Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 30.01.2020

Манъи ранг кардани лаб барои духтарони донишҷӯ дар Покистон баҳс барангехт

Ozodi.org 

Ба духтарони як донишгоҳи Покистон, дар минтақаи Кашмир, сурх кардани лаб манъ шудааст. Маъмурияти Донишгоҳи "Кашмири Озод" бо нашри огаҳие гуфтанд, духтароне, ки лаби худро ранг мекунанд, сад рупия ё 65 сент ҷарима хоҳанд супурд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин тасмимро бахши дигаре аз маҳдудиятҳои ҳуқуқи занон дар Покистон номиданд.  "Тасмими масхараомез" Ин огаҳӣ 21-уми январ нашр шуд ва аз ҳамон замон боис ба эҷоди баҳсу баррасиҳои интиқодӣ гашт. Аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар баҳси донишомӯзону фаъолони... Читать дальше...

Ҳавопаймои "East Air"-ро дар Кӯлоб фурӯхтанд

Ozodi.org 

Як ҳавопаймоеро, ки чанд сол пеш дар Тоҷикистон мусодира карданд, дар Кӯлоб фурӯхтанд. Намояндагони ширкат мегуфтанд, ки мусодира ба сабаби рақобати носолим ва фишор ба онҳо буд.

Аз ширкатҳои мобилӣ хостанд, масъалаи "80 дирам"-ро шарҳ диҳанд

Ozodi.org 

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо фиристодани нома аз ширкатҳои мобилии кишвар хостааст, ки сабаби ситодани пули иловагӣ ё "пардохти абонентӣ" аз муштариёнро шарҳ диҳанд. Аз соли 2015 ба ин сӯ аз соҳибони ҳар як симкорт дар як моҳ 80-дирамӣ ситонда мешавад



Русия барои пешгирӣ аз вирус марзашро бо Чин бастааст

Ozodi.org 

Русия сарҳадашро бо Чин бастааст, то аз гузаштани “коронавирус” ба кишвар пешгирӣ кунад. Кишварҳои ҷаҳон садҳо шаҳрванди аз шаҳри Вуҳани Чин кӯчондаи худро барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус дар танҳоӣ нигоҳ медоранд. Аз ин бемории сирояткунанда наздик ба 170 кас фавтидаанд.  Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 30-юми январ гуфт, сарҳад, панҷумин сарҳади заминии дароз дар ҷаҳон, фавран баста мешавад. "Имрӯз фармон ба имзо расид ва иҷрои он сар шуд. Мо ба ҳама дар бораи чораҳои... Читать дальше...

Сарвазири Исроил барномаи сулҳ бо фаластиниҳоро ба Русия овард

Ozodi.org 

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бо президенти Русия Владимир Путин дар Маскав вомехӯрад, то барномаи сулҳи Амрикоро барои Шарқи Наздик баррасӣ кунад. Дар оғози гуфтушунидҳо рӯзи 30-юми январ Нетаняҳу гуфт, мехоҳад бо Путин дар бораи роҳҳои ба ҳам овардани нерӯҳо барои расидан ба "сулҳ ва оромӣ" дар минтақа гуфтугӯ кунад. Вай инчунин ба раҳбари Русия барои афв ба як шаҳрванди Исроил, ки дар Русия ба иттиҳоми маводи мухаддир зиндонӣ буд, изҳори сипос кард. Нақшаи сулҳи Доналд Трамп, ки дар ҳафтаи равон эълон шуд... Читать дальше...



Рӯзноманигор Далер Шарифов ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми январ Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифт. Ӯ бо моддаи 189, қисми яки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ", муттаҳам дониста мешавад. Ин моддаи Қонуни асосӣ то панҷ сол ҳабсро пешбинӣ мекунад. Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов баъд аз эълон ҳукм дар сӯҳбат бо Радои Озодӣ гуфт, ки ин иттиҳомро қабул надорад, "чун фарзанди ӯ ба... Читать дальше...

