123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 16.01.2020

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон – бе номзади муҳоҷирон?

Ozodi.org 

Иззат Амон ва Ҷонӣ Сафарзода, ду нафаре, ки ба намояндагӣ аз муҳоҷирон дар интихоботи порлумонии моҳи март дар Тоҷикистон иштирок карданӣ буданд, аз тасмими худ даст кашидаанд. Онҳо мегӯянд, пеш аз он ки ба Тоҷикистон омада, барои сабтином санад пешниҳод кунанд, бо монеҳо рӯ ба рӯ шуданд. Масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, то ин дам ягон муҳоҷир ба ҳайси довталаби курсии вакили Маҷлиси Намояндагон муроҷиат накардааст. Иззат Амон ва Ҷонӣ Сафарзода, ду фаъоли муҳоҷирон дар Русия, панҷ... Читать дальше...



Рӯҳонӣ гуфт, Эрон урани бештар ғанисозӣ мекунад

Ozodi.org 

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, мегӯяд, кишвараш аз созиши ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ дида, урани бештар ғанисозӣ мекунад, зеро Теҳрон оҳиста-оҳиста уҳдадориҳои худро дар доираи ин созишнома коҳиш медиҳад. Рӯҳонӣ дар суханронии телевизионӣ рӯзи 16-уми январ гуфт: "Фишор ба Эрон афзоиш ёфтааст, аммо мо ҳамчунон пешрафтро идома медиҳем." Кишвар тамоми маҳдудиятҳоро барои тавлиди урани ғанишуда бардоштааст, ки метавонанд ба сохтани сӯзишвории реактор ва ҳамчунин силоҳи ҳастаӣ истифода шаванд. Читать дальше...

Манъи истифодаи таксиҳои кӯҳна дар Душанбе

Ozodi.org 

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз аввали имсол ҳаракати таксиҳоеро, ки то соли 2014 истеҳсол шудаанд, дар Душанбе манъ кард. Мақомот мегӯянд, дар хиёбонҳои пойтахт беш аз 2300 таксӣ ба мусофирбарӣ машғуланд ва беш аз ҳазори он ба қоидаҳои бехатарӣ пурра ҷавобгӯ нестанд. Ронандаҳо аз дастури Вазорати нақлиёт норозиянд.

Ҳизбҳои Тоҷикистон ба интихобот 70 номзад пешниҳод кардаанд

Ozodi.org 

Барои иштирок дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 7 ҳизби сиёсӣ 70 номзад пешниҳод шудааст. Ин иттилоъ рӯзи 16-уми январ дар як ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот эълон шуд.

Таксиҳои куҳнаро дигар ба Душанбе роҳ намедиҳанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз аввали имсол ҳаракати таксиҳоеро, ки то соли 2014 истеҳсол шудаанд, дар Душанбе манъ кард. Мақомот мегӯянд, дар хиёбонҳои пойтахт беш аз 2300 таксӣ ба мусофирбарӣ машғуланд ва беш аз ҳазори он ба қоидаҳои бехатарӣ пурра ҷавобгӯ нестанд. Ронандаҳо аз дастури Вазорати нақлиёт норозиянд. Аҳмад, ронандаи таксӣ дар Душанбе, мегӯяд, хабари манъи ҳаракати мошинҳои истеҳсолашон то соли 2014 ӯ ва ҳамкоронашро сахт нороҳат кардааст, чун аз ягона манбаи даромад маҳрум мешаванд. Читать дальше...

Ба ҷои Медведев. "Русияи воҳид" аз номзадии Мишустин ҳимоят кард

Ozodi.org 

Ҳизби ҳокими Русия номзади президент Владимир Путинро ба вазифаи сарвазири Русия пуштибонӣ кард. "Русияи ягона" рӯзи 16-уми январ гуфт, ки он номзадии Михаил Мишустин, сарвари начандон хуб шинохташудаи андозро, ки Путин ба ҷойи Дмитрий Медведев пешниҳод кардааст, “якдилона дастгирӣ” хоҳад кард. Дмитрий Медведев ва кабинети вай рӯз 15-уми январ, пас аз суханронии ҳарсолаи Путин дар бораи вазъи кишвар, истеъфо доданд. Владимиир Путин дар суханронии солонаи худ хостори баргузории ҳамапурсӣ дар бораи ислоҳоти Қонуни асосӣ шуд. Читать дальше...



