Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Май
2019

Новости за 28.05.2019

Сафари Шойгу ба Тоҷикистон. Навсозии артиш ва нақшаи “Икс”

Ozodi.org 

Коршиносон мегӯянд, сафари вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба Тоҷикистон дар рӯзи 28-уми май бештар намоишӣ ва таблиғотист, то тағйири бунёдие дар ҳамкориҳои низомии байни ду кишвар. Вале мақомоти ду кишвар онро барои шарикони стратегӣ муҳим медонанд.



Ширкати раҳбари Тоҷикистон дар нишасти АвруОсиё. Қадами аввал?

Ozodi.org 

Даъват шудани раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ ба нишасти сарони Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё тахмину гумонҳоеро доман задааст, ки шояд Тоҷикистон баъд аз солҳо ба ин созмон бипайвандад.

Таҳдиди раиси Фарғона: "Рӯдаҳоятонро ба саратон "салла" мекунам"

Ozodi.org 

Раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон Шуҳрат Ғаниев дар як ҷаласа раҳбарони Бюрои иҷрои иҷборӣ ва Нозироти андози ин вилоятро таҳдид кардааст, ки “рӯдаҳоятонро канда, бар саратон мепечонам”. Соҳибкоре, ки навори суҳбати Ғаниевро фиристод, мегӯяд, онро 22-юми май дар як ҷаласа дар бинои ҳукумати вилояти Фарғона сабт кардааст. Ғаниев аз раҳбарони Бюрои иҷрои иҷборӣ ва Нозироти андози вилояти Фарғона "хоиноне ном мебарад, ки аз зери дор гурехтаанд". "5-10 соли умрат дар зиндон хоҳад гузашт. Ба ман фарқ надорад... Читать дальше...

Лавров: "Нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон пурра бароварда шаванд"

Ozodi.org 

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар нишасте дар Маскав бо ҳайати Толибон хостори баровардани нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон шуд.  Гурӯҳи 14-нафарии Толибон бо роҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар барои гуфтугӯ бо сиёсатмадорони баландпояи афғон ва бузургони қабилавӣ ду рӯз дар Маскав буданд. Лавров рӯзи 28-уми май дар  нишасте бахшида  ба 100-солагии муносибатҳои Русияву Афғонистон гуфт: “Русия бовар дорад, ки низои Афғонистон бо роҳи низомӣ ҳал намешавад. Роҳи ягонаи имконпазир ба сулҳ дар Афғонистон ... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 28-уми майи соли 2019

Ozodi.org 

Боздиди вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу аз Тоҷикистон, намоиши даҳшатафканони асир дар Афғонистон ва Сурия, машварат дар мавриди тақдими фитри рӯза ва сайре ба деҳаи "Озодӣ".

"Омодабош" дар Сербистон, баъди амалиёти пулиси Косово

Ozodi.org 

Амалиёти пулис субҳи 28-уми май дар минтақаи асосан сербнишини шимоли Косово муносибати бе ин ҳам бади Приштина бо Сербистонро бадтар кард. Ин амалиёт Белгардро водор намудааст, ки нерӯҳояшро ба ҳолати омодабош дарорад. Пулиси Косово рӯзи 28-уми май гуфт, нерӯҳои махсус дар шимоли ин кишвар “чанде аз кормандони маҳаллии пулис ва сокинонро дастгир кардаанд”. Ҳошим Тачи, президенти Косово, дар Приштина ба хабарнигорон гуфт, як шаҳрванди Русия низ дастгир шудааст, ки зери ниқоби дипломат мехост аз амалиёт пешгирӣ кунад. Читать дальше...

Оҷонсии омор: "Мизони бекорӣ дар Тоҷикистон 2,2 дарсад аст"

Ozodi.org 

Оҷонсии омори Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки мизони бекорӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2,2 дарсад аст. Дар гузориши тозаи Оҷонсии омор, ки нимаи дувуми моҳи май нашр шуд, гуфта мешавад, аз шумораи умумии қувваи корӣ дар кишвар, 2,2 дарсад ҳамчун шахсони бекор расман ба қайд гирифта шудаанд. Ба санаи охири моҳи марти соли 2019, 51 ҳазор нафар дар Тоҷикистон расман бекор эътироф шудаанд. Қариб нисфе аз шахсоне, ки расман бекор эътироф шудаанд, яъне 49,7 дарсади онҳо, занон будаанд. Оҷонсии омор соли... Читать дальше...

