Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Гузориши ҷанҷолбарангез аз "озори ҷинсии кӯдакон". Ғанӣ дастури таҳқиқ дод

0
Гузориши ҷанҷолбарангез аз

Раиси ҷумҳури Афғонистон дастур додааст, ки иддаоҳои озори ҷинсӣ дар бораи озори ҷинсии толибилмон дар мактабҳои вилояти Лугар, таҳқиқ шавад. Ӯ ҳамчунин аз боздошти ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сӯи мақомоти амниятӣ, ки дар як гузориш аз кӯдакозорӣ дар ин мактабҳо гузориш таҳия карда буданд, интиқод намудааст.

Ашраф Ғанӣ рӯзи 26-уми ноябр дар "Твиттер"-и худ навишт, ки аз гузориши ахир дар бораи озори ҷинсӣ дар мактабҳои вилояти Лугар нороҳат шудааст ва мақомоти вазорати маорифи он кишвар хостааст, ки ҳар чӣ зудтар дар ин робита гузорише таҳия намуда, ба ӯ ирсол доранд.

Рӯзномаи бритониёии The Guardian авоили моҳи ҷорӣ гузориш дод, ки 546 писар дар шаш мактаби вилояти Лугар аз сӯи муаллимон ва мақомоти маҳаллӣ озори ҷинсӣ шудаанд. Нашр ин гузориш вокунишҳои густурдае дар миёни мақомот, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва порлумони он кишвар дошт.

Пас аз нашри ин гузориш, чанд рӯз пеш Раёсати амнияти миллии Афғонистон ду ҳомии ҳуқуқ -- Мусо Маҳмудӣ ва Эҳсонуллоҳ Ҳамидиро, ки дар робита ба ин қазия гузориши таҳқиқӣ анҷом дода буданд, боздошт кард.

Ин идора дар эъломияе, ки рӯзи сешанбе 26-уми нояор нашр кард, навишт, ки гузориши таҳқиқии оқои Маҳмудӣ дар бораи сӯистифодаи ҷинсӣ аз шуморе аз шогирдони мактабҳои Лугар боиси барҳам хӯрдани назми умумӣ ва ба хатар афтодани амнияти чандин нафар шудааст.

Амнияти миллӣ ҳамроҳ бо ин эъломия видеоиро ҳамчун эътирофи Мусо Маҳмудӣ ба расонаҳо фиристодааст. Дар эъломия омадааст, ки Маҳмудӣ гузоришро бидуни санад ба таври ғайрикасбӣ ва барои эҷоди моҷаро ва тарҳи дархости паноҳандагӣ, таҳия карда будааст. Мусо Маҳмудӣ дар ин гузориш иддао карда буд, ки дар зарфи шаш моҳ беш аз 500 кӯдак асосан дар мактабҳои Лугар, ҳадафи суистифодаи ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Оқои Маҳмудӣ дар видеое, ки Раёсати амнияти миллии Афғонистон пахш кардааст, мегӯяд, ки "ин таҳқиқ нодуруст" мебошад ва ӯ аз "ҳукумат ва мардум", узрхоҳӣ мекунад. Дар айни ҳол, Эҳсонуллоҳ Ҳамидӣ, ки дар таҳияи ин гузориш бо оқои Маҳмудӣ ҳамкорӣ кардааст, низ дар боздошт амнияти миллии он кишвар аст.

Аммо Ашраф Ғанӣ дар паёми твиттерии худ навишт, аз Раёсати амнияти миллии кишвараш хостааст, ки таҳқиқ дар ин мавридро мутаваққиф кунад. "Вазифаи аслии нерӯҳои амниятӣ, муҳофизат аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар аст",-навиштааст оқои Ғанӣ дар "Твиттер".

Пахши ин гузориш эътирозҳои зиёдеро барангехт.

Созмони мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон низ аз боздошти ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронӣ карда ва онро "нақзи ошкор"-и қонунҳои он кишвар ва мухолифи меъёрҳои ҳуқуқи башар дар он кишвар хонд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Афви Байналмилал, қароргоҳаш дар Лондон, мегӯяд, аз як ҳафта ба ин тараф Мусо Маҳмудӣ ва Эҳсонулло Ҳамидӣ аз сӯи Раёсати амнияти миллии Афғонистон рабуда шудаанд. Ҳурия Мусаддиқ, масъули бахши Афғонистон дар ин созмон дар "Твиттер"-и худ навиштааст, ки Раёсати амнияти миллӣ ва вазорати дохилии Афғонистон ба номаҳои расмии онҳо дар ин маврид посух надодаанд.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон хостори раҳоии ин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз боздоштгоҳи Раёсати амнияти миллии он кишвар шудааст.

Ҷон Басс, сафири Амрико дар Афғонистон дар Твиттер"-и худ навишт, "аз ин шеваи эътирофгирӣ ба сабки Шӯравии пешин ба таври амиқ нороҳат шудам. Гирифтани эътироф ба таври маҷбурӣ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳадафашон ҳимоят аз кӯдакони афғон аст, тарснок мебошад".

Ҳукумати Афғонистон аз чанд сол ба ин тараф талош дорад, то озори ҷинсӣ ё "бачабозӣ"-ро, ки дар таърихи ин кишвар таърихи тӯлоние дорад, аз байн барад. Писарони наврас мисли духтар либос пӯшида, барои соҳибони мардашон рақс мекунанд. Бархеи онҳо ба ғуломони ҷинсии мардони сарватманд ва пурнуфуз, табдил меёбанд.

Анъанаи бачабозӣ баъди фурӯпошии ҳукумати Толибон аз нав авҷ гирифтааст. Толибон бачабозиро ҳамчун амали ғайриисломӣ манъ карда буданд. Бачабозӣ ҳозир ҳам дар Афғонистон манъ мебошад, вале таваҷҷӯҳ ба бачабозӣ аз деҳот то шаҳрҳои бузург тавсеа ёфтааст.

  Коршиносон мегӯянд, эҳтимол то замоне ки камбизоатӣ коҳиш наёбад ва ҳокимияти қонун по барҷо набошад, бачабозӣ дар Афғонистон аз байн нахоҳад рафт.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково


Спорт в России и мире
Москва

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Ролан Гаррос

Соболенко победила на старте открытого чемпионата Франции по теннису


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

«Компьютерный 3D-переводчик на жестовый язык» стал одним из победителей конкурса цифровых проектов и идей для людей с нарушением слуха «Мы услышим»





Путин в России и мире
Москва

Путин наградил коллектив станции скорой помощи Белгородской области


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

В Польше заявили о зловещем плане Киева


Навальный в России и мире
Москва

Раз нет протестов, будут санкции: как навальнисты и команда Ходорковского меняют стратегию борьбы с Россией



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Концерт

Концерт студии "Гармония"



Москва

Закон о запрете на продажу любых вейпов в РФ внесут в Госдуму

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net




RSS Telegram
Copyright © 29ru.net