Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Додситонӣ шумораи боздоштшудаҳо дар парвандаи "Ихвон-ул-муслимин"-ро 113 тан эълон кард

0
Додситонӣ шумораи боздоштшудаҳо дар парвандаи

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки то кунун 113 нафар барои пайравӣ аз гурӯҳи дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин", боздошт шудаанд. Дастгир шудани афрод дар авоили моҳи ҷорӣ оғоз шуд ва мақомот барои бори аввал ин боздоштҳоро ба таври расмӣ шарҳ доданд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки 20 тан аз ин боздоштшудаҳо кормандони муассисаҳои олӣ ва як нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳукумати Исфара мебошад. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир нисбати ин афрод парванда боз шудааст.

Додситони кулл ҳамзамон сарусадоҳо дар бораи боздошти як корманди дастгоҳи президент ва як корманди вазорати тандурустиро, ки гӯё барои узвият дар ин гурӯҳ боздошт шудаанд, рад кард. Юсуф Раҳмон афзуд, ки дар миёни боздоштшудаҳо ду хориҷӣ низ ҳастанд. Аммо ӯ ҳувияти онҳоро ошкор накард ва нагуфт, ки онҳо шаҳрвандони кадом кишвар (ҳо) ҳастанд.

Қаблан манобеи Радиои Озодӣ шумораи боздоштшудаҳоро ҳадди ақал 70 нафар гуфта буданд, ки дар миёни онҳо устодони донишгоҳҳо,  мансабдорони давлатӣ, рӯҳониён ва ғайра ҳастанд. Чанд манбаъ дар мақомоти интизомӣ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки як шабакаи аъзои ин созмони мамнуъро дар кишвар ошкор кардаанд.

Тибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар миёни боздоштшудаҳо Исмоил Қаҳҳоров, домоди хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, руҳониёни маъруфи кишвар низ ҳастанд. Фирдавс Раҳимзода, раиси Идораи амволи давлатии шаҳри Исфара аз ҷумлаи онҳоест, ки бо гумони узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" дастгир шудааст.

Боздошти даҳҳо нафар бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин", нишон надодани онҳо ба наздиконашон ва надоштани вакили мудофеи мустақил, нигаронии баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овардааст.

Дар гузашта низ созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии дину эътиқод танқид кардаанд. Чизе, ки мақомот ҳамвора рад карда, ҷорӣ шудани баъзе маҳдудиятҳоро ба мубориза бо ифротгароӣ рабт додаанд.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин", ки номаш дар пайванд ба боздошти чанд нафар дар сархатти расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад, аз соли 2006 боз дар кишвар манъ аст. Соли 2016 чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба зиндон маҳкум шуда буданд.

"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ дар бархе аз кишварҳои арабӣ низ мамнуъ аст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день


Спорт в России и мире
Москва

«Спартак» набрал больше всех очков в играх с командами из верхней половины таблицы РПЛ


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева замыкает год // 16-летняя российская теннисистка успешно стартовала на крупном турнире WTA в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Компания ICDMC стала победителем престижной премии в сфере ЗОЖ – Green Awards 2023/24





Путин в России и мире
Москва

Транспортный коридор «Север-Юг» станет катализатором социального и экономического развития стран Евразии и глобального Юга


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко пообещал потенциальным агрессорам ответ всеми видами оружия




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: встречи по продвижению "формулы Зеленского" дают Киеву чувство вседозволенности


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Михаил Кутушов

Токсиколог Кутушов рассказал почему возникает похмелье



Москва

Большая вода паводка-2024 выявила множество проблем в России

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net