Дар Русия марги ду нафар бар асари вируси нав тасдиқ шуд
Мақомоти Русия гузориш доданд, ки ду ҳодисаи аввалини гирифтории инсон ба вируси навро сабт кардаанд. Ин вирус то ҳол дар берун аз Чин беш аз 200 нафарро куштааст. Муовини нахуствазири Русия Татяна Голикова гуфт, ки ду ҳодисаи гирифторӣ ба вирус дар минтақаи Забайкалеи ҳаммарз бо Чин ва ҳам вилояти Тюмени ҳаммарз бо Қазоқистон сабт шудааст. Ҳарду бемор, ки шаҳрвандони Чин мебошанд, дар беморхона таҳти карантин қарор дода шудаанд. Русия қаблан аксари парвозҳо ба самти Чинро муваққатан бекор кард.
Коронавирус, ки бо суръати зуд паҳн шуда сироят мекунад, шурӯъ аз моҳи декабр ба ин сӯ боиси марги 213 нафар дар Чин шуда, ҳудудан 10 ҳазор сокини дигари ин кишвар ба ҳайси олудашуда ба қайд гирифта шудаанд. Дирӯз Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳолати фавқулоддаи байналмилалӣ ҷорӣ кард ва гуфт, ки дар хориҷ аз Чин 98 нафар қурбони ин вирус шудаанд. То имрӯз ин вирус дар 20 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.