123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 24.01.2020

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ба думболи нигарониҳо аз интиқоли эҳтимолии вируси нави чинӣ ба Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар дод, ки чунин вирус ба кишвар ворид нашудааст. Эҳтимоли ворид шудани вирус аз Чин ба Тоҷикистон бархе аз сокинони кишварро ба ташвиш гузоштааст.

Вирус дар Чин 25 нафарро кушт ва 830 нафарро бистарӣ кард

Ozodi.org 

Рафтуои одамон ба камияш дар 11 шаҳри вилояти марказии Ҳубеи Чин манъ гашт. Ин чора барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав ҷорӣ гашт, ки дар натиҷаи сирояти он наздик ба 25 нафар кушта ва беш аз 830 каси бемор шудаанд. Дар Вуҳан маркази вилояте, ки 11 миллион сокин дошта, вирус ё ангали беморӣ бори аввал дар он ҷо рӯ зад, субҳи 23 январ равуои аксарияти нақлиёт бас шуд. Аз рӯи гузоришҳо мақомот пӯшидани ниқобро дар шаҳр маҷбурӣ кардаанд ва ба мардум маслиҳат медиҳанд, ки аз издиҳом ва гирдиҳамоиҳо канорагирӣ кунанд. Читать дальше...

Овозаҳои сирояти вируси нав. Мақомоти Тоҷикистон рад мекунанд

Ozodi.org 

Ба думболи нигарониҳо аз интиқоли эҳтимолии вируси нави чинӣ ба Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ин кишвар хабар дод,  ки чунин вирус ба кишвар ворид нашудааст. Эҳтимоли ворид шудани вирус аз Чин ба Тоҷикистон бархе аз сокинони кишварро ба ташвиш гузоштааст. Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 24-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар кишвар касе аз ин вирус зиён надидааст. Ӯ таъкид намуд, ки барои ҷилавгирии интиқоли... Читать дальше...



Абдумалик Қодиров: "Бо чунин шева мо пеш намеравем"

Ozodi.org 

Дар идомаи тағйиротҳои кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 24-уми январ вазирони маориф, фарҳанг, рушди иқтисод, раисони чанд кумита аз мақомҳояшон барканор шуданд ва ё ҷой иваз карданд. Абдумалик Қодиров таҳлилгари тоҷик мегӯяд, шеваи интихоби кадрҳо барои пешрафти кишвар мусоидат намекунад.

Интиқоди Азизи Нақибзод аз шеваи интихоби кадрҳо

Ozodi.org 

Рӯзи 24-уми январ Нуриддин Саид бар асоси фармони президент аз мақоми вазири маориф барканор ва раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин шуд. Азизи Нақибзод, хабарнигори тоҷик мегӯяд, таъйиноти "дурусте" нест.

Интихоботи 2020 ва боздоштҳои бесабабу кори гоҳе бемаоши муҳоҷирон дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Интихоботи порлумонии моҳи март як баҳси асосии "Озодӣ Онлайн" аст, аммо барнома бо наворҳое оғоз мешавад, ки муҳоҷирон аз Русия фиристодаанд ва дар онҳо аз боздоштҳои бесабаб ва кори мушкилу гоҳе бемаош шикоят кардаанд. Яке аз видеоҳо аз шаҳри Маскав дастрас шуд. Муаллифи видео ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ки бо вуҷуди доштани иҷозаи кор ва будубоши қонунӣ маъмурони интизомӣ сари чанд вақт, ба қавле, ба зиёрати онҳо меоянд ва гуруҳ-гуруҳ ба идораи пулис мебаранд. Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, баъзе... Читать дальше...

Трамп гуфт, барномаи сулҳи Ховари Миёнаро ошкор мекунад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, ки  нақша дорад то 28 январ,  рӯзе, ки вай бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Вашингтон вохӯрӣ хоҳад кард, барномаи сулҳи Ховари Миёнаи худро ошкор кунад.  Трам рӯзи 23 январ ҳангоми баргаштан аз Швейтсария ба Флорида дар ҳавопаймо ба хабарнигорон гуфт: “Шояд мо онро каме пештар аз боздид нашр хоҳем кард.” Вай афзуд: "Ин як барномаи олӣ аст. Ин барномаест, ки ҳақиқатан кор хоҳад кард.” Фаластиниҳо, ки ҳанӯз ба ҷаласаи Кохи Сафед бо Нетаняҳу даъват нашудаанд, фавран ин эъломияро маҳкум карданд. Читать дальше...



