123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 20.01.2020

Ронандагӣ дар байни занони афғон роиҷ мешавад, аммо бо мушкил. ВИДЕО

Ozodi.org 

Занони афғон, ки 20 сол пеш дар аҳди Толибон аз ҳама ҳуқуқ маҳрум буданд, ҳоло назар ба ҳар вақти дигар мустақилтар шудаанд. Бо вуҷуди ин ронандагӣ дар байни занон ҳанӯз роиҷ нест. Лайлимо Эҳсон яке аз бонувони афғон аст, ки мехоҳад вазъро тағйир диҳад. Баъди гирифтани гувоҳиномаи ронандагӣ худаш барои занон мактаби ронандагӣ кушод. “Як сол мошин мерондам ва хонумҳои дигар алоқамандии зиёд нишон доданд. Онҳо гуфтанд, ба мо ёд бидеҳ”, -- афзуд ӯ. Лайлимо Эҳсон мегӯяд, ронандагӣ боварии занро ба... Читать дальше...

Ҷузъиёти боздошти даҳҳо нафар бо гумони узвият дар "Ихвон-ул-муслимин"

Ozodi.org 

Шумораи онҳое, ки бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боздошт шудааст, дастикам 70 нафар будааст. Мақомот дар ин бора расман ҳеч хабар ва шарҳ намедиҳанд. Ду ҳафта пеш манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти 27 нафар хабар дода, гуфта буданд, ки эҳтимол ин рақам афзоиш ёбад.   Ду манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 20-уми январ гуфтанд, давоми ду ҳафтаи ахир шумораи боздоштшудаҳо дар чаҳорчӯби парвандаи "Ихвон-ул-муслимин” бештар шудааст. Читать дальше...

Ронандагӣ дар байни занони афғон роиҷ мешавад

Ozodi.org 

Дар Афғонистон, ки занон ҳамчунон аз озодиҳои зиёде бархурдор нестанд ва бештар пойбанди мардон мондаанд, баъзе аз онҳо талош доранд, то дар мустақилтар шудани бонувон мусоидат кунанд. Лайлимо Эҳсон яке аз бонувонест, ки мактаби ронандагии хос барои занон боз кардааст ва онро як василае барои мустақилтар шудани занон дар Афғонистон медонад.



Юрий Чайка аз мансаби додситони кулли Русия канор меравад

Ozodi.org 

Кремл рӯзи 20-уми январ эълон кард, ки Додситони кулли Русия Юрий Чайка аз мақомаш канор меравад.  Хадамоти матбуотии Кремл гуфт, президент Владимир Путин муовини раиси Кумитаи тафтишот Игор Красновро барои кор дар палатаи болоии парлумон ба баррасӣ пешбарӣ кард. Ба гуфтаи мақомот, Юрий Чайка 68-сола аст ва аз соли 2006 ба инҷониб дар ин вазифа мебошад. Ӯ ин мақомро барои кори дигар номаълум тарк хоҳад кард. Пешниҳоди Путин чанд рӯз пас аз он ба миён меояд, ки қонунгузорон дар палатаи поёнии порлумон... Читать дальше...

Боздошти “як ҷангҷӯи тоҷик” бо шиносномаи қалбакӣ дар Молдова

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Молдова як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дастгир кардаанд. Мақомоти ин кишвар рӯзи 20-уми январ гуфтанд, шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон ҳангоми убури марз бо шиносномаи қалбакии Украина боздошт шуд. Расонаҳои Молдова аз қавли мақомоти ин кишвар навиштаанд, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми убур аз марз ҳаяҷонзада буд ва ин чиз шубҳаи марзбононро ба бор овард. Тафтиши санадҳои ин ҷавон нишон додааст, ки шиносномаи украинии ӯ қалбакӣ буда... Читать дальше...

