Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Май
2019

Новости за 16.05.2019

Баъд аз Ироқ ва Сурия. Чӣ гуна ба ҳаёти одӣ баргашт?

Ozodi.org 

Бозгашт ба зиндагии осоишта, мутобиқшавии кӯдакону калонсолон ба ҳаёти баъдиҷангӣ ва пок кардани зеҳни онҳо аз осори хушунату бадбинӣ – масоиле буд, ки рӯзи 16-уми май дар як нишасти байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуд.



Кӯчи садҳо оила ба хотири ояндаи кишвар. Гузориш аз "қаър"-и обанбори Роғун. ВИДЕО

Ozodi.org 

Оби обанбори Роғун тадриҷан ҷамъ шудаву сатҳаш боло меравад ва оқибат 40 деҳаи болообро ба қаъри худ мекашад. Кӯчондани аҳолӣ аз ин ҷо яке аз вазифаҳои мушкили ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳамеша интиқод мешуд. Сафар ба ин деҳаҳо вазъи наверо намудор кард.

Гузориш аз "қаър"-и обанбори Роғун

Ozodi.org 

Оби обанбори Роғун тадриҷан ҷамъ шудаву сатҳаш боло меравад ва оқибат 40 деҳаи болообро ба қаъри худ мекашад. Кӯчондани аҳолӣ аз ин ҷо яке аз вазифаҳои мушкили ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳамеша интиқод мешуд. Сафар ба ин деҳаҳо вазъи наверо намудор кард.

Саудия Эронро дар барномаҳои "тавсеаёбӣ" гунаҳгор кард

Ozodi.org 

Арабистони Саудӣ Эронро дар он муттаҳам кард, ки ба ҳамлаҳои ахир болои  муассисаҳои нафтии ин кишвар амр додааст, ки масъулияти анҷоми ин ҳамлаҳоро шӯришиёни шиамазҳаби ҳутӣ ба дӯш гирифтаанд. Муовини вазири дифои Саудӣ Холид Бин Салмон дар изҳороти худ дар саҳифаи шабакаи Твиттер рӯзи 16 май гуфт, ки ҳамлаҳоро “режими Теҳрон амр додааст”, ки ҳутиҳоро ба унвони силоҳи татбиқи барномаҳои тавсеаёбиаш дар минтақа истифода мекунад. Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ Одил Ҷубайр дар твиттери худ гуфт... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 16-уми майи соли 2019

Ozodi.org 

Баъди эътирози тоҷирон раиси идораи андози Шаҳритус барканор шуд, муштариёни фиребхӯрда мунтазири ҷуброни чиптаҳои ҳавопаймо ҳастанд, дурнамои ҳавонавардии Тоҷикистон, кӯчбандии иҷборӣ дар ноҳияи Нуробод ва матолиби дигар.



Эътирози занон дар пушти дарҳои Форуми иқтисодии Нурсултон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Даҳҳо зан дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон бо талаби боло бурдани имтиёзҳои иҷтимоӣ раҳпаймоӣ карданд. Эътирози занҳо рӯзи 16 май дар пушти маҷлисгоҳи Форуми байналмилалии иқтисодӣ баргузор шуд. Онҳо аз ҳукумат талаб карданд, ки ба ваъдаҳояш дар амри кӯмак ба оилаҳои серфарзанд ва даромадашон кам вафо карда, барояшон хонаҳои муносиб ҷудо кунанд. Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ Бердибек Сафарбеков ва шаҳрдори Нурсултон Бахит Султонов бо эътирозгарон мулоқот карда ваъда доданд, ки талабҳои онҳоро иҷро мекунанд. Читать дальше...

Посух ба баъзе аз андешаҳои Ҳафиз Бобоёров

Ozodi.org 

Дар заминаи як матлаби созмони таҳқиқотии OCCRР бо номи "Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон" гуфтугӯе оғоз ёфт, ки инак, идома дорад ва дар баҳс ҷанбаҳои гуногуни масъала омӯхта ва арзёбӣ мешаванд.

Гурӯҳи кории С5+1 дар Душанбе ташкили ҷаласа кард

Ozodi.org 

Дар Душанбе рӯзи 16 май ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои амният дар формати С5+1 баргузор шуд, ки дар он мақомот аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА иштирок карданд. Дар хабари сафорати ИМА дар Душанбе гуфта мешавад, ки  аз ҷониби ИМА дар нишаст Иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба Осиёи Марказӣ дар департаменти давлатии ИМА Марк Муди ва  сафири ИМА дар Тоҷикистон Марк Ҷон Поммершайм иштирок карданд. Тоҷикистонро  муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ кард. Читать дальше...

Мубориза бо фасод дар Тоҷикистон: устура ё воқеият?