Мақомоти қирғиз масъалаи марзро пушти дарҳои баста баррасӣ мекунанд

Ozodi.org 

Жениш Раззоқов, ноиб-сарвазири Қирғизистон дар шаҳри Бодканд ҷаласаи ҳамоҳангсозро дар умури марз баргузор мекунад. Дар ин ҷаласа раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Акрам Мадумаров аз вазъи вилоят ҳисобот додааст. Мадумаров гуфт, ки дар соли 2019 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 14 низоъ бархостааст, ки 11 мавриди он дар ноҳияи Бодканд ва 3 мавриди дигар дар ноҳияи Лайлак рух додааст. Дар ҳашт низоъ аз ҷониби сокинони ду кишвар аз силоҳи оташфишон кор гирифта шудааст. Ҳамчунин сохтмони ғайриқонунӣ... Читать дальше...

Вена даст кашиду Узбакистон пазируфт: Тошканд мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ мешавад

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо мебоист соли оянда дар Австрия баргузор мешуд, вале ба далели танишҳои коррупсионӣ, Вена аз баргузории ин мусобиқа даст кашид ва ҳамакнун он дар Узбакистон доир мегардад

Узбекистониҳо дар 1 сол ба маблағи $16 млн рақами мошин харидаанд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон соли 2019 ба воситаи музоядаи онлайнӣ дар сомонаи "avtoraqam.uzex.uz" беш аз 36 300 рақами давлатии ба истилоҳ "тилоӣ"-и мошин ба маблағи 156,1 миллиард сӯм (зиёда аз $16,3 млн) ба фурӯш рафтааст. Аз ҳама рақами арзон беш аз 1 миллион сӯм (зиёда аз $100) ва гаронтарин рақам беш аз 91 миллион сӯм ($9,5 ҳазор) фурӯхта шудааст. Дар ин бора расонаҳои Узбекистон бо истинод ба муовини раиси шӯрои биржаи ин кишвар Ислом Ибрагимов иттилоъ доданд. Ёдрас мешавем, фурӯши рақамҳои давлатӣ... Читать дальше...

Сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо хабарнигорон. Узбекистон ҷазо таъйин кард, Тоҷикистон чӣ?

Ozodi.org 

Дар Узбекистон пешниҳод карданд, ки барои сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо хабарнигорон ва монеъ шудан барои гирифтани иттилоъ, масъулон то 115 доллари амрикоӣ ҷарима шаванд. Дар Тоҷикистон низ қонунгузорӣ барои сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо расонаҳо муҷозотеро пешбинӣ кардааст. Аммо, ба гуфтаи соҳибназарон, ба далели набудани "иродаи сиёсии мақомоти баландпоя", ин муқаррарот сарфи назар мешавад. Ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар Узбекистон баррасии ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шурӯъ шудааст... Читать дальше...

Нархи як ғизои аслии тоҷикон боло рафт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нархи тухми мурғ, яке аз хӯрокҳои асосии сокинони Тоҷикистон, дар як моҳи ахир боло рафта, харидоронро, ки асосан аз қишри миёнҳол ва фақири кишваранд, нигарон кардааст. Арзиши як бастаи 30-донаии тухм дар бозорҳои кишвар аз 27-28 сомонӣ то ба 30-35 сомонӣ расид. Бархе аз соҳибкорон бовар доранд, як сабаби гаронии нархи тухм "пурра манъ шудани воридот аз хориҷ аст". Мақомот манъи ворид кардани тухми мурғро аз хориҷ рад мекунанд.  Садафмоҳ Акобирова даҳ сол боз ба тиҷорати тухми мурғ машғул аст. Читать дальше...

