facebook ба иттилооти шахсии миллиардҳо нафар дар Интернет ҳуқуқи башарро ба хатар меандозад. Ин созмон рӯзи 21-уми ноябр дар гузориши "Ғӯлҳои назораткунанда: Чӣ гуна модели тиҷоратии Google ва Facebook ба ҳуқуқи башар таҳдид мекунад" хостори тағйири шеваҳои ҷамъоварии иттилоот ва баҳраҷӯӣ аз он аз сӯи ин ду ширкати азими интернетӣ шудааст. Ин ду ширкат ёфтаҳо ва танқидҳои Афви Байнулмилалро зери суол бурдаанд. Читать дальше...

ИМА қасд дорад омилони таъқиби эътирозгарон дар Эронро таҳрим кунад

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео аз мардуми Эрон даъват кардааст, наворҳои видеоӣ ва дигар аснодеро, ки таъқиби эътирозгарон аз ҷониби ҳукумати Эронро собит кунад, ба ИМА тақдим намоянд ва  Вашингтон омилони ин таъқибҳоро таҳрим хоҳад кард. Помпео дар ин бора рӯзи 21-уми ноябр бо забони анлисиву форсӣ дар шабакаи "Твиттер" изҳорот пахш намуд. Таъқиби эътироз аз ҷониби ҳукумати Эрон, ки баъди маҳдуд ва боло бурдани нархи бензин сар задааст, аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Читать дальше...

Ҷоми Тоҷикистон-2019 аз кадом даста мешавад - "Истиқлол" ё "Регар-ТадАЗ"?

Ozodi.org 

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол 24-уми ноябр миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ҷоизадори биринҷии мусобиқаи имсолаи лигаи олии кишвар, доир мегардад. Бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор рӯзи якшанбе соати 14:00 шуруъ мешавад. Агар «Истиқлол» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 ғолиб ояд, онгоҳ роҳхат ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 насиби ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон-2019 – дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд - мегардад. Читать дальше...


Музыкальные новости
Фрэнк Синатра

Леонардо Ди Каприо сыграет Фрэнка Синатру в новом байопике Мартина Скорсезе





Персональные новости
Николай Патрушев

Патрушев провел в Москве ряд двусторонних переговоров





Узбекистон аз додани қарзҳои боимтиёз даст мекашад

Ozodi.org 

Сар аз 1 январи соли 2020 Узбекистон марҳила ба марҳила аз таҷрибаи додани қарзҳои боимтиёз даст мекашад. Чунин фармонеро роҳбари он давлат ахиран имзо кард. Ҳуҷҷати имзошуда ба бонкҳои тиҷорӣ иҷозат медиҳад, ки ҳаҷми фоизро мустақилона муайян кунанд. Танҳо барномаҳои давлатӣ ва қарзҳои кишоварзӣ имтиёз хоҳанд дошт. Дар ҳоли ҳозир Бонки марказии Узбекистон ҳаҷми бозпардохт ё бозтамвилро 18 дарсад муайян кардааст. Барои мисол, дар доираи лоиҳаи "Ҳар хонавода - соҳибкор" қарзҳои 8 фоизӣ ва дар... Читать дальше...

Нурмуҳаммадзода: "Ҳар 2 бонки дучори мушкил ба фаъолият идома медиҳанд"

Ozodi.org 

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки масъалаи бозхонд кардани иҷозатномаи фаъолияти "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" -- ду бонки калонтарини Тоҷикистон, дар миён нест. Ин гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар посух ба пурсиши вакилони Маҷлиси Намояндагон садод дод, ки аз тақдири амонатгузорони ин ду бонк нигаронӣ карданд. Ҷаноби Нурмуҳаммадзода ҳамзамон гуфт, ки раванди бозгардонидани маблағҳои муштариён аз сӯи "Тоҷиксодротбонк" ва "Агроинвестбонк" идома дорад ва раҳбарияти ин бонкҳо талош доранд вазъро беҳтар кунанд. Читать дальше...

