123ru.net
World News in Tajik
Май
2019

Новости за 03.05.2019

Тоҷикистон мехоҳад, 34 зани тоҷикро аз Сурия баргардонад

Ozodi.org 

Аз ду паноҳгоҳи Созмони Милал дар Сурия 34 зани тоҷик, ки аз як то панҷ фарзанд доранд, барои ба ватан баргаштан ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Шаби 30 апрел Тоҷикистон 84 кӯдакро аз Ироқ баргардонд, вале то ҳанӯз ҳеҷ нафареро дар як соли ахир аз Сурия наовардаанд.

Сафирони ғарбӣ аз ҳукумат хостанд, ки интернетро набандад

Ozodi.org 

Баъзе аз сафирони кишварҳои ғарбӣ дар Рӯзи озодии матбуот аз баста мондани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон сахт танқид карданд. Дар ҳоли ҳозир дар кишвар дастрасӣ ба баъзе аз сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ва хадамоти Гугл маҳдуд аст. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол расман маҳдудияти дастрасӣ ба баъзе аз сомонаҳои интернетиро шарҳ надодаанд. Муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев рӯзи 2 май ба Радиои Озодӣ гуфт, "шояд мушкили техникӣ аз берун аст". Читать дальше...



Муҳаммадрӯзӣ Искандаров. Зодрӯз дар зиндон баъди ҷазои сангин

Ozodi.org 

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар рӯзи 65-солагиаш дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе қарор дорад. Ба гуфтаи наздикон, ӯ аз он шод аст, ки муҳлати ҷазои сесолааш дар шароити сангини зиндони Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) ба поён расид.

Эълони чаҳор ҷоиза ва як бурсия барои хабарнигорони тоҷик

Ozodi.org 

Як созмони хабарнигорӣ дар Аврупо барои рӯзноманигорону блогнависони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар чаҳор ҷоиза эълон кард. Кунгураи аврупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик моҳи марти имсол ба кор оғоз намуд. Масъулони сомзон рӯзи 3 май гуфтанд, ҳадаф аз эълони ҷоизаҳо “ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати рӯзноманигорон, беҳбуди вазъи озодии баён ва посдошти арзишҳои рӯзноманигорӣ” аст. Санҷар Ҳошимӣ, узви раёсати Кунгураи аврупоии хабарнигорону блогнависони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷоизаҳо барои... Читать дальше...

3,4 млн доллари БҶ барои бозсозии 3 ёдгории таърихӣ дар Хатлон

Ozodi.org 

Ёдгориҳои таърихии "Хоҷа Машҳад", "Чилучорчашма" ва "Ҳулбук" дар вилояти Хатлон бо кӯмаки молии Бонки ҷаҳонӣ бозсозӣ мешаванд. Ба гуфтаи мақомоти Хатлон, барои бозсозии ин се ёдгории таърихӣ, аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ 3 миллиону 400 ҳазор доллар ҷудо шудааст. Аз шуъбаи таҳлил ва иттилооти вилояти Хатлон рӯзи 3-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳайате аз Бонки ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бохтар бо масъулони ҳукумати вилоят мулоқоту гуфтугӯ карданд ва ҳамакнун кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии ёдгориҳои таърии ин вилоят тасдиқ шудааст. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 3-уми майи соли 2019

Ozodi.org 

Интиқоди дипломатҳои ғарбӣ аз маҳдудияти дастарӣ ба интернет дар Тоҷикистон, сабти симкорт бо шиносномаи нав, арзёбии имкони сабукиҳо дар кодекси ҷиноии Тоҷикистон, боҷи сайёҳони хориҷӣ ва ҳоҷиёни тоҷик ва матолиби дигар.