Баҳси додгоҳии модарони серфарзанд бо фаъоли ҷамъиятӣ дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 29-уми январ ба баррасии шикояти шаҳрвандии панҷ модари серфарзанд нисбати фаъоли ҷамъиятӣ Алибек Молдин пардохт. Модарони серфарзанд бо қасди "ҳимоят аз шаъну шараф" ба додгоҳ шикоят бурданд. Ҳар кадоми онҳо аз Молдин 100 ҳазор тангаӣ ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ ва узрхоҳии оммавӣ талаб доранд. Додгоҳи зинаи поёнӣ ҳанӯз 9-уми январ шикояти занҳоро нисбат ба фаъоли ҷамъиятӣ рад карда буд. Судя гуфт, "дар парвандаи Молдин таркиби ҷиноят мавҷуд нест". Читать дальше...

Полоишгоҳи нафти "Данғара". Бозори сӯзишворӣ аз дасти Русия ба Чин мегузарад?

Ozodi.org 

Сохтмони полоишгоҳ ва ё корхонаи бузурги коркарди нафти “Данғара” бо беш аз 90 миллион доллари як ширкати чиинӣ ба поён расидааст, аммо маълум нест, кай бензини он вориди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Полоишгоҳ қудрати коркарди аз 300 то 500 ҳазор тонна нафтро дорад ва бо шурӯи тавлидот ба эҳтимоли зиёд Чин бозори сӯзишвории Тоҷикистонро ба даст хоҳад овард, ки айни замон зери дасти Русия ва ширкати "Газпромнефт" аст. Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон... Читать дальше...

Теъдоди қурбониёни вирус дар Чин ба 170 тан расид

Ozodi.org 

Хуруҷи коронавируси 2019-nCoV, ки ҳанӯз дар моҳи декабр сабт шуда буд, тамоми 31 минтақаи Чинро фаро гирифт. Бино ба хабарҳои субҳи 30 январ, аз коронавирус 170 кас фавтидааст. 128 тани дигар шифо ёфта, қариб 82 ҳазор кас табобат мегиранд. Шумори умумии мубталоён ба 7711 нафар расид. Дар Тайван, Ҳонконг ва Макао 25 ҳолати дигари мубталошавӣ тасдиқ гардид. Дар кишварҳои дигар дар маҷмуъ дар ҷисми 75 кас ин вирус ошкор шудааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи вирусро барои Чин ҳолати фавқулода эътироф... Читать дальше...

Як зодаи Қирғизистон бо иттиҳоми таҳдид ба Путин боздошт шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Санк-Петербурги Русия як зодаи Қирғизистонро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Зодаи Қирғизистон дар кашидани расме, ки ба сӯиқасд ба ҷони президенти Русия Владимир Путин даъват мекунад, гумонбар мешавад. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ дод. Боздоштшудаи 22-сола дар содир кардани ҷиноятҳои "Тахрибкорӣ" ва "Даъват ба содир кардани фаъолияти террористӣ" гумонбар мешавад. "Тафтишот муайян кард, ки шахси номаълуме бо қасди содир кардани даъвати оммавӣ ба амалисозии фаъолияти террористӣ... Читать дальше...

Духтари президенти Узбекистон аз мақомаш истеъфо дод

Ozodi.org 

Комил Алламҷонов, сардори Оҷонси иттилооту иртибототи Узбекистон ва муовинаш Саида Мирзиёева, духтари президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев 29-уми январ бо хоҳиши худ аз мақомашон истеъфо доданд. Ба огаҳии хадамоти матбуотии оҷонс, худи он рӯз иҷрокунандаи вазифаи сардори Оҷонси иттилооту иртибототи Узбекистон Дилшод Саидҷонов таъйин шудааст. Бино ба хабарҳо, Комил Алламҷонов ва Саида Мирзиёева 29-уми январ дар як ҷаласаи оҷонс ба раҳбарии раиси дастгоҳи президенти Узбекистон гуфтаанд, ба дастгоҳи президент ариза навиштаанд... Читать дальше...