Пешгирӣ аз инқилоб. Муаллифи Қонуни асосии соли 1993-и Русия сабабҳои ислоҳоти Путинро шарҳ медиҳад

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 15-уми январ дар паёмаш ба порлумони ин кишвар ислоҳоти Қонуни асосиро пешниҳод кард: салоҳияти порлумон густариш ёбад, тавонмандиҳои ҳукумат ба Шӯрои давлатӣ гузаранд, вазифа ва салоҳияти ҳукуматҳои маҳаллӣ бештар шавад ва ҳамчунин аҳамияти қонунҳои дохилии мамлакат аз созишнома ва қатъномаҳои байнулмилалӣ болотар қарор гирад. Ба дунболи ин паём, сарвазири Русия Дмитрий Медведев аз истеъфои ҳукумат хабар дод ва Путин ба ӯ мансаби ҷонишини раиси Шӯрои амниятро пешниҳод намуд. Читать дальше...

Шаш даста дар чорякфинали қаҳрамонии футболи Осиё

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, ки дар Тайланд ҷараён дорад, шаш даста – Австралия, Тайланд (гурӯҳи «А»), Арабистони Саудӣ, Сурия (гурӯҳи «В»), Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон (гурӯҳи «С») - ба чорякфинал роҳ пайдо карданд. Ду дастаи дигари ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи «D» шоми имрӯз, 16-уми январ, маълум хоҳанд шуд. Ҳоло дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Урдун бо чоримтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд. Читать дальше...

Оғози сабтиноми номзадҳо. Кӣ вориди рақобат мешавад, кӣ аз бозӣ – берун? ВИДЕО

Ozodi.org 

Пешбарии номзадҳо ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, ба поён расид. Ҳоло ҷараёни сабтиноми номзадҳо оғоз шудааст ва то 9-уми феврал идома хоҳад кард. Дар ин марҳила маълум мешавад, ки кадоме аз номзадҳои пешниҳодӣ вориди рақобати интихобот мешаванд ва кадоме аз бозӣ – берун. Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) гуфтанд, ҳафт ҳизби сиёсӣ номзадии 70 нафарро пешниҳод кардаанд, ки беш аз 32 дарсади онҳо занон ҳастанд. Аммо шумораи... Читать дальше...

Ҳафт ҳизб барои курсиҳои порлумон 70 номзад пешниҳод карданд

Ozodi.org 

Барои ширкат дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аз 7 ҳизби сиёсӣ 70 номзад пешниҳод шудаанд. Ин иттилоъ рӯзи 16-уми январ дар як ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон шуд. Махфират Хидирзода, як намояндаи КМИР дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки намояндагони ҳафт ҳизби сиёсии кишвар аз 5 то 28 номзад барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд, ки миёни онҳо аз ҳама бештар намояндагони ҳизби ҳокими халқи демократӣ мебошанд. Читать дальше...

Қазоқистон интиқоли нафт ба Белорусро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Вазири энержии Қазоқистон Нурлан Ногаев рӯзи чоршанбе дар ҳошияи ҷаласаи порлумон гуфт, то 20-уми январ бо Белорус дар бораи содироти нафт гуфтугӯ мекунанд. Ба гуфтаи Ногаев, Вазорати энержии Қазоқистон аз номи ширкати давлатии нафту кимиёи Белорус дар ин бора номаеро дарёфт кардааст. Мақомоти Белорус пас аз гуфтугӯҳои ноком бо Русия дар бораи хариду фурӯши нафт ба Украина, Лаҳистон, Озарбойҷон ва кишварҳои соҳили Балтик дархост фиристодааст. Ширкатҳои нафти Русия дар пайи ихтилофи назари Минску... Читать дальше...

