Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 29.01.2020

Танқиди се моҳ пеш ва ситоиши ҳозираи вазир аз IRS баёнгари чист?

Ozodi.org 

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бар хилофи изҳороти се моҳи қаблаш аз кори ширкати IRS (Innovative Road Solutions), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ситоиш кард. Худоёр Худоёрзода моҳи октябри соли гузашта дар ҷаласаи вазорат гуфта буд, ки "аз бемасъулиятии кормандони IRS дар роҳи Душанбе-Хуҷанд танбашавӣ ба вуҷуд меояд" ва айни замон ширкатро ба "худсарӣ ҳангоми пешниҳоди ҳисобот ба мақомот" гунаҳкор кард. Ӯ рӯзи 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе баракс фаъолияти ширкати IRS-ро хуб арзёбӣ намуд ва гуфт... Читать дальше...

Намоишгоҳе барои аз байн бурдани ситам ба занон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар Душанбе як намоишгоҳе баргузор шуд, ки чеҳраи занони ҷафокашидаи тоҷикро нишон медиҳад. Баргузоркунандагонаш гуфтанд, барои нишон додани хушунат ба занон дар оила ва мубориза бо ин зуҳурот намоишгоҳро баргузор карданд.

Ҳамлаи маргбор ба гузаргоҳҳои тафтишотӣ дар Кундуз

Ozodi.org 

Ба хабари мақомоти расмии Афғонистон, ҳангоми ҳамлаи Толибон ба гузаргоҳҳои тафтишотӣ дар вилояти шимолии Кундуз ҳадди ақал 13 узви нирӯҳои амниятии Афғонистон  кушта шудаанд. Сафиуллоҳ Амирӣ, узви Шӯрои вилоятӣ, рӯзи 29-уми январ гуфтааст, ҷангҷӯён шаби якшанбе ба ноҳияи Дашти Арчӣ ҳамла карданд.  Ба қавли Амирӣ ва сарчашмаи номаълуми амниятӣ, дар ҳамла ҳашт сарбоз ва наздик ба чор корманди полис маҷрӯҳ ва се нафари дигар аз сӯи Толибон ба асирӣ гирифта шудаанд. Ҳокими ноҳия Садуддин Сайид гуфт, ки задухӯрдҳо то субҳ идома доштанд. Читать дальше...



Хадамот аз ширкатҳои мобилӣ хост, масъалаи "80 дирам"-ро шарҳ диҳанд

Ozodi.org 

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо фиристодани нома аз ширкатҳои мобилии кишвар хостааст, ки сабаби ситодани пули иловагӣ ё "пардохти абонентӣ" аз муштариёнро шарҳ диҳанд. Аз соли 2015 ба ин сӯ аз соҳибони ҳар як симкорт дар як моҳ 80-дирамӣ ситонда мешавад. Сокинон чунин "ҳақситонӣ"-ро бепоя медонанд. Масъулони ширкатҳо мегӯянд, ин ҳаққи истифодаи ҳар як шумораи мобилӣ аст.  Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 29-уми январ ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, дар пайи шикояти зиёди муштариён тасмим гирифтанд... Читать дальше...

Вокуниши мардум ба тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон чист? "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО

Ozodi.org 

Вокунишҳои мардум ба чанд тағйироти кадрӣ дар вазорату ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон мавзӯи асосии "Озодӣ Онлайн"-и имрӯз аст. Дар барнома чанд видеои фиристодаи муҳоҷиронро низ мебинед. Тағйирот ё ба истилоҳи коршиносон, "ҷойивазкунии кадрҳо" ҳафтаи гузашта дар пайи маҷлиси солонаи ҳукумат сурат гирифт. Чанде аз вазирон, аз ҷумла вазирони маориф, фарҳангу меҳнат ва раисони Кумитаи телевизиону забон, ҷавонон ва сайёҳӣ иваз шуданд. Корбаре бо номи “Ҳайрон” дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, “аҷиб. Читать дальше...

Оғози ба рӯйхатгирии коргарони чинӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон ба рӯйхатгирии шаҳрвандони Чинро, ки дар сохтмони роҳҳо фаъолият доранд, оғоз кардаанд. Сӯҳроб Мирзоев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 29-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, сабаби чунин тасмим "пайдо шудани вируси нав дар Чин" аст. Ба ҳисоби мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар сохтмони роҳҳо дар кишвар тақрибан 300 шаҳрванди Чин кор мекунанд. Бархе аз онҳо чанде пеш ба зодгоҳи худ рафта будаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ин дам барои пешгирӣ аз вуруди... Читать дальше...