Вакили мудофеъ гуфт, бо Далер Шарифов мулоқот мекунад

Ozodi.org 

Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки ба ҳимояти ҳуқуқӣ аз Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик, машғул аст, мегӯяд, мақомот барои дидори вакили мудофеъ бо ин рӯзноманигор иҷозат додаанд. Қарор аст, вохӯрии вакили мудофеъ бо Далер Шарифов 30-юми январ сурат гирад. Ӯ аз 28-уми январ боз дар боздошт аст. Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ӯро бозпурсӣ мекунанд. Абдураҳмон Шарифов аз ҷониби Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон (узви Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа) вакили дифои Далер Шарифов таъин шудааст. Читать дальше...

Дар наздикии фурудгоҳи Ишқобод даҳҳо манзилро тахриб карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон даҳҳо бинои зисти бисёрҳуҷрагиеро тахриб карданд, ки дар наздикии фурудгоҳ қарор доштанд. Дар ҳоли ҳозир дар он минтақа танҳо бинои мактабҳои рақами 21 ва 8 мондаанд. Дар бораи нақшаи мақомоти Туркманистон барои тахриби биноҳои зисти воқеъ дар кӯчаҳои Отамурод Ниёзов, Яшил Туг, А. Амонова ва Косманавтов бахши туркмании Радиои Озодӣ ҳанӯз тобистони соли гузашта хабар дода буд. Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо аз Ишқобод, мақомот гуфтаанд, ки бинои мактабҳо пас аз ба поён расидани соли хониш тахриб мешаванд. Читать дальше...

Ташхиси сартосарии хонандаҳо дар Самарқанд пас аз бордор шудани 3 мактабхон

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд се хонанда ҳомила шудаанд, вале идораи маорифи ноҳия талош дорад, ин иттилоъро аз ҷомеа пинҳон кунад. Як манбаъ дар мақомоти тандурустии Самарқанд ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳоло тамоми хонандаҳои ноҳияи Тайлоқро иҷборан аз ташхис мегузаронанд. "Ин иқдом пас аз афзоиши ҳолатҳои ҳомиладоршавӣ миёни хонандагон рӯи даст гирифта шудааст. Ахиран маълум шуд, ки се хонанда ҳомиладор шудаанд. Бинобар ин, мақомот дастур доданд, ки ҳамаи хонандагон аз ташхис гузаронида шавад",-афзуд ҳамсуҳбати мо. Читать дальше...

Посухи Палатаи ҳисоб ба БМ: Вақте ба санад имзо гузоштед, эътироз чаро?

Ozodi.org 

Палатаи ҳисоб бори дигар аз мавқеаш дар бораи ошкор шудани зарари молиявӣ дар Бонки миллӣ ҳимоя кард ва гуфт, санҷишаш дар кори бонк дуруст аст. Дар пайи эълони Палатаи ҳисоб дар соли гузашта, ки гуфт дар кори Бонки миллӣ 8,3 миллион сомонӣ зарар ошкор кардааст, Бонки миллӣ эътироз кард. Бонки Миллӣ дар як баёнияи нодир Палатаи ҳисобро ба нашри иттилои носаҳеҳ ва латма задан ба обрӯи бонк муттаҳам карда буд. Собир Салимзода, аудитори Палатаи ҳисоб рӯзи 30-юми январ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...


Музыкальные новости
Александр Розенбаум

Александр Розенбаум рассказал о дополнительном источнике дохода: "Не бомжовые заведения"





Персональные новости
Сбер

Сбер подарил Орлу умный светомузыкальный фонтан





Муборизаи ҳашт даста барои Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе

Ozodi.org 

Марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2020 дар минтақаи Душанбе рӯзи ҷумъа, 31-уми январ, шуруъ мешавад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон – доир мегардад. Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе, ки 31-уми январ оғоз меёбад, ҳашт даста бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе)... Читать дальше...

Қаҳрамонии CAFA бо пирӯзии мунтахаби футзали духтарони Эрон ба поён расид

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки рӯзҳои 24-29-уми январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, бо пирӯзии мунтахаби Эрон ба поён расид. Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола бо иштироки дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, баргузор шуд. Тими мунтахаби Эрон, ки дар ҳамаи панҷ бозиаш бар дастаҳои Тоҷикистон (15:0)... Читать дальше...

