Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Май
2019

Новости за 27.05.2019

Раҳмон дар ҷаласаи сарони кишварҳои Авруосиё ширкат мекунад

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси «меҳмони ифтихорӣ» дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё иштрок мекунад, ки қарор аст рӯзҳои 28 ва 29 май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон баргузор шавад. Ҷаласа бо ширкати президентони кишварҳои узв ба муносибати панҷсолагии имзои созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад. Кремлин хабар дод, ки дар ин нишаст президенти Русия Владимир Путин иштирок мекунад ва раҳбарони дигар, аз ҷумла, президентони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон... Читать дальше...

Куштори Колчугино. Саҳнасозӣ ё ҷанги зидди терроризм? ВИДЕО

Ozodi.org 

Фаъолони ҳуқуқи инсон аз Осиёи Марказӣ амалиёти Хадамоти федеролии амнияти Русия дар вилояти Владимири Русияро, ки дар он ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, саҳнасозишуда унвон мекунанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия мегӯянд, аз амали террористӣ пешгирӣ кардаанд.

Истеъфои нахуствазири Австрия баъди видеои ҷанҷолӣ

Ozodi.org 

Себастиан Куртс, нахуствазири Австрия, ки дар маркази як моҷарои сиёсӣ қарор гирифт, рӯзи 27 май  бо раъйи адами эътимоди парлумон рӯбарӯ ва  аз мақомаш маҳрум шуд. Эътилофи сиёсии ӯ ҳам дар ҳукумат пароканда шудааст. Овоздиҳӣ барои эълони адами эътимод ба нахуствазирро вакилон аз ҳизби сотсиал-демократ ва ҳизби рости ифротгаи Озодӣ барпо карданд, ки дар эътилоф бо Куртс қарор доштанд. Ҳамакнун президент Александр ван дер Беллен бояд нахуствазири навро таъин кунад, то ки ӯ то замони баргузории... Читать дальше...



Зиёни деҳқонони Хатлон аз ду тараф. Борон ва амри мақомот? ВИДЕО

Ozodi.org 

Кишоварзон дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки борони зиёди имсол ҳосили пиёзро кам кард ва қимати маҳсулотро дар бозорҳои дохилӣ боло бурд. Гилаи дигари онҳо аз мақомот аст, ки соли гузашта иҷоза надоданд, маҳсулоти хешро ба хориҷ бифурӯшанд ва пуле захира кунанд.

Ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон дар сохтмони автодороме дар Ленинград маҷрӯҳ шуданд

Ozodi.org 

Матбуоти русӣ мегӯяд, ки дар сохтмони автодроме дар вилояти Ленинград ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон осеб дида ба бемористон интиқол ёфтанд. ТАСС менависад, ки рӯзи 27 май дар ҷараёни корҳои сохтмонии автодроми «Игора-драйв» дар ҳудуди вилояти Ленинград дар ҷараёни корҳои дарахтбурӣ коргарон – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон осеб диданд. Ҳолати яке аз онҳо сангин арзёбӣ мешавад. Ҷароҳати шаш нафари дигар миёна арзёбӣ шудааст. Ҳуввияти коргарони осебдида ошкор намешавад. Се нафари осебдида ба бемористони Всеволжск... Читать дальше...

Тамдиди соати корӣ барои иваз кардани шиносномаҳо дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як талош барои ташвиқи мардум ба табдил кардани шиносномаҳои қадимӣ, гуфтааст, кор дар шӯъбаҳои шиносномадиҳиро то соати 10 шаб тамдид мекунад. Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 27-уми май гуфт,  “тибқи дастури вазири корҳои дохилӣ ҳамаи шӯъбачаҳои шиносномадиҳии вазорат дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки реҷаи кории худро аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб ба роҳ монанд.” Муроҷиати вазорат ба мардум баъд аз он садо дод, ки порлумони... Читать дальше...

7 узви як оила дар Кобул аз тири ҳамлагарони мусаллаҳ кушта шуданд

Ozodi.org 

Полиси Афғонистон гуфт, ки афроди мусаллаҳ 7 узви як хонаводаро дар шаҳри Кобул ба қатл расониданд. Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фаромурз гуфт, ки ин ҳодиса субҳи 27 май дар минтақаи ғарбии Кобул рух дод. Фаромурз гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо се зан ва ду кӯдак низ буд. Ду узви дигари оила дар ин ҳамла бо ҷароҳатҳои мухталиф ҷон ба саломат бурданд. Ба гуфтаи Фирдавс Фарормурз, бовар меравад, ки ин куштор ба баҳси замин рабт дорад. “Полис муайян кард, ки баҳси сарзада марбут ба даъвоҳои байниоилавӣ будааст”. Читать дальше...



