Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ сар шуд. Корбурди барқ коҳиш хоҳад ёфт? ВИДЕО

0
Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ сар шуд. Корбурди барқ коҳиш хоҳад ёфт? ВИДЕО

Мавсими гармкунии хонаҳо дар шаҳри Душанбе имсол аз охири октябр шурӯъ шуд. Маркази гармӣ ва барқ акнун ҳардуро ба мардум мерасонад, а​ммо ба фарқ аз соли гузашта, сокинон барои ҳарду маблағи бештар пардохт хоҳанд кард.

Ба кор шурӯъ кардани бухорӣ ё батареяҳои гармидиҳӣ дар пойтахт дар ҳолест, ки сокинон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз ҷорӣ шудани лимит ё маҳдудияти барқ ба хонаҳояшон дар оғози фасли сармо шикоят мекунанд. Мақомот ҳамагуна маҳдудиятро рад карда мегӯянд, сабаб “таъмир дар хатҳои барқ аст". Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" қарор аст, на танҳо ҳарорат, балки барқ диҳад ва мушкили мардумро бартараф намояд. Аз сӯйи дигар коҳиши истифодаи барқ барои гарм кардани манзилҳо шиддатро дар хатҳо ва ҳам садамаҳоро камтар хоҳад кард.

Гулрухсор, як сокини пойтахт баъди солиёни зиёд имсол ба бухориҳои барқӣ ниёз нахоҳад дошт. Хонаи нави ӯ воқеъ дар маҳаллаи 82 ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст аст ва ӯ мегӯяд, имсол дигар бо сардӣ мушкил нахоҳад дошт.

"Аз рӯзе ки ҳаво хунук шуд, батареяҳои гармидиҳии моро сар доданд. Шавҳарам онро тоза ва омода карда буд. Хонаҳо акнун гарм. Пештар дигар дастгоҳҳои гармидиҳии барқиро мемондем," - мегӯяд Гулрухсор.

Имсол ба фарқ аз солҳои қаблӣ, нархи нерӯи гармӣ дар шаҳри Душанбе барои сокинон ва ташкилоту идораҳои будҷавӣ ва ҳам хусусӣ баланд бардошта шуд. Бо фармони ҳукумат нархи нерӯи гармӣ барои 1 метри мураббаи манзили сокинон дар Душанбе 1 сомониву 18 дирам муқаррар шудааст. Қаблан сокинон барои 1 метри мураббаъ 1 сомониву 03 дирам пардохт мекарданд.

Бо вуҷуди ин сокинон мегӯянд, интиқоли гармӣ ба хонаҳояшон масрафи барқро камтар кардааст.

Наргис Мирзоева дар ошёнаи 9-ум зиндагӣ мекунад. Хонаи ӯ ҳам ҳарчанд қисман, аммо аллакай бо нерӯи гармӣ таъмин аст. Наргис ба фурӯши сабзавот машғул аст ва мегӯяд, бо ин ҳол дар зимистон харҷаш кам мешавад. 

Ба гуфтаи ӯ, “ду сол боз мо бо нерӯи гармӣ дар зимистон таъминем. Батареяҳои як қисми хона ҳоло чандон хуб кор намекунанд. Аммо дар ҳар сурат аз солҳои пештара вазъ хеле беҳтар аст. Пештар пули барқ то 200 сомону бештар аз он буд, ҳоло ки гармиро медиҳанд, аз ҳисоби барқ ҳам каме сарфа мешавад."

                Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

 

То ду сол пеш аксарияти бинову иншооти Душанбе аз нерӯи гармии марказонидашуда маҳрум буданд. Бо шурӯи кори Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" ки бо 380 миллион доллар қарзи Чин сохта шуд, аксари иншооту биноҳои шаҳр ба манбаи нерӯи гармӣ васл шуданд. Ширкати чинии TBEA бар ивази бунёди ин марказ ду кони тилоро дар ноҳияи Айнӣ соҳиб гашт. Ҳукумати Тоҷикистон ин ширкатро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз ҳам озод кард.

Тибқи иттилои ширкати "Барқи тоҷик” гармии 350 иншоот ва биноҳои истиқоматии сокинон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маркази барқу гармидиҳӣ таъмин мешавад.

