123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 08.01.2020

Трамп: Дар ҳамлаи мушакии Эрон "ягон амрикоӣ осеб надид"

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, 8-уми январ дар суханроние гуфт, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Ироқ "ягон амрикоӣ ва ироқӣ осеб надидаанд". "Ҳеч нирӯе аз даст надодем ва хисоротҳо ҷузъӣ будааст. Нирӯҳои бузурги амрикоӣ ба ҳар кор омода ҳастанд. Ба назар мерасад, Эрон қасд дорад иқдомоташро коҳиш диҳад," -- иттилоъ дод ӯ.  Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар ҷавоб ба қатли фармондеҳи нирӯҳои қудс Қосим Сулаймонӣ субҳи 8-уми январ ба ду пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ ҳамлаи мушакӣ кард. Читать дальше...



Ҳамлаҳои Эрон нигарониҳоро аз ҷанг бо Амрико барангехт. ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Ҳамлаҳои шабонаи мушакии Эрон ба ҳадафҳои Амрико дар Ироқ нигарониҳоро дар ҷаҳон барангехт, ки мумкин аст, ин муноқишаи мусаллаҳона дар Ховари Миёна аз контрол хориҷ шавад. Томас Варрик, пажуҳишгари  Атлантик, як муассисаи таҳқиқотӣ дар Вашингтон мегӯяд, айни замон суоли асосӣ ин аст, ки агар ҳамлаҳои Эрон талафоте дар байни амрикоиҳо оварда бошад, чӣ хоҳад шуд. Ӯ субҳи 8-уми январ ба "Садои Амрико" гуфт: "Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико возеҳ гуфтааст, ки талафот дар байни амрикоиҳо хатти сурх аст." Вазорати дифои Амрико гуфтааст... Читать дальше...

Помпео дар супориши дипломатӣ будани Сулаймониро рад кард

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, тахминҳоро дар бораи он ки фармондеҳи баланпояи Эрон ҳафтаи гузашта ҳангоми кушта шуданаш дар наздикии Бағдод дар супориши дипломатӣ буд, рад кард. Помпео рӯзи 7-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, “оё ягон таърихе вуҷуд дорад, ишора ба он кунад, ки ин ҷаноби меҳрубон, ин дипломати олӣ – Қосим Сулаймонӣ – бо ғояи иҷрои супориши сулҳ ба Бағдод рафтааст?” Ӯ дар посух ба суханони мансабдорони эронӣ дар бораи он ки генерали кушташуда барои гуфтушунидҳои сулҳ дар Ироқ талош мекард... Читать дальше...

Аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбекистон ба марҳилаи ниҳоӣ расид

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи баргузории нахустин ҷаласаи Коммиссиюни муштараки аломатгузории марзи ду кишвар хабар доданд. Ҷаласае, ки рӯзи 7 январ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ ва фаннии заминагузор дар анҷом ҷараёни аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон тасдиқ гардиданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон инчунин гуфт, ки дар ин ҷаласа нақшаи мулоқоти намояндагони ҳукуматҳои ҳарду ҷониб дар соли 2020 ҳамоҳанг шуд. Ҷузъиёти аз ин бештари кори ҷаласа нашр намешавад. Читать дальше...

Элис Уэллс: Тоҷикистон дар соли интихоботҳо ба баҳсҳои ошкору озод ниёз дорад. ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Элис Уэллс, муовини аввали ёвари котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, гуфт, пас аз 28 сол боз ба Тоҷикистон омад ва аз дигаргунию пешрафти он шод гашт ва акнун дар мақоми наваш талош дорад ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ҳамдастӣ кунад. Элис Уэллс он замон узви нахустин ҳайати Сафорати Амрико дар Тоҷикистон буд. Вай аз истиқболи гарми мардуми Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва мегӯяд, гуфтушунидаш бо мақомоти тоҷик на танҳо сари пешрафтҳо, балки мушкилоту печидагиҳо низ буд.​ Муовини... Читать дальше...

Мулло Садриддин, ки бо ваъдаи афв баргашт, 12 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Душанбе Cадриддин Муллоев маъруф ба Мулло Садриддинро бо айбномаи “терроризм“ ва “ифротгароӣ” ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора хешовандони ӯ рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар доданд ва гуфтанд, ки ҳукм одилона нест. Муллоеви 35-сола, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Ҷамоати таблиғ" муттаҳам мешуд, ба гуфтаи наздиконаш, соли гузашта бо ваъдаи афв аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт ва рӯзи 21-уми сентябри соли 2019 боздошт гардид. Хайриддин Муллоев, падари Садриддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...