Пайроҳа мушкили маъюбонро ҳал накард. Акнун "лифт" месозанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар баъзе аз гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ дар Душанбе пайроҳаи махсусеро барои ҳаракати аробаҳои маъюбӣ гузоштаанд. Аммо маълулон мегӯянд, ин пайроҳаҳо на ҳамеша барои фаромадану баромадан муносиб аст. Мақомот мегӯянд, барои расидагии бештар ба мушкили маъюбон дар як роҳи зеризаминии пойтахт аввалин лифтро дуруст мекунанд. Хосима Аюбзодаи 27-сола аз пойи равон маҳрум аст ва бо аробаи маъюбӣ гаштугузор мекунад. Вай хатмкардаи донишгоҳ аст ва дар вақтҳои холигиаш китоб ҳам менависад. Аммо мегӯяд,... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 20-уми январи соли 2019

Ozodi.org 

Боздошти тақрибан 70 нафар бо иттиҳоми ифротгароӣ; Ҷаласаи васеи ҳукумат бо натиҷагирӣ аз кори соли 2019; Ронандагӣ дар байни занони афғон роиҷ мешавад; Нахустин лифт барои афроди маълул дар Тоҷикистон; Номи Андӣ дар хиёбони маъруфи Амрико дар Ҳолливуд.

Нигаронии Адам Шифф аз дастрас нашудани санадҳо дар бораи Украина

Ozodi.org 

Адам Шифф, намояндаи Маҷлиси Намояндагони Амрико аз Ҳизби демократ, Хадамоти махсуси Иёлоти Муттаҳидаро дар пешгирӣ кардани ҳуҷҷатҳои дархостшудаи Конгресс дар бораи Украина айбдор кардааст. Ин санадҳо ба пажуҳиши нобоварӣ ба президент Доналд Трамп вобастагӣ доранд. Додситони пешбарандаи кор ва ё роҳбари муҳокима дар миёни ҳафт қонунгузори Маҷлис рӯзи 19-уми январ ба расонаҳои Иёлоти Муттаҳида гуфт, Оҷонсии Амнияти Миллӣ ва Оҷонсии Иттилооти Марказӣ ё CIA “чунин менамояд, ки ба фишори давлати... Читать дальше...



Сохтмони 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми январ созишнома дар бораи сохтмони панҷ мактаби русиро дар кишвар қабул карданд. Ин санад пештар байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия ба имзо расида буд. Аммо баъзе аз вакилони тоҷик гуфтанд, дар ин мактабҳо на фақат таърихи Русия, балки таърихи Тоҷикистон омӯзиш дода шавад. Президенти Русия дар моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, барои "мутобиқ кардани муҳоҷирон аз Осиёи Миёна" дар кишварҳои минтақа мактабу донишгоҳҳои русӣ фаъол шаванд.

Барои маъюбон дар як гузаргоҳи зеризаминӣ лифт месозанд

Ozodi.org 

Ҳоло аксар гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар Душанбе, ки ба тозагӣ бунёд ва ё тармим шудаанд, пайроҳаи махсусе барои аробаи маъюбӣ низ доранд. Аммо на ҳамеша барои ҳаракати маълулон бо аробача муносиб аст. Маъбон аз набудани шароити муносиби гаштугузор шикоят доранд. Аммо масъулон мегӯянд, ки дар бунёди иншоотҳо ин нуқтаро ҳамвора ба инобат мегиранд. Дар ин росто, қарор аст дар яке аз гузаргоҳҳои зерзаминии Душанбе барои маъюбон лифт сохта шавад.

Боз як афсари милиса ба хотири шиканҷа боздошт шуд

Ozodi.org 

Эраҷ Наимов, маъмури пешини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар шиканҷаи сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоров ба ҳабс гирифтаанд. Ду муфаттиши собиқ низ бо айни иттиҳом дар боздоштанд. Ҳасан Ёдгоров, сокини 36-солаи шаҳри Турсунзода, мегӯяд, бо айби Эраҷ Наимов ва ду ҳамроҳи дигараш 8 моҳ ҳамчун қотил дар боздошт буд. Вай иддао дорад, ки зери шиканҷа, аз ҷумла гузоштан ба барқ, ба айбномаи қатл ризоият додааст. Пайвандони муфаттишони собиқ ҳар гуна иттиҳомро рад мекунанд.