Пешниҳоди аз андоз озод кардани мошинҳои барқӣ дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Як гуруҳи вакилони порлумони Қирғизистон ворид кардани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳоеро пешниҳод карданд, ки иҷозат медиҳад, мошинҳои барқӣ аз андоз озод карда шаванд. Дар ин бора лоиҳае дар баррасии омма қарор дорад. Андоз аз арзиши иловашуда барои мошинҳои барқие бекор карда мешавад, ки дар корхонаҳои Қирғизистон истеҳсол шудаанд. Ҳамчунин ҳангоми воридоти мошинҳои барқӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо боҷ ситонида нахоҳад шуд. "Лоиҳаи қонун барои мошинҳои барқӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, ки... Читать дальше...

Русия қонуни рӯзноманигорони "агенти хориҷӣ"-ро қабул кард

Ozodi.org 

Думаи давлатии Русия дар қироати севум лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-ро қабул кард, ки бар асоси он, минбаъд шахсони воқеӣ низ "агент" номида хоҳанд шуд. Барои намуна, онҳое, ки дар расонаҳо кор мекунанд ё дар Интернет матлаб нашр менамоянд, аллакай "агент" ҳастанд. Мақомоти Русия "Радиои Озодӣ", "Садои Амрико" ва телевизиони "Настояшее Время"-ро "агенти хориҷӣ" эътироф кардаанд. Тағйиру иловаҳо ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки барои паҳни матлаб аз кишвар, ниҳод, шаҳрванд... Читать дальше...

Шаҳрдори қазоқ аз мақом барканор шуд

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 21 ноябр дар Твиттер навишт, ки шаҳрдори Тараз Кайрат Досаев аз мақомаш барканор шуд. "Ба раиси вилояти Ҷамбил дастур дода шуд, шаҳрдори Таразро дар робита ба ҳодисаи як мактаби ин шаҳр, ки дар он хонандаи 12-сола осеб дид, аз мақом барканор кунад. Ба худи раиси вилоят огоҳӣ дода шуд",- афзудааст президенти Қазоқистон. 15-уми ноябр дар ҳоҷатхонаи яке аз мактабҳои шаҳри Тараз, ки дар кӯча ҷойгир аст, хонандаи синфи 7-ум таҷовуз карда шуд. Дар робита ба ин ҳодиса тафтишотро оғоз карданд. Читать дальше...

Порлумон хост, 40%-и мансабҳоро ба занон диҳанд. Ҳукумат чӣ гуфт?

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди вакилони порлумонро дар бораи бештар кардани сафи занони мансабдор рад кардааст. Феълан дар Тоҷикистон тақрибан 19 ҳазор хидматчии давлатӣ ҳастанд ва аз ин ҳисоб 24 дарсад занонанд. Вакилон ҳангоми ислоҳи қонун дар бораи хидмати давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки ин рақам то 40 дарсад боло бурда шавад. Намояндагони ҳукумат гуфтаанд, масъалаи қабули занон ба кор дар идораҳои давлатӣ дар қонунҳои дигар ҳал шудааст.   Ҳоли ҳозир аз 21 узви ҳукумати Тоҷикистон як зан дар мақоми вазири меҳнату муҳоҷират кор мекунад. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Победа спортсменов Центра боевых искусств


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Новак Джокович

Легенда тенниса рассказал, готов ли он опять стать тренером Джоковича


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Экологический телемост регоператора МСК-НТ связал школьников Подольска и Москвы





Путин в России и мире
Москва

Площадь трех вокзалов в Москве получит новое имя


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко ограничил выплату дивидендов гражданам недружественных стран




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Байден заверил Зеленского в скорых поставках новых пакетов помощи


Навальный в России и мире
Москва

Мосгорсуд оставил в СИЗО журналистку Фаворскую, обвиняемую в экстремизме за репортажи о Навальном



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Сергей Прокофьев

Мариинский театр 23 апреля отметит рождения композитора Прокофьева



Москва

В Мурманске открылась фотовыставка о людях, работающих на инвестиционных проектах и ключевых предприятиях региона

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net