Ozodi.org 

Баъд аз интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз ниҳодҳои молӣ ва даст доштани баъзе кормандон дар ришвахорӣ, дар кишвар мавзӯи мубориза бо фасод дубора сари забонҳо шуд. Мақомот мегӯянд, чораҳои лозимро меандешанд, вале коршиносон дар мавриди муборизаи муваффақонаи мақомот бо шубҳа менигаранд.

Пас аз эътирози Шаҳритус? Барканории сардори раёсати андоз. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷумъахон Нурзода, сардори раёсати андози вилояти Хатлон, аз мақоми худ барканор ва ба ҷойи ӯ Соҳиб Раҷабов таъйин шудааст. Раҷабов то ин дам ба ҳайси сардори идораи андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард. Мақомот сабаби барканории Ҷумъахон Нурзодаро расман шарҳ надодаанд.  Тағйироти кадрӣ дар раёсати андози вилояти Хатлон дар ҳолест, ки қаблан президенти Тоҷикистон чанд мақомдори Кумитаи гумрук ва андозро аз мақомҳояшон барканор кард ва ба афроди баландпояи ин ду ниҳод ва инчунин Бонки Миллӣ ҳушдор дод. Читать дальше...

Ҳабси беш аз 20 эътирозгари сохтани калисо дар Екатеринбург

Ozodi.org 

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар паи як намоиши эътирозии бидуни иҷоза полис беш аз 20 зану мардро ба чанд рӯзи ҳабс маҳкум кард. Ҳукмҳои додгоҳӣ дар паи се рӯзи эътирозҳои ҳазорҳо нафар аз тасмими дар макони як боғи ҷамъиятии бисёр маъруф бунёд шудани калисои нави провославӣ содир шуд. Дар ҳукми додгоҳи ноҳияи Верх-Исет рӯзи 16 май гуфта шуд, ки 21 нафари дар давоми ду рӯзи гузашта боздоштшуда  ба мӯҳлати 2 то 10 рӯзи ҳабс маҳкум мешаванд ва гуноҳи онҳо ин аст, ки қонуни таҷаммӯъҳои ҷамъиятиро вайрон кардаанд. Читать дальше...

Тоҷикистон 5500-солагии шаҳри бостонии Саразмро таҷлил мекунад

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм таҷлил карда мешавад. Эмомалӣ Раҳмон қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар ин робита имзо кардааст. Дар ин қарор, ки рӯзи 2-юми май ба имзо расидааст, гуфта мешавад, ки 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм "чун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон 12-уми сентябри соли 2020 дар Панҷакент ҷашн гирифта шавад". Ҳукумати Тоҷикистон барои таҷлили ин ҷашн аз ҳисоби будҷаи кишвар ва вилояти Суғд дар маҷмӯъ беш аз 66 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Читать дальше...

Зеленский ба ҳайси президенти Украина савганд ёд мекунад

Ozodi.org 

Порлумони Украина рӯзи маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ин кишвар Владимир Зеленскийро ба 20-уми май таъин кард. Андрей Порубий, раиси порлумони Украина гуфт:   "Мо қарор кардем, ки маросими бахшида ба савгандёдкунии президенти интихобшуда Зеленский соати 10-и субҳи 20-уми май дар Верховная Рада баргузор шавад." Дар пайи таъхир дар тасмимгирии порлумони Украина, Зеленский аъзои маҷлисро дар он муттаҳам кард, ки махсус дар ин масъала истиҳола мекунанд, чунки ҳарос доранд, ӯ ҳайати кунунии Радаро пароканда хоҳад кард. Читать дальше...

Мулоқоти президент ва мақоми СММ дар остонаи конфронси зидди терроризм

Ozodi.org 

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков дар Душанбе масоили амниятӣ, муқобила бо терроризму маблағгузории он, ҷинояткории муташаккил ва шаклҳои нави фаъолияти гуруҳҳои террористӣ баррасӣ шуд. Ин мулоқот дар остонаи конфронси сатҳи байналмилалие доир шуд, ки  ба мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” ихтисос ёфтааст. Читать дальше...

Трамп мутмаин аст, ки Эрон “базудӣ” хостори музокира хоҳад шуд

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки бовар дорад базудӣ Теҳрон дар ҷустуҷӯи роҳи барпо кардани музокира бо Вашингтон мешавад. Трамп инчунин тахминзаниҳои матбуотро рад кард, ки гуфтааст, миёни президент ва маъмурияташ дар мавзӯи Эрон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Трамп дар саҳифаи худ дар Твиттер рӯзи 15 май навишт, “мутмаин ҳастам, ки Эрон базудӣ хостори барпо кардани музокира мешавад”. Ӯ аз ин беш чизе нагуфт. Ин изҳороти ӯ дар паи он нашр шуд, ки рӯзи 9 май Трамп эҳтимоли сар задани ихтилофҳои низомӣ бо Эронро сарфи назар накард. Читать дальше...


Музыкальные новости
Концерт

Концерт JONY во Владивостоке: ждут ли его горожане?





