123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 03.01.2020

Дар Тоҷикистон бонки нави "Алиф" таъсис ёфт

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон бонки нави "Алиф Бонк" таъсис ёфт. То кунун ин ширкат ба ҳайси ташкилоти амонативу қарзии хурди "Алиф Сармоя" фаъолият дошт ва дар бозори бонкии Тоҷикистон чанд навгонӣ ворид кард. Аз ҷумла, хариди молу ашёи рӯзгор аз дӯконҳову фурӯшгоҳҳоро ба таври насия ва бе пардохти баҳра ба роҳ монда буд. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми январ ба "Алиф Бонк" барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозат дод. Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба раиси “Алиф... Читать дальше...

Куштори генерали эронӣ паёмадҳои "хатарнок" дорад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Таҳлилгарон мегӯянд, қатли фармондеҳи баландпояи низомии Эрон дар як ҳамлаи ҳавоии амрикоиҳо дар Ироқ "нуқтаи авҷи ихтилофҳои миёни ду кишвар аст". Онҳо пешгӯӣ мекунанд, ки ҳодисаи субҳи 3-юми январ метавонад барои минтақа паёмадҳои "хатарнок"-е дошта бошад. Куштори Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, зарбаи шадиде ба режими ин кишвар аст, ки то ҳол бо таҳримҳову рукуди иқтисодӣ ва эътирозҳои сартосарӣ рӯ ба рӯ аст. Сулаймонии 62-сола, ки дар ҳамлаи... Читать дальше...

Қосим Сулаймонӣ кӣ буд ва маргаш чӣ паёмадҳое хоҳад дошт?

Ozodi.org 

Генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пурқудрати Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эрон субҳи 3-юми январ дар ҳамлае дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ, кушта шуд. Дар ин ҳамла Абу Маҳдӣ Ал-Муҳандис, муовини раҳбари "Ҳашд Аш-Шаъбӣ", гурӯҳи ниманизомиёни шиаи тарафдори Эрон дар Ироқ низ ба ҳалокат расидааст. Қосим Сулаймонӣ аз қудратмандтарин шахсиятҳои низомӣ ва сиёсӣ дар Эрон ба шумор мерафт ва масъулияти фаъолиятҳои низомии он кишвар дар минтақаро ба ӯҳда дошт.



Ахбори Озодӣ аз 3-уми январи соли 2020

Ozodi.org 

Муҳокимаи раҳбарони тарҳи "Манзили дастрас" то ҳол ба ҷое нарасидааст, дар Ироқ генерали эронӣ кушта шуд, муҳоҷирони тоҷик аз пулситонии ҳамватанонашон дар бозори канори шаҳри Маскав шикоят доранд ва қочоқи кӯдакони арманӣ ба хориҷа таҳқиқ мешвад ва матолиби дигар.

Вокунишҳои мухталифи раҳбарони демократҳову ҷумҳурихоҳҳо ба куштори Сулаймонӣ

Ozodi.org 

Як узви баландпояи ҳизби демократи Амрико гуфт, қонунгузорони ин кишвар дар бораи ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида, ки боиси куштори фармондеҳи баландпояи низомии эронӣ ба ҳангоми сафар ба Ироқ шудааст, аз пеш огоҳонида нашуданд. Айни замон, қонунгузорони ҷумҳурихоҳ хабари куштори фармондеҳи нирӯҳои Қудс Қосим Сулаймониро ҳамчун зарба ба хотири дифоъ аз амрикоиҳову қаламрави ИМА истиқбол карданд.  Элиот Энҷел - раҳбари демократи Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагон шоми 2 январ гуфт, ки ҳамла дар Бағдод... Читать дальше...



Ҳаммолони тоҷик аз "ҳақситонӣ" дар "Фуд Сити"-и Маскав шикоят доранд

Ozodi.org 

Баъзе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар бозори "Фуд Сити"-и канори Маскав ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки гуруҳи иборат аз тақрибан 15 зодаи Душанбе ҳар рӯз аз онҳо бе сабаб 400-рублӣ "ҳақ" меситонанд. Муҳоҷирон мегӯянд, онҳо дар "Фуд Сити" ҳаммолӣ ва аробакашӣ мекунанд. Ба иддаои муҳоҷирон, гуруҳи "ҳақситон"-ро Шаҳбоз ва Атохоҷа Нозимовҳо – фарзандони овозхони зиндаёд Зафар Нозимов – роҳбарӣ мекунанд ва онҳо зери назорати низомиёни гуруҳи "Витязь" ҳастанд. Шаҳбоз Нозимов рӯзи 2-юми январ дар суҳбати... Читать дальше...

