123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 17.01.2020

Зоиров посухи Додгоҳи конститусиониро "тарс, нодонӣ, ё бесалоҳиятӣ" номид

Ozodi.org 

Додгоҳи Конститутсионии Тоҷикистон дархости Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ барои лағви гаравпулии номзадҳои интихоботи порлумониро рад кардааст. Раҳматилло Зоиров рӯзи 17-уми январ дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки аз додгоҳ посухи «берабте» гирифтааст. Ӯ моҳи декабр хост,  гаравпулӣ барои номзадҳои интихобот бардошта шавад.  Бо гузашти беш аз се ҳафта додгоҳ ба Зоиров посух додааст, ки  далелҳои пеш овардааш барои бекор кардани гаравпулӣ асос надоранд, бинобар ин дархосташ ба баррасӣ гирифта намешавад. Читать дальше...

Музокироти Толибон ва ҳайати Амрико барои хотимаи ҷанг

Ozodi.org 

Як намояндаи Толибон мегӯяд, ки рӯзи дуввуми ҷаласаҳои гурӯҳҳои музокиракунандаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сарварии Залмай Халилзод дар Қатар баргузор шудааст. Суҳайл Шоҳин сухангӯи Толибон рӯзи 17 -уми январ дар Твиттер навишт: "Ҳарду гурӯҳи музокиракунанда дирӯз ва имрӯз гуфтугӯҳои судманд  доштаанд. Гуфтугӯҳо чанд рӯз  давом хоҳанд ёфт." Ӯ афзудааст, ки гуфтугӯҳо муфид буданд. Мақомоти Амрико ин хабарро шарҳ надодаанд. Аммо хабаргузории Ройтерс бо такя ба ду сарчашма гуфт, ки агар дар Доҳа... Читать дальше...

Радиои Озодӣ мудири бахшҳои Осиёи Марказиро таъйин кард

Ozodi.org 

Радиои Озодӣ Ҳамид Исмоилов, яке аз хабарнигорони собиқадори узбекистониро мудири бахшҳои Осиёи Марказӣ таъйин кард. Қарор аст, ӯ аз аввали моҳи феврал корашро оғоз кунад. Ҷеймӣ Флай, мудири Радиои Озодӣ, гуфт: “Бахшҳои Осиёи Миёна дар ин авохир бархе аз таъсиргузортарин гузоришҳоро тавлид кардаанд. Бинобар ин мо хушҳолем, ки Ҳамид розӣ шуд, то ба мо бипайвандад ва бо такя бар ин дастовардҳо фаъолияти моро боз ба сатҳи болотаре бирасонад.” Флай афзуд: “Осиёи Марказӣ як минтақаи бисёр чолишбарангез аст... Читать дальше...



Офаридаи зодаи Тоҷикистон дар байни номзадҳои "Оскар". ВИДЕО

Ozodi.org 

Филми тасвирии як зодаи Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба ҷоизаи мӯътабари "Оскар" дар Амрико пешниҳод шудааст. Дар ин бора рӯзи 13-уми январ Академияи синамои Амрико хабар дод. Филми "Духтар"-и Даря Кашеева, коргардони руси муқими Чехия яке аз номзадҳо дар бахши "филмҳои кӯтоҳи тасвирӣ" шудааст. Даря Кашеева рӯзи 15-уми январ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, барои ширкат дар маросими супурдани Оскар ба Лос-Анҷелес биравад. Достони филм дар бораи арзишҳои оилавӣ ва муносибат байни фарзандону волидон аст. Читать дальше...

