Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Январь
2020

Мулло Садриддин, ки бо ваъдаи афв баргашт, 12 сол зиндонӣ шуд

0
Мулло Садриддин, ки бо ваъдаи афв баргашт, 12 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳе дар Душанбе Cадриддин Муллоев маъруф ба Мулло Садриддинро бо айбномаи “терроризм“ ва “ифротгароӣ” ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора хешовандони ӯ рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар доданд ва гуфтанд, ки ҳукм одилона нест.

Муллоеви 35-сола, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Ҷамоати таблиғ" муттаҳам мешуд, ба гуфтаи наздиконаш, соли гузашта бо ваъдаи афв аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт ва рӯзи 21-уми сентябри соли 2019 боздошт гардид.

Хайриддин Муллоев, падари Садриддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷазое, ки додгоҳ барои писараш таъйин кардааст, бисёр сахт аст ва онҳо аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд.

Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили мудофеи Садриддин Муллоев рӯзи 8-уми январ дар сӯҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт,  танҳо пас аз дастрас намудани нусхаи ҳукми додгоҳ, қазияи зерҳимояашро шарҳ хоҳад дод.

Хайриддин Муллоев афзуд, фарзандаш Cадриддин сухани охирашро рӯзи 2-юми январ баён дошт ва худи ҳамин рӯз, пас аз чанд  соати танаффус додраси парванда Мирзо Одиназода ҳукмро содир кардааст. Дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфтанд, дар воқеъ ҳукми Садриддин Муллоевро содир кардаанд, вале ҷузъиёти онро нагуфтанд. Мирзо Одиназода, додраси парванда ҳозир нашуд, ҳукмро шарҳ диҳад.

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари вакили дифои Садриддин Муллоевро ҳам бигирад. Хонаводаи Садриддин Муллоев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ қабл аз эълони ҳукм, ҳангоми сухани охираш иброз доштааст, ки бо ваъдаи афв аз хориҷа ба Тоҷикистон омадааст, фарзандони хурдсол дорад, ӯро озод намоянд.

Додситонии кулли Тоҷикистон Садриддин Муллоевро ба "терроризм", "зархаридӣ" ва "ташкили иттиҳоди ифротӣ ва иштирок дар он" муттаҳам кардааст. Бо назардошти ин иттиҳомот, додситон октябри соли 2019 аз додгоҳ тақозо кард, ки рӯҳонии тоҷикро ба 18 соли зиндон маҳкум кунад.

Ваъдаи авфе, ки иҷро нашуд?

Хонаводаи Садриддин Муллоев мегӯянд, мақомот бо ваъдаи афв ӯро ба кишвар баргардониданд ва умед доштанд, ки ӯ озод мешавад ва ба зиндагии маъмулӣ бармегардад.

Тоҷикистон соли 2014 ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард, ки бар асоси он, афроди гумонбар дар узвият созмонҳои ифротию террористӣ дар сурати иқрори гуноҳ ва изҳори пушаймонӣ афв мешаванд.

Парвандаи Садриддин Муллоев аз он сабаб ҷанҷолӣ шуд, ки ӯ баъди бозгашт аз Туркия ба Душанбе дар як навори видеоӣ гуфт, ки ӯро афв кардаанд. Ӯ дар ин навор мегуфт, аз узвият дар созмони "Ҷамоати таблиғ" пушаймон аст ва аз он даст кашида, ба зиндагии оддӣ рӯ овардааст. Видео дар маркази Душанбе сабт шуда буд, вале маълум нест, ки онро ихтиёрӣ сабт кардааст ва ё бо дастури касе.

"Ҷамоати таблиғ" як созмони мазҳабиест, Додгоҳи олии Тоҷикистон онро созмони ифротӣ хонда ва фаъолияташро аз соли 2006 мамнӯъ кардааст. Дар гузашта ҳам даҳҳо пайрави созмон дар кишвар ба зиндон маҳкум шудаанд.

Садриддин Муллоев, падари чаҳор фарзанд, домоди руҳонии маъруф Мулло Ҳайдар Шарифзода аст. Ӯро дар шаҳри Кӯлоб бо номи мулло Садриддин мешиносанд. Ба гуфтаи наздиконаш, Муллоев соли 2013 ба Русия ва сипас аз онҷо ба Туркия рафта буд.

Давлати Тоҷикистон солҳои ахир барои маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ва таъқибу фишор ба рӯҳониён мавриди танқиди созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ қарор гирифтааст.

Моҳи декабри соли гузашта, Амрико Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои мояи нигаронии хос аз назари муроот накардани ҳуқуқи динӣ шомил кард.  Вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи 20-уми декабр гуфт, Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон дигарбора ба феҳрасти кишварҳои мояи нигаронии хос шомил шуданд, чунки “озодиҳои диниро ошкоро маҳдуд кардаанд ва ё помол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд.”






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин заявил о победе столичных проектов на премии «Умный город»


Спорт в России и мире
Москва

Юные керамисты школы №2120 выиграли три Гран-при конкурса «Мир дому твоему!»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

WTA озвучила Елене Рыбакиной условия для становления второй ракеткой мира


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Huawei представила IDS на 26-м Всемирном энергетическом конгрессе





Путин в России и мире
Москва

Путин поздравил Леонида Рошаля с днем рождения


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Это - война: литовские беспилотники попытались атаковать Минск




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире
Москва

Дух разделения в Святой Руси, или Можно ли лишиться сана за отпевание Навального*



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Rammstein

В Калининградской области отказались отменять трибьют-концерт Rammstein



Москва

Минобороны РФ показало кадры ночной поисков-спасательной работы вертолетов Ми-8

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net