Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

"Қалин" ва "ҷиҳоз". Ченаки "нарх"-и арӯсу домод дар Осиёи Марказӣ

0

"Хушдоманам маро камбағал садо мекард, дар ҳаққи волидонам бад мегуфт ва мепурсид, пулҳоеро, ки ба унвони маҳр ё қалин ба ман додаанд, ба чӣ сарф кардам". Ин қиссаи Азиза аз Душанбе аст, аммо ягона нест.

Ҷиҳозе, ки бояд волидони арӯс омода кунанд ва қалин ё маҳре, ки хонаводаи домод ба оилаи келин пардозанд, як бахши ҷудонопазири одатҳои мардуми Осиёи Марказист. Ва дар бисёр ҳолат – манбаи ҷанҷолу мушкилҳои оилавӣ.

Азиза соли гузашта, вақте ба синни 20 расид, шавҳар кард. Наздикони домод ба унвони қалин ба ӯ ду ҳазор доллар додаанд. Падари Азиза корманди ҳарбист ва модараш – муаллима. Онҳо барои он ки ба духтарашон таҷҳизоти техникӣ, тилло, кӯрпаву кӯрпача ва туҳфаҳои дигар харанд, аз бонк се ҳазор доллар қарз гирифтаанд.

"Баъд аз як рӯзи тӯй хушдоману хоҳари шавҳарам ба ҳуҷраи ман даромада, ҳама чизро тафтиш карданд. Аз ҳузури ман шарм намедоштанд ва бо дастони худ ҳамаи ҷиҳозро меқапиданд. Хушдоманам аз ман пурсид, ки чаро дастгоҳи хӯрокпазӣ нахаридем? Гуфтам, пул нарасид ва бе ин ҳам чунин дастгоҳ дар хона ҳаст. Баъд аз он таънаву маломат сар шуд," -- ба ёд овард Азиза.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, волидонашро аз ин моҷаро огоҳ кард ва онҳо ба хотири он ки духтар зери фишору маломат намонад, дастгоҳи хӯрокпазӣ харидаанд: "Аммо баъд аз он ҳам вазъият тағйир накард. Ҳар рӯз таъна мешунавам. Шавҳарам аз ман дифоъ намекунад. Мегӯяд, худам гунаҳкор ҳастам ва бояд дастгоҳро дар вақташ мехаридем. Иддао дорад, ки ба ман пули бисёр додаанд."

Азиза замоне ки шавҳар кард, дар донишгоҳ мехонд. Вай мегӯяд, "вақте хонаводаи домод ба хостогорӣ омада буд, онҳоро огоҳ кардем. Гуфта буданд, ки мухолифи таҳсили ман нестанд. Баъд аз ду ҳафтаи тӯй шавҳарам бо ман ҷанг кард, ки бояд хонданро канор гузорам. Рад кардам, чун соли охирини таҳсилам дар донишгоҳ буд."

Ба қавли ӯ, ҳангоми хостгорӣ хушдоманаш гуфта будааст, ки домод маълумоти олӣ дорад. "Дертар фаҳмидам, ки ӯ дурӯғ гуфтааст. Шавҳарам пас аз адои мактаб барои кор ба Русия рафтааст. Агар волидонам медонистанд, ки ӯ дар ягон ҷо нахондааст, тақдири маро бо ӯ намепайвастанд. Дер шудааст. Ҳоло ҳомилаам. Ҷудо шуда наметавонам, чун дигарон дар ҳаққи ман бад фикр мекунанд. Ва бори дувум бо кӯдак шавҳар карда наметавонам", -- гуфт ӯ.

"НАРХИ" АРӮС

Дар Тоҷикистон расм аст, ки ҷиҳози арӯси ояндаро аз замони таҳсил карданаш дар мактаби миёна ҷамъ меоранд. Домод дар навбати худ муваззаф аст, ба волидони арӯс қалин бидиҳад. Ин анъана асосан дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон мондааст.