Тағйироти кадрӣ. Раиси Кумитаи занон ва раиси шаҳри Норак иваз шуданд

Ozodi.org 

Рӯзи 8-уми январ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ва фармону амри раиси ҷумҳур дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бо қарори ҳукумат Идигул Қосимзода аз мақоми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон озод шуд. Дар шарҳи қарор сабаби аз вазифа озод шудани ӯро "гузаштан ба кори дигар" гуфтаанд. Моҳи декабри соли 2019 номзадии ӯ ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз рӯйхати ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Бо қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон... Читать дальше...

Гуфтугӯ бо мақоми амрикоӣ дар бораи озодӣ, Тоҷикистон ва вазъи Афғонистон

Ozodi.org 

Муовини аввали ёвари котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Элис Уэллс, шоми 7-уми январ дар Душанбе дар як суҳбати ихтисосӣ ба чанд суоли Радиои Озодӣ посух гуфт. Элис Уэллс гуфт, ҳукумати Амрико намехоҳад Афғонистон аз сӯи ҳеч гуруҳ ё кишваре ба ҳайси майдони муборизаҳо истифода шавад. Ин дипломати амрикоӣ озодии баёнро барои рушди кишварҳо муҳим донист ва ҳамчунин таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида кумакҳояшро барои таъмини амният дар марз идома медиҳад.

Ҳушдори сафорат ба шаҳрвандони Амрико дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бо авҷ гирифтани таниш дар Ховари Миёна, вазорати умури хориҷии Амрико аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон хостааст, дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Ҳушдори вазоратро рӯзи 8-уми январ сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе нашр кард. Дар ин ҳушдор омадааст: “Боло гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна мумкин аст, сабаби хатарҳои амниятӣ барои шаҳрвандони Амрико дар хориҷ шавад.” Вазорат ба шаҳрвандони амрикоӣ тавсия додааст, ки зиёд намоён нашаванд, дар маҳалҳое, ки саёҳон зиёданд, ҳушёр бошанд ва барномаҳои амниятии худро бознигарӣ кунанд. Читать дальше...

Истихроҷи тилло дар кони "Қумтор" аз 1 моҳ ба ин сӯ қатъ шудааст

Ozodi.org 

Дар кони тиллои Қумтори Қирғизистон сар аз 1 декабр - аз замони лағзиши замин ва бенишон шудани кормандони ширкат, истихроҷи тилло қатъ шудааст. Марина Гаврилова, сухангӯи Қумтор хабар дод, дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки истихроҷи тилло кай аз сар гирифта хоҳад шуд. "Ҳоло иҷозаи фаъолиятро надорем, ҳамаи корҳо қатъ шудааст",-гуфт Гаврилова. Субҳи 1-уми декабр ду коргари кони тиллои "Қумтор Голд Компанӣ" баъди он нопадид шуданд, ки дар яке аз қитъаҳои кон лағзиши теппа рух дод. Дар ҳоли ҳозир дар кони тиллои Қумтор 3700 кас кор мекунад. Читать дальше...

Тазоҳуроти инфиродӣ бо талаби лағви дахлнопазирии хонаводаи Назарбоев

Ozodi.org 

Фаъоли мадании қазоқ Бекболат Утебоев 7-уми январ бо талаби "адолати иҷтимоӣ" дар майдони марказии шаҳри Уралск даст ба тазоҳуроти инфиродӣ зад. Ин мард хост, дахлнопазирии хонаводаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бекор шавад. "Ман ғазаболуд ба кӯча баромадам. Назарбоев барномаи 2020-еро, ки эълом карда буд, иҷро накард. Бинобар ин, ман талаб дорам, ки дахлнопазирии хонаводаи ӯ бекор ва зиддашон барои барангехтани бадбинии иҷтимоӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Вақте Назарбоев сари... Читать дальше...

