Ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон дар сохтмони автодороме дар Ленинград маҷрӯҳ шуданд
Матбуоти русӣ мегӯяд, ки дар сохтмони автодроме дар вилояти Ленинград ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон осеб дида ба бемористон интиқол ёфтанд. ТАСС менависад, ки рӯзи 27 май дар ҷараёни корҳои сохтмонии автодроми «Игора-драйв» дар ҳудуди вилояти Ленинград дар ҷараёни корҳои дарахтбурӣ коргарон – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон осеб диданд. Ҳолати яке аз онҳо сангин арзёбӣ мешавад. Ҷароҳати шаш нафари дигар миёна арзёбӣ шудааст. Ҳуввияти коргарони осебдида ошкор намешавад. Се нафари осебдида ба бемористони Всеволжск ва чор нафарашон ба шифохонаи вилояти Ленинград интиқол дода шуданд.
Дар ҷараёни корҳои сохтмони автодроми «Игора-драйв» дар ҳудуди ноҳияи Приозерскии Ленинград дар масоҳати 350 метри мураббаъ чӯбу дарахти зиёд ба замин сарозер шуд. Кормандони вазорати ҳолатҳои изтирорӣ маҳалли ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Маросими ифтитоҳи автодроми нав қарор аст соли ҷорӣ баргузор шавад. «Эхо Москвы” мегӯяд, ки арзиши ин тарҳ 10 миллиард рубл буда, муаллифи он архитектор Герман Тилке мебошад, ки дар гузашта тарҳи “Формула-1” ва автодороми шаҳри Сочиро сохта ба истифода додааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки проекти куллии автодром ва осоишгоҳи “Игора” ба миллиардери рус Юрий Ковалчук марбут аст, ки моликдори бонки “Россия” мебошад.