Зариф гуфт, Эрон силоҳи ҳастаӣ намесозад

Ozodi.org 

Муҳаммадҷавод Зариф – вазири корҳои хориҷии Эрон – гуфт, кишвараш ба дунболи сохтани силоҳи ҳастаӣ нест. Зариф инро рӯзи 27-уми май дар ҷавоб ба изҳороти нави Доналд Трамп, президенти Амрико, баён кард. Трамп бо сафари давлатӣ дар Ҷопон қарор дорад. Ӯ рӯзи 27-уми май дар Токио гуфт, Вашингтон дар пайи сарнагунии режими Эрон нест, балки мехоҳад бовар ҳосил кунад, ки Теҳрон силоҳи ҳастаӣ намесозад. Пас аз ин изҳороти Трамп, вазири корҳои хориҷии Эрон дар "Твиттер" навишт, раҳбари олии ин кишвар... Читать дальше...

Ҳамла ба мактабҳо дар Афғонистон тақрибан 3 баробар афзудааст

Ozodi.org 

Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) гуфт, ки соли гузашта ҳамлаи ҷангҷӯён ба мактабҳо дар Афғонистон тақрибан се баробар афзудааст. Ин созмон рӯзи 28-уми май гуфт, агар дар соли 2017-ум 68 ҳамла ба мактабҳо сабт шуда буд, дар соли 2018 ин рақам ба 192 расидааст. Аз соли 2015 ба ин тараф бори аввал афзоиши ҳамла ба мактабҳо дар Афғонистон мушоҳида шудааст. Форе Ҳенриетта, мудири иҷроияи ЮНИСЕФ мегӯяд, "маориф дар Афғонистон зери оташ аст." Вай афзуд, "ҳамлаҳои бешуурона ба мактабҳо... Читать дальше...

Навбат барои хариди доллар дар Душанбе

Ozodi.org 

Болоравии қурби доллар дар бозори ғайрирасмии асъор ва якбора камчин шудани он, дар назди бонкҳои Тоҷикистон навбати тӯлонии сокинонро ба вуҷуд овардааст.

Баҳси додгоҳии нашркунандагони китобҳои Чингиз Айтматов дар Туркия

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Туркия баррасии шикояти нашркунандагони китобҳои нависандаи қирғиз Чингиз Айтматовро бо забони туркӣ оғоз кард. Бино ба навиштаи "Hürriyet", баҳси додгоҳӣ бар сари ҳаққи муаллифӣ аст. Дар Туркия аз соли 1991 то соли 2007 китобҳои Айтматовро "Ötüken yayıncılık" нашр мекард ва соли 2017 ҳуқуқи муаллифии осори нависандаи қирғиз ба ширкати "Nora kitap" дода шуд. Вале аввалӣ бо вуҷуди ин нашри китобҳои Айтматовро идома дод. Дар натиҷа "Nora kitap" соли 2017 зидди "Ötüken yayıncılık" ба додгоҳ шикоят бурд. Читать дальше...

Дар Ҷопон як марди ношинос 2 нафарро кушт ва 15 танро захмӣ кард

Ozodi.org 

Дар Ҷопон як шахси ношинос бо корд ба одамоне ҳамла кард, ки дар истгоҳи автобус истода буданд. Ин ҳодиса дар шаҳри Кавасаки наздикии Токио рух дод. Дар ҳодисаи мазкур 15 нафар, аз ҷумла 13 хонандаи мактаб маҷруҳ шуда, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд. Ҳодиса субҳи 28-уми май рух дод. Пулис ҳамлагарро боздошт кард. Марди ношиноси 40-50-сола худро бо корд захмӣ кард ва дар бемористон фавтид. Ба иттилои расонаҳо, дар ҷои ҳодиса ду корд пайдо шуд. Шахсият ва ҳадафи ҳамлагар то кунун мушаххас нашудааст. Читать дальше...

Дуввумин дидори чеҳраҳои сиёсии афғон ва Толибон дар Маскав

Ozodi.org 

Русия бори дигар шуморе аз сиёсатмадорони афғон ва намояндагони гурӯҳи Толибонро ба Маскав даъват кардааст. Қарор аст ин афрод дар маросими таҷлил аз 100-уми солрӯзи робитаҳои дипломатии Афғонистон ва Русия ширкат кунанд.


Музыкальные новости
Анастасия Волочкова

Нашёлся ещё один пострадавший от криминальных схем бывшего жениха Волочковой





Персональные новости
Сергей Брановицкий

Актерское агентство Киноактер. Актерское агентство в Москве.





"Ҳулбук" пешсафи лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дастаи “Ҳулбук” –и Восеъ, ки дар даври панҷуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ тими “Исфара”-и Исфараро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, бо касби 12 имтиёз дар ҷадвал ба ҷойи якум баромад.