Насиҳатҳои Хоманаӣ дар намози ҷумъа ва ҳимояташ аз артиш

Ozodi.org 

Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ҳангоми намози ҷумъа дар Теҳрон мардуми кишварашро ба ягонагӣ даъват кард ва гуфт, зӯри кишварҳои ғарбӣ барои “ба зону нишондани Эрон” намерасад. Ӯ, ки баъд аз 8 сол бори аввал дар намози ҷумъаи Теҳрон ҳозир шуд, баъд аз он сухан гуфт, ки ҳафтаи гузашта, мардум ба нишони эътироз аз сарнагун кардани ҳавопаймои Украина ба кӯчаҳо рехтанд. Раҳбари 80-солаи Эрон, ки рӯзи 17-уми январ дар Масҷиди Мусалло сухан мегуфт, дар бораи сарнагун кардани ҳавопаймои мусофирбар ҳам суҳбат кард ва гуфт... Читать дальше...

OSCE ба интихоботи Тоҷикистон нозир мефиристад, аммо бо хоҳиши дигарон

Ozodi.org 

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистон ва иҷро накардани аҳдҳояш дар назди ин созмон дар бораи гуногунандешӣ, ҳузур дар интихобот ва муҳокимаҳои одилона изҳори нигаронӣ кардааст. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон дар арзёбии шароити пеш аз интихоботӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, сатҳи эҳтироми озодиҳои асосӣ аз замони интихоботҳои гузашта боз ҳам бадтар шудааст. Мақомоти тоҷик ҳанӯз ба гузориши нави Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) вокуниш накардаанд.... Читать дальше...

Миллати тоҷик кӯчарубу мардикор бимонад?

Ozodi.org 

Ҷасорату худситоии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, Душанбеи торик ва мусофирони мунтазир дар роҳ ва як роҳи ғайриоддӣ дар Кулоб аз видеову суҳбатҳои барномаи озодӣ онлайн аст.



Пешсафии Русия дар Олимпиадаи зимистонаи наврасон дар Лозанна

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозаннаи Швейтсария баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот дастаи мунтахаби Русия бо касби 17 медал (5 нишони тилло, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба ҷойи аввал баромад. Дастаи мунтахаби омехта, ки аз варзишгарони кишварҳои мухталиф таркиб ёфтааст, бо касби 15 медал (5 нишони тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ)  ба ҷойи дувум фуромад. Мунтахаби Швейтсария бо касби 12 медал (4 нишони тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми севумро ишғол кардааст. То ҳоло варзишгарони навраси 23 кишвар медал гирифтаанд. Читать дальше...

Артиши ИМА аз муолиҷаи 11 сарбоз пас аз ҳамлаи мушакии Эрон хабар дод

Ozodi.org 

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи панҷшанбеи 16-уми январ эълон кард, ки дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомии "Айн-ул-Асад" дар Ироқ, 11 сарбози амрикоӣ таҳти муолиҷа қарор гирифтаанд. Капитан Бил Урбан, сухангӯйи Ситоди марказии нерӯҳои ИМА рӯзи 16-уми январ дар бораи муолиҷаи сарбозон иттилоъ дод. Бил Урбан гуфтааст, дар ҳоле, ки ҳеҷ сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи рӯзи 8-уми январ кушта нашуд, аммо шуморе аз онҳо бинобар нишонаҳои зарбаи мағзӣ зери муолиҷа қарор гирифтанд ва табобати онҳо идома дорад". Читать дальше...

Лавров дар Тошканд бо мақомоти узбек мулоқот кард

Ozodi.org 

Рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Тошканд вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва вазири корҳои хориҷаи ин кишвар Абдулазиз Комилов дидору гуфтугӯ дошт. Дафтари муатботи президенти Узбекистон менависад, ки Лавров ва Мирзиёев таҳкими равобити Тошканду Маскавро баррасӣ карданд. Ба қавли дафтари матбуот президенти Узбекистон, Мирзиёев иброз доштааст, ки ӯ аз вусъати равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои стратегӣ ду кишвар қаноатманд аст. Лавров паёми президент Владимир Путинро ба роҳбари Узбекистон расонидааст.

Интихоботҳои порлумонии Тоҷикистон -- таҷрибаи талх ё шӯълаи умед?