Заминларзаи шадид. Марказаш – шарқи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Баъд аз зуҳри 29-уми январ зилзила қаламрави Тоҷикистонро ларзонд. Тибқи иттилои Созмони мустақили EMSC, маркази зилзила дар 168-километрии шарқи Тоҷикистон, дар водии Рашт буда, шиддати он 5,3 дараҷаи Рихтер будааст.  Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон маркази ин заминҷунбиро ноҳияи Сангвор дар шарқи Тоҷикистон гуфтааст. Ба иттилои манбаъ, шиддати зилзила дар маркази он 5-6 балро ташкил додааст. То ба ҳол маълум нест, ин зилзила дар маркази он хисороте дар пай доштааст ё на. Тоҷикистон дар... Читать дальше...



50 сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи мушакии Эрон осеб дидаанд

Ozodi.org 

Шумори низомиҳои амрикоӣ, ки дар натиҷаи мушакпартоии Эрон ба пойгоҳи ҳавоии ИМА дар Ироқ зарбаҳои мағзӣ бардоштанд, ба 50 тан расид. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя намояндаи расмии Пентагон иттилоъ дод. Сарҳанг Томас Кэмпбелл рӯзи 28-уми январ гуфт, ошкор шуд, ки 16 низомии дигар ҷароҳати мағзӣ бардоштаанд. Ба ин тартиб, шумораи умумии маҷруҳшудагон ба 50 тан расид. Аз ин шумор 31 кас табобат гирифта, дубора ба артиш баргаштаанд. Доналд Трамп, президент ИМА нахуст гуфта буд... Читать дальше...

Падарро аз Русия ронданд, зану фарзандаш монд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳайдаралӣ Қурбонов, сокини 55-солаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ду сол боз бо ҳамсару фарзандонаш танҳо ба воситаи телефон суҳбат мекунад. Ба фарқ аз ҳазорон муҳоҷир, Ҳайдаралӣ Қурбонов дар Тоҷикистон аст ва ҳамсару се фарзандаш дар Русия қарор доранд. Ӯро охири соли 2017 аз Русия рондаанд. Мақомоти Русия ҳар сари чанд вақт баъзе аз муҳоҷирони тоҷикро бо гуноҳи поймол кардани қоидаи будубош ё қонуншикании дигар ихроҷ мекунанд. Муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия ин ҳолатро ба ҳайси фишор ба ҷониби Тоҷикистон истифода мекунанд. Читать дальше...

Як зан дар Самарқанд барои талоши оташ задани кормандони мақомот ҳабс шуд

Ozodi.org 

Сокини шаҳри Самарқанд Дилором Розиқова, ки 21-уми январ талош кард, кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Узбекистонро оташ занад, то поёни тафтишот ҳабс шуд. Вакили дифои Розиқова 28-уми январ гуфт, додрас 23-юми январ ҳангоми содир кардани қарори ҳабси зерҳимояаш ба инобат нагирифт, ки ӯ модари танҳо аст ва кӯдакони ноболиғ дорад. Ба гуфтаи вакили дифоъ, ӯ ҳоло муроҷиат ба додгоҳро омода дорад, ки дар он дархост мешавад, Розиқова бар ивази гаравпулӣ ё кафолати Кумитаи занон аз ҳабс озод шавад. Яке аз ҳамсояҳо қарори ҳабси Розиқоваро... Читать дальше...

Се шаҳрванди Қазоқистон бо айби тарғиби терроризм зиндонӣ шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 28-уми январ се сокини маҳаллиро бо айби "тарғиби терроризм" ҳафтсолӣ зиндонӣ кард. Бағдод Бисембоев (соли таваллудаш 1973), Ерсан Кулинтай (1992) ва Одилҷон Давлатов (1993) баъди он айбдор шуданд, ки баҳори соли 2019 дар як ҳаммоми хусусӣ аз "ҷиҳод" тавсиф ва изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба кишвари хориҷие рафта, ба сафи созмонҳои тундрав пайванданд. Бисембоев моҳи июли соли гузашта аз сӯи мақомоти Қазоқистон дар марз бо Русия боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, вай "ҳадаф дошт, ба Сурия равад". Читать дальше...

Узбекистон дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳ бунёд мекунад

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон масъалаи бунёди нерӯгоҳи барқӣ-обии муштаракро дар рӯдхонаи Зарафшон баррасӣ карданд. Гуфтугӯи гуруҳҳои кории ду кишвар дар ин замина 28-ум январ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд. Ба огаҳии Вазорати энержии Узбекистон, дар гуфтугӯ лоиҳаи созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбекистон дар бораи тартиб ва шартҳои иштирок дар бунёди нерӯгоҳ баррасӣ шудааст. Дар доираи лоиҳа қарор аст, дар марҳалаи аввал нерӯгоҳи Ёвон бо иқтидори 140 МВт бунёд карда шавад, ки 282 млн доллар харҷ дорад. Читать дальше...