Паёми Раҳмон ва кӯдакони бемор, муроҷиати бонуи тоҷик ва насиҳат ба Лоиқ Раҷабов дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Муроҷиати як зан ба мардони тоҷик, табибони машғули тамошои паёми президенту кӯдакони бемори пушти дар, қаҳри муҳоҷир аз бесавод номидани онҳо ва насиҳат ба Лоиқ Раҷабов аз видеоҳову мавзуъҳои суҳбати "Озодӣ Онлайн" аст. Аммо баръакси тамоми барномаҳои пешин, имрӯз на бо видео, балки бо садои як зани тоҷик оғоз мекунем. Бонуи тоҷик садояшро сабт карда, ба мо фиристод ва чунин мегӯяд: "Ҳоло бачаҳои мо ба Русия рафта, зани рус мегиранд. Ҳангоми бозгашт аз кор як гул ваё як шоколад мегиранд. Фақат ба хотири ба даст овардани дили зани рус. Читать дальше...

Дар Қазоқистон маросими дафни раҳбари мухолифин барпо шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 3 январ садҳо нафар дар Алмаато, дар маросими дафни Серикболсин Абдилдин, як сиёсатмадори собиқадори мухолифи ҳукумат иштирок карданд. Абдилдин дар остонаи ҷашни соли нав дар синни 82-солагӣ даргузашт. Маросими хайрбод бо сиёсатмадор дар бинои филармонияи Алмаато бо ширкати фаъолони маданӣ, мухолифон ва намояндагони шаҳрдорӣ баргузор шуд. Ҳамсангарони Абдилдин ӯро яке аз шахсони муҳим дар ҷараёнҳои касби истиқлолияти Қазоқистон меноманд. Ӯ то охири умраш мавқеашро тағйир надод ва мунаққиди шадидлаҳни... Читать дальше...

Сӯҳроби Зафар дубора раҳбари "Гурӯҳи 24" интихоб шуд

Ozodi.org 

Сӯҳроби Зафар (Тӯраев) дар анҷумани созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” раҳбари ин созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ интихоб шуд. Дар хабари вебсайти ин созмон гуфта мешавад, ки дар даври дуюми интихоботи раҳбари созмон рӯзи ҷумъа Сӯҳроби Зафар бо 55,6 дарсади овозҳо дар муқобили Нуриддин Ризоӣ, ки 44,4 % овоз гирифтааст, пирӯз шуд. Созмон мегӯяд, ки Сӯҳроби Зафар ба мӯҳлати чор соли  баъдӣ раҳбарии ин ташаккулро ба ӯҳда мегирад. Сӯҳроби Зафар 42 сол дошта,  ҷияни генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев мебошад. Ӯ... Читать дальше...

Мӯсо Қадамов рақибашро аз Афғонистон дар 26 сония шикаст дод

Ozodi.org 

Мӯсо Қадамов, варзишгари тоҷик, дар даври даҳуми "Шаби набард" оид ба муҳорибаҳои омехта (ММА) дар Кобул ба Имрон Ҳафизӣ аз Афғонистон пирӯз шуд. Ин мусобиқа бо ширкати ҳашт варзишгар аз Афғонистон, Беларус ва Эрон шаби 2-юми январ доир гардид. Дар набарди асосӣ, ки дар охири мусобиқа доир гардид, ду варзишгари 23-сола - Мӯсо Қадамов ва Имрон Ҳафизӣ - вориди қафаси рақобат шуданд. Мӯсои 23-сола, ки зодаи Тоҷикистон аст ва феълан дар Беларус ба сар мебарад, ин кишварро намояндагӣ кард. Ӯ аз оғози... Читать дальше...

Раҳбарони Юнон, Қибрис ва Исроил тарҳи EastMed-ро имзо карданд

Ozodi.org 

Юнон, Қибрис ва Исроил созишномае имзо карданд, ки бар асоси он лӯлаи гази зериобии 1900-километрӣ аз қаламравҳои шарқии Ховари Миёна ба Аврупо бунёд мешавад ва вобастагии ин қаламравро аз гази Русия коҳиш хоҳад дод. Нахуствазирони Юнону Исроил Кириакос Митсотакис ва Бенямин Нетаняҳу, инчунин президенти Қибрис Никос Анастасиадис рӯзи 2 январ дар як маросим дар шаҳри Атени Юнон  барои имзои созишномаи маъруф бо номи EastMed project бо ҳам омаданд. Ин созиш дар ҳоле имзо шуд, ки Русия имсол ба интиқоли газ тавассути ду тарҳи нав ба Аврупо... Читать дальше...