Қазоқистон дар бораи вазъи Шинҷон: "Кори дохилии Чин аст"

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, дар бораи шумори қазоқтабороне, ки дар "марказҳои бозомӯзӣ"-и минтақаи Шинҷони Чин нигаҳдорӣ мешаванд, маълумот надорад. Ин ниҳод 27-уми май дар посух ба дархости Бахши қазоқии Радиои Озодӣ ба Конвенсияи муносибатҳои дипломатии Вена аз соли 1963 истинод овардааст, ки дар равобити байналмилалӣ "дахолат ба умури дохилии кишвари дигарро манъ мекунад". "Қазоқистон ҳақ надорад, ба мушкили қазоқтабороне дахолат кунад, ки шаҳрвандони Чинанд",-омадааст дар посухи ВКХ Қазоқистон. Читать дальше...

КДАМ Қирғизистон: шумори муҳофизони Отамбоев кам нашудааст

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) сарусадоҳои марбут ба муҳофизати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро пас аз ҳабси муҳофизи шахсияш Дамир Мусакеев шарҳ дод. "Бар асоси қонунгузорӣ, давлат президент, раиси порлумон, сарвазир, раиси Додгоҳи олӣ, президенти пешин, дар сурати зарурат вакили порлумон ва раҳбари давлат, ҳукумат ва ҳайати кишвари хориҷиро ҳангоми будубошашон дар Қирғизистон муҳофизат хоҳад кард",-омадааст дар баёнияи КДАМ. Бино бар ин, ба гуфтаи КДАМ, шумори маъмуроне... Читать дальше...

Зеленский ба назди низомиёни Украина ба Донбасс рафт

Ozodi.org 

Президенти нави Украина Владимир Зеленский дар доираи нахустин сафари худ аз вилояти Луҳанск дидан карда, бо вазъи низомиён дар минтақаҳои Луҳанск ва Счастъе шинос шуд. "Раҳбари давлат бо низомиён дар бораи шароити зист, сифати ғизо, таъмини техника ва хона суҳбат кард",-иттилоъ дод хадамоти матбуотии президенти Украина. Зеленский дар минтақаи Луҳанск аз хати аввали ҷанг, бахусус аз постгоҳи назоратие дидан кардааст, ки аз мавзеи ҷониби мухолиф ҳамагӣ 400 метр дур қарор дорад. Президенти Украина... Читать дальше...

Сафари вазири дифои Русия ба Тоҷикистон

Ozodi.org 

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия шаби гузашта вориди Душанбе шуд. Дар ин бора як манбаъ дар вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии "Интерфакс" рӯзи 28-уми май навишт, ки вазири дифои Русия дар Душанбе бо мақомоти тоҷик дар мавриди бозсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва таҳкими фаъолияти пойгоҳи 201-и Русия, баҳсу гуфтугӯ кард. Ин хабаргузорӣ аз қавли раҳбари хадамоти матбуоти вазорати дифои Русия гуфтааст, ки Сергей Шойгу дар... Читать дальше...

Мақомоти Ишқобод коргоҳҳоро аз биноҳои нав берун мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти Ишқобод ширкатҳоеро, ки дар таҳхонаи биноҳо коргоҳ доранд, маҷбур мекунанд, онҳоро холӣ созанд. "Аксари ширкатҳое, ки дар минтақаҳои марказӣ ҷойгир ҳастанд, намехоҳанд, ба маконҳои дигар раванд. Ба ҳамин хотир, мехоҳанд дар марказ коргоҳи нав пайдо кунанд",-хабар дод як сокини шаҳри Ишқобод. Ахиран хабар расид, ки мақомоти шаҳрӣ мехоҳанд, ҳамаи коргоҳҳои ширкатҳоро ба Минтақаи саноатии Ишқобод кӯчонанд. Ин минтақа дар канори шаҳр ҷойгир аст. Талаботи мақомот шаби 15-уми май ба соҳибкорон расонида шуд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Легионер "Локомотива" Ньямси: в Москве жизнь дешевле, чем в Париже


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Названы победительницы матчей Рыбакиной и Путинцевой за четвертьфинал турнира в Мадриде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Москвичам рассказали, какие усадьбы столицы можно посетить для пикника





Путин в России и мире
Москва

Пашинян подготовил "подарок" Путину к его инаугурации. Запад будет доволен


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

«Набей им морду, покажи им, что ты настоящий белорус». Лукашенко о поездке спортсменов на Олимпиаду




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Цинизм зашкалил: Елена Зеленская повеселилась в Киеве с герцогиней Эдинбургской


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Тимати

«Смотреть было брезгливо»: мама Тимати отреагировала на интервью Алены Шишковой



Москва

В Москве ребенок попал в больницу после столкновения с электросамокатчицей

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net