Персональные новости
ЦСКА

РОСГВАРДИЯ ОБЕСПЕЧИЛА ПРАВОПОРЯДОК ВО ВРЕМЯ ВО ВРЕМЯ ФУТБОЛЬНОГО МАТЧА «ЦСКА» - «СПАРТАК» В МОСКВЕ





Ҳунарманд Меляев барои мондани риш аз "Туркманфилм" иҷозатнома гирифт

Ozodi.org 

Дар шабакаҳои иҷтимоии Туркманистон санаде бо имзои раҳбари иттиҳодияи "Туркманфилм" чарх мезанад, ки ба ҳунарманд Анна Меляев иҷозат медиҳад, барои нақшаш дар як филм мӯйлаб ва риш бимонад. Раҳбари иттиҳодия гуфтааст, онҳо дар асоси китоби президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов "Туркманистон - қалби Роҳи абрешими бузург" филми таърихиеро ба навор мегиранд. "Филм дорои саҳнаҳои таърихӣ хоҳад буд. Бинобар ин, иттиҳодия ба қаҳрамони асосӣ Анна Меляев иҷозат медиҳад, ки дар давраи наворгирӣ риш ва мӯйлаб дошта бошад", - омадааст дар санад. Читать дальше...

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Афғонистон

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми май дар ҳошияи Конфронси "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил", бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон мулоқот кардааст. Ин нишаст бо ибтикори Иттиҳодияи Аврупо, САҲА ва ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 16-17-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон... Читать дальше...

Нишасти Ситоди нерӯгоҳи "Роғун" бо ширкати Қоҳир Расулзода

Ozodi.org 

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон субҳи 16-уми май барои баргузор намудани нишасти Ситоди неругоҳи обию барқии Роғун, ба маҳалли нерӯгоҳ рафтааст. Мақомот мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир сатҳи оби обанбор ба дараҷаи даркорӣ расидааст ва чархае, ки гуфта мешуд, "ба хотири таъмир ва санҷиш" ва ҳам таҳқиқи "обгузарондӣ"-и сарбанд бозистода буд, ба ҳаракати озмоишӣ дароварда шуд. Тибқи барнома, ин амалиёт мебоист то 31-уми март ҷараён мегирифт, аммо гуфта шуд, тармим тӯл кашидааст. Ин ҳолат сабаби... Читать дальше...

Чиптаҳои қалбакӣ даҳҳо мусофирро сарсон кард

Ozodi.org 

Аз ҳафт рӯз ба ин тараф ҳудуди 80 нафар натавонистанд аз Тоҷикистон ба кишварҳои гуногун сафар кунанд. Ин афрод сабабашро ба "чиптаҳои қалбакӣ" рабт ҳастанд. Ҳоло онҳо мунтазири баррасии масъала аз сӯи мақомот мебошанд. Чиптаҳои худро ин мусофирон аз як дӯкони воқеъ дар мавзеи маъруф бо "Баҳори сабз" (маҳали наздик ба бозори пешини "Шоҳмансур") гирифтаанд. Аксари дӯконҳои чиптафурӯшӣ дар инҷо қарор доранд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин робита... Читать дальше...

Эътирозҳо дар марзи Ғаза бо Исроил: 50 фаластинӣ захмӣ шуданд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи эътирозҳои бахшида ба 71-умин солгарди "Накба" (Рӯзи бадбахтӣ) дар марзи Исроил ва навори Ғаза ҳудуди 50 фаластинӣ захмӣ шуданд. Дар ин бора хабаргузории "Reuters" иттилоъ медиҳад. Ба иттилои артиши Исроил, дар эътирозҳо ҳудуди 10 ҳазор одам иштирок доранд. Рӯзи 15-уми май эътирозгарон ба ҷониби сарбозони Исроил санг ҳаво доданд ва ба гуфтаи шоҳидон, низомиён дар посух аз тирҳои воқеиву резинӣ ва гази ашковар истифода карданд. Вазорати тандурустии Фаластин ҷароҳат бардоштани сокинони худро шарҳ намедиҳад. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Команда подмосковного главка Росгвардии заняла призовое место на чемпионате Центрального округа по стрельбе из боевого ручного стрелкового оружия


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Дарья Касаткина

Теннисистка Касаткина заявила, что скучает по России, но пока не может приехать


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

АО «Транснефть – Прикамье» провело свыше 3 тыс. экологических исследований в I квартале 2024 года





Путин в России и мире
Москва

Путин поручил сократить время пути поездов от Москвы до Черного моря до 16 часов


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Минск не исключает попыток оппозиции оторвать часть территории Белоруссии в пользу НАТО




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Алла Пугачёва

Гитарист Пугачевой Левшин рассказал о проблемах со здоровьем у певицы



Москва

В Диктанте Победы приняли участие молодые сотрудники забайкальского Росреестра

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net