Шикояти сокинон аз суръати пасти Интернет. Хадамот аз 4G мегӯяд

Ozodi.org 

Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтанд, барои беҳтар кардани суръату сифати Интернет дар минтақаҳои дурдасту кӯҳии кишвар тарҳи махсусро омода кардаанд, ки як бахши он пурра гузаштан ба низоми 4G аст. Сокинони ноҳияҳои дурдаст аз набуди Интернет ва ё суръати ба қавли онҳо бениҳоят сусти он изҳори ташвиш доранд. Масъулони ширкатҳо мегӯянд, барои харидани таҷҳизоти нав сармояи кофӣ надоранд.   Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, талош... Читать дальше...

Узбекистон то соли 2025 содироти гази табииро ба хориҷ қатъ мекунад

Ozodi.org 

Узбекистон тасмим дорад, то соли 2025 содироти гази табииро ба хориҷ қатъ кунад. Дар ин бора Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон хабар дод. "То соли 2025 талош мешавад, ки содироти гази табиӣ ба хориҷ қатъ ва коркарди он дар дохили кишвар комилан ба роҳ монда шавад",-гуфт Орипов. Ба гуфтаи вай, то охири соли ҷорӣ ҳамаи масрафкунандагони захираҳои энержӣ бо ҳисобкунакҳои газу барқ таъмин мешаванд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки захираҳои энержӣ сарфа шаванд ва мушкили марбут ба пардохтҳои ҳангуфти масрафи газу барқ ҳал гардад. Читать дальше...

Оғози баррасии шикояти хонаводаи Матраимовҳо зидди Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек имрӯз, 20-уми январ баррасии шикояти хонаводаи Матраимовҳо зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов ва сомонаҳои Kloop ва 24.kg-ро оғоз мекунад. Хонаводаи Матраимовҳо 9-уми декабри соли гузашта барои ҳифзи обрӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ рӯзи дигар ҳисобҳои бонкии расонаҳо, ҷамъан ҳудуди 859 ҳазор долларро ба ҳабс гирифт. Вале дертар ин қарор бекор шуд. Читать дальше...

Қазоқистон содироти чорворо пурра манъ кард

Ozodi.org 

Вазорати кишоварзии Қазоқистон дар пайи афзоиши содироти бузу гусфанд ва гов ба Узбекистон дар соли гузашта 20-уми январ содироти чорвои зиндаро пурра манъ кард. "Афзоиши содироти чорвои зинда ба болоравии нархи гӯшт ва коҳиши кори ширкатҳои коркарди гӯшт дар Қазоқистон сабаб шудааст",-қайд намудааст вазорат дар иттилоияи худ. Ба огаҳии Вазорати кишоварзии Қазоқистон, иқтидори ширкатҳои мазкур дар соли 2019 ба ҳисоби миёна ним баробар поин рафтааст. Сабаби асосӣ камчин шудани маҳсулоти хом дар... Читать дальше...

Мансабдори узбек ба зертобеаш тавсия медиҳад, худро овезад

Ozodi.org 

Ба гуруҳи "Telegram"-и бахши узбекии Радиои Озодӣ навори садоие фиристода шудааст, ки дар он шунида мешавад, чи гуна дар Узбекистон як мансабдор ба тобеони худ суханҳои қабеҳ мегӯяд. Як корманди Нозироти андози ноҳияи Ромитани Узбекистон, ки наворро фиристодааст, гуфт, он моҳи сентябри соли гузашта дар яке ҷаласаҳои марбут ба ҷамъоварии андоз аз сокинони ноҳия сабт шудааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар навор раҳбари онҳо Нуралӣ Болтаев суҳбат мекунад. Дар он ҷаласа Болтаев нозир Азизбек Ашуровро барои кам ҷамъ кардани пули андоз дашном додааст. Читать дальше...


