Дар ҳамлаи мушакии Эрон 34 низомии амрикоӣ ҷароҳат бардоштааст
Вазорати мудофиаи ИМА рӯзи 24-уми январ эълон кард, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ 34 низомӣ ҷароҳати мағзӣ бардоштаанд.
Хабаргузории Рейтерз хабар дод, ки ин рақам дар қиёс ба эълони пештараи фармондеҳи Марказии Амрико бештар аст.
Фармондеҳии марказии Амрико 16-уми январ эълон карда буд, ки дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомии "Айн-ул-Асад" дар Ироқ, 11 сарбози амрикоӣ таҳти муолиҷа қарор гирифтаанд.
Аз ин пештар Доналд Трамп, президенти Амрико ва дигар мансабдорони баландпояи ин кишвар эълон карда буданд, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ягон низомии амрикоӣ осеб надидааст.
Ҳафтаи гузашта Пентагон эълон кард, ки 11 низомии амрикоӣ дар ин ҳамла осеби мағзӣ дидаанд.
Сипоҳи посдорони Эрон субҳи 8-уми январ эълом кард, ки дар интиқом ба қатли фармондеҳи нерӯи "Қудс" Қосим Сулаймонӣ, ки 3-юми январ бо дастури Доналд Трамп дар Бағдод кушта шуд, ба ду пойгоҳи низомии мавриди истифодаи Амрико дар Ироқ, ҳамла кард.
Мақомоти амрикоӣ таъйид карданд, ки беш аз 12 мушак ба пойгоҳи Айн-ул-Асад ва як пойгоҳи дигар дар Арбили Курдистони Ироқ, партоб шудааст.