Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Март
2020

Новости за 15.03.2020

Духтари 12-сола дар Қазоқистон ба коронавирус мубтало шуд

Ozodi.org 

Як духтари 12-сола дар Қазоқистон ба коронавирус гирифтор шудааст. Диас Аҳмадшариф, намояндаи Вазорати тандурустии Қазоқистон, рӯзи 15-уми март гуфт, "духтар аз Олмон баргашт". Ба ин тартиб, шумораи гирифторон ба вируси хатарноки КОВИД-19 дар Қазоқистон ба 9 нафар расид. Рӯзи 16-уми март дар ин кишвари Осиёи Марказӣ вазъи фавқулода ҷорӣ мешавад ва то 15-уми апрел идома хоҳад кард. Дар ин бора бештар бихонед: Қазоқистон дар робита ба коронавирус вазъи фавқулода эълон кард

Раванди озод кардани ҷангҷӯёни Толибон ба таъхир уфтод

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, масъалаи озод кардани якуним ҳазор ҷангҷӯи зиндонии Толибонро, ки қарор буд рӯзи 14-уми март сурат гирад, ба таъхир гузоштанд. Ҷунбиши Толибон ҳанӯз вокуниш накардааст. Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, рӯзи 14-уми март гуфт, мақомот барои озод кардани ҷангҷӯён ба вақти бештар ниёз доранд. Вай афзуд: "Мо рӯйхати зиндониёнеро, ки бояд озод шаванд, гирифтем. Рӯйхатро бояд баррасӣ ва тасдиқ кунем. Ин вақт мехоҳад." Файсал илова кард, мақомоти Афғонистон ҳамчунин кафолати онро мехоҳанд... Читать дальше...



Дар Эрон бар асари вируси нав беш аз 700 нафар мурданд

Ozodi.org 

Теъдоди онҳое, ки то ин дам дар Эрон бар асари коронавирус фавтидаанд, ба 724 нафар расид. Шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба тақрибан 14 ҳазор нафар баробар аст. Масъулони мубориза бо ин беморӣ ҳушдор медиҳанд, ки муассисаҳои тандурустии Эрон шояд дар ояндаи наздик гунҷоиши беморони бештарро надошта бошанд. ИРНА, хабаргузории расмии Эрон, рӯзи 15-уми март аз қавли Алиризо Золӣ, раиси ситоди муқобила бо коронавирус дар Теҳрон навишт: "Агар раванди кунунӣ идома ёбад, мо зарфияти кофӣ нахоҳем дошт." Бино ба гузоришҳо... Читать дальше...

Масъалаи "80 дирам"-и муштариёни ширкатҳои мобилӣ бекор карда шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъзе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 15-уми март, дар рӯзи байналмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо, бо фиристодани паёмаке ба муштариёни худ хабар доданд, ки аз оғози моҳи май 80 дирам пули иловагӣ ё "пардохти ҳатмии ҳармоҳа" ситонда нахоҳад шуд. Аз соли 2015 ба ин тараф аз соҳибони ҳар як симкорт дар як моҳ 80-дирамӣ ситонда мешавад. Сокинон чунин "ҳақситонӣ"-ро бепоя медонанд. Масъулони ширкатҳо мегӯянд, ин ҳаққи истифодаи ҳар як шумораи мобилӣ аст ва аз тарафи Хадамоти алоқа таъин шудааст. Читать дальше...

Бист сол зиндагии як оила дар вагон

Ozodi.org 

Муҳаббат Ҷонакова ва Бобохон Беков, сокинони ноҳияи Кушониён, ҳамроҳ бо фарзандон 20 сол боз дар гӯшаҳои гуногуни вилояти Хатлон, гоҳ дар вагону гоҳ дар бошгоҳҳои саҳроӣ ва гоҳе дар анборҳо иҷоранишинанд. Аз панҷ фарзанд якеро дар хонаи модари Муҳаббат Ҷонакова бузург кардаву ба шавҳар додаанд.