Юсуф Раҳмон барои 5 соли дигар Додситони кулл монд

Ozodi.org 

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон барои панҷ соли дигар дар ин мақом кор мекунад. Рӯзи 24-уми январ Маҷлиси Миллӣ, палатаи болои порлумони Тоҷикистон барои панҷ соли дигар боқӣ мондани Юсуф Раҳмон дар мақоми Додистони кулли Тоҷикистон, ризоят дод.  Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Додситони кулл танҳо бо ризоияти аъзои Маҷлиси Миллӣ таъйин карда мешавад. Номзадии Юсуф Раҳмонро дар порлумон ба ҳайси Додситони кулл, Зариф Ализода, ёрдамчии раиси ҷумҳур дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, муаррифӣ кард. Читать дальше...

Дар Русия то 3300 муҳоҷири узбек дар идораҳои пулис нигаҳдорӣ мешавад

Ozodi.org 

Ҳудуди 3323 муҳоҷири узбекистонӣ дар Русия аз сӯи мақомоти Русия боздошт шудааст. Дар ин бора рӯзи 23-юми январ Бахтиёр Турсунов, раиси Оҷонсии муҳоҷирати хориҷии Узбекистон хабар дод. "Бисёре аз муҳоҷирон бидуни донистани забон ва ҳунаре ба хориҷ мераванд ва ба мушкил дучор мешаванд. Онҳо нохудогоҳ қонунҳои давлатеро поймол мекунанд, ки дар он ҳузур доранд. Дар натиҷа аз кишвари муҳоҷирпазир ихроҷ мешаванд",-гуфт Бахтиёр Турсунов. Мақомоти муҳоҷирати Узбекистон гуфтанд, дар соли 2019 панҷ муассисаи консулӣ дар Русия таъсис додаанд... Читать дальше...

Қирғизистон воридоти гӯшт аз Чинро манъ кард

Ozodi.org 

Қирғизистон ба таври муваққат воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро аз Чин манъ кард. Дар ин бора мақомоти байторӣ ва амнияти фитосанитарии он кишвар иттилоъ доданд. Мақомоти байтории Қирғизистон ҳамчунин хабар медиҳанд, дар моҳи декабри соли 2019 аз вилояти Хенони Чин 48 тона гӯшти мурғобӣ ворид ва дар маркази ташхиси байторӣ санҷида шуд. Вилояти Хенон дар фосилаи 500 километр аз вилояти Хубэй - маркази авҷгирии вируси нав - ҷойгир аст, вале дар ҳар сурат мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтаанд... Читать дальше...

Марди қазоқ барои таҷовузи мактабхон 25 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Тарози Қазоқистон 24 январ сокини маҳаллиеро, ки дар таҷовуз ба номуси хонандаи мактаб айбдор мешуд, 25 соли зиндонӣ кард. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки ӯро ахтаи кимиёӣ кунанд. Марди 38-сола, ки ному насабаш ифшо намешавад, бар асоси бандҳои "Амалҳои хушунатомези шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғ" ва "Таҷовузи ноболиғ" айбдор дониста шуд. Бар асоси қарори додгоҳ, айбдоршуда ҳамчунин бояд ба ҷониби ҷабрдида 5 миллион танга (ҳудуди 13 ҳазор доллар) ҷуброн пардозад. 15 ноябр дар ҳоҷатхонаи яке аз мактабҳои шаҳри Тарози Қазоқистон... Читать дальше...

Донишҷӯёни қазоқ наметавонанд, шаҳри Вуҳани Чинро тарк кунанд

Ozodi.org 

Донишҷӯёни қазоқ дар пайи ошкор шудани вируси нав дар шаҳри Вуҳани Чин наметавонанд, он минтақаро тарк кунанд. Мақомоти Чин дар шаҳр карантин эълом ва баромадан аз онро манъ намудаанд. Волидони донишҷӯён аз мақомоти Қазоқистон дархост доранд, ки дар баргардонидани фарзандҳояшон ба ватан кумак кунанд. "Чизе нахуред. Ками дигар тоқат кун, духтарам",-мегӯяд Рабига Сисенгалиева дар як сӯҳбати телефонӣ ба духтараш, ки дар Чин таҳсил мекунад. Хабари ошкор шудани вируси нав дар Чин волидони даҳҳо донишҷӯи... Читать дальше...

