Оҷонсии омор: "Мизони бекорӣ дар Тоҷикистон 2,2 дарсад аст"
Оҷонсии омори Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки мизони бекорӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2,2 дарсад аст. Дар гузориши тозаи Оҷонсии омор, ки нимаи дувуми моҳи май нашр шуд, гуфта мешавад, аз шумораи умумии қувваи корӣ дар кишвар, 2,2 дарсад ҳамчун шахсони бекор расман ба қайд гирифта шудаанд.
Ба санаи охири моҳи марти соли 2019, 51 ҳазор нафар дар Тоҷикистон расман бекор эътироф шудаанд. Қариб нисфе аз шахсоне, ки расман бекор эътироф шудаанд, яъне 49,7 дарсади онҳо, занон будаанд.
Оҷонсии омор соли ҷорӣ ҳамчунон мафҳуми наверо таҳти унвони "бекории пинҳонӣ" ба кор гирифтааст. Оҷонсӣ мегӯяд, "бекории пинҳонӣ" машғулияти нопурра мебошад ва дар ҳолате, ки истеҳсолот бозистодааст, як қисми кормандон ба рухсатии маҷбурӣ ва ё рӯзи кории нопурра фиристода мешаванд.
Ба маълумоти оҷонсӣ, дар моҳҳои январ то марти соли ҷорӣ 3 ҳазору 800 нафар бо хости маъмурият ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шудаанд, ки аз онҳо 2 ҳазору 100 нафар бе маош монданд.