Дар таркиши Сомалӣ чор нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Дар паи таркиши бомба дар назди посгоҳи парлумони Сомалӣ дар пойтахти ин кишвар Могадишу рӯзи 8 январ  дасти кам чор нафар кушта ва 10 тан маҷрӯҳ шуданд. Афсари полис Адан Абдуллоҳӣ гуфт, ки “маводи тарканда дар дохили мошин гузошта шуда буд. Нирӯҳои амниятӣ фикр карданд, ки мошин мехоҳад аз гузаргоҳ убур кунад, вале азбаски ин корро карда танавонист, ҳамлагари маргталаб худро инфиҷор кард”. Ӯ гуфт, бар асоси гузоришҳои муқаддамотӣ, чор нафар кушта ва беш аз даҳ нафар маҷрӯҳ шудааст. Абдуллоҳӣ гуфт... Читать дальше...

Сокинони Жанаозен аз гароншавии қимати газ нигаронанд

Ozodi.org 

Сокинон ва соҳибкорони шаҳри Жанаозени Қазоқистон рӯзи 6-уми январ назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омада, ба болоравии қимати газ эътироз карданд. Ахиран як литр газ дар Жанаозен аз 53-55 танга ба 63-65 танга (наздики 17 сенти ИМА) расидааст ва сокинон талаб доранд, ки мақомот сабабҳои якбора боло рафтани қимати газро шарҳ диҳанд. Раиси шаҳр ваъда кард, ки нархи пешини газ барқарор хоҳад шуд. Дар Жанаозен аз ибтидои соли ҷорӣ қимати газ 20 дарсад боло рафтааст. Шоми 6-уми январ ҳокими шаҳр Максат... Читать дальше...

Дар таркиши Кветта ду нафар куштаву 16 тан захмӣ шуданд

Ozodi.org 

Дар паи таркиши бомба дар шаҳри покистонии Кветта рӯзи 7 январ ду нафар кушта ва 16 тан маҷрӯҳ шуданд. Раиси полиси вилоятӣ Разззоқ Чимо гуфт, замоне, ки мошине бо низомиён аз роҳ убур мекард, мотосикле, ки дар ҳамон ҷой қарор дошт, таркид. Дар миёни маҷрӯҳон ду ходими амниятӣ низ мебошад. Масъулияти ҳамларо созмони Ҷамоат-ул-Аҳрор ба дӯш гирифт, ки як гурӯҳи марбут ба Толибони Покистон мебошад. Кветта маркази маъмурии вилояти Балуҷистон аст, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир мебошад. Шурӯъ аз соли 2004 ин минтақа бо хушунатҳои гурӯҳӣ... Читать дальше...

"Ҳамроҳи моро тани луч карда, се рӯз заданд"

Ozodi.org 

Посух ба бонуи тоҷик, ки аз бемеҳрӣ шикоят кард, урёну латукуб кардани муҳоҷири тоҷик, мардуми интизори пушти дари ҷамоат дар Муминобод, роҳ хароби Зафаробод ва кӯмаки муҳоҷири тоҷик ба пирамарди дармондаи рус дар Озодӣ Онлайни имрӯз аст.

Посух ба бонуи тоҷик, ҷамоати холӣ, роҳи вайрон ва хайри муҳоҷир дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Урёну латту кӯб кардани муҳоҷирони тоҷик, мардуми интизори пушти дари ҷамоат дар Муъминобод, роҳи хароби Зафаробод ва кумаки муҳоҷири тоҷик ба пирамарди дармондаи рус аз мавзуъ ва видеоҳои “Озодӣ Онлайн”-и имрӯз аст. Дар оғози барнома видеоеро мебинед, ки як ҷавони тоҷик аз як боздоштгоҳи Маскав фиристодааст ва аз латту кӯб шудани чанде аз муҳоҷирон шикоят мекунад. Муаллифи видео баъдан ба Радиои Озодӣ навишт, ду нафар аз боздоштшудаҳоро ҷавоб доданд, нафари саввумро на. Аз Русия меравем ба ҷамоати... Читать дальше...

Дар Тошканд мурофиаи нави Гулнора Каримова шуруъ шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Тошканд мурофиаи нави додгоҳии Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, шуруъ шудааст. Каримова аз моҳи марти соли гузашта ба ин сӯ дар зиндони занона ба сар мебарад. Додгоҳи олии Узбекистон бо пахши изҳороте тавассути шабакаи «Телеграм» навишт, додгоҳи “Каримова ва дигарон” рӯзи 8-уми январ оғоз шуд. Дафтари матбуоти Додситонии кулли Узбекистон гуфт, моҳи август Каримова дар хариди ғайриқонунии саҳмияҳои ду корхонаи сементбарорӣ муттаҳам шуд. Ӯ баъдан саҳмияҳоро ба соҳибкорони хориҷӣ фурӯхт. Читать дальше...


