Муҳокимаи парвандаи нобоварӣ ба Трамп идома мекунад
Муҳокимаи парвандаи барканор кардани раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар Сенати Амрико идома мекунад. Вакилони палатаи болоии Конгресс 16 соат вақт доранд, ки суолҳои хаттиашонро ба мутассадиёни муҳокима аз Маҷлиси Намояндагон ва гуруҳи вакилони дифои Доналд Трамп пешниҳод намоянд.
Ҳоло фишор ба вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ афзудааст, то Ҷон Болтон, мушовири собиқи амниятии Кохи Сафедро барои шаҳодат додан ба муҳокима даъват кунанд. Ҷумҳурихоҳон пештар талаби вакилони Ҳизби демократ барои даъвати шоҳидон ба муҳокимаи парвандаро рад мекарданд. Демократҳо мехоҳанд, баёноти Ҷон Болтонро бишнаванд, ки дар бораи муомилаи Трамп бо Украина иттиллои дасти аввалро дорад.
Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” чанде пеш гузориш дод, ки Болтон моҳи август навиштааст, Доналд Трамп ба ӯ гуфтааст, то замоне, ки Украина дар таҳқиқи фаъолиятҳои демократҳо, аз ҷумла рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ, Ҷо Байден ва писараш Ҳантер Байден кӯмак накунад, кӯмаки низомии 391 миллиондолларӣ ба он кишварро надиҳанд. Ҳантер Байден дар гузашта узви шӯрои мудирони як ширкати энержии Украина будааст.