Падарро аз Русия ронданд, зану фарзандаш монд

Ozodi.org 

Ҳайдаралӣ Қурбонов, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ки фарзандонашро дар Русия ба воя расонд, ба далели саҳлангории кордиҳанда аз Русия ихроҷ шудааст. Ҳамсару фарзандонаш дар онҷо монданд. Зиндаҷудоӣ, ба гуфтаи ӯ, бадтарин чиз дар дунёст.

Талаби 2385 соли зиндон барои узбекистоние, ки дар Истамбул ҳамла анҷом дод

Ozodi.org 

Додситонии Туркия барои Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Узбекистон, ки шаби 1-уми январи соли 2017 дар клуби шабонаи Reina дар шаҳри Истамбул ҳамла анҷом дод, 40 ҳукми зиндони якумрӣ талаб кард. Ба иттилои расонаҳо, Машарипов дар талоши бо роҳи зурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва куштори барқасдонаи 39 одам айбдор мешавад. Барои узвият дар гуруҳи террористӣ ба вай 15 соли зиндон ва барои куштори 39 тан 2370 соли зиндон талаб шудааст. Дар доираи парвандаи ҳамла ба клуби шабонаи Reina дар маҷмуъ 58 кас гумонбар мешавад. Читать дальше...

Пирӯзии мунтахаби футзали духтарони Эрон дар қаҳрамонии CAFA

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби Эрон баъди чаҳор пирӯзӣ бо касби 12 имтиёз дар қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, пешакӣ ғолиб шуд. Тими мунтахаби Эрон, ки пас аз се пирӯзӣ бар дастаҳои Тоҷикистон (15:0), Афғонистон (16:1) ва Туркманистон (12:0), дар даври чаҳорум рӯзи 28-уми январ мунтахаби Узбекистонро бо ҳисоби 7:1 шикаст дод, бо касби 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор гирифт. Мунтахаби Узбекистон... Читать дальше...

Боздошти як муаллим дар Душанбе ба иттиҳоми озори ҷинсии чанд мактабхон

Ozodi.org 

Омӯзгори яке аз мактабҳои миёна дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми озори ҷинсӣ ва анҷом додани рафторҳои шаҳвонӣ нисбат ба чанд хонанда, боздошт шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз Додситонии Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод. Омӯзгори 34-сола, ки дар яке аз мактабҳои маркази шаҳр ба ҳайси мудири бахши хоҷагӣ ва ҳам омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ кор мекард, дар талоши анҷом додани амалҳои шавҳонӣ нисбати наздики 5 хонанда муттаҳам дониста мешавад. Назари пайвандони омӯзгори боздоштшуда дар робита ба ин иттиҳом, ҳанӯз маьлум нест. Читать дальше...

Муҳокимаи парвандаи нобоварӣ ба Трамп идома мекунад

Ozodi.org 

Муҳокимаи парвандаи барканор кардани раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар Сенати Амрико идома мекунад. Вакилони палатаи болоии Конгресс 16 соат вақт доранд, ки суолҳои хаттиашонро ба мутассадиёни муҳокима аз Маҷлиси Намояндагон ва гуруҳи вакилони дифои Доналд Трамп пешниҳод намоянд. Ҳоло фишор ба вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ афзудааст, то Ҷон Болтон, мушовири собиқи амниятии Кохи Сафедро барои шаҳодат додан ба муҳокима даъват кунанд. Ҷумҳурихоҳон пештар талаби вакилони Ҳизби демократ барои даъвати шоҳидон ба муҳокимаи парвандаро рад мекарданд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Виктор Цой

У могил Горшка и Виктора Цоя на Богословском кладбище появилась защита от вандалов





Персональные новости
Казахстан

Новый транспортный хаб начали строить Казахстан, РФ и Китай





Қурбониёни вирус дар Чин ба 132 тан расид

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Чин рӯзи 28-уми январ гуфт, вируси хатарноки нав то кунун ба 5 974 нафар сироят карда ва 132 тани дигарро куштааст. Бештар аз 9 ҳазор нафари дигар зери назорати табибон ҳастанд, вале ҳоло бемориашон собит нашудааст. Беморӣ дар берун аз Чин ҳам паҳн шуд ва то ба Аврупову Амрикои Шимолӣ ва Осиё расидааст. Вируси нав, ки бемории шабеҳи илтиҳоби шуш бармеангезад, назар ба вируси САРС, бемории дигари роҳҳои нафас, ки соли 2002-2003 пайдо шуд ва 600 нафарро ҳалок кард, зудтар ва васеътар доман мезанад. Читать дальше...