Омодагии "Истиқлол" ва "Хуҷанд" ба мусобиқоти AFC-2020

Ozodi.org 

Бошгоҳҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ба мусобиқоти Конфедератсиони футболи Осиё (AFC)-2020  омодагӣ мебинанд. «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, бо раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Алишер Тухтаев пас аз таътили солинавӣ имрӯз, 3-юми январ, ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард. Машғулиятҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шудааст. «Истиқлол» дар марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2020 бо ноиб-қаҳрамони Узбекистон - «Локомотив»-и Тошканд - рақобат мекунад.

"Муҳоҷирон набояд арзонтар биафтанд". Арзиши патенти кор дар Маскав боло рафт

Ozodi.org 

Шурӯъ аз оғози соли 2020 арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ дар ҳудуди Маскав 7 дарсад афзоиш ёфт ва ҳамакнун ҳар моҳ коргарони хориҷӣ барои дарёфти иҷозаи кор бояд 5350 рубл пардохт кунанд. Афзоиши нархи патент  бар асоси тағйирот ба қонуни андози шаҳри Маскав сурат гирифтааст. Соли 2018 арзиши  патенти кор дар Маскав моҳе 4500 рублро ташкил медод, ки дар баробари  муҳоҷирони кории дигар аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз коргарони тоҷик ҳам доштани чунин патент талаб мешуд. Шаҳрдории Маскав бар ҳисоби тахминӣ мегӯяд... Читать дальше...

"Илтимос, ҳамин гапи маро ба гӯши мардони тоҷик бирасонед"

Ozodi.org 

Муроҷиати як зан ба мардони тоҷик, табибони машғули тамошои паёми президенту кӯдакони бемори пушти дар, қаҳри муҳоҷир аз бесавод номидани онҳо ва насиҳат ба Лоиқ Раҷабов аз видеҳову мавзуъҳои суҳбати Озодӣ онлайн аст.

Мақоми баландпояи амрикоӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад

Ozodi.org 

Ҳафтаи оянда як мансабдори баландпояи ИМА бо ҳадафи таҳкими равобити Амрико бо Тоҷикистон, ба Душанбе сафар хоҳад кард. Бар пояи гузориши Департаменти давлатии Амрико, хонум Алес Вейлс, муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ рӯзҳои 6-7 январ ба Душанбе сафар карда, бо мақомоти тоҷик мулоқоту гуфтугӯ мекунад. Дар музокироти ду ҷониб таҳкими ҳамкориҳои амниятии минтақавӣ, тавсеаи равобити иқтисодиву энержӣ ва рушди равобити мардуми минтақаро баррасӣ хоҳад шуд. Сафари... Читать дальше...

Генерал Қосим Сулаймонӣ дар Бағдод кушта шуд

Ozodi.org 

Генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пурқудрати Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эрон субҳи ҷумъаи 3-юми январ дар ҳамлае дар наздикии фурудгоҳи Бағдод -- пойтахти Ироқ, кушта шудааст. Сипоҳи посдорон дар хабарномае субҳи ҷумъа таъйид кард, ки Қосим Сулаймонӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шудааст. Сипоҳи посдорон мегӯяд, "дар ҳамлаи чархболҳои амрикоӣ ба як мошин дар Бағдод, Қосим Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал-Муҳандис", кушта шуданд. Қаблан гузоришҳое дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии Бағдод нашр шуда буд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Эксперт рассказала, как правильно выбрать одежду для спортзала


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Финалисты «Мастерса» в Монте‑Карло опередили Рублева в рейтинге ATP


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

"Самое опасное" начнётся в пятницу: Синоптик предупредил об аномальной погоде в России





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии отечественного судостроения   


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Очередные кадровые назначения объявлены в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: Западу неинтересны планы Киева по атаке на Крымский мост


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Тимати

"Патриаршие": рэпер Тимати купил бронированный автомобиль за 60 млн рублей



Москва

Мужчину с травмой позвоночника спасли в Долгопрудном

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net