Дари масҷидҳоро дар Кореяи Ҷанубӣ набастаанд

Ozodi.org 

Кореяи Ҷанубӣ дар рӯйхати кишварҳои сироятёфта аз коронавирус дар зинаҳои аввал қарор дорад. Ин кишвари дар ҷанг бо вирус ба дари чанд калисои насронӣ, ки макони сирояти ин беморӣ буд, қулф задааст, вале масҷидҳоро барои намозгузорон, аз ҷумла тоҷикон боз гузоштааст. Дар ин бора Фарзони Муҳаммадӣ, хабарнигори тоҷики муқими Кореяи Ҷанубӣ нақл мекунад.



Қазоқистон дар робита ба коронавирус вазъи фавқулода эълон кард

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ҳарчи бештари вируси хатарноки КОВИД-19, вазъи фавқулода эълон шуд. Сомонаи расмии президенти Қазоқистон рӯзи якшанбе хабар дод, ки қарори нав аз 16-уми март ба иҷро медарояд ва то 15-уми апрел идома хоҳад кард. То кунун дар Қазоқистон ҳашт мавриди гирифтор шудани сокинон ба вируси нав сабт шудааст. Панҷ нафари онҳо дар Алмато ва дуи дигар дар шаҳри Нурсултон ҳастанд, аммо дар бораи дар куҷо будани як нафари дигар иттилоъ дода намешавад. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд... Читать дальше...

Ҳалокати як ҷавон дар таркиши кислород дар Душанбе

Ozodi.org 

Бар асари таркиши кислород дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе як нафар ҷон бохта, се тани дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса 14-уми март дар ширкати “Давр-2015”, ки ба муҷаҳҳаз сохтани хонаҳо бо дастгоҳҳои электронии муосир машғул аст, рӯй дод. Ба иттилои мақомот ҳодиса ҳангоми таъмир ва буридани оҳан ба вуқуъ пайваст. Дар ин ҳодиса Шаҳбоз Раҳимови 24-сола аз шаҳри Турсунзода ҷон бохтааст. Се нафари дигарро ба бемористон бурдаанд. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Марги Ҳошимҷон Сафарови 20-сола додгоҳӣ шуд, чаро?

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Тоҷикистон ба баррасии парвандаи марги як донишҷӯи Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шуруъ кард. Дар марги сарбоз ду афсар ваё омӯзгори ин донишкада муттаҳаманд.

Порлумони Руминия ба сарвазир Орбан ройи эътимод дод

Ozodi.org 

Аъзои Маҷлиси Намояндагони Руминия рӯзи 14-уми март ба ҳукумати сарвазир Лудовитс Орбан ройи эътимод доданд. Ҳоло раиси ҷумҳури Руминия метавонад, аз нахуствазир бихоҳад, ки ҳайати ҳукуматашро ташкил диҳад. Аз 309 узви порлумони Руминия, 286 нафар ба тарафдорӣ аз ҳукумати Орбан ва 26 нафар ба зидди он рой доданд. Орбан, ки раҳбари ҳизби миллии либерали Руминия аст, моҳи феврали имсол ройи эътимоди аъзои порлумонро ба даст наоварда буд.

Кохи Сафед гуфт, Трамп ба вируси нав мубтало нашудааст

Ozodi.org 

Шон Конли, пизишки Кохи Сафед, мегӯяд, ки президент Доналд Трамп ба коронавирус мубтало нашудааст. Вай рӯзи 14-уми март дар баёнияе гуфт, "натиҷаи ташхис манфӣ буд". Конли афзуд, баъд аз як ҳафтае ки президент Трамп дар истироҳатгоҳи худ дар Флорида мизбони раиси ҷумҳури Бразилия ва ҳайати ҳамроҳи ӯ буд, аломати ин беморӣ дар вай дида намешавад. Пеш аз ин Кохи Сафед гуфта буд, ҳарчанд раиси ҷумҳур бо се нафаре дар тамос буд, ки дертар вуҷуди коронавирус дар бадани онҳо тасдиқ шуд, далеле барои муоинаи вай вуҷуд надорад. Читать дальше...