Дар Афғонистон 175 узви Толибонро аз зиндон озод мекунанд

Ozodi.org 

Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон гуфт, ки муносибати Иди Рамазон тасмим гирифт 175 зиндонии узви гурӯҳи Толибонро афв кунад. Дар суханронии худ дар поёни кори Лоя Ҷирга рӯзи 3 май дар Кобул президенти Афғонистон гуфт, ки ба унвони “ҳусни ният” омода аст то поёни моҳи шарифи Рамазон аъзои гурӯҳи тундравро, ки “аз солиёни пеш зиндонӣ ҳастанд”, аз банд раҳо кунад. Ин изҳороти Ашраф Ғанӣ дар поёни рӯзи чоруми Лоя Ҷирга садо дод, ки  ҷаласаи машваратӣ барои сулҳ  мебошад.  Дар ин ҷаласа сиёсатмадорону... Читать дальше...



Даромади ҳамсари президенти Тотористон 20 баробар бештар назар ба шавҳараш будааст

Ozodi.org 

Аз эъломияи даромадҳое, ки дар  вебсайти президенти Тотористон нашр шудааст, чунин бармеояд, ки ҳамсари президенти Тотористон Гулсина Миннихонова соли 2018 назар ба ҳамсараш тахминан 20 баробар бештар даромад дидааст.  Гулсина Миннихонова дар эъломияи расмӣ дар соли гузашта навиштааст, ки дар ҳаҷми 155 миллион рубл  даромад дидааст, дар ҳоле, ки даромади ҳамсараш – раиси ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов каме бештар аз 8,5 миллион рубл гузориш шудааст. Президент навиштааст, ки ҳеҷ моликияти хусусӣ надорад. Читать дальше...

Могеринӣ: Хабарҳои бардурӯғ дар давраи интихоботҳо - чолиши аслии матбуот мебошад

Ozodi.org 

Федерика Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, чолиши аслии матбуоти имрӯза – пахши хабарҳои бардурӯғ ва таҳрифомез дар давраи интихоботҳо аст, ки барои пешбурди ормонҳои демократӣ дар ҷомеаҳо мушкил эҷод мекунанд. Ба ҳамин хотир, ба гуфтаи ӯ, Иттиҳодияи Аврупо нақшаи амал дар заминаи мубориза бо хабарҳои бардурӯғро роҳандозӣ кардааст, ки ба тақвияти муқовимати ҷомеа дар бархӯрд бо ин равандҳо нигаронида шудааст. Дар изҳороти Могеринӣ, ки рӯзи 3 май ба муносибати рӯзи  озодии матбуот нашр шуд... Читать дальше...

Туркия гуфт, дар фурсати кӯтоҳ ҷойивазкунандаи нафти Эронро пайдо карда наметавонад

Ozodi.org 

Туркия гуфт, ки дар фурсати кӯтоҳ тавони бозбинӣ кардани бозори воридоти нафти худро нахоҳад дошт ва ба ин хотир аз ИМА хост, ки қарори худро дар заминаи таҳрими Эрон бозбинӣ кунад.  Вазири хориҷа Мавлуд Човушоғлу рӯзи 2 май дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, «мо чунин имконе надорем, ки дар фурсати кӯтоҳ бозори воридоти захираҳои нафтии худро рангин кунем». Туркия, ки маъмуан рӯзе ба 1 миллион бушка нафт (1 бушка = наздики 159 литр) эҳтиёҷ дорад, соли гузашта вобастагии шадиди худро аз нафти Эрон кам кард. Читать дальше...

Далер Шарифов: Матбуоти мо давраи бӯҳрониро ба сар мебарад

Ozodi.org 

Ҳамасола сеюми май Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад ва дар Тоҷикистон ҳам ба ин муносибат ҳамоише баргузор шуда, дар он аз вазъи феълии матбуоти кишвар баҳсу баррасиҳо сурат мегиранд. Дар Рӯзи озодии баён Радиои Озодӣ бо Далер Шарифов, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбате анҷом дода, нахуст аз ӯ пурсида шуд, ки то куҷо матбуот дар Тоҷикистон озод аст?

