Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 28.01.2020

Пешниҳоди "Раҳбари олӣ" ба ҷойи "президент" дар Русия

Ozodi.org 

Гуруҳи корӣ барои таҳияи ислоҳҳо ба Конститутсияи Русия пешниҳод кардааст, ки дар Қонуни асосии ин кишвар беш аз сад банди дигар илова карда шавад ва табдили мансаби "президент" ба "Раҳбари олӣ" яке аз онҳост. Ҳамчунин муаллифони таҳияи ислоҳҳо ба Қонуни асосӣ пешниҳод кардаанд, дар номи Русия мақоми "қудрате, ки дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум пирӯз шуд" илова карда шавад. Дар ин бора Павел Крашенинников, узви гуруҳи корӣ ва раиси Кумита оид ба давлатсозӣ ва қонунгузории Думаи Давлатии Русия ба хабарнигорон иттилоъ додааст. Читать дальше...

Иддаои шиканҷа шудани Хайриддини Абдуллоҳ. Мақомот "не” гуфтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Наздикони Хайриддини Абдуллоҳ (Хайриддин Доcтаков), рӯҳонии боздоштшудаи тоҷик, иддао доранд, ки ӯ зери шиканҷа иттиҳоми ифротгароиро ба дӯш гирифтааст. Ӯ рӯзи 29 декабри соли 2019, ҳангоми бозгашт аз Маскав ба Душанбе, дастгир шуд. Мақомот иддаои шиканҷа шудани Хайриддини Абдуллоҳро рад мекунанд.



Задухӯрди нирӯҳои амниятии афғон ва Толибон дар Ғазнӣ

Ozodi.org 

Мансабдорон ва гурӯҳи ҷангҷӯён мегӯянд, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ва ҷангиёни Толибон дар вилояти марказии Ғазнӣ бо ҳам задухӯрд карданд. Он ҷо як ҳавопаймои низомии Амрико сарнагун шудааст ва  ҳукумат кӯшиш дорад, ба онҷо расад.  Низомиёни Амрико мегӯянд, ҳавопаймои Bombardier E-11A, ки барои назорати электронӣ дар Афғонистон истифода мешавад, рӯзи 28-уми январ дар ноҳияи Деҳяк сарнагун шуд. Толибон даъво доранд, ки ҳавопайморо сарнагун кардаанд.     Ҳарбиён нагуфтаанд, ки чанд нафар дар ҳавопаймо буд ва оё  касе кушта шудааст, ё не. Читать дальше...

Ҷузъиёти боздошти 113 нафар дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик гуфтанд, то кунун 113 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳи дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (Бародарони мусалмон) дастгир шудаанд. Боздошти ин афрод дар оғози моҳи январи имсол оғоз шуд.

Омодагии Эрон барои сар додани мушаке ба фазо

Ozodi.org 

Бино ба гузоришҳо, тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки  Эрон барои сар додани мушаке ба фазо омодагӣ мегирад. Ду санҷиши мушакии Эрон барои партофтани моҳвора ба ҳаво дар соли равон ба шикаст рӯбарӯ шудааст. Амрико ин  барномаро паноҳе барои устувории мушакҳои баллистикӣ медонад, ки дар сар додани кӯлоҳаки ҳастаӣ низ ба кор бурда мешавад.  Муҳаммадҷавод Озарии Ҷаҳромӣ, вазири иртиботот ва фанноварии иттилоот, рӯзи 27-уми январ дар Твиттер тасдиқ кард, ки Эрон дар ҳоли омода кардани сайти мушакӣ... Читать дальше...



Суқути ҳавопаймои Амрико дар Ғазнӣ

Ozodi.org 

Вазорати дифои Амрико рӯзи душанбеи 27-уми январ таъйид кард, ки як ҳавопаймои низомии ин кишвар дар вилояти Ғазнӣ суқут кардааст, аммо "нишонае аз сарнагуниии ин ҳавопаймо аз сӯи душман дар даст нест". Гурӯҳи Толибон иддао кардааст, ки ин ҳавопаймо тавассути ин гурӯҳ сарнагун шудааст.

Тоҷикистон назоратро дар марз бо Чин пурзӯр кардааст. Пешгирӣ аз вирус? САДО

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз вуруди вируси нав назоратро дар марз бо Чин "пурзӯр кардаанд". Дар як ҳафтаи ахир бар асари хуруҷи коронавирус дар Чин беш аз сад нафар ҷон бохта, зиёда аз 1700 нафар сироят ёфтаанд. Чин яке аз ҳамсояҳои девор ба девори Тоҷикистон ва яке аз манбаъҳои ворид кардани маҳсулоти сохтмонӣ, либос ва хӯроку ашёи дигари зарурӣ ба кишвар аст. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ дар ҷаласае дар Душанбе роҳҳои пешгирӣ аз вуруди вируси навро ба кишвар баррасӣ намудаанд. Читать дальше...