Пештар дар минтақаҳои шимол ва шарқи Тоҷикистон ба арӯс "сарупо", яъне бастаи либосу пойафзол медоданд. Ин одат дар баъзе аз ноҳияҳо ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад, вале баъзан ба ҷойи либос аз 1 то 3 ҳазор доллар медиҳанд. 

Хонаводаи арӯс барои харидани ҷиҳози хона, аз таҷҳизоти техникӣ барои рӯзгор гирифта, то кати хобу қолин, сандуқ, либосу пойафзол, тилловорӣ ва косаву дегу табақ тақрибан 5 ҳазор доллар харҷ мекунанд. Ҳамчунин оилаи арӯс вазифадор аст, ҳуҷраи хоби навхонадоронро бо мизу оина ва парда таъмин кунад. Як шарти дигар ҳам ҳаст, ки ҳамаи ин бояд нав бошад ва бо якдигар мувофиқ оянд. Баъзан волидони арӯс маҷбур мешаванд, қарз бигиранд.

Набудани ҷиҳози арӯсӣ ё туҳфаҳои арзон метавонад сабаби моҷаро дар оила шавад ё боиси таъна задани хушдоман ба келин, ки волидонаш "хасис" ё "мумсик" будаанд.

"МАН ЧУНИН АРӮС НАМЕХОСТАМ"

Зебо се писар дорад. Ҳеч кадоме аз онҳо маълумоти олӣ надоранд. Дар Русия маблағи тӯйро кор кардаанд.

Зебо барои писари хурдиаш Далер аз деҳа арӯс интихоб кард. Далер тобистони имсол аз Русия ба Душанбе баргашт ва оиладор шуд. Ҷавон арӯсро бори аввал ҳангоми никоҳ дид. Вай ба унвони қалин ба хонаводаи арӯс 15 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан якуним ҳазор, доллар дод.

"Чун хонаводаи арӯс камбизоат буданд, ба онҳо гуфтем, ки омода кардани хонаи арӯсу домод зарур нест. Бигзор либос, кӯрпаву кӯрпача ва техника барои рӯзгор харанд", -- нақл кард Зебо.

"Аммо арӯс бе ҳеч чиз омад. Танҳо барои худ либосу пойафзол ва чанд ҷуфт кӯрпача ва як қолину сандуқ овардааст. Ҳатто мошини ҷомашӯӣ наовард. Ҳарчанд мо ба онҳо якуним ҳазор доллар дода будем. Дар деҳа ин пули кам нест. Ман дарҳол ба модари арӯс занг зада, дар ин бора гуфтам. Вай ҷавоб дод, ки пул надоранд ва мо ҷанҷол кардем. Ба писарам чунин арӯс намехостам", -- афзуд ӯ.

"ХУШДОМАНҲО ҲАМЕША АРӮСҲОРО АЗИЯТ МЕКУНАНД"?

Робия ва шавҳари ояндааш ҳангоми донишҷӯӣ вохӯрданд ва баъд аз як сол издивоҷ карданд. Ҳарду тараф дар бораи ҷиҳози якуним ҳазордолларӣ ба созиш расиданд.

"Тарафи домод чунин пешниҳод кард. Онҳо гуфтанд, ки ҳуҷраи арӯсу домодро пурра таъмир ва бо ҷиҳоз таъмин кардаанд. Оилаи мо ҳам розӣ шуд. Ба пули додаи онҳо мо баъзе таҷҳизот харидем ва барои дӯхтани курта матоъ гирифтем", – нақл кард Робия.

Вай афзуд, "баъд аз тӯй ба хона даромадам, ки дар онҷо чизе нест. Модарам ба назди хусуру хушдоманам омад ва масъаларо бардошт. Хушдоманам ҷавоб дод, ки омода кардани ҳуҷраи арӯсу домод масъулияти онҳо нест, вазифаи ҷониби арӯс аст."