Аммо сокинони шаҳрнишине, ки ҳанӯз аз низоми гармидиҳӣ маҳруманд аз ҳоло ба фикри зимистонгузаронӣ ва гарм кардани хонаҳояшон афтодаанд. Онҳо бо ҳар роҳ, харидани бухориҳои барқӣ ва маводи сухт ба сардиҳои зимистон омодагӣ мегиранд.

Зуҳро Сайдалиева, як сокини пойтахт, ки ба бозори “Султони Кабир” барои фаҳмидани нархи бухориҳои барқӣ омада буд, гуфт, онҳо ҳанӯз аз шабакаҳои гармӣ маҳруманд. 

“Мо ҳанӯз аз бухориҳои барқӣ истифода мебарем. Пули барқ зиёд кор мекунад, қариб тамоми маоши як нафарамон ба барқ меравад. Албатта, мунтазирем, ки нерӯи гармӣ то ба ҷойи мо ҳам мерасад. Аз онҳое, ки хонаашон бо гармӣ таъминанд, шунидаем, ки хеле роҳат аст, махсусан барои кӯдакон дар фасли сармо,”- гуфт ин сокини Душанбе.

Тоҷирони бухориҳои барқӣ мегӯянд, солҳои ахир бо пайваст шудани як қисми биноҳои шаҳр ба шабакаҳои гармидиҳӣ савдои онҳо ҳам дигар кунд шудааст. 

Зикриддин Асоев, як соҳибкори бозори “Cултони Кабир” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳар сол дар ин шабу рӯз то 30-40 адад бухорӣ савдо мекардем. Аз рӯзе, ки гармидиҳиро сар шуд, як-ду дона савдо мекунем. Онро ҳам бисёриҳо барои туҳфа мегиранд. Савдояш суст шудааст, нархаш ҳам имсол арзонтар аст.”

Масъулон мегӯянд, интиқолӣ гармӣ ба биноҳои дигари шаҳр идома дорад. Қарор аст имсол 2180 бинову иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин шаванд. Он гоҳ истифодаи нерӯи барқ дар кишвар коҳиш ёфта, сокинони дигар, бахусус минтақаҳои рустоӣ бештар ба он дастрасӣ хоҳанд дошт.

Дар зимн ду ҳафтаи ахир сокинон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз ҷорӣ шудани лимит ё маҳдудияти барқ ба хонаҳояшон изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо аз он метарсанд, ки дар остонаи фасли зимистон "лимит"-и интиқоли нирӯи барқ шуруъ шудааст. Мақомот ҳама гуна маҳдудиятро рад карда, гуфтанд, "сабаби қатъи рӯшноӣ ба хонаҳои мардум таъмир дар хатҳои барқ барои омодагӣ ба зимистон аст". Вале мардум ба ин эъломия зиёд бовар надоранд.

Мушкили кори бухориҳои гармидиҳии дохили манзилҳо солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон пайдо шуд. Беш аз ду даҳсола сокинон дар манзилҳои сард ва бо истифода аз бухориҳои худсохту барқӣ зимистонро пушти сар мекарданд. Дар Душанбе маъмулан мавсими гармидиҳӣ миёнаҳои моҳи ноябр шурӯъ шуда, то охири моҳи март идома мекунад.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин фразой «ходят слухи словно мухи» прокомментировал уход замов в кабмин


Спорт в России и мире
Москва

Пресс-служба «Лужников» опровергла информацию о концерте Канье Уэста в Москве


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублёв стал победителем «Мастерса» в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

EDI-провайдер для ритейла Docrobot вошел в группу компаний СКБ Контур





Путин в России и мире
Москва

Токаев в Москве поздравил Путина с вступлением в должность президента России


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко: Минск не будет рисовать никаких линий, мгновенно ответит на агрессию




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

В США прокомментировали подготовку покушения на Зеленского


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Юрий Башмет

В Мурманске пройдет очный отбор в юношеский симфонический оркестр Юрия Башмета



Москва

Второго фигуранта по делу Иванова оставили под арестом до 23 июня

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net