Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Май
2019

Новости за 14.05.2019

Барканории чанд мақом ва танбеҳи раисони Бонки милливу Хадамоти гумрук

Ozodi.org 

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллӣ ва Хуршед Каримзода – раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои "ба таври далхдор иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ ва мансабӣ" расман танбеҳ гирифтанд. Амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 14 май содир шуд.

Fair Trials: "Қазияи Гадоев намунаи тарсноки сӯистифода аз Интерпол аст”

Ozodi.org 

Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон боздошти Шарофиддин Гадоев, фаъоли мухолифини тоҷикро "намунаи тарсноки сӯистифода аз Интерпол" барои таъқиби паноҳҷӯён ва ҳамчунин хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ ва раҳбарони мухолифини сиёсӣ номидааст.

Оғози муҳокимаи 7 зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми "терроризм" дар Маскав

Ozodi.org 

Хабаргузории ТАСС – и Русия аз муҳокимаи 7 зодаи Тоҷикистон гузориш дод, ки ба тарҳрезии ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд. Ба навиштаи хабаргузорӣ, муҳокимаи Фарҳодҷон Нозимов, табиби собиқи шифохонаи рақами 91 дар шаҳри Санкт Петербург, Ҷумъахон Баймонов, Абдулғафур Раупов, Муҳаммадӣ Бобоёров, Суҳробҷон Нозимов ва Амрадҷон Раупов рӯзи 14-уми май дар Додгоҳи низомии шаҳри Маскав шуруъ шудааст. Хабаргузории “ТАСС” гуфтааст, ба ғайр аз ду муттаҳам, ки иртибот ба ҷиноятро эътироф кардаанд, дигар панҷ нафар гуфтаанд... Читать дальше...



Даъвои дурӯғгӯӣ дар бораи муҳоҷирони тоҷик ба нафъи нашрияи русӣ анҷомид. САДО

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Ёқутистони Русия парвандаи нахустинро бар асоси моддаи "хабари дурӯғ" (fake news) баррасӣ кард, вале шикояти Вазорати корҳои дохилиро нисбат ба нашрияи "Якутск вечерний" қонеъ накард. Парвандаи маъмурӣ моҳи апрел қатъ шуд.

Ҷанги тиҷоратии Амрикову Чин бо чӣ поён меёбад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, афзоиши боҷи маҳсулоти чинӣ ба хазинаи кишвараш миллиардҳо доллари изофӣ меорад. Ба қавли ӯ, аксуламали Чин ба қарори ӯ ҳеҷ таъсире ба иқтисоди Амрико нахоҳад дошт.

Ҷанги тиҷоратии Амрикову Чин ба нафъи кӣ меанҷомад?

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, афзои боҷи маҳсулоти чинӣ ба хазинаи кишвараш миллиардҳо доллари изофӣ меорад. Ба қавли ӯ, аксуламали Чин ба қарори ӯ ҳеҷ таъсире ба иқтисоди Амрико нахоҳад дошт.

"Трактор"-и "каммасраф"-и Исроил Муродов. ВИДЕО

Ozodi.org 

Муҳаррик аз дастгоҳи обкашонӣ, таҷҳизоте аз мошини "Жигулӣ" ва ҷузъи дигаре аз яхдони вайроншуда -- тавсифест аз тракторе, ки Исроил Муродов, ихтироъкори хатлонӣ, сохтааст.

Ахбори Озодӣ аз 14-уми майи соли 2019

Ozodi.org 

Зани муҳоҷири тоҷик Гулбегим Раҳмонова, ки дар Русия ҳалок шудааст, дар Тоҷикистон ба хок супурда шуд, падару писар бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуданд, молики қаҳвахонаи "Афсона" мунтазири ҷуброн аст ва матолиби дигар.



"Трактор"-и "каммасраф"-и Исроил Муродов

Ozodi.org 

Муҳаррик аз дастгоҳи обкашонӣ, таҷҳизоте аз мошини "Жигулӣ" ва ҷузъи дигаре аз яхдони вайроншуда -- тавсифест аз тракторе, ки Исроил Муродов, ихтироъкори хатлонӣ, сохтааст. Сокини ноҳияи Восеъ Исроил Муродов корманди собиқи милиса аст ва мегӯяд, ки баъд аз нафақа баромаданаш барои осон кардани кори деҳқонон ба ин амал даст зад.

Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин ба Тоҷикистон меояд

Ozodi.org 

Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин, бори аввал ба Тоҷикистон хоҳад омад. Қарор аст, ӯ 15 июни имсол дар як нишасти байналмилалӣ дар Душанбе иштирок кунад. Як манбаъ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон рӯзи 14 май сафари Маҳмуд Аббосро ба Душанбе тасдиқ кард. Ӯ гуфт, дар нишасти "Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё" намояндагони беш аз чиҳил давлати дунё иштирок мекунанд. Риёз Моликӣ, вазири умури хориҷии Фаластин, низ ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, Маҳмуд Аббос дар ҳошияи ин нишаст бо Владимир Путин... Читать дальше...

