123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 02.01.2020

Завқибек Саидаминӣ бо кумаки бародарони муҳоҷираш вакил шуданист

Ozodi.org 

Завқибек Саидаминӣ (Солеҳов), рӯзноманигори ҷавон ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, довталаби курсии вакили порлумон шудааст. Ӯ рӯзи 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафаш "шикастани тасаввурҳои шахшуда дар ҷомеа" ва "тағйирот дар сафи вакилон аст", ки аксаран ба хомӯшӣ ва бетарафӣ дар баробари мушкилоти мардум танқид мешаванд. Баъзе афрод тасмими рӯзноманигорро шоистаи таҳсин хондаанд, бархеи дигар пешбарии номзадиро "бе мувофиқа бо боло" сарфи беҳудаи вақту пул донистаанд. Интихоботи вакилони... Читать дальше...

Рӯзноманигори тоҷик бо кумаки бародарони муҳоҷираш вакил шуданист. ВИДЕО

Ozodi.org 

Завқибек Саидаминӣ (Солеҳов), рӯзноманигори ҷавон ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, довталаби курсии вакили порлумон шудааст. Ӯ рӯзи 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафаш "шикастани тасаввурҳои шахшуда дар ҷомеа" ва "тағйирот дар сафи вакилон аст", ки аксаран ба хомӯшӣ ва бетарафӣ дар баробари мушкилоти мардум танқид мешаванд. Баъзе афрод тасмими рӯзноманигорро шоистаи таҳсин хондаанд, бархеи дигар пешбарии номзадиро "бе мувофиқа бо боло" сарфи беҳудаи вақту пул донистаанд. Интихоботи... Читать дальше...

Парлумони Туркия бо ирсоли нирӯ ба Либия мувофиқат кард

Ozodi.org 

Парлумони Туркия бо ирсоли нирӯ ба Либия ба хотири кӯмак ба ҳукумати мавриди ҳимояти СММ мувофиқат кард. Вакилони маҷлиси Туркия дар як ҷаласаи изтирорӣ рӯзи 2 январ бо 325 раъйи мувофиқ ва 184 мухолиф бо ирсоли нирӯҳо ба муддати як сол ризоият дод. Ин дар ҳолест, ки нигарониҳо аз ташдид ёфтани низоъҳо дар Либия баъди сафарбар шудани сарбозони туркӣ вуҷуд дорад. Ҳукумати Триполӣ ба раҳбарии нахуствазир Фаёз Сироҷ барои расидан ба қудрат бо маъмурияти рақиби воқеъ дар шарқи ин кишвар ба раҳбарии генерал Халифа Ҳафтар дар ихтилоф аст. Читать дальше...



Интерпол ба Лубнон дархости ҳабси собиқ раҳбари Nissan-ро ирсол кард

Ozodi.org 

Чанд рӯз баъди аз додгоҳи Ҷопон фирор кардани собиқ раҳбари ширкати Nissan  Карлос Гон, полиси байналмилалии Интерпол ба Лубнон дархости ҳабси гумонбари фирориро ирсол кард. Вазири адлияи Лубнон Алберт Серҳан рӯзи 2 январ гуфт, додситонии кулл ҳушдори “сурх”-и  Интерполро барои дастгир кардани фирории 65-сола дастрас намуд.  Моҳи апрели соли 2019 Гон барои озодиаш дар муддати пешаздодгоҳӣ 8,9 миллион доллар гаравпулӣ супурд. Ӯро додгоҳи Токио дар тақаллубҳои молӣ муттаҳам мекунад. Вале ин соҳибкор... Читать дальше...

Занозанӣ дар Хоруғ. Ду низомӣ захмӣ шудаанд

Ozodi.org 

Дар занозании шаби 31-уми декабр дар тарабхонаи "Узбекистон"-и шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ду низомӣ маҷруҳ шудаанд. Баъзе аз манобеъ мегӯянд, онҳо афсари нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон ҳастанд. Бархе манобеи дигар яке аз захмиҳоро афсари Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд. То ба ҳол на мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва на Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ занозанӣ ҳангоми таҷлил аз Соли нави милодӣ рух дода... Читать дальше...

Барфу тарма ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хуҷандро қатъ кард. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Бар асари боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма рӯзи 2-юми январ ҳаракат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, қатъ шудааст. Даҳҳо ронандаву мусофир дар ин масир банд мондаанд ва ҳанӯз дақиқ нест, кай ба сафарашон идома хоҳанд дод. Мақомот мегӯянд, ба мусофирон кумак мекунанд, то дар сармо зиён набинанд. Ронандаҳову мусофирон шикоят доранд, ки ширкати масъул роҳро пок накардааст. Мақомот мегӯянд, дар чанд қитъаи роҳи Душанбе - Хуҷанд тарма фаромада, ҳаракатро номумкин кардааст. Читать дальше...