Тасдиқи нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Узбекистон

Ozodi.org 

Мақомоти Узбекистон нахустин ҳолати гирифтор шудани як шаҳрванди ин кишвар ба вируси хатарноки КОВИД-19-ро тасдиқ карданд. Онҳо рӯзи 15-уми март гуфтанд, бемор аз Фаронса баргаштааст ва барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав тамоми чораҳоро меандешанд. Баҳром Олматов, раиси Оҷонси беҳдошт, як ниҳоди вобаста ба Вазорати тандурустии Узбекистон дар муроҷиати расмӣ гуфт, "ҷое барои нигаронӣ нест" ва афзуд: "Рӯйхати онҳоеро, ки бо бемор тамос доштанд ва мусофироне, ки ҳамроҳи ӯ аз Фаронса баргаштанд... Читать дальше...

Шаҳр холӣ, кӯча холӣ... Прага дар авҷи нигарониҳо аз коронавирус

Ozodi.org 

Ин тасвирҳоро баъд аз эълони вазъияти фавқулода дар Чехия гирифтаанд. Мақомот бо нигаронӣ аз паҳншавии вируси нав дари тарабхонаву мактабҳо ва баъзе фурӯшгоҳҳоро бастанд. То кунун дар Чехия беш аз 220 мавриди гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шуда, тақрибан ҳафт ҳазор нафар дар карантин ҳастанд.

Дар Қазоқистон шумораи гирифторон ба COVID-19 ба 8 нафар расид

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки 15-уми март гирифтории боз ду нафари дигар ба коронавирус тасдиқ шудааст. Элжан Биртанов рӯзи якшанбе гуфт, ба ин тартиб шумораи умумии гирифторон ба вируси нав дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ба 8 нафар расид. Панҷ нафари онҳо дар шаҳри Алмато ва дуи дигар дар Нурсултон ҳастанд, аммо мақомот дар бораи дар куҷо будани як нафари дигар маълумот надодаанд.

Вазирони бизнесмен. Қоидаи нав даромади онҳоро расонаӣ хоҳад кард?

Ozodi.org 

Сабти эъломияҳои андозро барои мансабдорони Тоҷикистон сода мегардонанд. Дар Кумитаи андоз ин тасмимро иқдоми навбатӣ ба мубориза бо фасод меноманд, аммо коршиносони мустақил мегӯянд, иқдомҳои ҳукумат кофӣ нестанд ва бояд чораҳои фарогиртар андешида шаванд.

Омори гирифторон ва фавтидагон аз вируси хатарнок дар ҷаҳон. Харитаи онлайн

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 11-уми март эълон кард, ки сирояти коронавирус миқёси саросарӣ гирифтааст, яъне пандемия шудааст. То кунун беш аз 150 000 кас дар даҳҳо кишвари ҷаҳон ба ин вирус гирифтор шуда, беш аз панҷ ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Дар харита иттилои рӯзи 14 ва субҳи 15 март ворид шудааст.

Спорт в России и мире
Москва

В Московской области прошел чемпионат Центрального округа Росгвардии по стрельбе из боевого ручного стрелкового оружия


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Россиянин Сафиуллин потерял четыре места в рейтинге ATP


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

АО «Транснефть – Прикамье» провело свыше 3 тыс. экологических исследований в I квартале 2024 года





Путин в России и мире
Москва

Транспортный коридор «Север-Юг» станет катализатором социального и экономического развития стран Евразии и глобального Юга


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко рассказал о планах расширения НАТО




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: встречи по продвижению "формулы Зеленского" дают Киеву чувство вседозволенности


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Булат Окуджава

В МХТ имени Чехова 8 и 9 мая пройдет концерт с песнями Булата Окуджавы



Москва

Российские врачи помогли пострадавшему в ДТП встать на ноги

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net