123ru.net
World News in Tajik
Май
2019

Новости за 23.05.2019

Шамбилов: "Ман дар зиндони Ваҳдат будам"

Ozodi.org 

Як фаъоли ҳуқуқ ва раиси созмони "Ислоҳоти байналмилалии низоми маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ" гуфт, дар ним соли гузашта борҳо аз зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон дидан кардааст.

"Ман зиндони Ваҳдатро аз дохил дида будам". ВИДЕО

Ozodi.org 

Як фаъоли ҳуқуқ ва намояндаи созмони "Penal Reform", ки ба иҷрои барномаҳои ислоҳот дар маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ машғул аст, гуфт, дар ним соли гузашта борҳо аз зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон дидан кардааст.

Ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, барои эътироз ҳангоми сафари Э.Раҳмон ҷарима шудааст

Ozodi.org 

Баҳром Ҳамроев, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, гуфт, аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Твери Маскав, ки ӯро барои эътироз ҳангоми сафари президенти Тоҷикистон 15 ҳазор рубл ҷарима баст, ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳад кард. Ин ҳомии ҳуқуқ рӯзи 17-уми апрел, дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар наздикии Кремл бо шиори  “Рахмон! Освободи политзаключенных!” эътироз кард. Баҳром Ҳамроев, корманди созмони “Мемориал” аст, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят мекунад. Ӯ рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 23-уми майи соли 2019(HD)

Ozodi.org 

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон бо иттиҳоми эътироз аснои сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия ҷарима шуд, фарзандони Гулбегим Раҳмонова бесоҳиб намемонанд, падари сарбози фавтида ҷуброн мехоҳад, раҳоии "толиби амрикоӣ" ва матолиби дигар.

Ахбори Озодӣ аз 23-уми майи соли 2019

Ozodi.org 

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон бо иттиҳоми эътироз аснои сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия ҷарима шуд, фарзандони Гулбегим Раҳмонова бесоҳиб намемонанд, падари сарбози фавтида ҷуброн мехоҳад, раҳоии "толиби амрикоӣ" ва матолиби дигар.

Кремл: BBC барои истифодаи симои Путин муроҷиат накардааст

Ozodi.org 

Кремл гуфт, ки шабакаи BBC (Би-би-си) ҳеҷ гоҳ истифодаи симои президент Владимир Путинро дар як филми тасвирии шакли 3D дархост накардааст. Оҷонсии ТАСС рӯзи 23 май дар нақли қавл аз сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, “на, (муаллифони барнома) ба мо муроҷиат накардаанд”. Телевизиони бритониёии BBC барномаи наверо ба роҳ монд, ки дар он ба ҳайси барандаи барнома симои сохтакоришудаи президенти Русия Владимир Путин интихоб шудааст ва ин қаҳрамон, ки дар шакли рақамии 3D сохта шудааст, бо инсонҳои воқеӣ мусоҳибаҳо барпо мекунад. Читать дальше...



Боздошти се нафар дар робита бо куштори духтари 10-сола

Ozodi.org 

Мақомоти покистонӣ гуфтанд, ки се нафарро бо гумони дуздӣ ва куштори духтари 10-сола боздошт кардаанд. Холид Овон, сухангӯи полиси Исломобод рӯзи 22 май гуфт, ки дар нисбати чор афсари полис ҳам барои саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои касбиашон  парванда боз шудааст.   Дар паи ин ҳодиса дар саросари Покистон, ки ҷиноят алайҳи кӯдак як падидаи маъмулӣ шудааст, намоишҳои эътирозӣ барпо шуд. Ҷасади  Фариштаи 10-сола  бо осори зарбу азияти зиёд рӯзи 15 май дар канори  шаҳри  Шаҳзод пайдо шуд. Давоми чор... Читать дальше...

Саакашвилӣ аз Зеленский хост, шаҳрвандии ӯро барқарор кунад

Ozodi.org 

Михаил Саакашвилӣ, собиқ президенти Гурҷистон ва замоне раҳбари вилояти Одесса, аз президенти нав хост, ки шаҳрвандии украинии ӯро барқарор кунад. Вакили Саакашвилӣ Руслан Чорнолутский рӯзи 22 май дар Фейсбук хабар дод, ки ба унвонии дастгоҳи президенти нави Украина Владимир Зеленский дар ин замина як дархосте навиштааст. Президенти собиқ Петро Порошенко соли 2015 ба Саакашвилӣ шаҳрвандии Украинаро тақдим ва ба мақоми волии Одесса мансуб кард. Баъди ин мақомот дар Гурҷистон бо баҳонаи ин ки қонунгузории Гурҷистон душаҳрвандиро иҷоза намедиҳад... Читать дальше...