"Ва дар ҳар пайти муносиб хушдоманам ба ман гӯшзад мекунад, ки ба хона чизи кам овардам. Шавҳарам аз вазъият огоҳ аст ва мехоҳад каме тоқат кунам, то замоне ки ба хонаи иҷора кӯчем. Дар мо ҳамин гуна қоида пазируфта шудааст, ки хушдоман ҳамеша арӯсро азият мекунад. Бибиҳои мо тоқат карданд, модарони мо сабр карданд, вале насли нав дигар аст. Ҳоло духтарон мефаҳманд, ки таҳаммули таҳқир ин аҳмақӣ аст. Ман агар шавҳарамро дӯст намедоштам, кайҳо баромада мерафтам", -- мегӯяд Робия.

"ФИКР МЕКАРДАМ, КУРТАИ ИСТЕҲСОЛИ ТУРКИЯ МЕОРАНД, АММО..."

Одатҳои ба ин монанд дар Узбекистон ҳам ҳаст. Дар онҷо хонаводаи арӯс ба шавҳари ояндаи духтари худ ва пайвандонаш либос медиҳанд.

Соле пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисае баҳс мешуд, ки як ҷавон дар минтақаи Навоӣ ба хотири либоси туҳфакардаи волидони арӯс ӯро партофтааст. "Ба дӯстонам либоси истеҳсоли Туркияро тақдим карда буданд. Оилаи арӯс хонаводаи доро аст ва ман фикр мекардам, онҳо низ чунин либос ҳадя мекунанд. Аммо онҳо либоси истеҳсоли Ғиждувони Узбекистонро оварданд", -- гуфт домод дар наворе, ки шабакаи давлатии "Ёшлар" намоиш дод.

"МОДАРАМ ЧАНГКАШАК НАХАРИД, ХУШДОМАНАМ ҒАВҒО БАРДОШТ"

Мушкил дар хонаводаи Наргис аз пушти таҷҳизоти техникӣ барои рӯзгор сар кард. Вай мегӯяд, модараш барои ӯ чангкашак нахарид ва хушдоманаш онро ба манбаи моҷаро табдил дод. Ман ба хушдоманам бо дағалӣ ҷавоб додам. Баъди он ба шавҳарам гуфт, ки "ӯро ба хонаашон бар, ба мо даркор нест".

Ҳоло Наргис 23-сола аст ва бо духтараш дар хонаи падару модар дар Тошканд зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, шавҳараш аз ӯ дар замони ҳомила будан ҷудо шудааст. "Вақте волидони домод барои шинос шудан ба хонаи мо омада буданд, овардани ситораву моҳро аз осмон ваъда карданд. Барои ҳамин, модарам гуфт, ки бо ин ҷавон оиладор шавам. Шавҳарам нафратовар аст. Ман аз наздикӣ бо ӯ дурӣ меҷустам, ӯ маро таҷовуз кард", – ба ёд овард Наргис.

"Ман вақте таваллуд кардам, аллакай аз шавҳарам ҷудо шуда будам. Бо никоҳи исломӣ зани дигар гирифтааст, аммо расман маро талоқ намедиҳад. Дар бораи фарзандаш донистан намехоҳад ва алимент ҳам намедиҳад", – гуфт ӯ.

Наргис дар бемористони кӯдакона ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунад. Омӯзшгоҳи тиббиро хатм кардааст ва нияти шомил шудан ба донишгоҳро дошт: "Аммо баъди оиладор шудан нақшаҳо барҳам хӯрд. Барои он ки маълумотам олӣ нест, маош ҳамагӣ 50 доллар аст. Пуле, ки бояд бо он кӯдакро нигоҳубин кунам ва ба волидонам ёрӣ диҳам."

"АВВАЛ ПУЛ, БАЪД ХОСТГОРӢ"

Дар Қирғизистону Қазоқистон қалини камтарин ҳазор доллар аст. Ҷиҳозе, ки арӯс ба хонаи шавҳар мебарад, бояд ҳамин қадар нарх дошта бошад. Дар бораи андозаи қалин оилаҳо пештар ба мувофиқа мерасанд ва танҳо баъд аз он ба хостгорӣ мераванд.