Музыкальные новости
Олег Митяев

Олег Митяев отменил концерты в Тюмени и Тобольске





Персональные новости
Актриса

Актриса Яна Поплавская станет одним из почетных гостей Национальной премии «СВОИМ» в Нижнем Новгороде





Путин ва Эрдуғон дар ифтитоҳи TurkStream иштирок мекунанд

Ozodi.org 

Рӯзи 8 январ дар Истамбул қарор аст президентони Русия ва Туркия Владимир Путин  Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар расми ифтитоҳи лӯлаи гази TurkStream иштирок кунанд. TurkStream дар давоми панҷ сол бо арзиши 8 миллиард доллар бунёд шуда, тавони соле интиқол додани 31,5 миллиард метри мукааб гази Русия ба вилоятҳои ғарбии Туркияро дорад. Нисфи ҳаҷми ин газ баъдан ба кишварҳои Балкан ва Аврупои Марказӣ, аз ҷумла Булғористон, Сербия ва Венгрия ирсол мешавад.  Ҳадафи дарозмуддати  TurkStream ин аст, ки... Читать дальше...

"Муҳаррик оташ гирифт". Ҷузъиёти суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як ҳавопаймои украинӣ субҳи 8-уми январ баъди баланд шудан ба ҳаво дар фурудгоҳи Имом Хумайнии Теҳрон ба замин сарозер шуд ва 176 сарнишину мусофирони он ҷон бохтанд. Қосим Бениёз, сухангӯи Вазорати роҳу нақлиёти Эрон гуфт, яке аз муҳаррикони ҳавопаймои Боинг 737-800, ки ба ширкати ҳавопаймоии Украина (UIA) мутааллиқ аст, оташ гирифт. Ӯ гуфт, халабон назорати ҳавопайморо аз даст дод ва ҳавопаймо ба замин афтод. Вазири умури хориҷии Украина Вадим Пристайко гуфт, дар дохили ҳавопаймо 82 шаҳрванди Эрон... Читать дальше...

Дар Гран-прии ҷудо дар Тел-Авив 8 варзишгари тоҷик иштирок мекунад

Ozodi.org 

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии  ҷудо (Tel Aviv Grand Prix 2020), ки рӯзҳои 23-25-уми январ дар пойтахти Исроил - шаҳри Тел-Авив - баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тел-Авив иштироки 656 гуштигир (368 мард ва 288 зан) аз 93 кишвар дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар – Давлаталӣ Назаралиев (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг)... Читать дальше...

$30 барои хариди либос дар як сол. Сокинони Тоҷикистон чӣ мепӯшанд?

Ozodi.org 

Ҳар як сокини Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як сол барои хариди либос 30 доллар, ҳудуди 300 сомонӣ, харҷ мекардаанд. Дар ин бора пажӯҳишгарони Маркази байналмилалии тиҷорат дар таҳқиқоти нави худ – «Вазъи кунунии бозори либос дар Тоҷикистон» – хабар доданд. Таҳқиқот дар оғози соли нав нашр шуд. Бино ба омори пешниҳодшуда дар ин пажӯҳиш, барои мисол, як сокини Русия дар сол барои хариди либос 260 доллар, сокинони Қирғизистон 30-35-долларӣ ва сокинони Узбекистон 35-50-долларӣ харҷ мекардаанд. Пажӯҳишгарон навиштаанд... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Трехкратный обладатель Кубка Гагарина уволил тренера и назначил нового


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Виктория Азаренко вышла в полуфинал турнира WTA-1000 в Майами


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Татьяна Марчук выпустила альбом «Экопесенки» на лейбле Riki Music





Путин в России и мире
Москва

Путин оценил перспективы строительства ВСМ «Москва — Санкт-Петербург»


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Киев признал стагнацию ВСУ по всей линии фронта


Навальный в России и мире
Москва

«С какой целью вы пришли почтить память? Он вам родственник?» В Москве осудили девушку, которая пришла возложить цветы в память о Навальном



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Дима Билан

Дима Билан стал «Мистером Х» в проекте “Новая битва экстрасенсов” на ТНТ



Москва

Москва заявила о подготовке НАТО в Восточной Европе к конфликту с Россией

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net