Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Боқиев буд, Петров шуд. Набераи президенти фирорӣ чӣ гуна зиндагӣ дорад?

0
Боқиев буд, Петров шуд. Набераи президенти фирорӣ чӣ гуна зиндагӣ дорад?

Руслан – писари Марат Боқиев ва набераи раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев – дар Беларус бо насаби Петров истиқомат ва тиҷорати бузургеро идора мекунад. Дар ин бора расонаҳои Белорус хабар доданд.

Руслан Петрови 25-сола яке аз моликони ширкатест, ки дар сохтмони маҷмааи Centropol дар Минск саҳм дорад. Centropol дар маркази шаҳри Минск ҷойгир буда, қарор аст, соли 2020 ба истифода дода шавад ва дар ин маҷмаа қиморхона (казино), марказҳои тиббӣ, дилхушӣ, мағоза, тарабхона ва қаҳвахонаи тобистона сохта мешавад.

Сармояи ин тарҳ 80 миллион доллар арзёбӣ шудааст.

Рӯзноманигорони Беларус дақиқ карданд, ки 75 дарсади саҳмияҳои ширкати сохтмонии Forpaton Resource LP ба Руслан Петров, шаҳрванди 25-солаи Беларус тааллуқ дорад.

Боқиев Руслан Маратович соли 2010 ба факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Беларус дохил шудааст. Номи ӯ дар феҳрасти донишҷӯён ҳаст, вале баъд аз як сол дар ин факулта Петров Руслан Маратович таҳсил кардааст.

Сомонаи Naviny.by бо такя ба маълумоти расмӣ навишт, ки Руслан Маратович Петров ҳаммуассиси ширкати “Белхантер-Инвест” аст. Ин ширкатро моҳи марти имсол сабтином кардаанд.

Хабарнигорон талош карданд, бо Руслан Петров дар тамос шаванд, вале ӯ ба воситаи афроди худ хабар додааст, ки ба сохтмони маҷмааи Centropol ҳеч рабт надорад. Ба иттилои сомонаи Naviny.by, ба иҷрои тарҳи Centropol падари Руслан машғул аст.

Қурмонбек Боқиев солҳои 2005-2010 президенти Қирғизистон буд. Вай дар пайи "Инқилоби лолаӣ" ба сари қудрат омад. Аммо дар инқилоби рӯзҳои 7-15-уми апрели соли 2010 аз мақом барканор ва фирорӣ шуд. Боқиев Қирғизистонро чанд сол аст, ки бо хонаводааш дар Беларус истиқомат дорад.

Нисбат ба Боқиев ва бародараш Жанибек Боқиев дар Қирғизистон даҳҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Додгоҳ низ ин ду бародарро ғоибона маҳкум кардааст. Президенти пешин 30 сол ва бародараш якумрӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.

Максим Боқиев, писари президенти пешинро низ ғоибона ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Вайро ба фасод ва пулшӯӣ айбдор медонанд. Ба иттилои расонаҳо, вай дар Лондон ва Беларус зиндагӣ мекунад.

Боқиеви калонӣ дар суҳбат бо телевизиони “Настоящее Время” рад кард, ки писараш пули буҷаро дуздидааст. “Мегӯянд, писараш Максим ба тиҷорат машғул буд. Бале, вай тоҷир аст. Онҳо гуфтанд, вай миллионҳо ва миллиардҳо долларро аз кишвар берун бурд ва ҳоло дар хориҷ зиндагӣ дорад. Аммо чаро онҳо ба Додгоҳи олии Лондон муроҷиат намекунанд, то ҳақ будани худро исбот намоянд?» -- гуфтааст Қурбонбек Боқиев.

Соли 2018 расонаҳои Беларус ҳамчунин хабар дода буданд, ки сарвазири пешини Қирғизистон Дониёр Усенов бо иваз кардани ному насабаш ба Даниил Уритский дар Беларус тиҷорат таъсис додааст. Усенов дар Қирғизистон бо айби ташкили куштори оммавии сокинони осоишта дар соли 2010 ғоибона ба ҳабси абад маҳкум шудааст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин поздравил православных христиан с Пасхой


Спорт в России и мире
Москва

Сезон 2024 года открыт!


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Соболенко уступила Свентек в финале турнира WTA-1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире
Москва

Путин посетил пасхальную службу в храме Христа Спасителя в Москве


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Русских заявил о субсидировании новых авиарейсов до Минска




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Аранжировка

Аранжировка. Аранжировка Песни. Современная Аранжировка. Аранжировка Произведения.



Москва

Адвокат Третьяков заявил, что у Чекалиных нет задолженностей перед ФНС

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net