Тазоҳуроти қирғизистониҳо зидди бунёди маркази ҳамлу нақл аз сӯи чиниҳо
Дар ноҳияи Ат-Башии Қирғизистон 28-уми январ сокинон зидди бунёди як маркази ҳамлу нақл даст ба тазоҳурот заданд.
Намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Норин Нозгул Мусуралиева гуфт, тазоҳургарон 50-60 нафар буданд, ки аксарашон тоҷирони ноҳия мебошанд.
"Онҳо ба бунёди маркази ҳамлу нақл аз сӯи сармоягузорони чинӣ эътироз карданд. Агар онро сармоягузорони қирғиз бунёд кунанд, розӣ ҳастанд. Баъди он ки ба онҳо гуфта шуд талабҳояшонро ба раҳбарият мерасонанд, пароканда шуданд", - афзуд Мусуралиева.
Моҳи июни соли 2019 форуми соҳибкорони қирғизу чинӣ баргузор шуд. Дар он ҷамъан 24 санад имзо гашт. Яке аз ин санадҳо созишнома миёни ширкатҳои "Нур Строй Монтаж" ва "One Lead One (HK) Trading Limited" дар бораи бунёди маркази тиҷорӣ-ҳамлу нақл ба маблағи 280 миллион доллар буд.