Амрико барномаи низомӣ ба зидди Эронро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Рӯзномаи "New York Times" хабар медиҳад,  Кохи Сафед барномаҳои низомиеро баррасӣ мекунад, ки дар ҳоли ҳамлаи Эрон ба нирӯҳои Амрико ва ё тезондани фаъолияти ҳастаияш, фиристодани 120 000 сарбоз ба  Ховари Миёна  дар назар  мегирад.  New York Times ба нақл аз мақомоти  давлатии Амрико, ки номашашон бурда намешавад, рӯзи 13-уми май гуфт, барномаро Патрик Шанаҳан иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Амрико, ҳафтаи гузашта  дар нишасте бо ёварони аршади президент Доналд Трамп пешниҳод кард. Ба гуфтаи... Читать дальше...

Дар Ҷалолобод 3 нафарро куштанд, 20 нафарро захмӣ карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи силсилаи таркишҳо дар вилояти Нангарҳор 3 нафар кушта шудаанд ва 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Атоулло Хугиёнӣ, сухангӯи раиси вилоят гуфт, таркиш дар як бозори серодам дар маркази шаҳри Ҷалолобод шоми 13-уми май ба вуқуъ пайвастааст. Хугиёнӣ гуфт, ки дар инҷо се таркиш сурат гирифтааст, ҳарчанд шоҳидон аз чаҳор таркиш хабар додаанд. Масъулияти таркишҳоро касе бар уҳда нагирифтааст, вале дар Нангарҳор, Толибон ва аъзои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” фаъоланд.

Сарчашмаи таҳқиқи маъракаи интихоботии Трамп тафтиш мешавад

Ozodi.org 

Вилям Барр, додситони кулли Амрико як додситони федералиро вазифадор кардааст, сарчашмаи таҳқиқот дар бораи дахолати Русия ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2016 маълум. Дар ин бора хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” рӯзи 13-уми май хабар дод ва навишт, ки Ҷон Дурҳам, додситони Коннектикат бояд маълум кунад, ки то куҷо ҷамъоварии иттилоот дар бораи маъракаи интихоботии Доналд Трамп “қонунӣ ва муносиб” буд. Раиси ҷумҳур Доналд Трамп худаш хостори чунин тафтиш шуда ва гуфтааст, ки қазияи дахолати Русия “сохта” аст... Читать дальше...

Вакил: Қиморхонаҳоро мақомоти қудратӣ "ҳимоят" мекунанд

Ozodi.org 

“Қиморхонаҳои пинҳонӣ “зери қанот”-и кормандони мақомоти қудратӣ ҳастанд.” Дар ин бора вакили порлумони Қирғизистон Олтинбек Сулаймонов дар суҳбат бо расонаҳо изҳори назар кард. Ӯ гуфт, “нерӯҳои бонуфуз ва мақомоти назоратӣ аз қиморхонаҳои пинҳонӣ ҳимоят мекунанд”. Ахиран хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Идрис Исоқов ҳангоми ба наворгирии макони қиморхонаҳои пинҳонӣ дар шаҳри Ӯш мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Афроди ношинос ба Исоқов дар наздикии меҳмонсарои DeLuxe ҳамла карданд... Читать дальше...

Помпео ва Путин мулоқот мекунанд ва мегӯянд...

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико имрӯз дар шаҳри Сочӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳур ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мулоқот мекунад. Дидор дар замоне сурат мегирад, ки таниш байни Амрикову Русия  ҳамчунон идома дорад. Баъди мулоқоти раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва Владимир Путин дар Финландия дар моҳи июли соли 2018 бори аввал аст, ки мулоқоти намояндагони ду тараф дар чунин сатҳи баланд сурат мегирад. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, дар мулоқоти Путин ва Помпео назорат бар густариши аслиҳа... Читать дальше...

Боздошти бист шаҳрванди Қазоқистон баъди бозгашт аз Сурия

Ozodi.org 

Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, 16 мард ва 4 зане, ки аз Сурия ба ватан баргашта буданд, бо гумони даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ боздошт шуданд. Ержан Ашикбоев рӯзи 13 май дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Гумонбаронро дар шаҳрҳои Нурсултон, Атирау, Урал, Оқтеппа, Қарағанда ва Чимкент дастгир карданд. 55 зану кӯдаки дигар дар маркази махсуси тавонбахшӣ ҷойгир карда шуданд. Ҳоло ташхиси тиббӣ ва муайян кардани шахсияташон идома дорад." Ба қавли ӯ, иштирокдорони фаъолиятҳои террористӣ... Читать дальше...

"Виҷдони хобидаи миллат". Вазъи зиёиён дар Тоҷикистон ва минтақа

Ozodi.org 

Зиёиён ё "интеллигентсия", қишре, ки дар давраи пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар шароити душвор афтод ва дар оғоз мардумро ба бедорӣ даъват намуд, вале дар поёни кор худ ба хоб ғунуд, ҳарчанд мегӯяд, бедор аст ва нақше дорад.