Тоқаев расман номзади интихоботи президентии Қазоқистон шуд

Ozodi.org 

Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон (КМИҚ) рӯзи 3 май президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаевро расман номзади интихоботи президентии 9 июн сабти ном кард. "Шахсони боэътимоди Қосимҷомарт Тоқаев имзои 315 910 сокинро ба ҷонибдорӣ аз номзад шудани вай ҷамъ оварданд", - хабар дод КМИҚ. Бино бар қонунгузории Қазоқистон, номзадҳо ба мақоми президентӣ бояд барои сабти ном шуданашон на камтар аз 118 140 имзо ҷамъ оваранд. КМИҚ гуфт, ки Тоқаев ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои расман сабти ном шудан таҳия кардааст. Читать дальше...

Сӯзишворӣ дар Қирғизистон гарон шуд

Ozodi.org 

Тибқи таҳлилҳо, дар робита ба боло рафтани арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ, дар моҳи май қимати сӯзишворӣ дар Қирғизистон 10-15 дарсад боло хоҳад рафт. Дар ин бора президенти Эътилофи нафтфурӯшони Қирғизистон Канат Эшатов хабар дод. Ба гуфтаи вай, аз оғози сол қимати як бушка нафт дар бозори ҷаҳонӣ 16 доллар боло рафт. Ба ин далел, қимати як тона сӯзишворӣ дар Русия ҳам ба 150 доллар расид. "Барои мисол, агар як тона сӯзишвории навъи АИ-92-ро 460 долларӣ мехаридем, ҳамакнун ин навъи сӯзишворӣ ба 585 доллар расид", - гуфт Эшатов. Читать дальше...

Лоя Ҷирга ё анҷумани Афғонистон ба кори худ хотима мебахшад

Ozodi.org 

Рӯзи 3 май қарор аст дар Кобул ҷаласаи чаҳоррӯзаи Лоя Ҷирга натиҷагирӣ шавад. Дар ин ҷаласа  сиёсатмадорону раҳбарони қабилаҳо ва пешвоҳои гурӯҳҳои миллию динӣ дурнамои ин кишвари ҷангзада мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳудудан 3200 вакил, ки дар даҳҳо кумитаву гурӯҳҳои корӣ тақсим шудаанд, дар ҷаласае таҳти шароити сахти амниятӣ роҳҳои расидан ба сулҳ бо Толибонро баррасӣ намуданд.   Яке аз мувофиқаҳои шӯрои Лоя Ҷирга  – муроҷиат ба СММ оиди аз феҳристи гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ берун кардани исми Толибон хоҳад буд. Читать дальше...

Ватан Абдураҳмонов: “журналистон зиёд худсонсурӣ мекунанд”

Ozodi.org 

Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшиноси варзида ва дар гузашта додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, аз хонандаҳои доимии матуботии тоҷик аст, аммо вақтҳои охир матбуот он ҷаззобияте, ки қаблан дошт, аз даст додааст. Ватан Абдураҳмонов дар ҳошияи як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 2 май аз ҷумла ба вазъи матбуоти тоҷик рӯ овард ва гуфт:  «Ба назарам, журналистон зиёд худсонсурӣ мекунанд. Ин чиз ҷоиз нест. Ман доим газетаҳоро мехарам, аммо муҳтавои онҳо дигар мубрам - актуалӣ нест. Ман то ба ҳол газетаҳоро мехарам... Читать дальше...

Тоҷикистон - мизбони мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон

Ozodi.org 

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) кишварҳои мизбони мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-соларо, ки тирамоҳи имсол баргузор мешаванд, тасдиқ кард.


Музыкальные новости
Иоганн Себастьян Бах

Бах vs Бетховен в Петрикирхе





Персональные новости
#123ru.net

ЧИТАЙТЕ ОПТИМАЛЬНЫЙ ПЛАН МИРА МЕЖДУ РОССИЕЙ, НАТО И УКРАИНОЙ.





Далер Шарифов: "Матбуоти мо давраи бӯҳрониро ба сар мебарад" ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳамасола сеюми май Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад ва дар Тоҷикистон ҳам ба ин муносибат ҳамоише баргузор шуда, дар он аз вазъи феълии матбуоти кишвар баҳсу баррасиҳо сурат мегиранд.