"Абу Довуд рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон истирдод мешавад"?

Ozodi.org 

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар доданд, ки Парвиз Саидраҳмонов, яке аз мубаллиғони тоҷики ДОИШ-ро "рӯзҳои наздик" ба кишвар меоранд. Саидраҳмонов бештар бо номи "Абу Довуд" машҳур аст ва ҳоло дар зиндони Африни Сурия нигоҳ дошта мешавад. Модари Парвиз гуфт, дар бораи истирдод шудани писараш огоҳ аст, вале намедонад, ӯро чӣ сарнавиште интизор аст. Мақомоти Туркия ва Сурия дар ин бора чизе нагуфтаанд ва тасдиқи хабар аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.   Музаффар Юсуфӣ, як масъули Додситонии кул... Читать дальше...

Теъдоди қурбониёни вирус дар Чин ба 106 нафар расид

Ozodi.org 

Мақомоти Чин рӯзи 28-уми январ гуфтанд, теъдоди ҳалокшудагон аз сирояти вируси нав дар Чин ба 106 нафар расидааст ва мақомот бештар аз 1700 мавриди нави сирояти ин бемории роҳҳои нафасро сабт кардаанд. Ба гуфтаи вазорати тандурустии Чин то рӯзи 27-уми январ вирус ба 4515 нафар дар саросари кишвар сироят кардааст. Дар дигар кишварҳои ҷаҳон 48 мавриди сирояти беморӣ собит шудааст ва аксари онҳо ё сайёҳони чинӣ ҳастанд ва ё онҳое, ки чанде пеш ба Чин сафар кардаанд. Пештар аз эълони омори нав дар бораи беморон... Читать дальше...

Як хабарнигорро аз ҳаққи сафар бо Помпео маҳрум карданд

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ як хабарнигори Радиои Ҷамъиятии Амрикоро аз феҳрасти хабарнигороне, ки бояд Майк Помпео, Вазири умури хориҷиро дар сафараш аз ҷумла ба Осиёи Марказӣ ҳамроҳӣ мекарданд, хориҷ кардааст. Радиои Ҷамъиятии Амрико ва Анҷумани Хабарнигорони Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 27-уми январ гуфтанд, ки Мишел Келеман аз феҳраст берун карда шуд. Намояндагони анҷуман гуфтанд, роҳ надодани Келеман, ниқор гирифтан аз Радиои Ҷамъиятии Амрико аст, ки рӯзе пештар хабарнигори дигари он Мери Луиз Келли бо як суоле дар бораи Украина... Читать дальше...

Мусобиқаи муштзанҳо дар Чин на, дар Урдун мегузарад

Ozodi.org 

Мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки мебоист рӯзҳои 3-14-уми феврал дар шаҳри Вуҳан баргузор мешуд, ба иллати авҷ гирифтани вирус дар Чин ба Урдун интиқол ёфт. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи байналмилалии олимпӣ хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс аз 3-юм то 11-уми март дар пойтахти Урдун – Аммон – доир мегардад.   Дар ин мусобиқа 63 роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар вазнҳои мухталиф тақсим мешавад. Читать дальше...

Лигаи қаҳрамонҳои AFC: "Истиқлол" дар Ҷидда бо "Ал-Аҳлӣ" бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз, 28-уми январ, дар плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 бо бошгоҳи "Ал-Аҳлӣ" аз Арабистони Саудӣ барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ пайдо кардан талош меварзад. Бозӣ дар шаҳри Ҷидда, дар варзишгоҳи «King Abdullah Sports City», соати 22:30 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.  Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”, дар арафаи бозӣ муқобили “Ал-Аҳлӣ” дар як нишасти хабарӣ гуфт, «Ал-Аҳлӣ» дастаи пурқувват аст. Рақибамон дар ҳамин... Читать дальше...

Додситонӣ шумораи боздоштшудаҳо дар парвандаи "Ихвон-ул-муслимин"-ро 113 тан эълон кард

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки то кунун 113 нафар барои пайравӣ аз гурӯҳи дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин", боздошт шудаанд. Дастгир шудани афрод дар авоили моҳи ҷорӣ оғоз шуд ва мақомот барои бори аввал ин боздоштҳоро ба таври расмӣ шарҳ доданд. Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки 20 тан аз ин боздоштшудаҳо кормандони муассисаҳои олӣ ва як нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳукумати Исфара мебошад. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир нисбати ин афрод парванда боз шудааст. Читать дальше...

