Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Даҳҳо сар чорво аз Кокули Фархор куҷо "ғайб" зад? ВИДЕО

0
Даҳҳо сар чорво аз Кокули Фархор куҷо

Даҳҳо сар чорвои сокинон дар деҳаи Кокули ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор -- минтақаи ҳаммарз бо вилояти Тахори Афғонистон,  бенишон шудааст. Ба қавли сокинон, нопадидшавии сартосарии чорвои сокинон тӯли як моҳи ахир иттифоқ афтодааст. Онҳо тахмин мезананд, ки шояд чорвояшонро ба он сӯи марзи Афғонистон бурдаанд. Мақомот дар Фархор мегӯянд, ки ҳолати пешомадаро таҳқиқ доранд.

Фақат дар як шаб 5 гови Гулбаҳор Ораева, сокини деҳаи Кокул аз чарогощи атрофи деҳа "ғайб" задааст. Ин сокини Фархор мегӯяд, "бегоҳ рафтем, ки говҳо нест, барои чаро бурда будем. Аз ҳамонҷо бегоҳ гум шуд. Саҳар то бегоҳ кофтем, пайдо накардем. Боз саҳар рафтем, шунидем, ки 3 аспи дигар ҳам гум шудааст".

Гумшавии сартосарии чорво, сокинони деҳаи Кокулро шигифтзада  кардааст. Аксари онҳо мегӯянд, ҷустуҷӯи чорво ҳеҷ натиҷае надодааст ва барои пайдо кардан ба мақомот муроҷиат кардаанд.

Ба гуфтаи Ғалатой Холова, сокини деҳаи Кокул, дар се моҳ 11 говаш гум шуд ва ҳафтаи пеш 13-тои дигар "ғайб" зад. Ӯ мегӯяд, ки танҳо як говашро пайдо кард, ки он ҳар дар дохили хати марз буд.

Даромади аслии сокинони деҳаи Кокул аз чорвопарварӣ аст ва ҳоло теъдоде аз онҳо ба таври комил аз ин манбаи даромад маҳрум шуданд.

Ҳамин тавр, шаш гови Гулбаҳор Давлатова, сокини деҳаи Кокул низ ба таври асроромез нопадид шудааст. Ӯ мегӯяд, "рӯзи 5-уми декабр соати 6-и саҳар гови калони ширдеҳам гум шуд. Модагове, ки ман зиндагиамро аз пушти он мегузаронидам, намедонам куҷо шуд. Ҳамон одамҳое, ки говҳои онҳо ҳам нопадид шуд, мегӯянд, тарафи Афғонистон бурдаанд. Симхорҳои буридаро диданд, афғонҳоро диданд. Рӯзи 1-уми январ боз 2 гови дигарамро бурданд".

Сокинон мегӯянд, дар ин робита чанд дафъа ба мақомоти интизомии ноҳия муроҷиат кардаанд, аммо ба гуфтаи онҳо, мақомот ҳанӯз дар пайи таҳқиқ нашудаанд. Иддаое, ки раиси ноҳияи Фархор онро рад мекунад. Рустам Раҳматзода, раиси ноҳияи Фархор мегӯяд, "мақомот кор карда истодаанд ва чизе ба даст омад, ба иттилои матбуот мерасонем".

Ба гуфтаи сокинон, тӯли бештар аз як моҳ ҳудуди 100 сар чорво аз деҳаи Кокул рабуда шуданд. Ҳароси онҳо бештар аз он аст, ки чорвояшонро аз дохили манзил, аз оғилхонаҳо мерабоянд. Ва мутмаинанд, ки ин ҳодисаҳо тасодуфӣ нест, зеро осори дуздии сартосариро ошкоро эҳсос кардаанд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

В московской мэрии не планируют запрещать самокатам ездить по тротуарам


Спорт в России и мире
Москва

ЦСКА и МФТИ заключил соглашение о сотрудничестве


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Теннисиста Медведева выбили из топ-4 ATP


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Более 600 деревьев высадили в дендропарке Ногинска





Путин в России и мире
Москва

Кадыров пригласил Путина посетить Чечню


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленский объяснил, почему не хочет приглашать РФ на «саммит мира»


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Концерт

Концерт «Битва Клавиров: Бах vs Моцарт»



Москва

redBike cup #2 2024: 15 июня, г.Протвино 100 минут. Старт в 14:00

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net