Табиат ба деҳқонони Хатлон раҳм накард

Ozodi.org 

Кишоварзон дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки борони зиёди имсол ҳосили пиёзро кам кард ва қимати маҳсулотро дар бозорҳои дохилӣ боло бурд. Гилаи дигари онҳо аз мақомот аст, ки соли гузашта иҷоза надоданд, маҳсулоти хешро ба хориҷ бифурӯшанд ва пуле захира кунанд.

Ахбори Озодӣ аз 27-уми майи соли 2019 (HD)

Ozodi.org 

Рафтуомади ҳавоӣ бо Эрон барқарор мешавад, баҳси замин миёни "Боғи Сомон" ва сокини шаҳри Турсунзода, баста шудани яке аз қадимитарин ширкатҳои заршӯии Тоҷикистон ва матолиби дигар.

Ошӯб дар зиндон. Эътирози даҳҳо маҳбус дар Одесса

Ozodi.org 

Дар як зиндони низомаш умумии шаҳри Одессаи Украина бетартибӣ ва сӯхтор рух дод. Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба нашрияи "Думская.net" хабар дод, ки дар назди зиндони №51 шумори зиёди мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва ёрии таъҷилӣ ҷамъ омадааст. Инчунин шумори зиёди ходимони полис ва ҳам низомиёни горди миллӣ ҷамъ шудаанд. Ин нашрия гуфтааст, ки беш аз 100 зиндонӣ дар дохили маҳбас ошӯб бардоштанд. Чанде баъд раиси полиси вилоят гуфт, ки ошӯбгарон 500 нафар ҳастанд ва аллакай дар бораи осеб дидани... Читать дальше...

Ба Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев айб эълон шуд

Ozodi.org 

Нисбати сухангӯи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев тибқи банди “Хиёнат ба ватан” (305, қисми 2)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбномаи расмӣ эълон шуда, парвандаи ӯ мақоми "махфӣ" гирифтааст. Мақомоти марбута рӯзи 26 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ин ба баъд ҷараёни тафтишоти пешакии парванда то замони содир шудани ҳукми додгоҳ ба гунаи пӯшида идома пайдо мекунад. Бино ба гуфтаи як манбаи дигар, ки ин хабарро тасдиқ кард, парвандаро ҳоло муфаттишони Додситонии кулли... Читать дальше...

Раиси ҳизби ҳокими Руминия ба 3,5 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи таҷдиди назари Руминия ҳукми 3,5 соли зиндони Ливиу Драгня, раиси ҳизби ҳокими сотсиал-демократиро бетағйир гузошт. Гузоришҳо ҳокист, ки иҷрои ҳукми раиси ҳизби сиёсӣ билофосила шурӯъ мешавад. Драгняро барои коррупсия ва шеваи худкомаи раҳбарӣ гунаҳгор мекунанд. Баъди интихоботи соли 2016 ӯ қарор буд нахуствазири Руминия мешуд, вале доғи судӣ ба ин иҷоза надод. Бо ин ки дар ҳукумат дигар аъзои ин ҳизб раҳбарӣ мекарданд, ба андешаи таҳлилгарон, “раиси воқеии ҳукумат маҳз Драгня буд”. Драгняро... Читать дальше...

Дар Қирғизистон қонуни ба ҷавобгарӣ кашидани президенти собиқ ба иҷро даромад

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон рӯзи 27 май қонуни наве ба иҷро даромад, ки мавриди пайгарди қонунӣ қарор додани собиқ президентонро иҷоза медиҳад. Ин қонун ду рӯз баъди он ба иҷро даромад, ки собиқ раиси ҷумҳурӣ Алмосбек Отамбоев аз мақоми раиси ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократи Қирғизистон истеъфо дод. Ин қонун миёнаҳои моҳи май аз ҷониби президенти амалкунанда Сооронбой Ҷеенбеков имзо шуд. Ҳоло қонуни нав иҷоза медиҳад, ки дар заминаи қарорҳои қабулкардаи Отамбоев таҳқиқоти ҷиноӣ ба роҳ монда шавад. Даъватҳо... Читать дальше...

Баҳси "Боғи Сомон" бо гуруҳе аз деҳқонони Турсунзода

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз деҳқонони ноҳияи Турсунзода шикоят доранд, ки заминҳои онҳоро, ки ягона манбаи даромаду таъмини рӯзгорашон аст, хоҷагии деҳқонии маъруфи "Боғи Сомон" аз дасташон гирифтааст. Вале раҳбарони ин ниҳод иттиҳомро рад мекунанд.