Хадамоти амнияти Узбекистон донишманди туркро таҳдид ба ихроҷ кард

Ozodi.org 

Донишманди турк Чагатай Кучар, ки мехост, рӯзи 9-уми май бо гуруҳи таърихшиносон ва ҳунармандони узбек мулоқотеро анҷом диҳад, 28-уми апрел дар шаҳри Тошканд боздошт шуд. Маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон донишманди 70-соларо ҳамроҳи духтараш ҳамчун "террорист" боздошт ва пас аз чаҳор соати бозпурсӣ озод карданд. Кучарро огаҳ кардаанд, ки агар дар чорабиние иштирок кунад, аз Узбекистон ихроҷ хоҳад шуд. Гуруҳи донишмандони узбеке, ки 28-уми апрел дар Маркази “Result” дар шаҳри Тошканд барои мулоқот бо Кучар ҷамъ омада буданд... Читать дальше...

Оташсӯзӣ дар хобгоҳе дар шаҳри Нурсултон

Ozodi.org 

Баъди оташсӯзӣ дар хобгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 20 одам, аз ҷумла 14 кӯдак барои дарёфти кумаки тиббӣ ба бемористон муроҷиат карданд. Шаби панҷшанбеи 2 май, соати 22:30 дақиқа хабар расид, ки хобгоҳи панҷошёнае оташ гирифтааст. "32 одам, аз ҷумла 28 кӯдак наҷот дода шуд. 350 тани дигар мустақилона аз хобгоҳ берун омаданд", - иттилоъ дод кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон. Оташ хомӯш карда шуда, сабабҳои сар задани он мушаххас мешавад.

Туркманистон аз Русия гандум мехарад

Ozodi.org 

Интизор меравад, миёнаҳои моҳи май байни Туркманистон ва Русия дар мавриди хариди гандум шартнома баста шавад. Гандуми Ставрополи Русияро ба Туркманистон интиқол хоҳанд дод. Дар ин бора сомонаи news.1777.ru 30 апрел хабар дод. "Ҳаҷми интиқоли гандум дар соли 2019 10 ҳазор тонаро ташкил медиҳад", - хабар дод Андрей Олейников, як масъули кишвари Ставрополи Русия. Хариди гандум аз Ставропол дар ҳолест, ки дар Туркманистон норасоии орди маҳаллӣ мушоҳида мешавад. Сокинон хабар доданд, рӯзҳои охир... Читать дальше...

Радиои Озодӣ: мақомот ҳанӯз ҳам ба кори расонаҳо дахолат мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти бештари кишварҳо ҳанӯз ҳам ба кори рӯзноманигорон дахолат карда, амнияти онҳоро зери хатар мегузоранд. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Дейзи Синделар дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии озодии баён изҳор дошт. "Радиои Озодӣ тайи чандин даҳсолаҳо ҳаводисро дар кишварҳои гуногун зери хатарҳои зиёд бозтоб мекард, ки ин кори осон набуд. Бештар аз ҳама амалҳои худсаронаи мақомот ва беҷазоии ҷинояткорон мушкил ва хатарҳоеро печидатар мекунад, ки рӯзноманигорон бо онҳо рӯбарӯ мешаванд"... Читать дальше...

Спорт в России и мире
Москва

Прием заявок на участие в конкурсе на лучшее путешествие по Дальнему Востоку начнется в мае


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Потапова победила Самсонову в первом круге турнира WTA в Штутгарте


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

"Самое опасное" начнётся в пятницу: Синоптик предупредил об аномальной погоде в России





Путин в России и мире
Москва

Путин 22 апреля проведет в Москве переговоры с президентом Азербайджана Алиевым


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко сравнил Всебелорусское народное собрание с «пустотой»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: Западу неинтересны планы Киева по атаке на Крымский мост


Навальный в России и мире
Москва

В Москве арестован на пять суток историк-публицист Сергеев за пост памяти Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



РЭС

Новосибирские энергетики поделились опытом цифровой трансформации



Москва

В Подмосковье владельцам кафе рекомендуют закрыть веранды из-за непогоды

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net