Дар Узбекистон марде дар эътироз ба мусодира шудани хонааш худро оташ зад

Ozodi.org 

Сокини 31-солаи ноҳияи Андиҷони Узбекистон Хушнуд Ғоибназаров дар ҳузури маъмурони давлатие худро оташ зад, ки барои мусодираи манзили зисташ омада буданд. Ҳодиса 21-уми январ дар маҳаллаи "Бешбуйнок" рух додааст. Шоҳидон гуфтанд, ки 50 дарсади бадани мард сӯхтааст. Маъмурони Бюрои иҷрои иҷбории Андиҷон рух додани ҳодисаро тасдиқ, вале аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ карданд. Ба гуфтаи хоҳари Ғоибназаров - Гулбаҳор Омонова, бародараш вақте худро оташ зад, ки кормандони бюро аз ӯ хостанд, хонаро холӣ кунад. Читать дальше...

САҲА аз Тоҷикистон хост, ба ҳама хабарнигорони Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад

Ozodi.org 

Ҳарлем Дезир, намояндаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот аз давлати Тоҷикистон хост, "ба тамом"-и хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад. Ӯ гуфт, хабарнигорон бояд имкон дошта бошанд, ки "бе ҳеҷ гуна мамониат кор кунанд".  Ҳарлем Дезир дар ин бора рӯзи 23-уми январ дар саҳифааш дар "Твиттер" навишт. Ӯ барои он ба масъалаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дахл кард, ки вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз додани аккредитатсияи яксола ба хабарнигорон... Читать дальше...

Идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумат. Вазирони маориф, фарҳанг ва иқтисод барканор шуданд

Ozodi.org 

Дар идомаи тағйиротҳои кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 24-уми январ бо фармон ва қарорҳои ҳукумат вазирони маориф ва илм, фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо, раиси Кумитаи телевизион ва радио, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин ректорони як қатор донишгоҳҳои кишвар сабукдӯш шудаанд. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Нуриддин Саид бар асоси як фармони президент аз ин мақом барканор шуд. Ба гуфтаи оқои Шарифзода, бо фармони дигари президент... Читать дальше...

ҲСДТ ба интихобот бовар надорад, вале тағйирот дар кишварро мехоҳад

Ozodi.org 

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба шаффоф баргузор шудани интихоботи пешрӯ дар кишвар шубҳа дорад, вале мехоҳад дар он ширкат ва мақоме дар порлумон ба даст биоварад. Вале коршиносон ба муваффақ шудани он хушбин нестанд. Яке аз 7 ҳизби расман номнависшудаи Тоҷикистон Ҳизби сотсиал-демкорат -- мухолифати ошкорои ҳукумат ба интихоботи пешрӯйи порлумонӣ дар кишвар омодагӣ мегирад, ки якуми марти соли 2020 баргузор мешавад. Сарфи назар аз нокомиҳо дар собиқ ва мушкилоти молиявии кунунӣ, ин ҳизб... Читать дальше...


Музыкальные новости
Алсу

Алсу ире белән аерылышканмы?





Персональные новости
Сбер

Единственный на Алтае аэропорт полностью выкупил Сбер





Аввалин қаҳрамонии CAFA оид ба футзал миёни духтарон дар Душанбе

Ozodi.org 

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки имрӯз, 24-уми январ, дар шаҳри Душанбе шуруъ мешавад, то рӯзи 29-уми январ идома хоҳад кард. Шаш даста барои унвони зӯртарин дастаи минтақа мубориза мебарад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон баргузор мешавад. Читать дальше...

Даргузашти физикдони маъруфи тоҷик Хурсанд Ибоддинов

Ozodi.org 

Физикдон ва кайҳоншиноси маъруфи тоҷик Хурсанд Ибоддинов шаби 23-юми январ дар синни 76-солагӣ бар асари беморӣ дар Душанбе даргузашт. Маросими ҷанозаи Ибоддинов имрӯз дар масҷиди маъруф ба "Хол Машраб"-и маҳаллаи "Якум Советский"-и Душанбе доир мешавад. Ибодинов аз олимони шинохтаи илмҳои физика ва математика дар кишвар буд. Ӯ барои чандин сол дар мақоми директори Иститути астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кард кардааст. Хурсанд Ибодинов соли 1972 рисолаи номзадӣ ва соли 1998 рисолаи докторӣ дифоъ намуда... Читать дальше...