Бозпурсии рӯзноманигор Далер Шарифов. Ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст

Ozodi.org 

Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро, ки бо дидгоҳҳои мутафовиташ шинохта мешавад, рӯзи гузашта ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Наздиконаш мегӯянд, бо гузашти ҳудуди 24 соат ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Далер Шарифов дар Идораи амнияти ноҳияи Шоҳмансури Душанбе бозпурсӣ мешавад. Мақомот то ба ҳол ин мавзӯъро шарҳ надодаанд. Яке аз пайвандони Далер Шарифов рӯзи 29-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ баъди як занги телефонӣ соатҳои тақрибан 11-и рӯзи гузашта аз хона берун рафт. Читать дальше...

Трамп тарҳи сулҳи Ховари Миёнаро муаррифӣ кард

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп барномаи деринтизори сулҳи худро барои Ховари Миёна пешниҳод кард. Ӯ ваъда дод, ки Байтулмуқаддас пойтахти Исроил хоҳад монд. Ба гуфтаи Трамп, Байтулмуқаддаси Шарқӣ бояд пойтахти Фаластин шавад. Вай ҳамчунин бо пешниҳоди ташкили ду давлат афзуд, ки ягон исроилӣ ва фаластинӣ аз хонаи худ ҷудо нахоҳад шуд. Президенти ИМА, ки дар Кохи Сафед дар ҳузури сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу суханронӣ мекард, ҳушдор дод, ки нақшаи сулҳи ӯ метавонад барои фаластиниҳо охирин имконият бошад. Читать дальше...

Рӯйхати амволи Гулнора Каримова дар Бритониё нашр шуд

Ozodi.org 

Нашрияи бритониёии The Times номгӯи амволи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро дар Бритониё нашр кард. Ҳамаи ин амвол мумкин аст, мусодира шавад. Дар ин рӯйхат як қаср дар Суррей ва ду манзил дар минтақаҳои гаронбаҳои шаҳри Лондон зикр шудааст, ки арзиши умумиашон 40 млн фунт стерлинг (52 миллион доллар) аст. Заминеро дар минтақаи Суррей Каримова бо қимати 23,5 млн доллар дар соли 2010 харидааст. Ҳоло қимати ин амвол ба 39 млн доллар расидааст. Додгоҳии олии Узбекистон рӯзи 8-уми январ тасдиқ кард... Читать дальше...

Дар Қазоқистон 5 мусофири дигари аз Чин баргаштаро бистарӣ карданд

Ozodi.org 

Жандарбек Бекиш, сардухтури бахши беҳдоштии Қазоқистон рӯзи сешанбе хабар дод, ки ҳадди ақал панҷ мусофири дигари аз Чин баргашта бо нишонаҳои мубталоӣ ба вируси нав бистарӣ шуданд. Ба гуфтаи сардухтур, ду кӯдаки як хонавода таби баланд доштанд. "Аъзои болиғи хонавода ҳарчанд нишонаҳои ошкори мубталоӣ ба вируси навро надоштанд, аммо ба далели он, ки бо кӯдакони худ дар робита буданд, бистарӣ шуданд",гуфт Бекшин. Вай ҳамзамон аз шаҳрвандони Қазоқистон хост, ҳар нафаре, ки баъди 6-уми январ аз Чин баргаштааст... Читать дальше...

Тазоҳуроти қирғизистониҳо зидди бунёди маркази ҳамлу нақл аз сӯи чиниҳо

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Ат-Башии Қирғизистон 28-уми январ сокинон зидди бунёди як маркази ҳамлу нақл даст ба тазоҳурот заданд. Намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Норин Нозгул Мусуралиева гуфт, тазоҳургарон 50-60 нафар буданд, ки аксарашон тоҷирони ноҳия мебошанд. "Онҳо ба бунёди маркази ҳамлу нақл аз сӯи сармоягузорони чинӣ эътироз карданд. Агар онро сармоягузорони қирғиз бунёд кунанд, розӣ ҳастанд. Баъди он ки ба онҳо гуфта шуд талабҳояшонро ба раҳбарият мерасонанд, пароканда шуданд", - афзуд Мусуралиева. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Команда Орловской области стала победителем хоккейного турнира среди команд Черноземья


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева установила новый рекорд на турнирах WTA-1000


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Huawei представила IDS на 26-м Всемирном энергетическом конгрессе





Путин в России и мире
Москва

Поведение Путина вызвало резонанс, потерянные в 90–е заводы возвращаются РФ


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Это - война: литовские беспилотники попытались атаковать Минск




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Басманный суд Москвы арестовал продюсера Reuters Константина Габова за помощь ФБК в подготовке материалов



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Михаил Кутушов

Токсиколог Кутушов рассказал почему возникает похмелье



Москва

«К сожалению»: смогут ли клиенты криптобиржи Beribit вернуть свои деньги

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net