17 сол баъд: Толиби амрикоӣ аз зиндон раҳо мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷон Волкер Линд, як амрикоӣ, ки замони ширкат дар ҷангҳои Афғонистон дар тарафи Толибон ноябри соли 2001 боздошт шуд, қарор аст 23 май зиндонро тарк кунад. Линд 38 сол дорад  ва ӯ бо исми “Толиби амрикоӣ” маъруф шудааст. Қарор аст ӯро се сол пештар аз хатми мӯҳлати 20-солаи зиндон барои рафтори хубаш аз зиндони низомаш сангини Индиана озод кунанд. Линд зодаи Калифорния буда, дар  16-солагӣ дини исломро қабул карда дар миёнаҳои соли 2001 ба сафи Толибон пайвастааст. ИМА дар паи ҳамлаҳои террористии... Читать дальше...

"Бритониё барои муқобила бо рахнагарони Русия кумак кардааст"

Ozodi.org 

Ҷереми Ҳант, вазири хориҷаи Бритониё рӯзи 23 май қарор аст эълон кунад, ки Бритониё дар давоми якуним соли гузашта 16 муттафиқи худро дар НАТО дар бораи фаъолиятҳои рахнагарони Русия ва таҳдиди мавҷуда алайҳи кишварҳои онҳо огоҳ кардааст. Матбуот бо нашри пораҳое аз суханронии барномарезишудаи Ҳант менависад, ки қарор аст вазири хориҷаи Бритониё дар ин конфронс хадамоти амниятии Русияро дар  он муттаҳам кунад, ки зидди сохторҳои муҳим “як маъракаи сартосарӣ” ба роҳ мондаанд. Қарор аст дар конфронси... Читать дальше...

Тазоҳурот дар назди сафорати Туркманистон дар Амрико

Ozodi.org 

Ба ҷонибдорӣ аз фаъоли мадании зиндонӣ Гаспар Маталаев 22 май дар назди сафорати Туркманистон дар ИМА тазоҳурот баргузор шуд. Дар тазоҳурот 17 нафар иштирок доштанд. Онҳо дархости озодии Маталаевро, ки зери он 100 ҳазор нафар аз саросари ҷаҳон имзо гузошта буданд, ба кормандони сафорат пешниҳод карданд. "Ба инҷо омадем, то эътирози худро ба ҳабси Гаспар Маталаев ва меҳнати иҷборӣ дар Туркманистон баён кунем. Мо инҷо ба хотири озодии баёну расонаҳо дар Туркманистон ҳастем. Озодӣ ба Гаспар Маталаев!"... Читать дальше...

Сокини Самарқанд ба нишони эътироз худро оташ зад

Ozodi.org 

Сокини 33-солаи ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд ва падари се фарзанд, ки дар эътироз ба тахриби хонааш худро оташ зада буд, дар беморхона ҷон дод. Модари 60-солаи мард дар натиҷаи талоши хомӯш кардани оташ осеб дида, дар беморхона қарор дорад. Ба гуфтаи шоҳидон, сокини Тайлоқ дар эътироз ба тахриби манзили зисте худсӯзӣ кард, ки мақомот онро ғайриқонунӣ номида, мехостанд, тахриб кунанд. Ҳодиса рӯзи шанбеи гузашта, 18 май дар ноҳияи Тайлоқ рух додааст. "Намояндагони мақомот омаданд, то хонаи ӯро тахриб кунанд. Читать дальше...

9 шаҳрванди Қазоқистон дар садамае дар Италия маҷруҳ шуданд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки нуҳ сокини Қазоқистон дар як садамаи нақлиётӣ дар Италия зиён дидаанд. Панҷ тан аз онҳо дар бемористон бистарӣ ва чаҳор тани дигар бо ҷароҳатҳои сабук дар меҳмонсаро ҷо дода шудаанд. Як дипломати қазоқ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба онҳо кумак мерасонад, хабар дод вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон. Садама субҳи 22 май дар вилояти Тоскани Италия рух додааст. Расонаҳои Италия хабар доданд, ки автобуси сайёҳии дуошёна ба ҷарӣ сарозер шудааст. Сафорати Русия дар Италия хабар дод... Читать дальше...