Помпео ба Украина сафар мекунад

Ozodi.org 

Қарор аст, имрӯз, панҷшанбеи 30-юми январ Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико барои дидору гуфтугу бо раиси ҷумҳур Владимир Зеленский вориди шаҳри Киев - пойтахти Украина шавад. Ӯ баъдан ба Белорус, Қазоқистон ва Узбекистон меравад. Сафари дипломати баландпояи Амрико ба Киев дар рӯзи 30-уми январ дар замоне сурат мегирад, ки муҳокимаи парвандаи эълони нобоварӣ ба раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар Сенат палатаи болоии Конгресс идома дорад. Доналд Трампро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо... Читать дальше...

Палатаи ҳисоб: Кори "Барқи тоҷик" дар якуним сол беш аз 3 млрд сомонӣ зарар доштааст

Ozodi.org 

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, санҷиши ин ниҳод муайян кардааст, ки ширкати "Барқи тоҷик" фаъолияташро дар якуним соли гузашта бо беш аз 3 миллиард сомонӣ зарар ҷамъбаст кардааст. Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" дар гузашта эътироф карда буданд, ки кори ширкат фоидаовар нест ва ба ҳамин хотир, нархи барқ дар се соли ахир боло бурда шуд. Қаблан низ бархе ширкатҳои аудитории хориҷӣ гуфта буданд, фаъолияти ширкати "Барқи тоҷик" зараровар аст. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб рӯзи 30-юми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт... Читать дальше...

Нашри феҳристи мансабдорони узбек, ки барои кори иҷборӣ ҷарима шудаанд

Ozodi.org 

Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Узбекистон номгӯи мансабдоронеро нашр кард, ки барои иҷборан кор фармудани зердастон дар мавсими пахтачинии соли 2019 ҷарима шудаанд. Шахсони мансабдор барои ташкили кори иҷборӣ ҷарима шуданд. Дар ин рӯйхат номи 43 мансабдор, аз ҷумла ду раиси ноҳия, панҷ муовин, мудирони бонкҳову мактабҳо, инчунин як мудири маҷмааи тиҷорӣ зикр шудааст. Дар рӯйхат мансабдорони вилояти Самарқанд нисбати дигарон бештар зикр шудаанд. Ҳамаи мансабдорон бо моддаи "иҷборан ҷалб кардан ба меҳнат" муҷозот шудаанд. Читать дальше...

Парвандаи президенти пешини Арманистон ба додгоҳ рафт

Ozodi.org 

Додситонии кулли Арманистон 29-уми январ тасдиқ кард, ки зидди президенти пешини ин кишвар Серж Саркисян парвандаи ҷиноӣ боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст. Зидди Саркисян дар доираи парвандаи ҷиноии марбут ба вазири пешини кишоварзӣ Серго Карапетян, соҳибкор Барсег Бегларян ва муовини пешини вазири кишоварзии Арманистон Самвел Галстян айб эълом шудааст. Саргсян ба дуздии беш аз 1 миллион пули будҷа айбдор мешавад. Зидди президенти пешини Арманистон ва шахсони мазкур бар асоси банди "Шарикӣ дар дуздӣ ё азхудкунӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Шествие трубачей и уроки танцев: что ждет посетителей парков Москвы в майские праздники


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Как Рыбакиной стать второй ракеткой мира: расклад от WTA


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Huawei представила IDS на 26-м Всемирном энергетическом конгрессе





Путин в России и мире
Москва

Эксперт: корректировка порогов крупного и особо крупного ущерба по экономическим статьям оправдана и своевременна


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Продюсера Reuters арестовали за публикацию материалов на YouTube-канале «НавальныйLIVE»



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Владимир Высоцкий

Что Золотухин рассказывал про некрасивые тайны Таганки и почему Высоцкий его не простил



Москва

В центре Москвы из реки выловили тело уроженца Коми

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net