Ozodi.org 

Тоҷикистон ба панҷумин интихоботи порлумонии худ пас аз ба имзо расидани Cозишномаи истиқрори сулҳ наздик мешавад. Иштирокчиёни интихобот ва мардум аз муносибатҳои дугона бо ин интихобот мегӯянд. Ҳам онҳое, ки ҷараёни интихоботро шаффофу одилона медонанд ва ҳам онҳое, ки комилан эътимод надоранд, ба таҷрибаи интихоботҳои гузашта ишора мекунанд.  "Парлумон – ҷойе барои худиҳо" Шоҳрух, таксирони чилсолаи душанбегист, ки тамоми рӯзро пушти фармони мошин мегузаронад. Мегӯяд, ки дар мавриди интихоботи пешрӯ аз радио шунидааст... Читать дальше...

Ҳашт даста ба чорякфинали қаҳрамонии Осиё (U-23) роҳ пайдо кард

Ozodi.org 

Ҳамаи ҳашт дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, ки дар Тайланд ҷараён дорад, баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар гурӯҳҳо маълум шуд. Шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буд: Гурӯҳи «А»: Тайланд, Ироқ, Австралия, Баҳрайн Гурӯҳи «В»: Қатар, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Сурия Гурӯҳи «С»: Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Чин Гурӯҳи «D»: Ветнам, Кореяи Шимолӣ, Урдун, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Баъди натиҷагирии бозиҳо дар гурӯҳҳо ҳашт даста ба чорякфинал роҳ пайдо кард... Читать дальше...

Футболбозони навраси тоҷик барои "Ҷоми рушд-2020" дар Минск мубориза мебаранд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”, ки рӯзҳои 19-25-уми январ дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск - баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард. Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар толори футболи Минск бо ширкати ҳашт дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон то 2003 доир мегардад. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бори шонздаҳум сурат мегирад... Читать дальше...

Дума номзадии Мишустинро ба мақоми сарвазирӣ тасдиқ кард

Ozodi.org 

Дума давлатӣ -- палатаи поёнии порлумони Русия рӯзи панҷшанбеи 16-уми январ бо 383 раъйи мувофиқ, номзадии Михаил Мишустинро ба мақоми нахуствазирии он кишвар тасдиқ кард. 41 вакил аз додани раъй худдорӣ карданд ва касе зидди номзадии Мишустин овоз надодааст. Ба дунбол, президенти Русия Владимир Путин фармони раиси ҳукумати ин кишвар таъйин кардани Михаил Мишустинро имзо кард. Ҳамчунин фармони таъсиси вазифаи муовини раиси Шӯрои амният имзо ва ба ин мақом Дмитрий Медведев таъйин шуд. Нахуствазир Дмитрий Медведев... Читать дальше...

Нигаронии хонаводаҳо дар Узбекистон аз гаронии доруҳои зидди гепатити А

Ozodi.org 

Давоми чанд моҳи охир дар Ҷиззахи Узбекистон қимати доруҳои зидди гепатити А 30% боло рафта ва дар ҳоли гароншавӣ аст. Ин гароншавӣ нигаронии хонаводаҳои камбизоатро ба бор овардааст. Иномҷон Муллоев, як сокини ноҳияи Заамини вилояти Ҷиззах аз гаронии ваксинаҳо изҳори нигаронӣ кард. "Барои ҳар кӯдак бояд 20 долларӣ пардохт кунем. Мегӯянд, ки агар кӯдакони синни мактабӣ ваксинаи зидди гепатити А нагирифта бошанд, ба мактаб қабул намешаванд. Мегӯянд, ваксина гирифтан ҳатмӣ аст. Аммо хонаводаҳои камбизоате мисли мо чи кор бояд кунанд? Читать дальше...

