Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Май
2019

Новости за 30.05.2019

Амрикову Сурия сулҳ дар Сурияро баррасӣ кардаанд

Ozodi.org 

Дипломатҳои Амрико ва Русия чораҳоеро баррасӣ мекунанд, ки дар ниҳоят ба Сурия имкон медиҳад “ба миёни ҷомеаи байналмилалӣ баргардад” Аммо бояд тарафҳо сари чанд масъала барои хотима додан ба ҷанги тӯлонии дохилӣ дар ин кишвар ба мувофиқа бирасанд. Ҷим Ҷефрӣ, фиристодаи хоси Амрико барои Сурия рӯзи 29-уми май баъди нишасти паси дарҳои бастаи Шӯрои Амният ба  хабарнигорон гуфт, Вашингтон ва Маскав барои поён додан ба ҷанги ҳаштсола   “масъалаҳоро қадам ба қадам ҳал кунанд” ва барои ин қабули қарорҳои сахте зарур мешаванд. Читать дальше...

Ду мафҳуми зидди ҳам. Кӯдакӣ ва саратон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Якуми июн ҳамасола дар бисёре аз кишварҳо Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад. Дар остонаи ин рӯз Радиои Озодӣ тасмим гирифт мушкили кӯдакони гирифтори саратон дар Тоҷикистонро, ки теъдоди онҳо, ба гуфтаи коршиносон сол ба сол зиёд мешавад, бозтоб диҳад.

ОЗОДӢ ОНЛАЙН. Барномаи нави Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Барномаи нав бо номи "Озодӣ онлайн" рӯзҳои чаҳоршанбе ва ҷумъа соати 15:00 ва ё соати 3 ба вақти Душанбе нашр мешавад ва дар муддати камтар аз 3 дақиқа муҳимтарин ва ҷолибтарин шарҳҳоро ба якдигар мерасонем.



Қатли зани покистонӣ, ки гирифтори вируси ВИЧ СПИД буд

Ozodi.org 

Пулиси Покистон мегӯяд, як мард занашро, ки ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор буд, ба хиёнат муттаҳам карда куштааст. Ин зан аз як маҳалле дар вилояти Синд буд, ки онҷо 700 нафар аксаран кудакон ба бемории вируси норасоии масунияти бадан сироят шудаанд ва як табибро сабаби сирояти онҳо медонанд.  Мақомоти Покистон рӯзи 29-уми май гуфтанд, ки зани 32-соларо дар рустои Сикарпур дар наздикии шаҳри Ларкана дар маҳалли хуруҷи беморӣ куштаанд.  Доман задани ВИЧ СПИД дар инҷо мардуми минтақаро ваҳшатзада кардааст. Читать дальше...

Яғноб минтақаи сайёҳӣ мешавад

Ozodi.org 

Бунёди "Порки Яғноб" (Порки табии миллии Яғноб) дар 150-километрии шимоли Душанбе ин минтақаи таърихию бостонӣ ва дастнорасро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрас ва шароитро барои сайёҳони хориҷӣ фароҳам месозад. Тавре аз Оҷонсии ҷангали Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукумати кишвар бо содир кардани як қарори расмӣ бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, аз ин ниҳод ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тақозо намудааст, ки дар фурсати наздик қитъаи "Порки Яғноб"-ро дар мавзеи Яғноб мушаххас намуда, сарфу харҷи онро ба ҳукумат пешниҳод кунад. Читать дальше...

Зиндонии машҳури қирғиз мехоҳад, шоҳидони парвандааш бо Қуръон қасам бихӯранд

Ozodi.org 

Ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров, ки бо айби ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Қирғизистон ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст, ба сардори пулиси ноҳияи Бозор -Қурғони ин кишвар Азизбек Осконбоев муроҷиатномаеро ирсол кард. Аскаров, аз ҷумла навиштааст, ки ӯ дар куштори корманди пулис Сулаймонов даст надорад. Ҳамчунин аз Осконбоев хостааст, 17 нафареро, ки зиддаш баёнот додаанд, дубора бозпурсӣ кунад. "Агар ин дуруғгӯён китоби Қуръонро дар даст гирифта, баёноти худро такрор кунанд, дигар ман барои ҳимояти худ ба ҷое нахоҳам навишт. Читать дальше...



Дар Тоҷикистон нақшаи даъват ба артиш иҷро шуд

Ozodi.org 

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш хабар дод. Мавсими даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи тоҷик барои хидмат дар артиш рӯзи якуми апрел оғоз гардида буд. Орифҷон Нозимов, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дирӯз, 29-уми май пурра анҷом ёфт. Ӯ таъкид намуд, ки нақшаи даъватро нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва сипас вилоятҳои Суғду Хатлон баробар иҷро намуданд. Читать дальше...