Амрико ва Чин қарордоди тиҷоратӣ имзо карданд

Ozodi.org 

Амрико ва Чин рӯзи чаҳоршанбеи 15-уми январ "марҳилаи аввал"-и созишномаро барои коҳиши бархе тарофаҳои тиҷоратӣ байни ду кишвар имзо карданд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар маросими имзои созишнома гуфтааст, "ман фақат мехоҳам бигӯям, ки ин як рӯзи бузург барои Чин ва Амрико аст. Ин як созише аст, ки мардум тақрибан аз чиҳил сол ба ин сӯ дар бораи он сухан гуфтанд, вале ҳеҷ гоҳе натавонистанд, ки ҳатто як варақро имзо кунанд. Мо ҳеҷгоҳ ягон тавофуқе бо ҳам надоштем. Ин як созиши бузург... Читать дальше...

Путин раиси Хадамоти андозро ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод кард

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин номзадии раиси Хадамоти федеролии андоз Михаил Мишустинро ба мақоми раисии ҳукумати нави ин кишвар ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард. Мишустини 53-сола аз соли 2010 ба ин сӯ раиси Хадамоти федеролии андози Русия аст. Ӯ дар гузашта дар бахши сармоягузорӣ кор карда, як муддат муовини вазир оид ба андоз ва ҷамъоварии он буд. Маҷаллаи Forbes ҳамсари ӯро бо 160 миллион рубл даромади солона ба рӯйхати сарватмандтарин ҳамсарони мансабдорон шомил кард. ​Ҳукумати Русия 15-уми январ... Читать дальше...

Бозори "Абу Сахий"-ро дар Тошканд тафтиш мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти қудратии Узбекистон сар аз 5-уми январ дар бозори машҳури "Тошкент савдо марказӣ", ки бештар бо номи "Абу Сахий" машҳур аст, тафтиш мегузаронанд. Мақомоти қудратӣ ва тафтишотӣ дар ин бозор қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор кардаанд. Динара Латипова, як соҳибкори бозор гуфт, ки ӯро дар робита ба як парвандаи се соли пеш бозпурсӣ кардаанд. Мақомот гуфтаанд, ки нисбати роҳбарияти бозор бо моддаи "Сӯистифода аз мансаб" парванда боз шудааст. То соли 2017 бозори "Абу Сахий" ба Тимур Тиллоев... Читать дальше...

Пажуҳиш: 90% узбекистониҳо зидди қайди ҷои зист ҳастанд

Ozodi.org 

Наздики 90 дарсади сокинони Узбекистон гуфтаанд, ки ҷонибдори бекор кардани ҳамаи навъи маҳдудиятҳои марбут ба қайди ҷои зист ҳастанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба коршиноси Бонки ҷаҳонӣ Уилям Зейтса хабар доданд. Бино ба пажуҳиши Бонки ҷаҳонӣ, барои муҳоҷирати дохилӣ дар Узбекистон ду монеаи асосӣ - низоми қайди ҷои зист ва гаронии маҳсулот дар деҳот - мавҷуд аст. Пажуҳишгарон мегӯянд, танҳо бо бекор кардани низоми қайди ҷои зист имкон надорад, ки шаҳрнишиниро густариш дод. Бояд... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Сотрудник ОМОН «Крепость» стал бронзовым призером на соревнованиях Центрального округа Росгвардии по боксу


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Мария стала соперницей Азаренко на турнире WTA в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Результативность, вовлечённость, трудоголизм — где грань? Книга от автора российской модели факторов вовлечённости персонала.





Путин в России и мире
Москва

Путин сказал Алиеву: "Пора!". Новый БАМ пройдет через Кавказ. Транспортным коридором "Север — Юг" Россия и Азербайджан перешли дорогу Западу


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

VII Всебелорусское народное собрание: основные заявления Александра Лукашенко




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Во Франции назвали бредом слова Зеленского про угрозу Путина Европе


Навальный в России и мире
Москва

Священнику, отпевавшего Навального, запретили носить рясу и крест



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Фёдор Шаляпин

Музей Федора Шаляпина будет открыт в Уфе



Москва

Школьникам Наро-Фоминска рассказали о секретах успешной сдачи экзаменов

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net