Зеленский ба назди низомиёни Украина ба Донбасс рафт
Президенти нави Украина Владимир Зеленский дар доираи нахустин сафари худ аз вилояти Луҳанск дидан карда, бо вазъи низомиён дар минтақаҳои Луҳанск ва Счастъе шинос шуд.
"Раҳбари давлат бо низомиён дар бораи шароити зист, сифати ғизо, таъмини техника ва хона суҳбат кард",-иттилоъ дод хадамоти матбуотии президенти Украина.
Зеленский дар минтақаи Луҳанск аз хати аввали ҷанг, бахусус аз постгоҳи назоратие дидан кардааст, ки аз мавзеи ҷониби мухолиф ҳамагӣ 400 метр дур қарор дорад.
Президенти Украина гузориши фармондеҳ генерал-лейтенант Александр Сирскийро дар бораи вазъи минтақа шунидааст. Дар ҷаласа сардори Ситоди кул - сарфармондеҳи Нирӯҳои мусаллаҳи Украина генерал-лейтенант Руслан Хомчак низ иштирок дошт.