Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Муборизаи 16 тими Осиё барои се роҳхат ба Олимпиадаи Токио

0
Муборизаи 16 тими Осиё барои се роҳхат ба Олимпиадаи Токио

Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, ки 8-уми январ дар Тайланд шуруъ шуд, 16 дастаи мунтахаби олимпӣ (U-23) ширкат дорад. Дар ин бора сомонаи championat.asia хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст:

Гурӯҳи «А»: Тайланд, Ироқ, Австралия, Баҳрайн

Гурӯҳи «В»: Қатар, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Сурия

Гурӯҳи «С»: Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Чин

Гурӯҳи «D»: Ветнам, Кореяи Шимолӣ, Урдун, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Осиёи Марказиро танҳо дастаи мунтахаби олимпии Узбекистон (U-23) намояндагӣ мекунад. Футболбозони узбек аввалин бозии худро дар гурӯҳи “С” имрӯз, 9-уми январ, муқобили тими Эрон баргузор мекунанд.

Рӯзи 8-уми январ, дар даври аввали мусобиқа ду бозӣ дар гурӯҳи «А» доир гардид. Мунтахаби Тайланд дастаи Баҳрайнро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби олимпии  Ироқ ва Австралия бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки ҷоизадорони қаҳрамонии Осиё дар Тайланд ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи соли 2020 дар Токио мушарраф мешаванд.

Баъди натиҷагирии бозиҳо дар гурӯҳҳо ҳашт даста ба чорякфинал мебарояд. Бозиҳои чорякниҳоӣ 19-уми январ, бозиҳои ниманиҳоӣ 22-юми январ, бозӣ барои ҷойи сеюм 25-уми январ ва бозии ниҳоӣ 26-уми январ баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар мусобиқаи  интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "F", ки  аз 22-юм то 26-уми марти соли гузашта дар шаҳри Тошканд бо иштироки се дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон – доир гардид, бо 4 имтиёз ҷойи дувумро касб намуд ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозиаш тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, бозии дувумашро бо тими мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон чоримтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Узбекистон дар гурӯҳи “F” ҷойи аввалро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо кард.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Мэр Собянин: в Москве стартовали испытания первого в РФ беспилотного трамвая


Спорт в России и мире
Москва

В ОЭЗ «Технополис Москва» выпущена серия автомобилей для участия в чемпионате кольцевых гонок


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Ирина Хромачёва

Россиянки Хромачёва и Сизикова пробились в финал парного турнира в Рабате


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о перспективах развития туризма в Ингушетии





Путин в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о спорте и ежедневных здоровых привычках


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Путин прилетел в Минск для переговоров с Лукашенко




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Булат Окуджава

Булат Окуджава и мой ответ тем, кто хотел бы его «отменить»



Москва

Самая мощная машина 1950-х – мы покажем ее живьем!

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net