Таҳияи ҷиҳози арӯс баъд аз хостгорӣ сар мешавад. Ҷиҳозро арӯс ва ё модараш ҷамъ меоранд. Ҷиҳоз метавонад гуногун бошад, аммо бояд кати хоб, таҷҳизоти техникӣ барои рӯзгор, либос ва маводи ороишро дар гирад.

"ҶАНҶОЛ БАРОИ МАҲР"

Бакити 36-сола оиалдор аст ва дар Қирғизистон зиндагӣ мекунад. Издивоҷи аввали ӯ муваффақ набуд, чун оилаҳо ба сари қалину ҷиҳоз ҷанг карданд.

"Ман он вақт 22-сола будам ва арӯс 18-сола. Ӯро дӯст медоштам. Духтари ягонаи як оилаи сарватманд буд. Ман яке аз чаҳор писари хонаводаи муҳоҷир", – нақл кард ӯ.

"Волидони ман аз Русия омада буданд ва мехостанд 3 ҳазор доллар ҳаққи маҳр диҳанд. Хонаводаи арӯс даҳ ҳазор доллар талаб кард. Онҳо гуфтанд, ҷиҳози харидаашон барои арӯс ба камияш даҳ ҳазор доллар аст ва аз косаву пиёлаи гаронбаҳо, ҷавоҳирот ва мошин иборат аст.»

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, падараш мехост аз ин издивоҷ даст кашад, вале ӯ ба баргузории он пойфишорӣ кардааст: "Хешовандон ёрӣ карданд ва мо бо азобе даҳ ҳазор доллар ҷамъ кардем ".

"То он вақт мо бо арӯс чанд дафъа баҳс доштем. Волидонашро чашми дидан надоштам, аммо ҷаҳаннам замон ватқе шуд, ки падару модарам ба ҳисобу китоби ҷиҳоз сар карданд. Онҳо кондитсионеру яхдон ва ҳатто либоси ӯро нарх гузошта, ба хулосае омаданд, ки қимаи ҳамаи онҳо ба даҳ ҳазор доллар баробар нест.»

Арӯси Бакит ба хонаи волидонаш рафтааст ва рӯзи дигар онҳо ҷиҳозро бурдаанд. «Амакаш пурсид, ки мо хуфтухоб кардем ё не. Маълум буд, ки мо хоб рафтем. Вай гуфт, дар ин сурат ҷиҳози арӯсро мебаранд, вале қалинро барнамегардонанд. Онҳо даъво доштанд, ки ман номуси духтарро доғдор кардаам. Дар ҳамин ҳол, хешу табори ман барои ҷиҳоз ҷанг карда ва гуфтанд, вақте қалинро намедиҳед, ҷиҳозро ҳам намебаред. Ман ба арӯс нигаристам ва дарк кардам, ки бо ӯ буда наметавонам ва дар чашмони ӯ низ айни чизро дидам.»

"БА МАН ҶИҲОЗ ДАРКОР НЕСТ"

Замоне ки сокини Қирғизистон Жилдиз ба як шаҳрванди Бритониё шавҳар карданӣ шуд, оилааш аз домод бист ҳазор доллар ҳаққи маҳр хостаанд. "Ман дар ҳолати шок будам. Шавҳарам аз оилаи доро набуд. Вақте даҳсола буд, модараш мурдааст. Падараш ба танҳоӣ бузург кардааст. Онҳо мисли волидони ман люстри тиллоӣ ва панҷ мошин надоранд", – мегӯяд ӯ.

