Гуруҳи ифротии "Давлати исломӣ" номи роҳбари навашро эълон кард
Гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" хабари марги роҳбари худ Абубакри Бағдодиро тасдиқ кард. Дар як сабти аудиоӣ, ки дар Интернет нашр шуд, намояндагони ин гуруҳи ифротӣ номи роҳбари навашонро эълон карданд.
Онҳо гуфтанд, ки Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайширо халифаи нав интихоб намуданд.
Абубакри Бағдодӣ гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро аз соли 2014, замони зуҳури он, роҳбарӣ мекард. Дар бораи марги ӯ дар панҷ соли гузашта борҳо хабар нашр шуд, аммо дурӯғ мебаромад.
Рӯзи 27-уми октябр дар бораи маҳви ӯ Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико хабар дод. Навори видеоии амалиёт ҳам нашр шуд.
Мақомоти Вазорати дифои Амрико гуфтанд, Бағдодӣ ва ҳамроҳонаш аввал муқовимат нишон доданд. Баъдан ӯ бо ду фарзандаш ба нақбе фирор карда, худро таркондааст.
Дар Вашингтон гуфтанд, бо вуҷуди маҳви раҳбари ДОИШ сарбозони амрикоӣ дар ҳоли омодабош ҳастанд, зеро аз эҳтимол дур нест, ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" барои қатли роҳбарашон қассос бигиранд.