Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Новости за 18.11.2019

Қатар - қаҳрамони Осиё барои бозӣ бо Афғонистон ба Душанбе омад

Ozodi.org 

Тими миллии футболи Қатар – барандаи Ҷоми Осиё-2019 барои  бозӣ бо мунтахаби Афғонистон дар рақобатҳои муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми миллатҳои Осиё-2023 ба пойтахти Тоҷикистон – Душанбе – омад. Бозии гурӯҳи “Е” миёни тимҳои миллии Афғонистон ва Қатар шоми сешанбеи 19-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад. Ба ҷуз аз Афғонистону Қатар, ба гурӯҳи «Е» дастаҳои мунтахаби Бангладеш, Умон ва Ҳиндустон дохиланд. Дар ин гурӯҳ мунтахаби Қатар бо 10 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Читать дальше...

Ҳокими Фарғона ба деҳқони ришдор қарзи боимтиёз надод

Ozodi.org 

Дар вилояти Фарғонаи Узбекистон рӯзи 12 ноябр чорабиние баргузор гардид, ки дар рафти он ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев тақсими қарзҳои боимтиёзро барои соҳибкорон ва деҳқонон баррасӣ кард. "Дар ин чорабинӣ соҳибкорон аз ноҳияҳои Қуқанду Марғилон дар доираи барномаи президентӣ қарзи боимтиёз дарёфт карданд. Дар ин чорабинӣ соҳибкорон ва намояндагони бонкҳо низ ширкат доштанд", - гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Шуҳрат Ғаниев соҳибкорон ва деҳқонони ришдорро таҳқир кард. "Ҳоким деҳқони ришдореро аз чорабинӣ пеш кард. Читать дальше...

Мунтахаби наврасони Бразилия қаҳрамони ҷаҳон шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони Бразилия, ки дар бозии ниҳоӣ тими Мексикаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 миёни футболбозони то 17-сола гардид. Бозии ниҳоӣ миёни ду дастаи мунтахаби наврасон - Мексика аз Амрикои Шимолӣ ва Бразилия аз Амрикои Ҷанубӣ - 17-уми ноябр дар Бразилия баргузор шуд.  Пеш аз финал дар Бразилия бозӣ барои ҷойи севум миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Нидерланд ва Фаронса доир гардид. Бозӣ бо ғалабаи футболбозони навраси фаронсавӣ бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Читать дальше...



Лукашенко гуфт, боз президент шуданӣ аст

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки раъйдиҳандагон дар интихоботи порлумонии Беларус раъй доданд, раиси ҷумҳури ин кишвар Александр Лукашенко тасдиқ кардааст, ки дар интихоботи президентии соли 2020 худро номзад хоҳад кард. "Номзадиамро дар ин интихобот пешниҳод хоҳам кард", -- изҳор дошт ӯ ва афзуд, агар мардум ӯро нахоҳанд, курсии раёсати ҷумҳуриро маҳкам нахоҳад гирифт. Лукашенко, ки рӯзи 17-уми ноябр дар Минск ба хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, интихоботи навбатии президентии Беларус, қарор аст, тобистони соли оянда баргузор шавад. Читать дальше...

4,5 ҳазор қазоқтабор аз шаҳрвандии Чин даст кашидаанд

Ozodi.org 

Аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ 4,5 ҳазор қазоқтабори Чин аризаи даст кашидан аз шаҳрвандии ин кишварро навиштаанд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар медиҳад. Ба иттилои ин вазорат, 9 моҳи соли ҷорӣ сафорати Қазоқистон дар Чин ба 35 ҳазор қазоқтабор визаи вуруд ба Қазоқистонро додааст. "Нуҳ ҳазору чаҳорсад қазоқтабор барои мулоқот бо пайвандонашон дар Қазоқистон иҷозат дарёфт кардаанд",-омадааст дар хабари вазорат. Ба иттилои ин ниҳод, аз моҳи январ то августи соли ҷорӣ... Читать дальше...

Таҳдиди шаҳрдори Тошканд ба рӯзноманигорон

Ozodi.org 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ 16 ноябр наворе нашр шуд, ки дар он марди садояш монанд ба шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев рӯзноманигоронро ба қатлу зиндон таҳдид карда, мегӯянд, онҳоро дар шаш сония ҳамҷинсгаро хоҳад кард. Зоҳиран навор ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон сабт шудааст. "Як ҳафта пеш дар бораи корхонаҳои ман навиштанд ва онҳоро инҳисор номиданд. Агар ҳозир барояшон 10 ҳазор доллар бидиҳӣ, ситоишро оғоз хоҳанд кард. Онҳо кӣ ҳастанд? Палидҳои пастанд! Онҳо фарзанди инсон ё саг бошанд?",-мегӯяд марде, ки дар навор суҳбат дорад. Читать дальше...

Қирғизистон барои рафъи хатари партовгоҳҳои уран 5,7 млн евро дарёфт мекунад

Ozodi.org 

Ин тасмим дар IV ҷаласаи Ассамблеяи сармоягузорони барқарорсозии муҳити зист барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Лондон гирифта шуд, ки дар он муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов иштирок дошт. "Масъалаи безараргардонии партовгоҳҳои уран дар Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои муҳими кори ҳукумат аст. Мехоҳам, ба Бонки аврупоии рушд ва бозсозӣ барои ҷудо кардани грант ба ду тарҳи безараргардонии партовҳои уран дар деҳаи Минқуш ва шаҳри Майлуу-Сууи Қирғизистон ба маблағи 5,7 млн евро миннатдорӣ баён кунам. Читать дальше...

Тоҷикистон мехоҳад, ҳудуди 1 миллиард доллари дигар қарз бигирад

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, дар се соли оянда аз кишвару созмонҳои хориҷӣ ҳудуди як миллиард доллари дигар қарз бигирад. Айни замон қарзи берунии Тоҷикистон ба тақрибан 2 миллиарду 900 миллион доллар ва ба беш аз 35 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар аст. Агар қарзи ҳозираи Тоҷикистонро ба сари аҳолии кишвар тақсим кунем, пас, ҳар шаҳрванд каме беш аз 318 доллар аз созмону кишварҳои хориҷӣ қарздор аст. Коршиносон мегӯянд, аз рӯйи меъёрҳои қарзгирӣ Тоҷикистон ба хатти сурх наздик шудааст... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Жулин заявил, что ему нужен миллион рублей для комфортной жизни в Москве


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Свентек стала первой полуфиналисткой турнира WTA-1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Изменение климата обойдется человечеству в 35 трлн долларов в год





Путин в России и мире
Москва

Кремль: Рахмон приглашен в Москву на празднование Дня Победы


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Полина Гагарина

Полина Гагарина опровергла «уход на пенсию» и рассказала о новом рубеже



Москва

МВД: в Омске шестилетняя девочка выпала с балкона квартиры на 13-м этаже

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net