Музыкальные новости
Земфира

Жена оскандалившегося Валерия Меладзе провела вечер на концерте Земфиры в Испании





Персональные новости
Макси

ГЛАВНЫЕ НОВОСТИ НЕДЕЛИ: смертельная погоня, трагедия в общежитии и новые владельцы «Макси»





Сокинони Руминия зидди бозбинии ислоҳоти коррупсия овоз доданд

Ozodi.org 

Бар асоси ҳисоби бахши муҳими натиҷаҳои як раъйдиҳӣ дар Руминия, шаҳрвандони ин кишвар бо тадбирҳои ҷилавгирикунанда зидди фасод мухолифат карда гуфтаанд, ки ин чораҳо мубориза бо коррупсияро мушкилтар мекунанд. Ин нахустин овоздиҳии сокинони Руминия дар масъалаи тағйири қонунгузории зидди фасод буд, ки аз ҷониби ҳизби ҳокими сотсиалистӣ пешниҳод ва  баробар бо интихоботи Парлумони Аврупо рӯзи 26 май баргузор шуд. Дар паи шумориши аз се ду ҳиссаи овозҳо маълум шуд, ки беш аз 80 дар сади мардум ба ду саволи референдум посухи мусбат доданд. Читать дальше...

Дар таркиши минибусе дар Кобул 10 нафар маҷрӯҳ шуд

Ozodi.org 

Дар паи таркиши як минибусе дар Кобул, ки ба он бомба насб шуда буд, даҳ нафар маҷрӯҳ шуд. Ин мошин коргарони ҳукуматиро интиқол медод.  Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, бомба субҳи 27 май ва дар лаҳзаҳое таркид, ки кормандони вазорати умури динӣ ба кор мерафтанд. Яке аз маҷрӯҳшудаҳо дар ҳолати сангин мебошад. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст, вале дар гузашта маъмулан чунин ҳамлаҳоро аъзои Толибон ва ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом додаанд. Читать дальше...

Дар Узбекистон қарзи соҳибкоронро бахшиданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон қарзи 1815 соҳибкори хусусиро дар ҳаҷми бештар аз 26 млн доллар бахшиданд. Ин қарз аз ҳисоби напардохтани андоз ва ҷаримаҳои молӣ ҷамъ шуда буд. Хабар дода мешавад, ки ҳамаи ин соҳибкорон ба далели надоштани имкони пардохти қарзу ҷаримаҳо фаъолияташонро қатъ кардаанд. Аз ин шумор 524 соҳибкор дар ноҳияи Учтепин баъди соф шудани қарзҳояшон дубора фаъолиятро оғоз кардаанд. Ҳамзамон назорати давлатии андози Узбекистон аз соҳибкорон даъват кард, ки то 1 июли соли ҷорӣ... Читать дальше...

Президенти Олмон бо сафари серӯза ба Тошканд меравад

Ozodi.org 

Президенти Олмон Френк-Валтер Штейнмайер қарор аст рӯзи 27 май бо як сафари серӯза вориди Тошканд, пойтахти Узбекистон шавад. Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ҳадафи аслии ин сафар мебошад. Сафари Штейнмайер инчунин то ҷое ба унвони тақвияти  талошҳои Узбекистон дар роҳандозии ислоҳоти сиёсӣ баъди дар соли 2016 сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев арзёбӣ мешавад. Мирзиёев талош дорад баъди солиёни дароз ин кишвари Осиёи Марказиро аз инзиво берун кунад. Мирзиёев, ки солҳои  тӯлонӣ дар аҳди... Читать дальше...

Шойгу дар садри аъзои ҳукумати Русия ба Тоҷикистон сафар мекунад

Ozodi.org 

Рӯзи 28 май қарор аст ба Тоҷикистон вазири дифои Русия Сергей Шойгу сафар кунад. Оҷонсии русии Интерфакс рӯзи 27 май бо такя ба ВКХ Тоҷикистон хабар дод, ки Шойгу “бо раҳбарии ҳайате аз  ҳукумати Русия” ба Душанбе парвоз хоҳад кард. Ин манбаъ мегӯяд, ки ҷузъиёти сафари вазири дифои Русия феълан нашр намешавад, вале ҳафтаи гузашта хабаргузории дигари русии ТАСС гуфта буд, ки ин сафар ба хотири баррасии масоили ҳамкориҳои низомии миёни ду кишвар баргузор мешавад. Қарор аст Шойгу бо президенти Тоҷикистон... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Волейболисты «Зенита-Казань» стали чемпионами России


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

16-летняя теннисистка Андреева обновила рекорд турниров WTA-1000


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Первый в России электромобиль Tesla Cybertruck заметили на Москве





Путин в России и мире
Москва

«Ану-ка, девушки!»: какой была легендарная передача, которая вернется на ТВ


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко заявил о желании построить в Белоруссии вторую АЭС




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Цинизм зашкалил: Елена Зеленская повеселилась в Киеве с герцогиней Эдинбургской


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Булат Окуджава

Калужские школьники выступили на фестивале в честь Булата Окуджавы



Москва

Конкурс с призом! – задачка про китайскую приблуду (и как обойтись без нее)

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net