Бародарони тоҷик барои азми пайвастан ба "ДИИШ" зиндонӣ шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе ду бародар аз шаҳри Левакантро бо гуноҳи сармоягузории терроризм ва талоши пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Муҳокимаи Шуҳрат Воҳидови 19-сола ва бародари 19-солааш Далер рӯзи 8-уми май дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт ва аввалӣ ба 15 сол ва дуввумӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шудаанд. Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 14-уми май нашр шуд омадааст, ки ду бародар аз деҳаи Вахши Левакант соли 2018 ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд ва... Читать дальше...


Музыкальные новости
Алла Пугачёва

Оставшиеся в России родственники Аллы Пугачевой погрязли в долгах и лишились квартиры





Персональные новости
Сергей Собянин

Собянин поздравил Мишустина с назначением на пост председателя правительства РФ





Рӯзноманигори афғон Мино Мангалро кӣ кушт?

Ozodi.org 

Омилони қатли журналисти афғонро дар миёни хешовандон ҷустуҷӯ доранд. Дар ҳоле, ки мақомоти тафтишотии Афғонистон қатли ваҳшиёнаи журналист Мино Мангалро идома медиҳанд, наздиконаш хешовандони шавҳари собиқи ӯро дар анҷоми ин куштор гумонбар медонанд.

Трамп гуфт, дар саммити G20 бо Путину Ҷинпин мулоқот карданист

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе гуфт, тасмим дорад, охирҳои моҳи июн дар доираи саммити "Бистгонаи бузург" (G20) дар Ҷопон бо раҳбарони Чину Русия -- Сӣ Ҷинпин ва Владимир Путин мулоқот кунад. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ дод. Ба гуфтаи Трамп, мулоқоти ӯ бо Сӣ Ҷинпин дар пасманзари афзоиши ихтилофҳо миёни Чину ИМА метавонад созанда бошад. Вале президенти ИМА дар бораи интизориҳояш аз мулоқот бо Путин чизе нагуфтааст. Саммити G20 рӯзҳои 28-29 июни соли равон дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад. Читать дальше...

Сафири нави ИМА дар Узбекистон савганд ёд кард

Ozodi.org 

Даниэл Розенблюм ба ҳайси сафири нави ИМА дар Узбекистон рӯзи 9-уми май савганд ёд кард. Дар ин бора "Садои Амрико" хабар медиҳад. Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2018 Кумитаи муносибатҳои байналхалқии Сенати ИМА номзадии Розенблюмро ба ҳайси сафир дар Узбекистон тасдиқ карда буд. Розенблюм ҳангоми адои савганд дар Вашингтон гуфт, ки дар Узбекистон ба барқарории сулҳ дар Афғонистон, ҷонибдории ҳамаҷиҳата аз ислоҳоти Узбекистон, фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузорӣ ва ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи инсон машғул хоҳад шуд. Читать дальше...

Эҳтимоли ҷоришавии дарси "Назарбоевшиносӣ" дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар муассисаҳои таълимии Қазоқистон мумкин аст, дарси "Назарбоевшиносӣ" ҷорӣ шавад. Профессор Нуралӣ Уткелбоев аз донишгоҳи Чимкент ин идеяро пешниҳод ва ҳам навиштани китобҳои дарсиро ба зимма гирифтааст. Ба навиштаи расонаҳо, профессор аз сӯи вазорати маориф ва илми Қазоқистон посухи мусбат дарёфт кардааст. Нуралӣ Уткелбоев ҳисоб кардааст, ки дар ҳоли ҳозир суханрониҳо, гузоришҳо, паёмҳо, мусоҳибаҳо, мақолаҳои илмиву иҷтимоӣ ва китобҳои Назарбоев ба 101 ҷилд расидааст. "Ин осор паҳлуҳои сиёсӣ... Читать дальше...

Камчинии инсулин дар дорухонаҳои Ишқобод

Ozodi.org 

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон камчинии инсулин мушоҳида мешавад. Доруи барои беморони қанд ҳаётӣ дар дорухонаҳои хусусӣ пайдо намешавад ва дар дорухонаҳои давлатӣ барои инсулин навбатпоии тӯлонӣ дида мешавад. Инсулинро дар Туркманистон бо дорухати табиб ва бо миқдори маҳдуд мефурӯшанд. Ин рӯзҳо пушти дари дорухонаҳои давлатӣ барои харидани инсулин навбатпойии тӯлонӣ дида мешавад. "Барои мисол, агар ба бемори қанд табиб 5 ҳабби инсулин тавсия диҳад, дар дорухона ҳамагӣ то 3 ҳаб медиҳанд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Поцарапанному пандой Катюшей киперу подарили футболку с извинениями


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Александрова не смогла обыграть Саснович и покинула турнир WTA-1000 в Риме


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Чем грозит парковка на газоне





Путин в России и мире
Москва

Обучила 24 женщин-снайперов: Кто сидел на параде рядом с Путиным?


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко: тактическое ядерное оружие для Москвы и Минска — средство сдерживания




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

В Москве налоговая потребовала взыскать долг с Алексея Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



PR sound

Новая песня "Сталинград" - дань памяти героическим защитникам города



Москва

«Ведомости»: Алиханов станет министром в новом правительстве

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net