Суқути ҳавопаймо дар Ғазнӣ. ИМА: "Нишонае аз сарнагунии ҳавопаймо аз сӯи душман дар даст нест"

Ozodi.org 

Вазорати дифои Амрико рӯзи душанбеи 27-уми январ таъйид кард, ки як ҳавопаймои низомии ин кишвар дар вилояти Ғазнӣ суқут кардааст, аммо "нишонае аз сарнагуниии ин ҳавопаймо аз сӯи душман дар даст нест". Гурӯҳи Толибон иддао кардааст, ки ин ҳавопаймо тавассути ин гурӯҳ сарнагун шудааст. Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", Сонни Леггетт, сухангӯи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон гуфтааст, ин ҳавопаймо аз навъи E-11A будааст. Артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои назорати электроникӣ бар Афғонистон аз ин навъ ҳавопаймо истифода мекунад. Читать дальше...

Табибони туркман ҳаққ надоранд ҳини кор аз телефони мобилӣ истифода кунанд

Ozodi.org 

Роҳбарияти мақомоти тандурустии Туркманистон аз табибон талаб кардааст, ки телефонҳои ҳамроҳашонро ҳангоми ба коргоҳ омадан дар хона монанд ва ё дар ихтиёри сардухтур гузоранд. "Дар шифохонаҳо ҳам ба табибон истифодаи телефонро манъ карданд. Ба онҳо дастур шудааст, ки телефонҳояшонро ё дар хона монанд ва ё дар коргоҳ ба дасти сардухтур диҳанд",-гуфт як сокини маҳаллӣ. Пештар аз ин истифодаи телефонҳои мобилиро дар муассисаҳои таълимии он кишвар манъ карда буданд. Дар ҷаласаҳои волидон ба падару... Читать дальше...

Дар Узбекистон се бародар аз бӯи газ ҷон бохтанд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи ба номи Шароф Рашидови Узбекистон се бародар -- 8, 12 ва 14-сола аз бӯи газ ба ҳалокат расидаанд. Модарашон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Ҷасадҳоро падарашон баъди бозгашт аз кор, тақрибан соатҳои 5-и рӯзи 25-уми январ пайдо кардааст. Намояндаи Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, "бино ба маълумоти пешакӣ, кӯдакон ҳангоми хоб аз бӯи газ заҳролуд шудаанд". Манбаъ афзуд, бӯи газ аз таҳхонаи ҳуҷра, ки дар онҷо дастгоҳи гармидиҳӣ насб буд, хориҷ шудааст.

Матраимовҳо шикояташонро зидди хабаргузории 24.kg пас гирифтанд

Ozodi.org 

Хонаводаи Райимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон аз шикояти худ зидди хабаргузории 24.kg даст кашид. Дар ин бора вакили дифоъ Канатбек Азиз дар шабакаи иҷтимоии Facebook иттилоъ дод. Пештар 24.kg матлаберо бо унвони "хабаргузорӣ дар бораи даст доштани Матраимов дар қочоқ далеле надорад" нашр кард. "Хабаргузорӣ ҳангоми нашри матлаб ба таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва Kloop истинод карда буд. Худи хабаргузории "24.kg" дар ин замина таҳқиқотеро... Читать дальше...

SIPRI: Чин дар истеҳсоли аслиҳа Русияро гузашт

Ozodi.org 

Коршиносони Пажӯҳишгоҳи мушкилиҳои ҷаҳон дар Стокҳолм (SIPRI) бори нахуст имкон пайдо карданд, ки ҳаҷми силоҳи истеҳсолкардаи ширкатҳои чиниро таҳлил кунанд. Тавре маълум шуд, чаҳор ширкати чинӣ дар соли 2017 ба маблағи 16,4 миллиард доллар силоҳ фурӯхтаанд, ки назар ба даҳ рақиби бузургтарини русашон бештар аст. Ҳамин тариқ Чин пас аз ИМА дувумин кишваре ба ҳисоб меравад, ки аслиҳаи бештар истеҳсол мекунад. Дар гузашта таҳлили ҳаҷми истеҳсоли силоҳ аз сӯи ширкатҳои чинӣ номумкин буд. Вале мутахассисон... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Московские школьники стали победителями всероссийской олимпиады по математике


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Свёнтек разгромила Кырстю и вышла в 1/8 финала турнира WTA-1000 в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Учения по ликвидации лесных пожаров прошли в Богородском округе





Путин в России и мире
Москва

Путин поздравил Леонида Рошаля с днем рождения


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Это - война: литовские беспилотники попытались атаковать Минск




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Продюсера Reuters арестовали за публикацию материалов на YouTube-канале «НавальныйLIVE»



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Антонина Арталевская

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week



Москва

Московский код. Жители и гости столицы пишут краеведческий диктант

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net