Жилдиз он вақт 30 сол дошт ва дар Бритониё кору зиндагӣ мекард. Вақте ӯ ҳамроҳи домодшаванда ба Бишкек омад, хешу табор ҷамъ шудаанд: "Албатта, ҳама хиҷолатзада буданд, ки дар сисолагӣ шавҳар мекунам. Ба ман расонданд, ки волидонам ҷиҳози тӯйро ҷамъ мекунанд, вале шарт ин аст, ки домод камаш бист ҳазор доллар қалин диҳад. Ман ин талабро ба ӯ расондам. Гуфт, ин миқдор пул дорад ва ба хотири он ки шаъни ман паст нашвад, онро медиҳад. Вай 30 ҳазор доллар дод ва ман 50 ҳазор дололари ҷамъкардаи худро ба болояш гузоштам", – мегӯяд ӯ.

Ин пулро бо номае ба падари Жилдиз супурдаанд: "Боре фикр кардаед, ки чаро писарони Шумо барои оиладор шудан мешитобанд, вале духтарон не? Ба хоҳарон ва модарон нигаред. Магар онҳо хушҳоланд? Магар Шумо ба ӯ хиёнат накардед, магар бобоям ба бибиям хиёнат накардааст, магар амакам дар ҳузури мо ва ё бе будан и мо ҳамсарашро назадааст? Ана пул. Ба ман ҷиҳоз зарур нест, мо яхдону дастгоҳи гарм кардани хӯрок дорем.»

"ДУХТАРАМРО ДУЗДИДАНД ВА..."

Духтари Аркатро дар Қазоқистон «дуздиданд», вақте ҳамагӣ 17 сол дошт. "Мо ба назди домод рафтем, маълум шуд, ки аз духтарам даҳ сол бузургтар аст. Аммо аъзои оилааш хубанд, волидонаш пизишк ҳастанд. Хонаводаи миёнаҳол. Зоҳиран духтарам ӯро медонистааст. Вай дар онҷо мондан намехост, аммо ҳамсарам пойфишорӣ кард, ки биистад, шармандагӣ аст.»

Новобаста аз он ки духтари Аркатро дуздидаанд, хонавода ба ӯ ҷиҳоз омода кардааст: "Пештар фақат самовору сандуқ ва қолин медоданд, ҳоло таҳҷизоти техникӣ, бастаи косаву пиёлаи гаронбаҳо ва либос медиҳанд. Мо аз бонк қарз гирифтем. Оилаи домод ба мо ҳазор доллар ҳаққи шир дод ва харҷи тӯйро пардохт.»

"Баъд аз як сол фаҳмидем, ки домод духтари моро мезанад ва ба ҳамин сабаб тифли батнаш афтодааст. Мо пешниҳод кардем, ки ӯро ба хона биорем, вале нахост. Соли дигараш домод хостааст зани дувум гирад ва арӯсшавандаашро ба хона овардааст, то бо духтари мо ошно кунад. Мо духтарамонро аз онҷо гирифтем. Ҷиҳозро пас аз чанд моҳ овардем. Шавҳараш онро додан намехост. Аз ҳуҷрае, ки ӯ аллакай бо зани дувумаш мезист, ҳамаи ҷиҳози духтарамонро гирифтем,» -- нақл кард Аркат.

Номи баъзе аз қаҳрамонҳои гузориш бо хоҳиши онҳо иваз карда шудааст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин сообщил о масштабных планах благоустройства территорий школ и детсадов


Спорт в России и мире
Москва

«Торпедо» объявило об уходе хоккеистов Кручинина, Бауи и Малова


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Полина Михайлова

Россиянка Полина Михайлова стала чемпионкой Франции по настольному теннису


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

В 2024 году исполняется 140 лет созданию в Москве первой общедоступной публичной бесплатной библиотеки





Путин в России и мире
Москва

Собянин: к 2030 году на долю Москвы придется 35–40% туристов в России


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко заявил о желании построить в Белоруссии вторую АЭС




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Цинизм зашкалил: Елена Зеленская повеселилась в Киеве с герцогиней Эдинбургской


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Александр Пушной

Кировчанин обыграл телеведущего Александра Пушного и получил деньги



Москва

Столичные компании активно внедряют роботизированные системы

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net