Тарма ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хуҷандро қатъ кард

Ozodi.org 

Бар асари боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма рӯзи 2-юми январ ҳаракат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, қатъ шудааст. Садҳо мусофир бо мошинҳои худ дар ин масир дармондаанд ва ҳанӯз дақиқ нест, кай ба сафар идома хоҳанд дод. Мақомот мегӯянд, ба мусофирон кумак мекунанд. Ронандаҳову мусофирон шикоят доранд, ки ширкати масъул ҳҳанӯз роҳро пок накардааст ва дармондани онҳо ба манфиат нест.

Эрон гуфт, баъди "таҳдиди" Трамп аз "ҷанг намеҳаросад"

Ozodi.org 

Баъди он ки президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, Эрон дар ташкили эътирозҳои зиддиамрикоии Ироқ гунаҳгор аст, раҳбарони низомии Ҷумҳурии Исломӣ Вашингтонро алайҳи амалҳои низомӣ ҳушдор доданд. Генерал Ҳусейн Саломӣ, ки раҳбари Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст, рӯзи 2 январ гуфт, “мо кишварро ба ҷанг ҳидоят намекунем, вале аз ҳеҷ ҷанге намеҳаросем ва ба Амрико мегӯем, ки бо мардуми Эрон дуруст сӯҳбат кунад”. Бо айни чунин таҳдид дигар мақомоти интизомии Эрон ҳам изҳорот пахш карданд. Рӯзи 31... Читать дальше...

Қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” тасвиб шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 2 январ презинти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”-ро имзо кард. Вебсайти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ин қонун ба хотири пешгирӣ аз экстремизм равона шудааст. Тарҳи қонуни нави муқовимат бо ифротгароӣ бори аввал январи соли 2019 дар парлумони Тоҷикистон таҳияву баррасӣ шуд ва муаллифони он – мақомоти додситонии кулл ва аъзои парлумон гуфтанд, ки ҳадафи асосии ин қонун ба талаботу чолишҳои замони имрӯз мутобиқ кунонидани қонун ва ҳам мутобиқ кардани он... Читать дальше...

"Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла дар Ингушистонро ба ӯҳда гирифт

Ozodi.org 

Гурӯҳи ифротии Давлати исломӣ масъулияти куштори як афсари полис дар Ингушистон –  ҷумҳурии Қафқози Шимолиро ба ӯҳда гирифт. Шаби 31 декабр дар шаҳри Магас ду марди ҷавон бо мошини худ як афсари пулисро пахш карда баъдан ба дигар кормандони полис бо корд ҳамла карданд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки дар ин ҳодиса як афсари полис кушта ва се нафар маҷрӯҳ шуданд. Яка аз ҳамлагарон Микаил Мизияеви 18-сола кушта ва дигаре Аҳмад  Имагожеви 23-сола дар ҷои ҳодиса маҷрӯҳ шуда ҳоло дар бемористон нигаҳдорӣ мешавад. Читать дальше...

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо имоми аҳли суннати Зоҳидон. Ду ҷониб чӣ гуфтанд?

Ozodi.org 

Бино ба гузориши расонаҳои Эрон, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 1-уми январ бо Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, имоми ҷумъаи масҷиди Макии аҳли суннати Зоҳидон ва донишҷӯёни тоҷик дар ҳавзаи илмии Зоҳидон, мулоқот кардааст. Хабаргузории расмии ИРНА аз қавли Зоҳидӣ навишт, "Тоҷикистон ният дорад заминаи қонунии ҳузури шаҳрвандонашро дар кишварҳои дигар, ки дар ҳоли таҳсил ҳастанд, фароҳам кунад". Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот хабар надодаанд. ИРНА ба нақл аз сафири Тоҷикистон навишт... Читать дальше...

Эътирозҳо ба қонун дар бораи моликияти идораҳои динӣ дар Монтенегро

Ozodi.org 

Дар рӯзҳои аввали соли 2020 дар Подгоритса, пойтахти Монтенегро (Черногория), эътирозҳо ба қабули қонуни нав дар бораи моликияти муассисаҳои динӣ идома кард. Ин қонун мавриди мухолифати Русия ва калисои ортодокси Сербистон шудааст. Рӯзи 1-уми январ чандсад ҳазор эътирозгар бо ташкили раҳпаймоӣ аз қабули қонуни баҳсбарангези моликияти муассисаҳои динӣ эътироз карданд. Ба андешаи мухолифони қонун, ин санад ба мақомот иҷоза медиҳад, моликияти марбут ба калисои ортодокси сербиро масдуд ё азхуд кунад. Читать дальше...