Нигаронии ИМА аз эҳтимоли озмоиши силоҳи ҳастаӣ дар Русия

Ozodi.org 

Дар Вазорати дифои ИМА аз эҳтимоли озмоиш шудани силоҳи ҳастаӣ дар Русия изҳори нигаронӣ карданд. Сардори Идораи иктишофии Пентагон Роберт Эшлӣ гуфт, эҳтимол дорад, Москва силоҳи ҳастаии камқудратро озмоиш мекунад. Аз ҷумла, Вашингтон мегӯяд, Русия ба эҳтимоли зиёд, созишномаи манъи ҳамагуна озмоишҳои ҳастаиро риоя намекунад. Кишварҳо бо имзои санад ба озмоишҳои мазкур моратория эълом карда буданд. Ба гуфтаи Роберт Эшлӣ, Русия барои анҷоми ин навъи озмоиш имкони техникиро дорад. Созишномаи манъи... Читать дальше...

Дар 10 соли ахир 1,9 млн сокини Туркманистон ба хориҷ рафтаанд

Ozodi.org 

Манбаъҳои огоҳ иттилоъ медиҳанд, ки давоми 10 соли охир 1 миллиону 879 ҳазор шаҳрванди Туркманистон ба хориҷ рафтаанд. "Бар асоси иттилое, ки Кумитаи омор ҷамъ овардааст, давоми солҳои 2008-2018 зиёда аз 1 миллиону 879 ҳазор шаҳрванд ба хориҷ рафта, дубора наомадаанд", - гуфт як манбаъ. "Ин иттилоъ махфӣ аст. Ба ҳамин далел, натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ нашр нашуд. Барӯйхатгирӣ баргузор гардид, натиҷаҳо ҷамъоварӣ шуданд, аммо президент аз натиҷаҳо қонеъ набуд ва дастур дод, ки нашр нашаванд. Маълум шуд... Читать дальше...

Дар Узбекистон либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ мешавад

Ozodi.org 

Вазорати маорифи халқии Узбекистон ба волидон ёдовар шуд, ки шуруъ аз соли хониши 2019-2020 либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ мешавад. Соли хониши 2018-2019 либоси ягонаи мактабӣ ихтиёрӣ буд. Аз соли нави хониш ин либос ҳатмӣ мешавад. Ҷамъияти "Узтукимачиликсаноат" рӯйхати муассисаҳоеро тартиб медиҳад, ки дар минтақаҳои Узбекистон либоси мактабӣ истеҳсол мекунанд. Дар ҳар кадом ноҳия ва шаҳр дар нуқтаҳои барои мардум мувофиқ дӯкони фурӯши либоси мактабӣ таъсис хоҳад шуд. Вазорат мегӯяд, либоси мактабӣ ба қимати бозор фурӯхта мешавад. Читать дальше...

Қазоқистониҳои дар садамаи Италия зарардидаро ба ватанашон меоранд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Қазоқистон бо як ҳавопаймои махсус ду шаҳрванди ин кишварро, ки дар як садама дар Италия маҷруҳ шуданд, ба ватан меорад. Вазорати тандурустии Қазоқистон мегӯяд, вазъи сиҳатии маҷруҳон сангин арзёбӣ мешавад ва ба ҳамин далел, интиқоли онҳо бо ҳавопаймои махсус сурат мегирад. Вазорат мегӯяд, интиқоли онҳо ба шаҳри Алмато рӯзҳои наздик анҷом мешавад. Садамае, ки дар он 9 қазоқистонӣ маҷруҳ шуданд, субҳи 2-юми май дар вилояти Тоскани Италия рух дод. Дар он садама як шаҳрванди Русия ба ҳалокат расид.

Назарбоев раҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон рӯзи 29-уми май ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор шуд. Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар оғози ҷаласа гуфт, раисҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод дорад, ки "бо назардошти саҳми Нурсултон Назарбоев дар умури ҳамгироӣ" ба ӯ унвони раҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дода шавад. Дар саммити мазкур, ки бахшида ба 5-умин солгарди таъсисёбии ин созмон баргузор шуд, раҳбарони панҷ кишвари узв -- Русия, Арманистон... Читать дальше...

"Хидматгори халқ" пайравони худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ меҷӯяд

Ozodi.org 

Президенти Украина Владимир Зеленский дар пешорӯи интихоботи порлумонии ин кишвар, ки рӯзи 21-уми июли имсол баргузор хоҳад шуд, ҳизби нави "Хидматгори халқ"-ро таъсис дод ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ озмуни узвият дар ҳизбро ба роҳ монд.

"Бозори занон" дар Турсунзода

Ozodi.org 

Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон то охири соли 2018 дар кишвар бештар аз 280 ҳазор зани соҳибкор сабти ном шудаанд, ки занони бозорнишин ҳам аз ҷумлаи онҳоянд.

Спорт в России и мире
Москва

Курсант Пермского военного института Росгвардии принял участие в финале интеллектуальной олимпиады Приволжского федерального округа


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Немец Зверев выбил россиянина Медведева из топ-4 ATP


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Четыре города ЦФО вошли в федеральный топ-10 по качеству жизни





Путин в России и мире
Москва

Глава МИД КНР Ван И заявил, что Пекин ценит позицию Москвы по Тайваню


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Запись от имени Президента Беларуси сделана в книге соболезнований в посольстве Ирана




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленский заявил, что обеспокоен заявлениями республиканцев в США


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Певица

Певица Анна Плетнева чуть не задохнулась на сцене из-за конфетти в виде сердца



Москва

Опять «Березка». В Москве хотят вновь открыть «магазин для избранных»

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net