Қазоқистон аз истирдоди як қазоқтабор ба Чин худдорӣ кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 16 январ Тлек Таборак, қазоқтабори Чинро, ки дар Қазоқистон дар "убури ғайриқонунии марз" айбдор мешавад, шаш моҳ зиндонӣ кард. Додгоҳ муҳлати адои ҷазои ӯро аз замони боздошт - 22 октябри соли 2019 ба ҳисоб ва ҳар рӯзи дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ шудани ӯро 2 рӯз эътироф кард. Ба ин тартиб, қазоқтабори Чин аз толори додгоҳ озод шуд. Тлек Таборак замони аз додгоҳ берун шудан гуфт, аз ҳукми додгоҳ "бениҳоят хушҳол аст". Айбдоркунандаи давлатӣ пештар аз ин хоста буд, ки Таборак аз кишвар ихроҷ шавад. Читать дальше...

Манъи истифодаи телефони мобилӣ дар мактабҳои Туркманистон

Ozodi.org 

Дар мактбаҳои Туркманистон истифодаи телефони мобилиро ҳам барои хонандагон ва ҳам барои омӯзгорон манъ карданд. Дар шаҳрҳо ва вилоятҳои Туркманистон имрӯзҳо маҷлиси волидони хонандагон баргузор мешавад. Дар ин маҷлисҳо волидонро огоҳӣ медиҳанд, ки овардани телефони мобилӣ ба мактаб барои хонандагон аз ин ба баъд қатъиян манъ карда мешавад. "Роҳбарони синфҳо ба волидон мефаҳмонанд, ки дар кишвар фармон дар бораи манъи овардан ва истифода кардани телефони мобилӣ дар мактбаҳо ба иҷро даромадааст. Читать дальше...

Таъсиси марказҳои хос барои қурбониёни хушунат дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Дар шаҳрҳои Бишкек ва Ӯши Қирғизистон рӯзҳои наздик ду маркази буҳрон таъсис хоҳад шуд. Дар ин бора 16-уми январ муовини сарвазири Қирғизистон Олтиной Омурбекова хабар дод. Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, Омурбекова аз куштори ду зан тавассути ҳамсаронашон ёдоварӣ карда, гуфтааст, барои ҳалли мушкили хушунати хонаводагӣ дахолати институтҳои давлатӣ ва ҷомеа зарур аст. "Бо назардошти аҳамияти мавзуъ аз додситониҳои кишвар даъват мекунам, ки ҳар як ҳолати хушунати хонаводагиро зери назорати махсус қарор дода... Читать дальше...

Палатаи ҳисоби ИМА таъхири кӯмак ба Украинаро нақзи қонун гуфт

Ozodi.org 

Кохи Сафед бо ба таъхир андохтани кӯмаки низомӣ ба Украина дар ҳаҷми 214 миллион доллар бидуни огаҳии Конгресс, қонунгузории ИМА-ро нақз кардааст. Дар ин бора Палатаи ҳисоби Амрико хабар дод. Расонаҳои Амрико моҳи августи соли гузашта хабар доданд, ки президенти ИМА Доналд Трамп дастур додааст, ки кӯмаки низомӣ ба Украина бозбинӣ шавад. Гӯё Трамп мехост, мутмаин шавад, ки пулҳои Амрико самаранок истифода мешаванд. Миёнаҳои моҳи сентабри соли 2019 Вашингтон кӯмаки молӣ ба Киевро аз сар гирифт. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Олимпиада по финансовой грамотности МГУ проходит при поддержке СберСтрахования жизни


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Анастасия Потапова

Потапова всухую обыграла Шнайдер в 1-м круге турнира в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Результативность, вовлечённость, трудоголизм — где грань? Книга от автора российской модели факторов вовлечённости персонала.





Путин в России и мире
Москва

Путин сказал Алиеву: "Пора!". Новый БАМ пройдет через Кавказ. Транспортным коридором "Север — Юг" Россия и Азербайджан перешли дорогу Западу


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко убежден, что белорусы «никогда еще так хорошо не жили»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Во Франции назвали бредом слова Зеленского про угрозу Путина Европе


Навальный в России и мире
Москва

Патриарх Кирилл запретил в служении священника, проводившего панихиду по Алексею Навальному



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Тимати

Тимати показал идеальный пресс: горячее видео от рэпера



Москва

Янковский-старший отреагировал на череду скандалов с участием Кологривого

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net