Абдумалик Саломов пас аз раҳоӣ аз зиндон ба муолиҷаи беморон пардохт

Ozodi.org 

Абдумалик Саломов, ҷарроҳи машҳури қалб дар Хуҷанд, ки моҳи октябри соли гузашта бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шуд, дубора дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд ба кор шуруъ кардааст. Ӯро соли 2017 бо гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни дар кишвар мамнӯи "Салафия" ба панҷуним соли ҳабс маҳкум карда буданд. Саломов ҳамвора исрор мекард, ки ба ягон гуруҳи ғайриқонунӣ шомил нест. Абдумалик Саломов рӯзи 2-юми январ гуфт, 15-уми декабри 2019 дубора ба вазифаи пизишки Бемористони бемории қалби вилояти Суғд ба кор қабул шудааст. Читать дальше...

Дар Қрим таълими забонҳои украинӣ ва қриму тоторӣ маҳдуд шуд

Ozodi.org 

Охирин мактаби миёна дар нимҷазираи аз ҷониби Русия ишғолшудаи Қрим, ки ба забони украинӣ дарс медод, аз фаъолият бозмондааст. Искандар Бариев, раҳбари маркази қриму тотор рӯзи 1 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 2014, замоне, ки бо амри Владимир Путин нирӯҳои русӣ нимҷазираи Қрими воқеъ дар қаламрави Украинаро ишғол карданд, дар ин қаламрав ҳафт мактаб ба забони украинӣ дарс медод. Панҷ сол баъди ишғоли Қрим  танҳо як мактаб дар шаҳри Феодосия монд, вале Бариев, ки бо такя ба сокинони маҳаллӣ сӯҳбат мекард... Читать дальше...

Созишномаи ҷалби муҳоҷирон ба Русия. Бартариҳо ва нигарониҳо

Ozodi.org 

Владимир Путин зери созишномае дар бораи муҳоҷирати кории тоҷикон ба кишвараш имзо гузошт, ки Тоҷикистону Русия соли гузашта имзо карданд. Қарор аст, ин созишнома имсол ҳукми иҷро бигирад. Дафтари матбуоти президенти Русия хабар дод, ки Владимир Путин "Созишнома барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ"-ро рӯзи 28 декабр имзо кардааст.   Созишнома моҳи апрели соли 2019 байни Душанбеву Маскав ҳосил шуд, вале Русия ба кадом сабабе онро бо таъхир тасвибаш кард. Моҳи октябри соли 2019 ҳини сафари Вячеслав Володин... Читать дальше...

Се корманди IRS зери тарма монданд

Ozodi.org 

Cе корманди ширкати IRS зери тарма монданд. Ин ширкати масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ мегӯяд, ки ҳодиса қабл аз зӯҳри 2-юми январ дар километри 63-юми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамаи ин кормандон аз зери тарма берун оварда шуданд ва вазъи саломатиашон хуб аст.  Масъулони ин ширкат субҳи имрӯз гуфтанд, ки шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки пойтахтро ба шимоли кишвар мепайвандад, бар асари фаромадани тарма муваққатан баста шудааст. Айни ҳол ҳаракати ҳамагуна нақлиёт дар ин масир манъ мебошад. Читать дальше...

Ғолибони мусобиқаи футзал ба хотираи Александр Кирсанов

Ozodi.org 

Мусобиқаи зимистона оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, собиқ бозигари дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Ирригатор”-и Душанбе бо пирӯзии тимҳои «Вавилон», «Рамис-Испечак» ва РШВСМ хотима ёфт. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 28-ум дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 30-юми декабр ба анҷом расид. Мусобиқа миёни алоқамандон ва собиқадорони футбол доир гардид. Дар сабқати алоқамандони футзал дастаи «Вавилон», ки дар бозии... Читать дальше...

Майк Помпео сафараш ба Украинаро бинобар вазъ дар Ироқ лағв кард

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми январ сафари худ ба Украинаро бинобар ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод, ба таъхир андохт. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар баёнияе гуфтааст, "Майк Помпео сафари худ ба Украина, Белорус, Қазоқистон, Узбекистон ва Қибрисро бинобар зарурати ҳузураш дар Вашингтон ва зери назар доштани вазъияти феълӣ дар Ироқ ва ҳосил кардани итминон аз амнияти амрикоиҳо дар Ховари Миёна, ба таъхир андохт". Нерӯҳо ва тарафдорони ниманизомиёни мавриди ҳимояти Эрон... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

«Радио Зенит» – информационный партнер форума «Мы вместе. Спорт»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Россиянка покинула WTA-1000 из-за проблем со здоровьем


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Татьяна Марчук выпустила альбом «Экопесенки» на лейбле Riki Music





Путин в России и мире
Москва

Мособлдума выступила за присвоение Красноармейску высокого звания


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Киев признал стагнацию ВСУ по всей линии фронта


Навальный в России и мире
Москва

Силовики задержали за сутки пятерых журналистов, часть проходит по делу об «участии в работе ФБК», одного жестоко избили при задержании



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Егор Крид

В Москве суд отклонил требование общественника Морозова закрыть YouTube-канал Егора Крида



Москва

Он обещал — вернулся: сможет ли Минаков перебить Томпсона

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net