Музыкальные новости
Гречка

Анастасии Ивановой из Олекминска, которой муж отрезал ухо и нос, нужна ваша помощь





Персональные новости
Россия

Директор Благотворительного Фонда «Провидение» Елена Осипова стала финалистом премии «Россия - страна возможностей»





Омодагии "Истиқлол" ба бозӣ бо "Локомотив" дар Тошканд

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои бозии даври дувуми марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 бо «Локомотив»-и Тошканд, 19-уми январ ба пойтахти Узбекистон омад. Бозии «Локомотив», ноиби қаҳрамони Узбекистон, бо «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 21-уми январ дар варзишгоҳи “Локомотив”-и Тошканд баргузор мешавад. Ин бозиро, ки соати 15:00 оғоз меёбад, гурӯҳи ҳакамон аз Лубнон бо сарварии Ҳусейн Абу Яҳё доварӣ мекунанд. Ҳайати бошгоҳи футболи «Истиқлол»... Читать дальше...

Идомаи пешсафии Русия дар Олимпиадаи зимистонаи наврасон

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозаннаи Швейтсария баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот дастаи мунтахаби Русия бо касби 25 медал (7 нишони тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Швейтсария бо касби 16 медал (7 нишони тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи дувумро ишғол кардааст. Дастаи мунтахаби омехта, ки аз варзишгарони кишварҳои мухталиф таркиб ёфтааст, бо касби 15 медал (5 нишони тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор дорад. То ҳоло варзишгарони... Читать дальше...

Чаҳор даста дар нимфинали қаҳрамонии Осиё (U-23)

Ozodi.org 

Чаҳор дастаи мунтахаби олимпӣ - Австралия, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Узбекистон - ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии  футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, ки дар Тайланд ҷараён дорад, роҳ пайдо кард. Дар бозиҳои чорякниҳоӣ, ки рӯзҳои 18-19-уми январ баргузор шуданд, Австралия бар Сурия ва Арабистони Саудӣ бар Тайланд бо ҳисоби якхелаи 1:0, Кореяи Ҷанубӣ бар Урдун бо ҳисоби 2:1 ва Узбекистон бар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуданд. Дар нимфинали қаҳрамонии Осиё (U-23) рӯзи... Читать дальше...

Мутахассиси гурҷӣ сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Мутахассиси 44-солаи гурҷӣ Александр Дзабирадзе сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, Дзабирадзе дар ин вазифа мутахассиси сербиягӣ Деян Дедовичро, ки мӯҳлати шартномааш бо ФФТ хотима ёфтааст, иваз намуд. Дедович фаъолияти мураббигиашро дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ идома хоҳад дод. Александр Дзабирадзе дар гузашта ба ҳайси бозигар дар бошгоҳҳои футзали «Полигран» (Маскав)... Читать дальше...

Кушта шудани даҳҳо нафар дар ҳамлаи мушакии ҳусиҳо

Ozodi.org 

Мақомоти Яман гуфтанд, рӯзи 19-уми январ дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ ва зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар вилояти Маъриби Яман бештар аз 100 сарбоз кушта шудаанд. Муҳаммад Ал-Ҳазромӣ, вазири умури хориҷии Яман ҳамлаҳоро, ки назди як масҷид ва ҳангоми намози шом сурат гирифт, "амали террористии номардонае" номид, ки тамоми суннату арзишҳои мазҳабӣ ва инсониро помол кардааст. Аммо Абдулло Маҷолӣ, сухангӯи артиши Яман гуфт, ки дар ҳамлаҳо 76 нафар кушта шудаанд. Мақомот ошӯбгарони ҳусиро, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешаванд... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Сотрудник ОМОН «Крепость» стал бронзовым призером на соревнованиях Центрального округа Росгвардии по боксу


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Дарья Касаткина

Теннисистка Касаткина выразила сожаление, что у нее нет коннекта с Шараповой


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Сенсорный сад с экотропами появится в Бутырском районе Москвы





Путин в России и мире
Москва

Киркоров и Пелагея спели для амурчан-бамовцев в Москве


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко убежден, что белорусы «никогда еще так хорошо не жили»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленский допустил, что Москва и Киев начнут мирные переговоры


Навальный в России и мире
Москва

Запрещено в служении проводившему панихиду по Навальному священнику



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Никита Пресняков

Никита Пресняков решил переплюнуть юбилей Пугачевой — пусть завидует



Москва

Педагоги вузов Москвы провели мастер-классы для юных талантов Ямала

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net