Нашри эъломияи амвол ва даромади Зеленский дар соли 2018

Ozodi.org 

Владимир Зеленский, президенти тозаинтихоби Украина эъломияи амвол ва даромадҳояшро дар соли 2018 нашр кард. Фаъолони маданӣ пеш аз даври дувуми интихоботӣ аз вай хоста буданд, ки эъломияи даромадҳояшро нашр созад. Зеленский бо ҳамсараш чунин амвол доранд: манзил дар вилояти Киев; қитъаи замин дар вилояти Киев; чаҳор хона дар Киев; як хона дар Қрим; ду хонаи дигар дар Киев, ки ба номи шахси севум сабт шудааст; ду ҷойи мошингузорӣ дар Киев; як ҷойи дигар дар Қрим; ду иншооти ғайриистиқоматӣ дар... Читать дальше...


Музыкальные новости
Шарлот

Суд продлил арест певца Шарлота до 29 мая





Персональные новости
РПЛ

Итоги дня в РПЛ: «Сочи» вырвал ничью у «Урала», «Спартак» разгромил «Ростов»





"Туркия хариди нафт аз Эронро қатъ кардааст"

Ozodi.org 

Як мақоми баландпояи Туркия рӯзи чоршанбеи 22-юми май гуфтааст, бо поён ёфтани гузаштҳои ИМА ба харидорони нафти Эрон, ки мехостанд аз таҳримҳо эмин бошанд ва тамдид нашудани ин гузаштҳо, Анқара хариди нафт аз Эронро аз моҳи май қатъ кардааст.

Рӯзгори муҳоҷирони дохилӣ дар Шаҳритус

Ozodi.org 

Аз даҳҳо хонаводае, ки нӯҳ сол пеш аз минтақаи Кӯлобу Рашт ва вилояти Бадахшон ба деҳаи Ватани ноҳияи Шаҳритус муҳоҷир шуданд, танҳо чаҳор оила мондааст. Аксарият зиндагии бидуни шароит дар ин минтақаро таҳаммул накарда, дубора ба зодгоҳҳои худ баргаштанд. Боқимондаҳо то ба ҳол умед доранд, ки мақомот ба ваъдаашон вафо мекунанд. Мақомот вазъиятро шарҳ намедиҳанд.

"Се сол манъи вуруд барои нақзи қоидаи роҳ". Парвандаи як муҳоҷири тоҷик дар додгоҳ

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Русия аризаи як шаҳрванди Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифт, ки қарори полисро дар бораи ихроҷаш аз ин кишвар ғайриқонунӣ медонад. Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 10-уми июн баргузор хоҳад шуд.

Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо дод

Ozodi.org 

Арабистони Саудӣ ба ҳукумати Тоҷикистон 50 тонна хурмо тақдим кард. Рӯзи чаҳоршанбеи 22-уми май тайи маросиме, ки дар сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Душанбе баргузор шуд, масъулони Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ин "тӯҳфаи рамазонӣ"-и ҳукумати Арабистонро ба масъулони Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон супурданд. Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфт, 50 тонна хурмо бо дастури подшоҳи Саудӣ тавассути Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон, ба Тоҷикистон оварда шуд. Читать дальше...

Хонандагони шаҳри Ишқободро ба харидани матои сабз маҷбур доранд

Ozodi.org 

Дар остонаи ба охир расидани соли хониш хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Ишқободро вазифадор карданд, ки матои сабз бихаранд. Ба иттилои шоҳидон, матоъ дар худи мактабҳо фурӯхта мешавад. "Қариб дар ҳамаи мактабҳои Ишқобод ба хонандагон матои сабз доданд. Дарозии матоъ 2 метр аст. Хонанда бояд аз он барои худ либос таҳия кунад. Либосҳоро бояд дар моҳи сентябр пӯшанд",-хабар дод як сокини Ишқобод. "Бархе аз хонандагон пеш аз гирифтани матоъ гуфтаанд, ки мехоҳанд бо волидонашон машварат кунанд. Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

RU.TV превращает Русскую Музыкальную Премию в Мюзикл


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Мария Шарапова

Первая ракетка России рассказала об общении с Шараповой


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

В Кабардино-Балкарии стартует крупнейшая экологическая акция «Вода России»





Путин в России и мире
Москва

Владимир Путин поздравил ветеранов с 50-летием начала строительства Байкало-Амурской магистрали


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

В Минске открывается ВНС: что будет




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленский допустил, что Москва и Киев начнут мирные переговоры


Навальный в России и мире
Москва

Запрещено в служении проводившему панихиду по Навальному священнику



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Оззи Осборн

Своим трудом: Келли Осборн отрицает, что похудела с помощью препаратов



Москва

В районе Богородское появится две новостройки по программе реновации

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net