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар финали "Ҷоми рушд" бо Беларус бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон, ки дар севумин бозиаш дар “Ҷоми рушд-2020” дар Мински Беларус бар мунтахаби наврасони Гурҷистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, ба финали ин мусобиқаи байналмилалӣ роҳ пайдо кард. Бозии даври севум миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Гурҷистон 23-юми январ доир гардид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Алиҷони Айнӣ дар дақиқаи 36-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 77-ум заданд. Дар бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “В” дастаи мунтахаби... Читать дальше...

Соли таназзули мардумсолорӣ ва эътирозҳои умумӣ дар ҷаҳон

Ozodi.org 

Воҳиди Иттилооти “Экономист” (The Economic Intelligence Unit), як ниҳоди пажӯҳишии вобаста ба Гурӯҳи расонаии “Экономист”, дувоздаҳумин шохис ё индекси  мардумсолории худро нашр кард, ки тибқи он вазъияти демократия ва озодиҳои маданӣ дар ҷаҳон бадтар шудааст. Ин созмон ҳангоми натиҷагирӣ аз фароянди рӯ ба рукуди демократия дар ҷаҳон соли 2019-ро “соли таназзули мардумсолорӣ ва эътирозоти умумӣ” унвон кардааст. Тибқи ин шохис Тоҷикистон аз соли 2010 ба ин сӯ аз мақоми худ даҳ рада пойин рафта,... Читать дальше...

Бархе туркманҳо филми мамнуи "Шабаҳи шаш"-ро тамошо карданд

Ozodi.org 

Сокинони вилояти Лебапи Туркманистон, ки бо Узбекистон ҳамсарҳад аст, 21 январ филми "Шабаҳи шаш"-ро тамошо карданд. Ин филм сару садо ба бор оварда ва намоишаш дар Туркманистон манъ шудааст. "Шабаҳи шаш"-ро телевизиони "Севимлӣ"-и Узбекистон нишон дод. Мавҷи телевизиони мазкур дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Лебапи Туркманистон дастрас аст. Мақомоти Туркманистон ба далели шабеҳ будани сюжаи филм ба воқеиятҳои Туркманистон намоиши онро дар кишвар манъ карданд. Бинандаҳои филм гуфтанд, дар он номҳои туркманӣ... Читать дальше...

Ҳавопаймои хатсайри Тошканд-Бишкек аз нимароҳ ба Тошканд баргашт

Ozodi.org 

Ҳавопаймои ширкати Uzbekistan Airways, ки рӯзи 23-юми январ аз шаҳри Тошканди Узбекистон ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвоз мекард, маҷбур шуд, аз нимароҳ ба Тошканд баргардад. Расонаҳо менависанд, сабаби аз нимароҳ баргаштани ҳавопаймо ҳавои номусоид дар фурудгоҳи Бишкек унвон мешавад. Меғ (туман) имкони фурудоии амнро маҳдуд карда буд. Ширкати ҳавопаймоӣ гуфтааст, умедвор аст, мусофирон ва пешвозгирандагон ин ҳолатро дарк кардаанд.

Спорт в России и мире
Москва

Сотрудник ОМОН «Крепость» стал бронзовым призером на соревнованиях Центрального округа Росгвардии по боксу


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Дарья Касаткина

Теннисистка Касаткина выразила сожаление, что у нее нет коннекта с Шараповой


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Сенсорный сад с экотропами появится в Бутырском районе Москвы





Путин в России и мире
Москва

Киркоров и Пелагея спели для амурчан-бамовцев в Москве


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

В Минске открывается ВНС: что будет




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Во Франции назвали бредом слова Зеленского про угрозу Путина Европе


Навальный в России и мире
Москва

Проводивший панихиду по Навальному* священник запрещен в служении



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Ольга Бузова

«ТНТ, где мой дом?» Ольга Бузова потребовала главный приз реалити-шоу «Дом-2» в программе «УТРО. ТНТ»



Москва

Hugo Аdios: популярный бренд одежды объявил об уходе из России

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net